Донишҷӯйи давраи пуризтиробу серташвиш буда, ҳангоми супоридани имтиҳону санҷишҳо, донишҷӯён дар фикр меафтанд, ки чи хел бомуваффақият онро паси сар кунанд. Дар ин мақола мехостам, ки аз дидаю таҷрибаҳои шахсӣ ба донишҷӯён, ки бояд чӣ хел таътили зимистонаро гузаронанд, чанд маслиҳат диҳам:
1.Ҳамкорӣ кардан бо ташкилоту корхонаҳо
Вобаста ба ихтисоси интихоб кардаашон ҳамкори кардан бо ташкилоту корхонаҳо ва ҳизбҳои давлатӣ ба манфиати донишҷӯ аст, зеро пас аз хатми донишгоҳ донишҷӯён дар интихоби кор азоб намекашанд. Ҳангоми коромӯзӣ бисёр таҷриба хоҳед гирифт.
2.Иштирок дар курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат(тренинг)
Барои такмил кардани ихтисоси журналистика ҳамасола аз ҷониби бархе аз расонаҳо аз ҷумла “Фараж”, “Вечёрка”, “Азия Плюс”, “Your tj” барои донишҷӯён курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат оид ба рӯзноманигорӣ ба роҳ мемонанд, ки донишҷӯ метавонад чизи нав омӯзад.
Дар шабакаи somon.tj курсҳои кӯтоҳмуддати шоҳмотбозӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои мустаҳкам кардани ақл кӯмак мекунад. Сомонаи smarthub.tj ягона платформаест, ки дар он навъҳои гуногуни курсҳои пулакӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст. Яке аз онҳо: саводнокии молиявӣ, зеҳни сунъӣ, рӯзноманигорӣ, smm, бизнес дар инстаграм, дизайни графикӣ, подкаст ва дигар курсҳои зарурӣ барои ҷавонон пешбини карда шудааст. Ҷавонон метавонанд дарси писандидаашонро харида, дар дилхоҳ вақт омӯзанд..
3.Иштирок дар озмунҳо
Ҳамасола бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳои бошукӯҳ ташкил карда шудааст, ки барои саводнок кардани ҷавонон пешбинӣ шудааст. Озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ” – озмунҳое мебошанд, ки бештари ҷавононро ба мутолиаи китоб ҷалб намуданд. Бо мақсади огоҳи шудан аз таъриху фарҳангу ниёгонамон соли 2024 дар муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” озмуни “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ карда буданд ва то инҷониб давом ёфта истодааст.
4.Боздид намудани ҷойҳои таърихӣ – фарҳангӣ
Бо мақсади огоҳ шудан аз таъриху фарҳангу миллати тоҷик, донишҷӯён бояд осорхонаҳо, ҷойҳои фарҳангиро дидан намоянд. Ба мисоли хонамузейи устод Мирзо Турсунзода, осорхонаи адабии С.Айнӣ, осорхонаи назди “Майдони Истиқлол”, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳангии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, осорхонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДМТ
Донишҷӯён метавонанд аз ҳаёту фаъолияти адибон ва таърихи халқи тоҷик огоҳи ёбанд. Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, Рӯдакӣ, Кули ҷавонон, Боғи Ирам, Боғи устод С.Айнӣ касро болидарӯҳ месозад.
Маҳина ОРЗУЕВА