Ин муассисаи таълимию истеҳсолии нобиноёни шаҳри Ҳисор аст, ки замоне яке аз корхонаҳои маъруф дар кишвар буд ва дар он то 800 нафар кор мекарданд, ки 600 каси онҳо нобино буданд.

Ҳоло аз дастгоҳҳо дар инҷо ному нишоне намондааст ва биноҳои он дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Танҳо чанде аз утоқҳои ин коргоҳро барои истеҳсоли дару дарвоза ба иҷора додаанд, то тавонанд маблағи андозҳо ва маошро пардохт кунанд. Бо дидани ин манзара кас бовар намекунад, ки замоне дар он қариб 50 намуди маҳсулот истеҳсол мешуд.

Замоне дар ин муассиса қуттӣ барои чиҳози мухталиф, сарпушҳои бонкаву шишаҳои гуногун, симтуру қолинҳои роҳрав, чуткаҳои фаршшӯиву либостозакунӣ ва ғайра истеҳсол мешуд.

Исрофил Содиқов, директори ин муаасиса, гуфт, сабаби асосии валангор шудан ва аз кор мондани корхона камбуди маблағ ва набудани харидор аст.

“Замони шӯравӣ мағозаҳо вазифадор буданд, маҳсулоти моро харанд ва аз ин ҳисоб кори мо пеш мерафт, вале ҳоло ҳама шахсӣ шудааст ва маҳсулоти мо харидор надорад. Инчунин, ашёи хом ҳам барои истеҳсоли маҳсулот гарон аст. Масалан, барои тайёр кардани як чуткаи дандоншӯӣ аз 15 то 20 сомонӣ маблағ сарфа мешавад, вале савдогарон онро аз Чин бо нархи ҳамагӣ 3-5 сомонӣ меоранд”, – гуфт Содиқов.

Фурӯпошии корхона соли 2000-ум оғоз шуд ва давоми ду сол он пурра аз фаъолият бозмонд.

Ҳоло дар муассиса 40 кас ба ҳайси корманд номнавис шуда, 30 нафар бинобар мушкилоти молиявӣ ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд. Аз 10 корманд 5 нафар нобино мебошанд, ки онҳо ҳам маоши худро саривақт гирифта наметавонанд. Яъне 50% кормандони ин коргоҳро шахсони нобино ташкил медиҳанд.

Ин яке аз талаботи фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ин робита қонуни алоҳида қабул кунад.

Новобаста аз мушкилиҳо роҳбарият кӯшиш мекунанд, ки ҳар моҳ андози иҷтимоӣ ва фонди нафақаи кормандонро пардохт кунад.

Ҳамчунин директор мегӯяд: “Ҳоло нобиноён танҳо як намуди андози иҷтимоиро месупоранду халос. Онҳое, ки солиманд, се намуди андоз, андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андози иҷтимоӣ ё фонди нафақаро месупоранд. Вале масъалаи андоз аз амволи ғайриманқул то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Мо барои супоридани маблағи андоз то 15-уми ҳар моҳ муҳлат дорем. Агар аз 15-ум гузарад дигар ҳар рӯз кормандони андоз занг зада маблағро супоред мегӯянд. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонам, ки ман ғайр аз иҷорапулии як қисмати коргоҳ дигар даромаде надорам”.

Масоҳати умумии коргоҳ 14 гектарро дар бар гирифта,  инҷо ғайр аз хобгоҳи ройгон барои нобиноён, китобхона, хонаи фарҳанг ва чанд иншооти дигар низ мавҷуд аст. Ҳолати кунунии китобхонаву хонаи фарҳанг ва хобгоҳ нигаронкунанда буда, ҳангоми боронгариҳо боми он мечакад.

Сокинони хобгоҳ нигаронӣ карданд, ки касе кӯмакашон намекунанд ва ҳадди ақал сех фаъолият намекунад, то тавонад зиндагиашонро пеш баранд.

Дар хобгоҳ 11 оила зиндагӣ мекунанд, ки аъзои 5 оила нобино мебошанд. Онҳо ройгон истиқомат мекунанд, вале пардохти барқ ва дигар хидматҳои коммуналӣ бар ӯҳдаи худи онҳост, ки ба ҳисоби миёна аз 100 то 300 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.

Дар замони Шӯравӣ дар кишвар 14 муассисаи таълимию истеҳсолӣ барои шахсони осебпазир мавҷуд буд, ки дар он садҳо нафар аз қишри осебпазири ҷомеа зиндагиву кор мекарданд ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо харидорони зиёд дошт. Чунин муассисаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ худмаблағгузоранд.

Ин як намуди соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки шахсони имконияташон маҳдуд, маъюбону қишри осебпазири ҷомеа фаъолият мекарданд ва ҳам як мушкили ҷомеа ҳал мешуд ва ҳам фоида ба даст меомад.

Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ дар кишвар боқӣ монданд, вале вазъи аксари онҳо муассисаи нобиноёни Ҳисорро мемонад.

Бо ин ҳол, Исрофил Содиқов бовар  дорад, ки агар ба онҳо қарзи имтиёзнок ҷудо кунанд, дубора имконияти ба кор даровардани муассисаи мазкур пайдо гардида, шахсони нобино ба ҷойи кор таъмин мешаванд.

“Ба мо қарзи ба муҳлати дарозтар имтиёзнок диҳанд. Ду се сол аз мо баргардонидани қарзро талаб накунанд. Мо дар давоми ин муҳлат худро барқарор намуда, ашёи хом ва дастгоҳҳоро оварда насб кунем. Баъди шуруъ кардани кор ва ба фурӯш мондани маҳсулот мо қарзро бо фоизи баландтар бозмегардонем. Кӯшиш мекунем ҳарчӣ зудтар қарзро баргардонида барои давом додани кор маблағ захира кунем. Бинобар ҳамин, хуб мешуд, моро дастгирӣ кунанд, чун айни замон ҳамаро пул ҳал мекунад” – мегӯяд Содиқов.

Ӯ интизор дорад, ки қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар қабул мешавад ва он як заминае барои дубора ба кор оғоз кардани ин муассисаи замоне машҳур мегардад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь