Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошанд, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. 

Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва эҳтироми хоса ба омӯзгор дарак медиҳад.

Дар оғози суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Сатторзода Тағоймурод афзуд, ки Шуъбаи маориф диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-декабри соли 2022, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ноҳия равона намуда истодааст.

Дар ноҳияи Шаҳринав 61 муассисаи таълимӣ мавҷуд мебошад, ки аз ин шумора 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 Осоишгоҳи бачагонаи “Қаратоғ”, 2 литсейи хусусӣ, 1 литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 3 муассисаи томактабии давлатӣ, 4 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот чунин аст: Зинаи ибтидоӣ – 8 муассисаи таълимӣ, Зинаи асосӣ -11 муассисаи таълимӣ, Зинаи миёна – 42 муассисаи таълимӣ.

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар 61 муассисаҳои таълимӣ 27410 нафар хонандагон аз ҷумла 13532 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз 61 муассисаҳои таълимии ноҳия дар 52 (876 синф) муассисаи таълимӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 7 (311 синф) муассисаи таълимӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ-русӣ ва дар 3 (23 синф) муассисаи таълимӣ таҳсил бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

 Масъалаи кадрӣ

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1754 нафар ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 1345 нафарашон занонҳоянд.

1313 нафар (964 нафар занҳо) таҳсилоти олӣ, 356 нафар (303 нафар занҳо) таҳсилоти миёнаи махсус, 85 нафар (78 нафар зан) таҳсилоти олии нопурра доранд.

Тахассуснокии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ чунин аст: 389/236 нафар тахассуси олӣ, 410/318 нафар тахассуси якум, 284/233 нафар тахассуси дуюм, 671/558 нафар тахассуси муқаррарӣ.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос дар соли таҳсили 2023-2024 барои 56 нафар эҳтиёҷоти кадрӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Дар натиҷаи чораҷӯйиҳо дар соли таҳсили 2023-2024 117 нафар омӯзгорон бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба кор таъин карда шуданд. Аз инҳо 20 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар омӯзгорони собиқадори ба кор баргашта, 16 нафар бо диплом аз гурӯҳҳои шартномавии рӯзона ва буҷетии ғоибона, 16 нафар омӯзгорони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, 19 нафар донишҷӯёни курсҳои 4-5, 21 нафар донишҷуёни бахши ғоибона мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 16 нафар дорандагони медали хизмати Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76/37 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

 Муассисаҳои томактабӣ

Соли 2023 дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 3 муассисаи давлатӣ (420-нафар) ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ (210 нафар) бо фарогирии 630 нафар кӯдак ва дар назди 36 муассисаи таълимӣ 58 гурӯҳи Марказҳои инкишофи кӯдак 1405 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд. Ба ҳисоби умумӣ дар ноҳия 2035 нафар кӯдак ба тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои мазкур 84 нафар мураббӣ фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 28  нафар бо маълумоти олӣ, 47 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус, 9 нафар (миёна) ғоибхон мебошанд.  Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар Шурои шуъбаи маориф дар таърихи 31.03.2023, №3 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иҷрои Барнома дар кӯдакистонҳои давлатии №1,3 ва боғчаҳои хусусии “Ғунчаи Истиқлол”, “Назокат”, “Олами Афсона” ва Маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таълимии №4,6 мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Бо мақсади такмили пояи моддӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои томактабӣ 2 нафар мураббиён ба Донишгоҳи давлатии бозомӯзӣ ва такмили ихтисос равона карда шудаанд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо барномаҳои таълимӣ, дастури методӣ, маводи хониши китобҳои таълимӣ ва дигар ашёҳои таълим ба пуррагӣ таъмин гардидаанд. Барои баланд бардоштани савияи донишу маҳорату малакаи мураббӣ-омӯзгорон ҳар моҳ семинар-машварати доимамалкунанда дар боғчаҳо ва Маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, қобилияти зеҳнии кӯдакони синни томактабӣ ва дарёфти кӯдакони боистеъдод ва қобилияти фавқулодадошта, озмуни “Донояк” дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид. Дар озмун 50 нафар довталабон аз рӯйи 6 шарт баромад намуда, тарбиягирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Олами афсона” Терехова Мелана бо гирифани 60 хол ғолиби озмун гардид. Инчунин дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 13.03.2023, №30 бо мақсади баланд бардоштани сифати кори таълиму тарбия ва дарёфти мураббияҳои беҳтарину боистеъдод дар байни мураббиёни муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ озмуни ноҳиявии “Бозичаҳои дастсохт” баргузор гардида, мураббии кӯдакистони №1 Усмонова Гулмира бо гирифтани 80 хол сазовори ҷойи 1-ум дониста шуд. Ғолибони озмунҳои мазкур бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи супориш озмуни ноҳиявии “Боғчаи беҳтарин” гузаронида шуд. Тибқи хулосаи комиссияи ноҳиявӣ муассисаи томактабии №1 “Офтобак” барои натиҷаҳои беҳтарин сазовори ҷойи аввал дониста шуда, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроия дар рӯзи ҷашн сарфароз гардонида шуд. Озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд ташкил гардида, дар даври ноҳиявӣ мураббии боғчаи №2 “Моҳичаи тиллоӣ” Бекова Гулноза барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат гирифт. Ҳамзамон, мураббия Бекова дар даври минтақавии озмун фаъолона иштирок намуда, байни 6 мураббиёни шаҳру ноҳияҳо сазовори ҷойи ифтихорӣ гашт.

Музди меҳнат

Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар нӯҳ моҳи соли 2023 ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Таъминот бо китобҳои дарсӣ

Дар семоҳаи сеюми соли 2023 15 номгӯй китобҳо бо теъдоди 19418 адад ба маблағи 345976 сомонӣ ворид гардида ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. Ҳамзамон 12 номгуй бо теъдоди 481 адад маводҳои гуногун аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдак равона гардид.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар ноҳияи Шаҳринав дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Рӯзҳои 28-29-уми январ ва 4-5-уми феврали соли 2023 даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ барои синфҳои 7-8 баргузор гардид, ки дар он лаёқатмандони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 21 нафар аз синфҳои 7-8 сазовори ҷойҳои намоён гаштанд ва ин ғолибон ба даври минтақавии олимпиадаи даставӣ иштирок намуда, 21 нафарашон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ, ки байни синфҳои 7-8 баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. 16 нафар лаёқатмандон аз синфҳои 11–ум бошад, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ роҳ ёфтанд. Дар ҷамъбасти олимпиадаи минтақавии фаннӣ барои синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва 11 дар умум ғолибони даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ 86 нафарро ташкил медиҳад. Рӯзи 28.02.2023 дар МТМУ№15 даври ноҳиявии озмуни “Шоҳмот” байни наврасони то 16-сола баргузор гардид, ки дар он аз муассисаҳои №15, 17,5,6,13,ЛБХ ва литсейи “Нури ирфон” 54 нафар хонандагони боистеъдоди ноҳия иштирок намуданд. Аз ин шумора 12 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 3 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои 1,2,3 гардиданд. Соли чорум аст, ки байни хонандагони синфҳои 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз фанҳои таълимии математика ва табиатшиносӣ озмун гузаронида мешавад. Дар озмун 78 нафар иштирок намуда, ғолибон муайян гардиданд. Санаи 02.03.2023 бо максади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонанадагон ба омӯзиши забони англисӣ ва ҷалби онҳо ба олимпиадаҳои байналмиллалӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” даври ноҳиявии олимпиадаи “Spelling Bee” дар байни хонанадагони синфҳои 5-7 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо гузаронида шуд. Ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври минтақавӣ иштирок намуда, 2 нафар сазовори ҷойи 3 гаштанд. Барои дарёфти хонандагони боистеъдод ва ҷалби онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва ихтироъкорӣ дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз фанҳои биология, география, физика, химия, математика ва шоҳмот маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, хонандагони МТМУ №14 Расулов Ҳусниддин дар олимпиадаи лоиҳавӣ дар академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бо пешниҳоди лоиҳаи худ аз фанни химия сазовори ҷойи 1 гардид. Дар даври интихобии олимпиада аз фанни физика то синни 16-сола, ки дар Ҷумҳурии Белорусия баргузор гардид, тариқи онлайн ду нафар хонандагони МТМУ№9 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ташкили низомномаи намунавӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои баргузор намудани озмунҳои “Хонандаи сол” ва “Беҳтарин муассисаи таълимии кор бо хонандагони боистеъдод” таҳия ва даври ноҳиявии озмуни “Хонандаи сол – 2023” рӯзҳои 20-21 апрели соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

 Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Дар ноҳия шумораи умумии хонандагони синфи 5-11 14964 нафарро ташкил дода, 65 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаи таълимии ноҳия 787 адад компютер, 132 адад принтер, 38 адад видеопроектор, 14 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, ҳамзамон 48-то кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва 294 адад мизу курсии махсус барои компютер ташкил дода, почтаи ягонаи электронӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъсис дода шудааст. Дар давраи таътили зимистона бо фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 03.02.2023, №2 курси омӯзиши дастгоҳҳои нави иттилоотӣ барои омӯзгорон дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуд. Ба курсҳои мазкур омӯзгорони ботаҷрибаи худи муассисаҳои таълимӣ вобаста карда шуда, 775 нафар омӯзгорони фаннӣ аз нозукиҳои истифодаи дастгоҳҳои нави иттилоотӣ бархурдор гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 40 адад компютерҳои таъмирталаби муассисаи таълимии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, барномаҳои зарурии корӣ ва таълимӣ насб карда шуд. Инчунин 20 нуқтаи камераҳои мушоҳидавӣ дар муассисаҳои таълимӣ насб гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ таҷҳизоти электронӣ 48 адад компютер, 14 адад пиринтер, 2 адад тахтаи электронӣ, 3 адад видеопроектор, 16 адад камераи мушоҳидавӣ ва 2 адад мизи махсуси компютерӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия харидорӣ карда шуданд.

 Рушди фанҳои дақиқ

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Дар ин замина Қарори раиси ноҳия аз 03.09.2020, №617, фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 14.09.2020, №96 ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 31 банд ба тасвиб расида, то ба имрӯз 21 банди он иҷро гардид. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар нӯҳ моҳи соли 2023, 47 нафар омӯзгорон ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф сафарбар карда шуданд. Барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимии №3,5,7,8,11,21 ҷиҳати дарёфт ва рушди истеъдодҳои нав дарсҳои иловагӣ ташкил гардидааст, ки дар он зиёда аз 197 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд. Иштирокчиёни олимпиадаҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд гардида, ғолибиятро дар сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ба даст меоранд. Аз ҷумла, дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз синфҳои 11, 1 нафар сазовори ҷойи 3, аз синфҳои 9-10, 2 нафар сазовори ҷойҳои 1 ва 3, аз синфҳои 7-8, 2 нафар сазовори ҷойи 2 ва аз синфҳои 5-6, 3 нафар ҷойҳои сазовори ҷойи 3-юм гаштанд. Дар умум аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11 аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 8 нафар ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуданд. Бо мақсади замина гузоштан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар байни хонандагони синфи 4 озмун аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ гузаронида шуд, ки дар он 78 нафар хонанда иштирок намуда, ғолибон муайян гардиданд. Бо мақсади муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ тибқи Барнома дар муассисаҳои таълимии №5,14,11-и ноҳия дар давоми нӯҳ моҳи соли 2023, маводҳои лабораторӣ, аз ҷумла 17 адад компютер, 6 адад принтер, 1 адад видеопроектор, 2 адад тахтаи электронӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии худи муассисаҳои таълимӣ харидорӣ карда шуд.

Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

12-уми октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими қадршиносиву ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва даври ноҳиявию минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сурат гирифт. Дар маросими қадршиносии ғолибони озмунҳо раиси ноҳия муҳтарам Абдуқодир Вализода суханронӣ намуда, онҳоро барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бо мақсади амали намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №АП-331 оиди гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фуруғи маърифат» корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дастраси ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда, мазмуну моҳияти озмуни мазкур, тартиби гузаронидани он, тартиби ташкили комиссияи озмун, иштирокчиёни озмун ва дигар талаботҳои низомнома ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ фаҳмонида шуд. Даври аввали (мактабӣ) озмун моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ноҳиявӣ 470 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1 нафар шаҳрванди касбу кори гуногун ва 2 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона намуда, дар маҷмуъ ба 76 нафар барои иштирок дар даври минтақавии озмун роҳхат дода шуд. Дар даври минтақавӣ 73 нафар хонандагон ва 2 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона намуданд. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №АП-330 ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ даври аввали озмун дар худи муассисаҳои таълимӣ то 20.03.2023 ташкил ва баргузор карда шуд. Дар даври мактабӣ 2015 нафар хонандагон иштирок намуда, ба даври якум 426 нафар хонандагон ва 88 нафар омӯзгорон роҳ ёфтанд. Аз ин шумора баъди иштирок дар даври якум 228 нафар хонандагон ва 42 нафар омӯзгорон барои иштирок ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Тибқи хулосаи комиссияи ноҳиявӣ барои иштирок дар даври минтақавӣ ба 42 нафар хонандагон ва 7 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳхат дода шуд. Дар даври минтақавӣ 40 нафар хонандагон ва 2 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона намуда, 5 нафар хонандагон (аз МТМУ №9,17,ЛБХБ), омӯзгори МТМУ №14 Низомова Бахтинисо ва омӯзгори ЛБХБ Назарова Гулрухсор дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2023, №АП-227 бо мақсади баланд бардоштани завқи таърихдонӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз миллату давлат, тақвияти неруи зеҳнӣ, таҳрик додани ҷомеа ба донистани таърихи гузаштаи миллати тоҷик қарори раиси ноҳия аз 26.07.2022, №370 ва зимни он фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 01.11.2022, №121 ба тасвиб расида, дастраси омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Даври 1-уми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи тарихи миллат” дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар озмун 795 нафар хонандагони синфҳои 5-11, 57 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот иштирок намуда, 120 нафар хонандагон ва 17 нафар омӯзгорон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон дар даври якум аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 18 нафар хонандагон (синфҳои 9-11) иштирок намуда, ба даври ноҳиявӣ 9 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд. Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун 28 нафар иштирок намуда, 8 нафарашон барои иштирок дар даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд. Тибқи хулосаи комиссияи ноҳиявӣ барои иштирок дар даври минтақавӣ ба 12 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ роҳхат дода шуд. Даври минтақавии озмун 12-16-уми сентябр дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида, дар он 4 нафар омӯзгорон ва 4 нафар хонандагон иштироки фаъолона намуданд. Омӯзгори фанни химияи МТМУ №46 Кенҷаев Акбар сазовори ҷойи 2-юм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

 Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ

Сохтмону барқарорсозии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Сохтмони 4 синфхонаи иловагии МТМУ №46 сентябри соли 2023 дар арафи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Вализода А ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав Акрамзода Юсуф мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди МТМУ № 19 (8-синфхона), МТМУ №27 (6-синфхона), МТМУ №33 (6-синфхона), МТМУ №35 (18 синфхона), МТМУ №53 (8-синфхона) аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳал, сарпарастон, соҳибкорон идома дорад. Ҳамзамон дар назди муассисаи таълимии №29 4 синфхона, дар назди МТМУ №33 4 синфхона аз ҳисоби Лоиҳаи КАССА-1000 ва сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №6 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Субҳи рӯзи 5-уми октябри соли 2023 дар доираи истиқболи Рӯзи забони давлатӣ, бинои наву хуштарҳ ва замонавии Муассисаи давлатии таълимии Литсей “Барои хонандагони болаёқат” дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳии муассисаи мазкур раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Вализода Абдуқодир, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Акрамзода, директори Фонди Саудии Рушд муҳтарам Султон Абдураҳмон ал-Маршад ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Зимистонгузаронӣ

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, №125, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.04.2023, №376, қарори раиси ноҳия аз 13.04.2023, №152 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022–2023» ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 27.04.2023, №54 оид ба таъсиси Ситод ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023–2024 таҳия ва тасдиқ гардидааст

Эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи маориф бо маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум, хӯрока ва ғайра, ки дар соли ҷорӣ харидорӣ мешавад, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи “Тартиб ва меъёри истифодабарии ангишту ҳезум дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2016, №3/3 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуд. Баҳри бомаром гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ 739 адад печҳои аловӣ, 26 адад генераторҳои барқӣ, 145 адад печҳои барқӣ ва 7 адад буғхона дар ҳолати омодабош қарор доранд. Муассисаҳои таълимии №1,3,15,42,45, кӯдакистони №1 ва муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” бо хати барқи озод пайваст мебошанд. Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 542482 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия маблагузорӣ карда шудааст. Айни ҳол то санаи 28-уми сентябр 428,7 (88,7%) тонна ангишт, 236 м3 (63,2 %) ҳезум, 390 литр (26 %) сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия захира карда шудааст. Рафти омодагиҳо ба зимистони соли таҳсили 2023-2024 зери назорати доимӣ қарор дорад.

Мафтуна ВАҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь