Аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур шуд. Ҳарчанд дар назди таърих 90 сол марҳилаи бузург нест, аммо барои ташаккул ва рушди як муассисаи таҳсилоти олӣ давраи муайян маҳсуб меёбад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо барои сокинони шимоли мамлакат, балки ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва донандагони хуби асрори илм дар қаламрави кишвари пешинаи шӯравӣ ва кулли Тоҷикистон аз аҳамият ва обрӯву нуфузи хос бархурдор аст.

Донишгоҳ давоми мавҷудият бо тарбияи олимону муҳаққиқони варзида тавонист ба маркази табодули афкору андеша, муассисаи созандаи назарияҳои солими илмӣ ва тадқиқоту кашфиёти тоза, дар умум ба як боргоҳи пуриқтидори маърифат мубаддал гардад.

Ҳамакнун номи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар радифи муассисаҳои пешсафу бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, донишгоҳ чанд сол инҷониб мавқеи худро дар рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳифз дорад.

 Аз таърихи таъсиси донишгоҳ

Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як пораи таърихи навини миллати тоҷик унвон мешавад, зеро донишгоҳ се сол баъд аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС таъсис ёфтааст.

Таъсиси донишкадаи олӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, ки дорои иқтидор ва захираҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнию фарҳангӣ аст, тақозо ва талаботи давру замон ба ҳисоб мерафт. Ин иқдом он замон барои тарбияву ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаълумот, рушди илму маърифат, ривоҷу равнақи мактабу маориф ва дигар марказу муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, фарҳангӣ, маданӣ -маърифатӣ воқеан зарур буд.

Дар оғози солҳои 30-и асри XX бо азму ғайрат ва талошҳои зиёди сарварони ҳамонвақтаи ҷумҳурии ҷавони тоҷикон, фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар поягузории бинои муҳташам ва муқаддаси истиқлоли имрӯзаи мо хиштҳои нахустинро гузоштанд, якбора паси ҳам ду донишкадаи омӯзгорӣ – яке дар Душанбе соли 1931 ва дигаре дар Хуҷанд соли 1932 таъсис дода шудааст.

Донишгоҳ соли 1932 чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти олии педагогии шаҳри Ленинобод) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро гирифт.

Донишкада ҳангоми таъсис ёфтанаш аз ду шуъба – кимиёву биология ва физикаю риёзӣ иборат буда, дар он ҳамагӣ 26 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд ва ба онҳо 9 нафар устодон, ки ягон нафарашон соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ набуданд, таълим медоданд.

Машғулиятҳо дар донишкада аз нимаи дуюми рӯз оғоз гардида, то соати даҳи шаб идома меёфтанд. Аз оғози фаъолият дар назди Донишкадаи олии омӯзгорӣ факултаи коргарӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи он аз ҳисоби намояндагони табақаи коргар ва деҳқон тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ буд.

Нахустин директори Донишкадаи олии омӯзгории шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Шарифов буда, номбурда ин вазифаро солҳои 1932-1934 дар ӯҳда дошт ва дар ҷодаи поягузорӣ, ташаккул ва рушду нумӯи ин кохи бузурги маърифат ва илму фарҳанг саҳми шоиста гузошт.

Сарварони минбаъдаи донишкада: С. Холматов (1934), Ӯғулой Шамсиддинова (нахустин ректорзани тоҷик) (1934-1935), Ю. Эшонов (1935), И.Н. Рахманин (1935-1936), В.И.Виноградов (1936) ва дигарон низ дар таҳкиму инкишофи рӯзафзуни донишкада хизмати шоиста анҷом додаанд.

 Заминаҳо баҳри рушд

Ҳайати устодони Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд дар оғози фаъолият ҳамагӣ 9 нафарро ташкил медод. Соли 1933 ин рақам ба 18 нафар расид. Гузашта аз ин, аз шумори умумии устодони донишкада 1 нафар профессор (К. М. Комаров), 4 нафар иҷрокунандаи вазифаи дотсент ва 13 нафар асиссентон фаъолият доштанд. Ин қадамҳои нахустин баҳри рушд буданд, ки ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда замина гузоштанд.

Аз ташаббусҳои судманди донишкада дар он замон ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат маҳсуб меёфт, ки барои бартараф намудани норасоиҳои гуногун ва таъмини муътадили қабули донишҷӯён мусоидат намуд. Ин курсҳо аз 6 моҳ то 1 сол давом мекард.  Дар идомаи ин иқдом шуруъ аз 7 апрели соли 1934 бо мақсади омодагӣ ба қабули довталабон дар донишкада курсҳои тайёрӣ низ ба фаъолият шуруъ намуданд.

Дар донишкада як қатор муаммоҳое мавҷуд буданд, ки барои пешрафт монеа эҷод мекарданд. Аз ҷумла, нарасидани маблағ, бинои таълимӣ, тадрисгоҳ (аудиторияҳо), мавҷуд набудани хобгоҳ аз зумраи ҳамин мушкилот маҳсуб меёфтанд. Бинои таълимии донишкада дар дохили собиқ масҷиди яке аз маҳаллаҳои шаҳр ҷойгир шуда, дарсхона, қироатхона, озмоишгоҳ, лавозимоти моддӣ – техникӣ вуҷуд надоштанд.

Соли 1933 ба донишкада бинои нави мактаби молия дода шуд. Дар солҳои аввали мавҷудияти донишкада вазъи таъминот бо китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, асарҳои илмӣ ба талабот чандон ҷавобгӯ набуд.

Марҳала ба марҳала ин муаммоҳо бартараф гардида, шароитҳо барои ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилин мусоид гардиданд. Аз рӯйдодҳои муҳими фаъолияти донишкада ин соҳиб гардидан ба бинои нав буд.

Соли 1935 сохтмони бинои асосии донишкада оғоз ёфта, пас аз як сол мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 1939 бинои нави дуқабата сохта шуд, ки дар ибтидо он ба Омӯзишгоҳи занонаи омӯзгорӣ мансуб буд ва минбаъд ба факултаи физикаю риёзиёт табдил дода шуд.

Бо фармони раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз таърихи 28 декабри соли 1938 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи яке аз арбобони машҳури ҳизбӣ ва давлатии Шӯравӣ Сергей Миронович Киров номгузорӣ гардид.

Соли 1936 дар фаъолияти донишкада воқеаи муҳим – маросими хатми нахустин муҳассилин баъд аз чор соли таҳсил ба вуқуъ пайваст.

Бо Қарори Комиссияи тахассусӣ ба имтиҳони давлатӣ 21 нафар хатмкунандагон роҳ ёфта, аз ин шумора 10 нафар хатмкунандагони шуъбаи физикаву риёзиёт ва 11 нафар хатмкунандагони шуъбаи кимиёву биология буданд.

Нахустин хатмкунандагон, нахустин ҳимояи рисолаи номзадӣ, нахустин дифоъи рисолаи докторӣ аз зумраи рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Сергей Киров буданд. Соли 1945 аз байни устодони донишкада О. Орифов дар шаҳри Тошканд рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.

Солҳои 1950-1951 дар сохтори факултети таъриху филология тайёр кардани омӯзгорони фанҳои забони англисӣ ва олмонӣ оғоз гардида, соли 1956 дар заминаи ин ихтисосҳо факултаи забони хориҷӣ таъсис ёфт.

Солҳои 60-ум донишкада ба сӯйи рушду инкишоф қадамҳои тоза гузошт. Донишкада соҳиби 7 бинои таълимӣ, 11 хобгоҳи донишҷӯён, китобхонаи ғанӣ, устохонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва толори варзишӣ гардид.

Соли 1968 мудири кафедраи таърихи ИҶШС дотсент Ғ. Ҳайдаров дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС аввалин шуда, рисолаи докториро ҳимоя намуд ва унвони профессориро соҳиб гардид.

9 сентябри соли 1982 бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС ДДОЛ ба номи С.М. Киров бари саҳми арзанда дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, илм, тарбия ба муносибати 50 – солагиии таъсиси он бо ордени “Нишони фахрӣ” мукофотонида шуд.

 Табдили донишкада ба донишгоҳ

Дар ҷаласаи васеи ҳайати бисёрҳазорнафараи устодон, кормандон, донишҷӯёни ДДОЛ ба номи С. М. Киров, ки 30-юми марти соли 1991 баргузор гардида буд, Муроҷиатнома ба мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ оид ба табдили донишкада ба донишгоҳ қабул карда мешавад. Ин Муроҷиатнома аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ дастгирӣ шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз 13-уми июни соли 1991 бо назардошти нерӯи тавонои илмиву зеҳнӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд табдил дода шуд.

Ҳамин тавр, аз оғози солҳои 90-и асри XX дар таърихи донишкада марҳилаи сифатан нав дар рушду нумӯи он оғоз гардида, донишгоҳ мақому манзалати наверо соҳиб гардид.

Табдили донишкада ба донишгоҳ имконият фароҳам овард, ки доираи фаъолияти ин маркази бузурги таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ васеъ гардида, вазифа, сохтор, раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон комилан тағйир ёбад.

Соли 1998 дар соҳили рости дарёи Сир бинои шашошёнаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки биноҳои куҳнаву фарсударо иваз намуд.

Таъсиси Маркази пажӯҳишии тамаддуни замони Сомониён моҳи январи соли 1998, Пажӯҳишгоҳи менеҷмент ва технологияи компютерӣ, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти гуманитарии Юнеско, ки дертар унвони Маркази тадқиқоти гуманитарии Юнескоро гирифт ва оғози фаъолияти маҷаллаи марказ таҳти унвони “Тадқиқоти гуманитарии Осиёи Марказӣ” аз дастовардҳои дигари донишгоҳ дар он замон маҳсуб меёфтанд, ки нуфузи донишгоҳро баланд ва имконияту доираи фаъолиятро тавсеа бахшиданд.

 Таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳз дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, сӯйи муваффақият ва музаффариятҳои тоза қадам гузошт. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва муҳассилини боргоҳ ҳамеша аз таваҷҷуҳ ва дастгирии Сарвари давлат бархурдор буданд. Далели ин гуфтаҳо ташрифи мунтазами Пешвои миллат ба донишгоҳ унвон мешавад.

Агар ба таърихи навини фаъолияти донишгоҳ назар афканем, шуруъ аз соли 1996 то соли 2016 давоми танҳо бист сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 маротиба ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

19-уми июни соли 1996 нахустин ташрифи Сарвари давлат ба амал омада, дар маҷлисгоҳи донишгоҳ мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиёни вилоят баргузор гардид. Дар ин мулоқот роҳбарияти донишгоҳ бо райъи кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ пешниҳод гардид, ки ба донишгоҳ номи фарзанди фарзонаи миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров дода шавад.

Бо пешниҳоди ҷомеаи донишгоҳ ҳамчун рамзи сипос барои дастгирии мунтазам ва ғамхории пайвастаи Роҳбари олии мамлакат бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 17-уми июни соли 1996, таҳти №10 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони доктори фахрии донишгоҳ дода шуд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар байни тамоми донишгоҳҳои дохили мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нахустин донишгоҳе мебошад, ки ба Пешвои муаззами миллат унвони доктори фахриро муносиб шуморид.

Дар ҷаласаи тантанавие, ки 30-юми апрели соли 1997 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва гурӯҳи бонуфузи меҳмонон баргузор гардид, Сарвари давлат таъкид доштанд:

-Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба ин донишгоҳ номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрӯз ин нияти хайр ҷомаи амал мепӯшад. Ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзист. Ин марди фозилу донишманд ва сиёсатмадори дурандеш ҳам дар амри худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми тоҷик, ҳам дар роҳи ба оламиён муаррифӣ намудани тамаддун, таърих ва илму фарҳанги он хизматҳои пурарзишро анҷом додааст.

Дар вазъияти тантанавӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 1997, №172, ки бо имзои Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсиб расида буд, ба ректори вақти донишгоҳ супорида шуд.

Таҷлили ҷашни 65 – солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (30 апрел 1997), ҷашни 70 солагии донишгоҳ (22 майи соли 2002), ба истифода додани Маҷмааи истироҳативу фароғатии Хуррамшаҳр ва хобгоҳи духтаронаи тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда (13 июли соли 2004), ифтитоҳи бинои нави донишгоҳ (30 августи соли 2005), ба истифода додани хонаи 9-ошёна барои устодони донишгоҳ (22 августи соли 2006) ва гузоштани санги асос ба бинои таълимии донишгоҳ (14 сентябри соли 2016) аз рӯйдодҳои таърихӣ ва фараҳбахш дар ҳаёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад, ки бо иштироки Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Ташрифҳои Презденти мамлакат минбаъд ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

 Донишгоҳ дар масири истиқлол

Истиқлолият ҳамчун дастоварди нодири халқи тоҷик ҷиҳати таъмини пешрафти Донишгоҳи давлатии Хуҷнад ба номи академик Бобоҷон Ғафуров заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар раванди таълим 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 403 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 211 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 52,1%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳад.

Хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, даҳсолаи охир то имрӯз 14 нафар устодони донишгоҳ ба гирифтани унвони Корманди шоиста, 3 нафар ордени Шараф, 5 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар Медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар донори ифтихории Тоҷикистон, 49 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 210 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва 236 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин аз тақдири заҳматҳои устодони донишгоҳ дарак медиҳад.

Соли равон дар донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт, ки барои тарбияи кадрҳои соҳибунвон ҳар яке аз онҳо нақши муҳим доранд. Давоми соли равон се нафар устодон рисолаҳои докторӣ ва 6 нафар рисолаҳои номзадии рисолаҳои номзадӣ (доктори фалсафа PhD)-и хешро ба дифоъ расониданд.

Ба фаъолият оғоз намудани Шӯроҳои мазкур заминаи муҳиме барои ҳимояи рисолаи илмӣ фароҳам овард. Зеро аллакай дар ин Шӯроҳо шумораи муайяни устодони ҷавони мо рисолаҳои илмии хешро барои дифоъ манзур намуданд. Умедворем, ки то охири соли равон шумораи ҳимояҳо аз ин ҳисоб меафзояд.

Танҳо давоми соли таҳсили 2021-2022 дар донишгоҳ кафедраҳои иттилоот ва технологияҳои робитавӣ, назарияи физика, лабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулявӣ) ва ихтисосҳои системаҳои радифӣ ва рӯизаминии алоқаи мобилӣ, таълими касбӣ (агромуҳандисӣ)  ва биоэкология,  забон адабиёти ӯзбек. Забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ӯзбек. Забони англисӣ, таълими касбӣ (энергетика), таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ, эпидемиология таъсис ёфтанд.

Дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад.  Аз ҷумла, дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ – таҳлилӣ ифтитоҳ гардид.

Дар заминаи татбиқи сиёсати пешгирифати давлату ҳукумат дар Китобхонаи илмии донишгоҳ 2 толори нави “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад.

Дар маҷмуъ, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам, Раҷаббой Аҳмадзода мунтазам баҳри расидан ба дастовардҳои шоиста ва музаффариятҳои навин талош намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таҳсилот пайваста саъй меварзанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь