Зиндагӣ шебу фарози зиёд дорад. Умре талош мекунию соати ҳама бар бод. Руйи гарму чеҳраи нуронӣ, қаду қомати расо аз дида нопадид мешавад.
Инсон аламашро ба воситаи ташки чашм рафъ намуда, оҳи пурдард мекашад. Марги талху нобаҳангоми инсонҳои дурбину муаддаб ва саховатманду боирода, инсондӯсту оламибин ниҳоят гарон аст. Ҳазорон дилеро такон дода, сарбории ғамро мефизояд. Аз фишори зандагӣ касе эмин нест.
Зиндагӣ гоҳе фишорам медиҳад,
Шодиву гаҳ ғуссаборам медиҳад.
Дар раҳи шебу фарози рӯзгор,
Аз бароре нобарорам медиҳад.
Гаҳ гуворо мешавад, аммо гаҳе,
Лаҳзаҳои ногуворам медиҳад.
Гаҳ дурахшад чун гули Боғи Ирам,
Гаҳ ба хорӣ захми хорам медиҳад.
Сад муаммо мерасад дар як нафас,
Гиряи абри баҳорам медиҳад.
Ҷумъазода, бас накӯ гуфтӣ: ҳаёт,
Ангубин бо заҳри морам медиҳад.
Реҳлати инсони накукор, ҳамнафаси мардум зодаи деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ Нуруллоев Ҳидоятулло моро нигарон намуда, ба дарёи андуҳ тела дод. Ҳама афсус хурдем, ки боз як шахси табаррук аз миёни мо гузашт. Номбурда дорои хасоили ҳамидаи инсонӣ буда, миёни мардуми деҳаҳои Шамтучу Каздон маҳбубияти хоса дошт. Солҳои 1967-1971 дар омӯзишгоҳи энергетикаи шаҳри Бохтар таҳсил карда. 1971-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат карда аст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда минҷумла, комбинати маъдантозакунии Анзоб, Сардори АТС Шамтуч, Муҳандиси маркази радиошунавонӣ ва телевизиони вилояти Суғд, корхонаи арматури ш. Душанбе кор карда, дар ободии Ватан саҳм гузоштааст. Соҳиби шаш фарзанд. Дар синни 73 солагӣ 6 декабри соли 2024 бо дунё падруд гуфтааст. Хотираи ин инсони комил пайваста дар ёди дӯстон аст.
Ҳама хурду бузург ӯро Бобо гуфта, эҳтиром мекарданд. Ҳамеша ба мардум дасти сахо дароз карда, дар муколама ниҳоят эҳтиёткор буд. Озори касеро хуш надошт. Барояш пиру барно баробар. Озорро гуноҳи азим медонист:
Озори мардум – бас гуноҳ,
Бар дил бувад чун доғи Моҳ.
Ғамдодаи шодиталаб,
Бошад мисоли санги роҳ.
Гар бад кунӣ, бад мерасад,
Умре бимонӣ нимароҳ.
Хоре халад, бар пои ту,
Нолӣ, басе бо оҳу воҳ.
Дасти мурувват боз кун,
Бар мардуми бесарпаноҳ.
З-ин рӯ, ба олам мисли Шамс,
Бо дидаи дил кун нигоҳ.
Вале чи мекунӣ, ки ҳаёт тазоди зиёде дорад. Ба ҳар нӯш неш, ба ҳар ханда гиря, ба ҳар шодӣ ғам, ба ҳар рӯшноӣ торикӣ, ба дорои-муздурӣ пеш меояд. Ба касе коре надошта боши ҳам дигарон ба ту кор доранд. Ба қавле:
«Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад». Гоҳ қадри ёронро баъди аз дунё гузаштан мефаҳмем. Аммо чи суд? Гоҳ аз наздикон ба дил фишор мерасад.
Аммо орзу ҳамеша бо нафас ширин буду ҳаст. Ҳар шомро субҳи равшан иваз мекунад. Номи инсонҳои одилу қобил ва ба зиндагӣ моил мондагор аст.
Одамӣ баъд аз сари худ қадру қимат доштаст,
Дар бари модар аҷаб умри ғанимат доштаст.
Гар замони зиндагӣ аз сидқ кам ёд оваранд,
Дар хазони умри ширинаш садоқат доштаст.
Хулқу атвори замон равшан барои кас аён,
Дӯст аз дороият меҳру муҳаббат доштаст.
Дар маризӣ кай расӣ бар ёди ёрони куҳан,
Нокасии иддае сӯзи ҷароҳат доштаст.
Санги бераҳми замон фонӯси ёдамро шикаст,
Шомгоҳи зиндагӣ субҳи саодат доштаст.
Ба ёру бародар муҳаббати хоса дошт. Дар ғаму шодии диёр гурдаи пур. Меҳнатқарину тозабин, бедору ҳушёр, одамшиносу оламшинос. Дил оинаву бекина. Ба андешаи бародари мушфиқ- Муллобердӣ Ҳиммати Ҳотаму адли Нӯшервонро мепарастид. Моли дунё барояш арзиш надошт. Одаму одамгарӣ шиори рӯзгораш буду аз асирони нафсу моли дунё канораҷӯй буд:
Ҳар он кас, ки асири моли дунёст,
Варо з-одамгарӣ дигар чӣ парвост?
Наҷӯяд кимиё бар умри фонӣ,
Хаёлаш дар сари бозору савдост.
Зи абри тираи чашми дили ӯ,
Ду раҳ яксон – раҳи чаппу раҳи рост.
Вале нахли умеди аҳли эҷод
Самар дорад, саропояш гуворост.
Бубин, он шохаи хушки дарахте
Зи баргу мева орӣ, якка, танҳост.
Сайёди аҷал парвои пиру ҷавон надорад. Пеши аҷал тадбире ҳам кор наояд. Яке ба дунё меояду яке меравад.
Одам ки гаҳе шоду гаҳе дилгир аст,
Маргаш чу расад яқин, ки бетадбир аст.
Сайёди аҷал, ки мекашад риштаи умр,
Парво накунад, ки кас ҷавон ё пир аст.
Умри одам мегузарад. 100 сол ҳам зиндагӣ бошад, ба гуфтаи пирони рӯзгордида баробар ба як нафас. Чи хел гузашт, надонистам. Надидани ҷону нафаҳмидани соати марг муаммои ҳамешагии рӯзгор аст:
Умри ман, умри шумо хоҳад гузашт,
Дар замину дар само хоҳад гузашт.
Аз раҳи душвору сахти зиндагӣ,
Сад мусибат, сад бало хоҳад гузашт.
Шоҳ, агарчи молики ганҷинаҳост,
Аз ҷаҳон мисли гадо хоҳад гузашт.
Дар мусибат лашкари дарду алам
Пора карда қалби мо, хоҳад гузашт.
Одам аз дунё ба сад ранҷурияш,
Бе мадори дасту по хоҳад гузашт.
Ҳеҷ медонӣ, ки вақти рафтанаш
Дар хаёли ӯ чиҳо хоҳад гузашт?
Воалам, бо ин ҳама озодагӣ
Кас намедонад чаро хоҳад гузашт?
Албатта, номи шахсони ободкору ватандӯст дар авроқи замон сабт гардида, моро вазифадор мекунад,ки хизмати арзандаи онҳоро пайваста ёд кунем. Ёди чунин инсонҳои нек чароғи рӯзгори мост.
Халифабобо Ҷумъазода