Тайи чанд соли охир Душанбешаҳр комилан тағйир ёфта, бисёр зебову замонавӣ гаштааст. Дар ин раванд саҳми Ҳукумати шаҳр бузург аст, зеро маҳз бо дастгириву фармоишҳои роҳбарияти пойтахт ҳамаи ин навгониҳо амалӣ гардида истодаанд. Ҳарчанд ин навгониҳо ба беҳтар шудани шаҳр ва муносибу мувофиқ гаштани ҳаёти шаҳрвандон равона шудаанд, вале баъзеашон дорои камбудиҳоянд ва ба мардум нороҳатӣ пеш меоранд. Сабаби ин, бешак ё хунукназарии шахсони масъул нисбат ба кор аст ё нарасидани ашё ва ҷиҳози зарурӣ.
Масалан, зинапояҳои боғи «Кӯли ҷавонон», ки якчанд сол пеш таъмир шуда буд, агарчи зебо ҳам бошанд, ба талаботи замона ҷавобгӯ нестанд. Аввалан, на ҳамаи зинапояҳои боғ дорои фуромадгоҳҳои махсус барои шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) мебошанд. Камбудии дигари ин зинапояҳо дар набудани зинадаст дар онҳо мебошад, ки ҳангоми баромадан ё фуромадан мушкил эҷод мекунад. Махсусан, барои одамони калонсол. Нуқси дигар ва аз ҳама ҷиддии зинапояҳои мазкур ин масолеҳи онҳо мебошад. Зинапояҳо аз санги мармар ё ба мармар монанд сохта шудаанд. Зоҳиран онҳо бисёр зебоянд, вале дар ҳолати боридани борону барф лағжонак мешаванду баромадану фуромадан бо онҳо қариб ки номумкин мегардад. Набудани зинадаст дар атрофи зинаҳо ин ҳолатро боз ҳам душвортар мекунад.
Чанд муддат пеш коргарон ба таъмири зинапояҳои наздикии истгоҳи «Боғи ҳайвонот» оғоз карданд. Тарҳи ин зинаҳо низ ба зинаҳои боғи «Кӯли ҷавонон» монанд ба нақша гирифта шудаанд ва дар онҳо низ зинадаст ба назар гирифта нашудаасту дар фасли боришот онҳо низ лағжонак хоҳанд шуд, ки ин барои шаҳрвандон, махсусан донишҷӯёну устодони ДМТ, ки бештар аз ҳамин зинаву гузаргоҳ истифода мебаранд, мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, хуб мебуд, агар масъулин ва дастандаркорон пайи рафъи ин камбудиҳо ҷадал мекарданд.
Меҳрангез Султонзода, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ