Таҳлукаи мардум аз эҳтимоли камчин шудани орд беасос баромад
Сар аз авоили моҳи январи соли равон хатари паҳн гаштани коронавирус (вируси тоҷдор) ё ба истилоҳи илмӣ COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонро ба изтироб овард. Нишонаи вируси мазкур аввалин маротиба дар шаҳри Вухани музофоти Хубейи Чин пайдо шуд ва бо суръати бесобиқа паҳн гашт. Мақомоти Чин барои пешгирии паҳншавии сартосарии вирус дар кишвар тамоми чораҳоро андешиданд ва тавре маълум аст, дар ин самт муваффақ ҳам шуданд.
Ба иттилои мутахассисон, “вируси тоҷдор” қаблан, солҳои 60-уми асри гузашта вуҷуд доштааст, ки он маъмулан миёни хазандагону ҳайвонот вомехӯрдааст. Сабабу омилҳои пайдо шудани ин вирус дар одамон истеъмоли гӯшти ҳайвонҳои сироятёфта гуфта мешавад. Мутахассисони соҳа таъкид месозанд, ки вируси мазкур ба монанди аксари дигар вирусҳои маъмулӣ тариқи ҳавоӣ ва қатрагӣ аз нафари сироятёфта ба одами солим мегузарад. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки одамон аз ниқобҳои ҳимоявӣ истифода карда, муваққатан, то ба эътидол омадани вазъият аз салому алейки наздик бо даст, ба оғӯш гирифтани ҳамдигар, бӯсобӯсӣ, сафар ба мамлакатҳое, ки дар он ҷо мубталоёни ин вирус ба қайд гирифта шудаанд, худдорӣ намоянд ва дигар роҳҳои пешгирӣ аз сироят, аз ҷумла мунтазам шустани дастҳо қабл ва пас аз иҷрои амале тавсия дода мешавад.
Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), то рӯзи 6-уми марти соли равон коронавирус дар 80 кишвари дунё ба қайд гирифта шудааст, ки дар умум 98 370 нафар сироят ёфтаанд. Аз ин шумора мутаассифона 3383 нафарашон фавтидаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хориҷӣ вазъро ба гунаи дигар инъикос мекунанд. Бар асоси омори охир коронавирус ба беш аз 100 кишвари сайёра сироят кардааст ва то имрӯз зиёда аз 110 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало шудаанд. Теъдоди шифоёфтагон беш аз 62 ҳазор нафар гуфта мешавад, аммо мутаассифона, ҳудуди 3800 нафар аз ин офат ҷонашонро аз даст додаанд.
Феълан чанд давлати ҷаҳон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз сироятёбии бештари одамон муваққатан марзҳояшонро ба рӯи ҳам бастанд, ки бешак ба иқтисодиёти кишварҳо зарари ҷиддӣ ворид гаштааст.
Мақомоти тоҷикро расидани пайи қадами номубораки коронавирус ба давлати ҳамсоя – Афғонистон сахт нигарон кард ва барои пешгирӣ аз вуруди вирус ба кишвар рафтуомади шаҳрвандони ин кишварро манъ карданд.
Бо вуҷуди корҳои ҳамарӯзаи фаҳмондадиҳӣ тариқи радиову шабакаҳои телевизионӣ миёни аҳолӣ, сахттар гардидани чораҳои амниятӣ ва бо машварати Шӯрои уламои Тоҷикистон бастани дари масҷидҳо, ба оташи тахмину гумонҳои сокинон дар мавриди пайдо шудани вирус ва ҳангомаи баланд рафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар кишвар равған рехт. Субҳи рӯзи 4-уми март ҳангома аксари сокинон кишварро ба бозорҳо кашонд. Мардум дар навбати аввал аксаран ба дӯконҳои ордфурӯшӣ “ҳуҷум” карданд. Мушоҳидаҳо дар бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе нишон дод, ки мардуми ба таҳлука афтода то 5-10 линга орд, халта-халта картошкаву ҳатто пиёзҳои нешзадаро харидорӣ мекарданд. Дар ин миён танҳо қассобон ба харидорон ҳайрон нигоҳ мекарданд. Бозори гӯштфурӯшон гарм набуд, чун ба андешаи харидорон, гӯшт ки воридотӣ нест, қиммат нахоҳад шуд ва бо баста шудани роҳҳо бо давлатҳои ордистеҳсолкунанда, нархи орд дар мамлакат даҳчанд боло хоҳад рафт. Ба таҳлука афтодани мардум ва харидории зиёди орд боис ба дакка хӯрдани арзиши он то 240-250 сомонӣ дар бозорҳо шуд. Аммо шоҳид шудем, ки таҳлукаи мардум аз эҳтимоли камчин шудани орд беасос баромад ва нархи он ҳам дар фурсати хеле кӯтоҳ коҳиш ёфта, ҳатто аз нархи қаблӣ поин фаромад. Ин ҳам дар ҳоле, ки гуфта мешавад, Тоҷикистон метавонад то ду сол аз ҳисоби орди захиравиаш мардумро таъмин намояд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои корҳои бештари фаҳмондадиҳӣ миёни мардум оид ба коронавирус ва аз байн бурдани ҳар гуна ҳангомаҳо дар мавриди боло рафтани нархи маҳсулоти аввалия дар мамлакат ва дар умум барои ором кардани сокинони кишвар зарур шуморид, ки рӯзи 5-уми март нишасти хабарӣ доир намояд. Дар нишаст муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбарон ва кормандони сохторҳои марбутаи вазорат ширкат доштанд. Мирҳамуддин Камолзода таъкид дошт, ки то имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Муовини вазир аз он изҳори таассуф кард, ки вақтҳои охир аз ҷониби як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳидаи манфиатдор нисбати вазъи сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ҳар гуна сарусадоҳои аз ҳақиқат дур паҳн шуда истодаанд.
– Мардум ин овозаҳои бардурӯғро асос намуда, ба таҳлука афтодаанд. Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, дирӯз аксари мардуми мамлакат бо боварии он, ки гӯё дар пайи интиқоли ин сироят ба кишвар фаъолияти бозорҳои мамлакат қатъ мегардида бошад, барои хариди маҳсулот ба бозор баромадаанд. Айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд ва ҳамзамон, тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал карда истодаанд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ситод аз санаи 23-юми январи соли ҷорӣ фаъолият намуда истодааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳо оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба роҳ монда шудааст,- гуфт Камолзода.
Муроҷиати муовини дигари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба рӯзноманигорон буд, ки гуфт, бе иштироки фаъоли журналистон мубориза бо коронавирус ғайриимкон аст. Номбурда гуфт, ки “кишварҳои қудратманд дар оғоз бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карданд ва ба чӣ ҳол расиданд? Эрон ҳолатҳои аввали пайдоши вирусро фош накард. Вақте кор ба ҷое расид, маҷбур шуд, ки эълон кунад. Афзоиш дар Эрон аз ҳама баланд аст (35%). Кореяи Ҷанубӣ бо ҳама иқтидори иқтисодие, ки дорад, оҷиз мондааст. Аз ҳама зиёд фоизи фавт дар Амрикост (6%). Амрико ҳатто дар оғоз бо тестҳои лозимӣ худро таъмин карда натавонист. Ҳатто Чин, ки дар як рӯз 50 миллион ниқоби тиббӣ истеҳсол мекард, ба камбуди он дучор шуд”.
– Ҳоло қадами коронавирус ба Тоҷикистон нарасидааст. Он чизе, ки бо дигар кишварҳо гузашт, иштибоҳе, ки онҳо содир карданд, аз ҷумла Чину Эрон ва Амрико, дарси хубе барои Тоҷикистон буд. Муҳим омодагӣ аст, на қудрати иқтисодӣ. Мо ҳамаро омӯхтем. Ҳоло ҳар коре, ки мекунем, ба хотири ҳамон рӯз аст, ки Худо нокарда, ҳамин вазъ рух диҳад. Ниҳодҳои Вазорати тандурустӣ бояд омода бошанд. Аммо муҳимтар эҷоди фарҳанги мардум дар қабул ва мубориза бо ин вирус аст. Тавре бояд кунем, ки дар сурати хурӯҷ мардум онро оромона қабул кунанд,- гуфт Шодихон Ҷамшед.
Сардори Пажуҳишгоҳи профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Самариддин Алиев гуфт, ки дар кишвар ҳеҷ мояи нигароние вобаста ба ташхис вуҷуд надорад. Ба гуфтаи номбуда, аз Русия 2000 тест оварда шудааст, ки ҳоло 1700 тести дигар боқӣ мондааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, дар маконҳои махсусгардонидашудаи тиббии ҷумҳурӣ 1496 нафар шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар, ки аз минтақаҳои номусоид аз сирояти коронавирус баргаштаанд, таҳти назорати карантинӣ қарор дода шудаанд, ки аз онҳо 1149 нафар пас аз муоинаҳои зарурӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд. Имрӯз бошад, шумораи нафарони таҳти карантин қарордошта ҳамагӣ 347 нафарро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, барои пешгирии интиқоли вируси мазкур бояд кормандони соҳаи тандурустӣ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳамзамон, рӯзноманигорон моҳияти масъалаи мазкурро ба мардум дуруст ва бо забони соддаи оммафаҳм бирасонанд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”