Дар дарозои торих миллати тоҷик фарзонафарзандоне ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳдо карда, ки ба юмни онҳо ахлоқу фарҳангу хиради инсонӣ ба тадриҷ боло рафтаву баҳри пойдории рисолати инсонӣ хидматгузорӣ кардаанд.

Инсоният худ ба худ натавониста, ки ба дастовардҳои моддиву маънавӣ дастёб гардад ё кашфиёту ихтироъ бинмояд. Барои ба чунин дастовардҳо ноил гардидан, заминаҳои донишу фарҳанг мебоястӣ то беҳрӯзият таъмин гардад ва ин ҳама заминаҳоро донишварони ҷаҳонсозу ҷаҳонофар поягузорӣ карданд, ки дар ин миён хидмати хирадмандони тоҷик бармалосту ҷаҳониён ҳам имрӯз эътироф мекунанд, ки дар поягузории адабу илми башар хидмати фарзандони хирадпешаи тоҷик бузург аст. Аз ин бар меояд, ки тоҷикон ё худ эронинажодон аз гузашта то имрӯз дар пайи офаридани илму фарҳанг буданду ҳастанд ва имрӯз низ фарзандони ориёинажод рисолатеро бар дӯш доранд, ки гузаштагонашон ин корҳоро анҷом додаанд. Яъне меросбари фарҳангу дониши гузаштагонашон ҳастанд ва ин масъулияти гаронро имрӯз ҳам фарзонагони миллат бо сарбаландӣ анҷом дода истодаанд.

Яке аз ворисони воқеии фарзонафарзандони миллати тоҷик Бобоҷон Самиев мебошад, ки донишу хиради гузаштагонро омӯзишу пажуҳиш кардаасту мекунад ва аз донишварони гузаштаи худ ифтихори воқеӣ дорад, на хасакиву пуч. Зеро мавсуф осори натанҳо гузаштагони худро, балки ҷаҳонро варақ задаву аз онҳо дурри маънӣ бардоштааст ва имрӯз он донишу хиради андӯхтаашро ба насли наврасу ҷавони миллат омӯзиш медиҳад.

Аз оғози фаъолияти донишвариаш Б. Самиев ба ҷавонон илму хирад ва фалсафаи дирӯзу имрӯзи миллаташро меомӯзонад ва ин хидматаш боистаи таҳсину офарини беминнат аст, чунки на ҳар олиму донишвар тавониста донишу ҳастии худро ба шогирдонаш фидо бикунад… Аммо донишвари мавриди назари мо ҷавониҳои худро сарфи таълиму тарбия ва бавоярасонии ҷавонони миллати худ кардааст. Мегуморам, ки аз ин хидмати бузургтаре барои як олим буда наметавонад.

Бояд тазаккур диҳам, ки Бобоҷон Самиев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор 1.01. 1970 ба дунё омадааст. Солҳои 1987-1993 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ касби камол кардаву  минбаъд дар роҳи илм собитқадам рафта ва дар пажуҳишҳои хеш соярушанҳои илми тоҷикро ҷилои тоза додааст ва дар чандин донишгоҳҳои кишвар дар вазифаҳои гуногун хидмати назаррасеро анҷом додаас.

Он тавр ки дар боло зикр кардем, Б. Самиев вориси ростини донишварони миллати худ аст, зеро дар тадқиқотҳои хеш бештар ба эҷодиёти эшон таваҷҷуҳ кардаву осори онҳоро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ кардааст.

Чӣ тавре ки мо огоҳем, Б. Самиев соли 1999 дав мавзуи “Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Аҳмади Дониш “ рисолаи номзадии худро дифоъ карда ва соли 2009 бошад рисолаи доктории худро дар мавзуи “Таҳлили ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии маорифпарварони тоҷик оид ба сохтор ва муносибатҳои иҷтимоии охири асри XIX ва ибтидои асри XX” бо сарбаландӣ ҳимоя карда ва дар ҷодаи илм роҳи худро пайдо карда ва дар ин дунёи хирадкешӣ мавқеи устувори худро устувортар гардонидааст.

Олими пуркору пухтаркор Б. Самиев бо ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ хидмати худро тамом надонистааст, он гунае, ки дар боло зикр кардем, барои рушду инкишофи илм, ба хусус фалсафаи тоҷик чандин шогирдонро ба воя расондааст ва шогирдонаш имрӯз дар илми фалсафа хидмат карда истодаанд.

Ҳамин нукта барои аҳли фаҳм кифоя аст, ки дар илми тоҷик, ки аз классикон намоянда буду падари маорифпарварони тоҷик низ шинохта шуд, Аҳмади Дониш мебошад. Осори гаронмояи Аҳмади Дониш иҷтимоиётву моддиёти ҷомеаро фарогир аст ва худи ӯ дар замоне мардумро ба илму донишварӣ даъват мекард, ки ҷомеа аксар дар хоби ғафлат буду ҳатто ин кони донишро ба кофариву куфргӯӣ муттаҳам мекарданд. Албатта, зимомдорони вақт, ки аз донишу хирад худ фарсахҳо дур буданд, ҳамзамон намехостанд, ки ҷомеа фарҳангу донишро азхуд бикунад, аз ин рӯ, Аҳмади Дониш ситорае буд дар тирашаб, ки ба мардум нур мебахшиду мардумро ба сӯи рушноӣ, яъне донишварӣ даъват мекард. Аммо ҷомеаи хурофотпарасту дар ҷаҳли мураккаб уфтода, пиндору гуфтори Донишро на мешуниданду на медиданд, зеро чашму гӯши кӯру кар доштанд ва ба ин маънӣ низ устод Лоиқ дар чеҳракушоии Аҳмади Дониш фармуда буданд:

 

Як ҷаҳон буд хору вомонда

Ҳарфе аз худшиносӣ нохонда.

Монда дар инҳисори худ умре,

Пеши пои аду сар афшонда.

 

Як ҷаҳон буд дангу девона,

Дар ватан қисмати ғарибона.

Гашта саркӯб як ҷаҳон уммед,

Орзу пойкӯби бегона.

 

Иддае масти муддаои худ,

Баста ишкелҳо ба пои худ.

Як ҷаҳоне на дузд, на дарбон,

Як ҷаҳон дузди хонаҳои худ.

 

Ҷоние чанд ҷонфишон буданд,

Камдиле чанд дилситон буданд.

Ходае чанд хушку пӯсида

Дар сари гӯри мурдагон буданд.

 

Аз Петербург – шаҳри исёнӣ

То Бухорои шаҳри нисёнӣ

Пайки тағйири қисмат овардӣ –

Пайки тағйири рӯзи инсонӣ…

 

Як ту бонии он Ватан будӣ,

Ҷангии ҷанги мову ман будӣ.

Ламъае дар шабони зулмонӣ,

Мухбири вақти хештан будӣ.

 

Як ту будӣ фидоии миллат,

Дар ғами ошноии миллат.

Ҳамчу як пешмаргаи пайкор

Баҳри мушкилкушоии миллат.

 

Як ҷаҳон буд кӯру ту бино,

Як ҷаҳон буд гунгу ту гӯё.

Як ҷаҳон буд ташнаю афсӯс

Ҳам надонист, ки туӣ дарё…

Аз гуфтаҳои шоир бармеояд, ки донишваре чун Дониш дар иҳотаи манқуртон мондааст, шабу рӯз талошҳояш, ки мардумро ба беҳрӯзӣ ҳидоят кунад, барҳадар буд…

Ин нуктаҳоро баҳри он овардем, ки доктори арҷманди мо Б. Самиев кӯшидааст, ки ба мардуми имрӯз бирасонад, ки Аҳмади Дониш, ки шумо ворисонаш ҳастед, замоне баҳри беҳбудии миллаташ чӣ хидматҳову осору рисолаҳо халқ карда. Дар мавриди маорифпарварии Дониш ҳам устод Б. Самиев нуктаҳои ҷолибу ба андеша водоркунанда дар рисолаашон гуфтаанд. Насли имрӯз агар бихоҳад, ки фардои дурахшонро дурахшонтар дарёбаду вориси воқеии ниёгон буданро қарзи инсонии худ бидонад, рисолаҳои профессор Б. Самиевро ҷустуҷӯ бикунад ва аз он баҳри фардои худ судҳо бардорад, вагарна фардо дер хоҳад шуд.

Зеро чунонки Ҳаким Фирдавсӣ ҳазор сол пеш фармуда:

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи кирдору гуфтор беҳтар бувад.

Он чи ҳолиё дар бораи доктор Б. Самиев гуфтем, қатрае аз баҳр аст, аз ин лиҳоз, шахсияти донишвару андешаманди Б. Самиев ба ин чанд нукта пурра ифода нахоҳад шуд.

Дар ин шабу рӯз, ки доктори хирадманди мо мелод доштанду қисмат ба миллати тоҷик ба чашми нек назар карда ва чунин шахсиятро арзонӣ дошта, рӯзи мелодашон ба аҳли хираду дониш ва озодакешон, ки кешу оинашон хирадгароист ва ба шахси доктори азиз ҳумоюн бод!

Таманно мекунем, ки беш аз пеш баҳри пешрафту бедории миллат хидматҳои бузурге анҷом медиҳед. Сару қаламатон сабз ва рӯзгоратон пур аз нишоту фаррухрӯзӣ буда бошад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь