Онон дар бораи зан гӯянд

Рассом: – Чеҳрааш чун чеҳраи фаришта.

Барқӣ: – Нураш равшантар аз хуршед.

Баққол: –Ширинтар аз қанд.

Мевафурӯш: – Рухсорааш чун себ.

Атрфурӯш: – Нафасаш чун роиҳаи бунафша.

Заргар: – Дурдонаест, ки монанд надорад.

Мусиқишинос: – Садояш хуштар аз садои торҳо.

Олим: – Ҳикмати сирф.

Сарватманд: – Ҷамолаш ганҷест фанонопазир.

Бозаргон: – Беҳтарин бизоатест, ки осмон фуру фиристода.

Пизишк: – Лабхандаш чун луълӯст.

Раъй дар бораи зан

Аз Дон- Жуан пурсиданд:

-Зеботарин зан дар назари шумо кист?

Гуфт:

-Маъшуқаам.

Гуфтанд:

-Ғайр аз ӯ?

Гуфт:

-Зани ҳамсояам.

Гуфтанд:

-Баъди ӯ кист?

Гуфт:

-Ходимаам.

Гуфтанд:

-Баъди ӯ кист?

Гуфт:

-Ҳамсарам.

Чунин буд маҳр (ширбаҳо)-и духтарон

Маҳри занон дар гузаштаи на чандон дур аҷибу ғариб буд, ки баъзе то ҳол чун одат боқӣ монда.

Яҳудиён дар ибтидо чунин одат доштанд: агар ҷавоне мехост, ки духтареро ба занӣ бигирад, чандин сол ба падари ӯ хидмат мекард. Ҳангоме ки хидматаш ба поён мерасид, бо иҷозати падари духтар онҳо оиладор мешуданд. Бархе аз анбиё ҳамин сон хонадор шудаанд.

Маҳри арӯси ҳиндувони сурхпӯст дар Амрикои Шимолӣ сари асп аст.

Падари арӯси баъзе қабилаҳои Африқо аз ҷавон гӯсфанд ва чанд пӯсти бабр талаб кунад.

Баъзе нодорони чинӣ ба маҳри арӯс таоме диҳанд.

Дар вилояти Контуни Чин қабл аз хонадоршавӣ косаи сар ва, сипас, ду хурӯс, ду кашк, чаҳор хук, даҳ моҳии шӯр ва як халта намак диҳанд.

Дар қабилаи зулуи Африқо ба маҳри арӯс ду ё се барзагов диҳанд.

Зангиёни соҳили ғарбии Африқо ба маҳри арӯс ду шиша шароб диҳанд.

Маҳри арӯс дар қабилаҳои Олмони қадим тилло ва нуқра буд.

Мардуме аз Покистон ба вазни арӯс пул тақозо доштанд.

Макри зан

Зане буд хушсурату зебо ва дар ҷамолу камол назире надошт. Рӯзе ҷавоне ӯро дид ва мафтунаш гардид ва муҳаббат изҳор кард. Вале зан поку тоҳира буд ва муҳаббати ҷавонро рад кард.

Иттифоқан, шавҳараш ба дигар кишвар сафар кард. Ҳар рӯз он ҷавон ба кошонаи зан номаҳои ошиқӣ ирсол дошт, вале посухе нагирифт. Ҷавон ба хонаи пирзане, ки дар ҳамсоягии он зан зиндагӣ дошт, даромад ва дуруд гуфт ва ҳолашро баён кард. Ва афзуд, ки он занро басо дӯст дораду дар орзуи висоли ӯст.

Пирзан ба ҷавон ваъда дод, ки ӯро ба висол расонад ва пас аз гирифтани ризояти зан ба ӯ хабар хоҳад дод. Ҷавон шод гардид, ба ӯ даҳ динор дод ва аз пайи кори худ шуд. Чун субҳ дамид, пирзан ба кошонаи он зан ворид шуд ва баъди шиносоӣ ӯро бо суҳбаташ чунон мафтун кард, ки соате ҷудоӣ аз ӯро таҳаммул надошт. Пирзан саге дошт, ки онро омехтаи нону равған бо мурғ додӣ. Саг бо мурури замон ба ин ғизо одат кард. Рӯзе он занро ба хонаи худ даъват кард ва қабл аз омаданаш, кампир мурчро чанд мартаба зиёдтар ба саг хӯронд. Аз шиддати ҳарорати мурч аз чашмони саг беист ашк ҷорӣ гардид.

Чашми зан ба саг афтод ва аз тааҷҷуб пурсид:

-Эй модар, сабаби гиряи саг чист?

Пирзан гуфт:

-Эй духтарам, ин саргузашти талху бадфарҷом ва аҷибест. Ин саг зани соҳибҷамоле буд, ки ман дар хидматаш будам. Ҷавоне ба ӯ ошиқ шуд ва ҳар рӯз ҳадяву нома мефиристод. Он зан маро аз ин ҳолат хабар дод. Ман ӯро маслиҳат додам, ки муҳаббати ҷавонро рад накунад ва ба ӯ тараҳҳум оварад. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки бигузор ҷавон сабр пеша кунад. Аз ин қисса ақрабои ҷавон огоҳ гаштанду занро сеҳр карданд ва ӯ ба сурати саг даромад. Ҳеҷ яке то имрӯз илоҷе кардан натавонист ва ӯ манзилашро тарк кард ва ба хонаи ман омад. Ҳар замоне ки ҳоли пешинаашро ба ёд орад аз дидагонаш беихтиёр ашк ҷорӣ гардад.

Чун зан ин қиссаро шунид, моту мабҳут шуд ва ниҳоят ҳаросон лаб ба сухан кушод:

-Эй модар, бо чунин ҳикоя маро тарсондӣ.

Пиразан гуфт:

-Аз чӣ ҳаросӣ, эй духтарам?

Гуфт:

-Ҷавони зебое ба ишқи ман мубталост, вале ман муҳаббати ӯро рад кардаам. Аз он тарсам, ки ман ҳам ба чунин ҳолат гирифтор шавам.

Пиразан гуфт:

-Эҳтиёт кун, духтарам, ман аз ту ҳам бештар дар ҳаросам. Агар маконашро донӣ, бигӯй то ӯро ба ин ҷо биоварам. Таъхир макун, қабл аз он ки суратат тағйир ёбад.

Зан он ҷавонро васф кард. Пирзан худро ба тағофул зад, гӯё он ҷавонро надидаву намедонад ва, сипас, гуфт:

-Ҳоло равам ва ҷустуҷӯяш кунам.

Пирзан шитобон ба макони он ҷавон омад, вале аз ӯ асаре наёфт.

Ӯ чанде ба худ гуфт: «Чӣ кор кунам? Он хӯроке, ки ба саг додам, бар абас рафт? Он маблағе ки зан ваъда дод, чӣ шавад? Қасам ба ҷонам он ҳилае, ки эҷод кардам, намехоҳам ба боди фано равад. Ба ҷои ӯ дигареро ба наздаш хоҳам бурд».

Пирзан дар чорсӯ гаштугузор дошт ва чашмаш ба ҷавоне зебо афтод, ки аз мусофират баргашта буд. Наздаш омад, салом дод ва гуфт:

-Оё рағбате ба таому шароб ва зани зебо дорӣ?

Ҷавон гуфт: -Аҷаб… он дар куҷост?

Гуфт:

-Дар хонаи ман.

Ҷавон аз паси ӯ равон шуд.

Пирзан аз чунин бозёфт хурсанд гардид, бехабар аз он ки ҷавон шавҳари он зан аст.

Чун ба хона расиданд, пирзан дарро зад. Зан бо пироҳани зебо ва роиҳаи ҳуш дарро боз кард ва онҳо ворид шуданд. Ӯ шавҳарашро шинохт.

Пирзан эшонро бо ҳам гузошт ва худ аз хона берун рафт. Ҷавон бо иштиёқи том ба зан наздик шуд. Зан рӯймолашро аз сар афканда ба ҳуҷум гузашт ва бо ғазаб ба шавҳар хитоб кард.

-Магар ҳамин аст он аҳде, ки бо ҳам бастем? Чаро хиёнатро пеша кардӣ?!

Чун аз омаданат дарак ёфтам, хостам ба воситаи ҳамин пирзан туро биозмоям. Инак ҳақиқат аён шуд. Он паймонро шикастӣ! Гумон доштам, ки пок ҳастӣ. Бо чашми худ дидам ва ин пирзан низ шоҳид аст, ки бо занони сабукпо алоқа дорӣ?

Зан фиғон бардошт ва мушт ба сару рӯи хеш мезаду фарёд мекашид:

-Эй мардум, биёед шоҳид шавед…

Он ҷавон аз шармсор гардиданаш тарсида, бо дасташ даҳони занро дошт ва илтиҷо намуд, ки садояшро баланд накунад. Ба зону афтода дасту пойҳои ӯро мебӯсиду узр меовард.

Сипас, пирзан омада, дастони занро аз гиребони ҷавон ҷудо кард ва ҳар дуро ба ифоқа овард. Ҷавон аз ҷояш баланд шуд ва дастони пирзанро бӯсиду гуфт:

-Худо туро хайр диҳад, ки моро ба ифоқа овардӣ.

Пирзан низ аз макри он зан дар тааҷҷуб монд.

Ҳусни халосии зан

Ҳикоя кунанд, ки зане барои харидани биринҷ аз шавҳараш дирҳаме гирифт ва ба бозор рафт. Фурӯшанда ба ӯ биринҷ дод ва бо суханбозӣ гуфт:

-Биринҷ бо қанд хуб аст. Оё хоҳиш дорад, ки соате ба назди ӯ дарояд.

Зан розӣ шуд ва ба утоқаш ворид гардид. Фурӯшанда ба писаре, ки ёвараш буд, гуфт:

-Ба дирҳаме барояш қанд баркаш (ва ба ӯ ишорае кард, ки писарбача фаҳмид).

Ёвар рӯймоли занро гирифта, биринҷро холӣ карда, бадали он хок гирифт. Ба ҷои қанд санг гузошт, онро баст. Зан он бастаро бо худ гирифт, ба хона омад ва гумон дошт, ки дар он биринҷу қанд аст. Назди шавҳар рӯймолро кушода дарёфт, ки хоку санг аст.

Шавҳар ба ӯ гуфт:

-Оё иморати мо ба тармим эҳтиёҷ дорад?

Зан фаҳмид, ки ӯро фиреб додаанд ва ба мард рӯй оварду гуфт:

-Он дирҳам дар бозор аз дастам афтод ва аз мардум шарм кардам, ки онро кофтуков намоям. Бинобар ин, аз он мавзее, ки дирҳам афтод, хокашро бардоштам то аз ғирбол гузаронам.

Зан ғирболеро оварда, ба шавҳараш дод ва иброз дошт, ки чашми ӯ рӯшантар аст ва ёфтани дирҳам барояш осонтар аст.

Мард он хокҳоро аз ғирбол гузаронду сару рӯяш пурчанг шуд ва макрашро дарк накард…

Зане даъвои пайғамбарӣ кард

Дар айёми Халифа Маъмун зане даъвои пайғамбарӣ кард. Ӯро ба наздаш ҳозир карданд.

Пурсид:

-Ту кистӣ?

Гуфт:

-Номам Фотима ва пайғамбарам.

Гуфт:

-Оё ба Китоби Аллоҳ имон дорӣ?

Гуфт:

-Оре.

Гуфт:

-Ба Муҳаммад (с) ва ба ҳамаи он чи ки гуфтааст имон дорӣ?

Гуфт:

-Оре ҳар он чизе ки дар бораи Ӯ омадааст ҳақ аст.

Маъмун бо шиддат гуфт:

-Оё қавли Расули Худоро шунидаӣ ки гуфтааст: «Баъди ман пайғамбар нест?».

Гуфт:

-Шунидаам, бовар кардам ва ба он имон овардам. Вале оё Расули Худо гуфтааст, ки баъди ман пайғамбарзане нест?

Маъмун хандиду гуфт, ки чунин ҳуҷҷате надорем ва ӯро раҳо кард.

Аз арабӣ тарҷумаи Мунаввари САФАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь