Дангича таомест, ки дар бештари манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон маъмулу машҳур аст. Ин хӯрокро дар водии Қаротегин кашк, дар вилояти Хатлон дангича ва дар Бадахшон гандумбоча, ки шакли тағйир ёфтаи гандумпоча мебошад ном мебаранд. Дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи кишвар гандумкӯча, гандумҷӯшак, далда, шавдег ва кала-поча низ мегӯянд. Тарзи таҳияи дангича на он қадар осон мебошад. Барои омода кардани ин хӯрок вақт ва диққати махсус лозим аст. Дангича аз маҳсулотҳои хушки донагӣ омода гардида, ғизонокиаш хеле зиёд мебошад. Дар деҳаҳои кӯҳистон замоне, ки чорвоеро ба муносибате забҳ мекарданд, узвҳои дарунии он, калаю поча ва ишкамбаи онро тоза намуда, бо уғурак гандумро аз пӯсташ ҷудо менамуданд. Пас аз ҷӯшонидани калаву поча дар дег, гандум ва донагиҳои дигарро ба мисли нахӯд, лубиёҳои гуногун, мош, мушунг ва наск илова менамоянд. Дангича бо оташи паст аз аввали шаб то субҳ омода мегардад. Дар баъзе аз деҳаҳои Хатлон ҳатто то ду шабонарӯз онро дар болои оташ нигаҳ медоранд. Тоҷикон дангичаро одатан дар аввали субҳ бо илова намудани каме равғани зард ва ё равғани зағер истеъмол менамоянд.
Тарзи таҳияи дангича дар байни тоҷикон бо каме фарқияти андак ва бо номҳои гуногун, ки дар боло гуфта гузаштем, фарқ мекунад, аммо дар асл ҳамон дангича ва ё ҳамон каллапоча аст, ки дар тӯли солиёни дароз дар миёни мардум вобаста аз маҳсулоти ҳар минтақа як каме тағйирот ва бо номҳои гунонун дида мешавад. Дар баъзе маҳалҳо ба ҷои каллаю почаи ҳайвонот аз гӯшти он низ истифода менамоянд. Дангича яке аз таомҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта ҳангоми ҷашнҳои муҳим аз ҷумла, Наврӯз низ онро омода мекунанд. Дангича хӯрокест, ки халқи тоҷик онро ҳамчун хӯроки ҷашнӣ низ меҳисобанд. Ногуфта намонад, ки дар кишвари Ҳиндустон низ шаҳраке вуҷуд дорад, ки бо исми Дангича ёд мегардад ва ин аз он дарак медиҳад, ки нуфузи қавми тоҷик замоне то кишвари Ҳинд низ расида буд. Далели дигар, ки ин гуфтаро тақвият медиҳад, ҳузури шоири бузурги халқи тоҷик Абдулқодири Бедил дар Ҳинд мебошад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки то имрӯз миқдори ками таомҳои миллии халқи тоҷик боқӣ мондаанд ва мардум хеле кам аз онҳо истифода мебаранд. Рӯз то рӯз хатари аз байн рафтани ин таомҳои қадима зиёд мегардад. Аз ин хотир моро месазад, ки бештар дар мавриди таомҳои маҳаллӣ тамаркуз намоем. Хӯрокҳои қадимаи мардуми тоҷик, гузаштаи ин миллатро бозгӯ намуда, аз қадимӣ будани ин қавм дар Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Вуҷуди ин хӯрок дар миёни қавми дигар аз он хабар медиҳад, ки тоҷикон дар ҳазор солаҳои пеш, шаҳрнишин буда, дар водиҳои паҳновари Эронзамин аз ҷумла Хуросони бузург ва минтақаҳои Ховари Миёна зиндагӣ ва ба кишоварзию чорводорӣ машғул будаанд. Чуноне ки дар боло зикр намудем, дангичаро дар манотиқи кӯҳистонии водии Рашт бо номи кашк ёд мекунанд. Ин далолат аз он мекунад, ки ин хӯрок бо яке аз номҳои қадимаи худ, яъне кашк то ҳанӯз дар миёни халқи тоҷик мавриди истифода қарор дорад.
Як чизи дигарро низ бояд хотирасон кард, ки кашк дар миёни мардуми тоҷику форс ба ду маъно истифода мегардад. Яке ба маънои қурут ва дигари ба маънои дангича. Кашк, ки мафҳуми хӯроки дангичаро дорад дар ашъори гузаштагон ва назми форсу тоҷик низ зикр гардидааст. Муҳташами Кошонӣ дар ашъори худ мефармояд.
Ман он парвонаи шабзиндадорам,
Ки поси шамъи давлат буда корам,
Ки афсун хондаам бар пайкари шоҳ,
Гаҳе гардидаам гирди сари шоҳ,
Гузашта пурмаҳи аз ғара то салх,
Ки бар худ хоби ширин кардаам талх.
Кашк дорандагон шаб нахуфта,
Парасторон тарки хоб гуфта.
Аз мазмуну гуфтаҳои ин ғазал бармеояд, ки шоир дар баёни гуфтаҳои худ аз тарзи таҳияи хӯроки кашк, яъне дангича истифода намудааст. Чунки аз шом то субҳ дар зери деги хӯроки дангича оташ бояд фурӯзон бошад. Истифода аз зикри номи кашк ба манзури қурут низ то ба имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Эрон мавриди истифода аст. Аммо исми кашк, ки ба маънои хӯроки дангича дар адабиёти класики тоҷику форс зикр гардидааст, танҳо дар водии Рашти Тоҷикистон мавриди истифода қарор дораду бас.
Мавриди ҷолиби дигар ин аст, ки дангича танҳо хӯрокест, ки дар миёни ду қавм, тоҷикон ва яҳудиён роиҷ мебошад ва то ба имрӯз мавриди истифода дар миёни ин ду халқ қарор дорад. Ин аз он далолат мекунад, ки пайдоиши дангича ба зиёда аз ду ҳазор соли пеш бармегардад ва макони пайдоиши дангича Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Дангича ки яке аз хӯрокҳои қадима ва бостонии қавми бани Исроил низ ба ҳисоб меравад, имрӯз бо номҳои гуногун дар миёни ин қавм ном бурда мешавад. Номгузории ин хӯрок дар байни яҳудиён хеле наздик ба номҳои тоҷикии ин таъом аст, ки аз наздик будани ин ду қавм дар гузаштаҳои дур шаҳодат медиҳад. Пас маълум мегардад, ки қавми тоҷик яке аз қадимитарин қавмҳои ҷаҳон дар баробари дигар қавму миллатҳо ба ҳисоб меравад. Муштаракоти зиёди таомҳои тоҷикӣ бо таомҳои яҳудиён далолат аз он мекунад, ки тоҷикон дар баробари яҳудиён, ки таърихи беш аз се ҳазорсола доранд, аз қадимитарин халқҳо ба ҳисоб мераванд. Ин ақидаро метавон дар ягонагии хӯрокҳои ин ду қавм ва бисёре аз анъанаҳои муштарак, ки дар байни тоҷикон ва яҳудиён то ҳанӯз роиҷ аст тасдиқ кард. Яке аз нишонаҳои қадими будани халқи тоҷик дар он аст ки хӯрокҳои қадимаи тоҷикон ба хӯрокҳои яҳудиён дар ҳазорсолаҳои пеш ба шакли ягона то ба имрӯз боқӣ мондаанд.
Барои мисол яке аз маҳсулоти ширие, ки дар замони ҳокимияти Бобилиён дар се ҳазорсолаи пеш дар байни қавми бани Исроил бо номи кутах, ки хеле роиҷ буд, то ҳанӯз дар байни тоҷикони Панҷшери Афғонистон бо ҳамон номи бостониаш қутах ва бо ҳамон тарзе, ки дар се ҳазорсолаи пеш истеъмол менамуданд роиҷ аст. Дар Тоҷикистон бошад ин хӯрок бо номи қурутоб ё ин ки шакароби дуғӣ машҳур мебошад.
Дангичаи тоҷикӣ низ айнан ба ҳамон тарзе омода мегардад, ки дар қадим қавми бани Исроил онро омода менамуданд ва ҳанӯз ҳам дар миёни яҳудиёни мазҳабӣ ва яҳудиёни кӯҳистонии Мағрибу Машриқ ба тарзи ягона омода мегардад. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки кутахи бобилонӣ ва дангичаи тоҷикӣ, ки дар ҳазорсолаҳои пеш дар байни қавми бани Исроил вуҷуд доштанд, чӣ гуна метавонад хӯроки миллии тоҷикон низ бошад ва то ба имрӯз аз ҷониби қавми тоҷик ҳифз карда шаванд? Дар ҳоле, ки баъзеи ин хӯрокҳо дар байни яҳудиён аллакай аз миён рафтаанд, ба монанди кутахи бабилонӣ. Аммо тоҷикони кӯҳистони Панҷшер ва тоҷикони Тоҷикистон то ҳанӯз онро бо ҳамон ному бо ҳамон тарз доранд. Чуноне ки дар боло зикр намудем дангичаи тоҷикону яҳудиёни мазҳабӣ ва яҳудиёни кӯҳистонӣ айнан ба якдигар монанд мебошанд. Аммо дар ин миён яҳудиёни шаҳрнишин дангичаро бо шакл ва маҳсулотҳои дигар омода менамоянд, ки аз дангичаи тоҷикӣ ва дангичаи бостонии яҳудиён каме фарқ мекунад.
Барои мисол яҳудиёни Бухоро дангичаро, ки оши саво мегӯянд, аз биринҷ ва меваи хушк омода менамоянд. Дар Эрон ва баъзе аз минтақаҳои Ховари Миёна дар миёни яҳудиён дангича тақрибан аз байн рафта ва ё ин ки ба шаклҳои дигар омода мегарданд. Сабаби аслии боқӣ мондани дангича дар шакли аслиаш дар байни тоҷикон дар он аст, ки тоҷикон ба хотири нигоҳ доштани расму русуми худ дар кӯҳсорон паноҳ бурданд. Ин воқеиятест, ки дангича то ҳанӯз боқӣ мондааст.
Яҳудиёне, ки бештар дар Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд ин хӯрокро чолент мегӯянд, ки аз решаи калимаҳои фаронсавӣ ва олмонӣ сарчашма мегирад ва маънои гармиро дорад. Дар китобҳои муқаддаси яҳудиён, ки ба эҳтимоли зиёд ин хӯрок аз он ҷо сарчашма мегирад, бо номи “Ҳамин”, яъне гарм ишора гардидааст. Яҳудиёне, ки дар Мағриб ва ба хусус дар Марокаш ҳастанд ин хӯрокро бо номи “Дафина”, яҳудиёни Ховари Миёна, бахусус яҳудиёни Ироқу Сурия бо номи “Пача” бо илова намудани ишкамбаи гӯсфанд, ки дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон низ ин хӯрокро бо номи калла-поча ва ё ин ки боҷа хитоб мекунанд. Яҳудиёни Бухоро бошад бо номи “Ош Саво” яъне оши субҳ ном мебаранд. Аслан, яҳудиён ин хӯрокро дар субҳи рӯзи шанбе, ки барои онҳо рӯзи муқаддас ба ҳисоб меравад, истеъмол менамоянд. Аз давраҳои куҳан то ҳанӯз яҳудиён ин хӯрокро бегоҳи рӯзи ҷумъа пеш аз ғуруби офтоб ба оташдон мегузоштанд ва он то субҳ дар оташи паст пухта мегардид. Дафина ва Пача аз номҳои бостонии ин хӯрок дар байни қавми яҳуд ба ҳисоб меравад Наҳваи омода кардану истеъмоли дангичаи тоҷикӣ ва дафинаю пача ё ин ки ҳамон чолент як буда ҳеҷ фарқияте аз ҳамдигар надоранд.
Дангича дар қисмати шимоли Афғонистон низ роиҷ буда бо номҳои боҷ, гӯшткӯча ва далда зикр гардида ва бо тарзи каме мутафовит омода карда мешавад. Аммо асл ҳамон дангичаи тоҷикист. Ба назар мерасад, ки баъзе аз расму русум ва хӯрокҳои мардумони Афғонистон ба мисли ҳазораҳо ва паштунҳо аз тариқи муҳоҷирати тоҷикон дар ҳазорсолаҳои пеш тавассути халқи тоҷик ба онҳо интиқол гардидааст. Айни замон бисёре аз расму русумҳои паштуну ҳазораҳо ба расму русуми тоҷикон монандӣ дорад. Яке аз далелҳои гузаштани ин расму русумҳо аз тоҷикон ба паштунҳо ва ҳазораҳо, вуҷуд доштани кутахи бабилонӣ дар байни тоҷикони Панҷшер мебошад. Вуҷуди кутахи бабилонӣ, қутахрӯған, қурутоби тоҷикӣ ва дангича далолат аз он мекунад, ки халқи тоҷик куҳантарин қавм дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.
Хӯроки Дангича дар китобҳои динии қавми бани Исроил низ зикр гардидааст. Дар китобҳои мазҳабии яҳудиён таъкид гардидааст, ки дар давраи асри миёнагӣ ин таом бо номи “Ҳамин” ё ин ки “Хӯроки гарм” маъруф буд. Ба назар мерасад, ки пайдоиш ва наҳваи омода гардидани ин хӯрок аз замони пайдоиши китоби муқаддаси таврот ва эътиқоди яҳудиён оид ба муқаддас будани рӯзи шанбе сарчашма мегирад. Рӯзи шанбе барои қавми бани Исроил рӯзи муқаддас ба ҳисоб рафта, дар он рӯз пухту пази хӯрок барои онҳо иҷозат нест. Аз ин рӯ, онҳо бегоҳи рӯзи ҷумъа ба омода кардани хӯроки “Ҳамин”, яъне хӯроке, ки то фардои рӯзи дигар доғ биистад, шуруъ менамуданд. Яке аз сабабҳои дигари пайдоиши ин хӯрок ба эҳтимоли зиёд бармегардад ба таъкиди бевоситаи китоби Талмуд. Дар ин китоб зикр гардидааст, ки кӯшиш намоед то дар рӯзи шанбе хӯроки гарм истеъмол намоед. Аз ин хотир пайравони дини яҳуд тасмим гирифтаанд, то ки пеш аз фарорасии шоми рӯзи ҷумъа таомро омода ва оташи онро равшан намоянд.
Дар аввал замоне, ки китоби муқаддаси Таврот китобат нашуда буд ва ба таври шифоҳӣ, яъне аз даҳон ба даҳон омӯзонида мешуд. Пайравони ин китоби муқаддас таъкид менамуданд, ки дар рӯзи шанбе равшан будани оташ боке надорад ба он шарте, ки оташ пеш аз шаби ҷумъа фурӯзон гардад. Баъдан, ки Таврот мактуб гардид, равшан будани оташ дар рӯзи шанбе мамнуъ карда шуд. Ин ба он маъност, ки баръакси гуфтаҳои замони Таврот, ки шифоҳӣ буд дар рӯзи шанбе хӯроки сардро истеъмол менамуданд. Баъдҳо ҳангоме, ки китоби Талмуд навишта шуд сарварони дин ба хулосае омаданд, ки мухолифати ин ду назарияро аз миён бардоранд ва фатво доданд, ки шумо метавонед дар рӯзи шанбе ҳамон тавре, ки дар замони пайдоиши Таврот таъкид гардида буд, оташро пеш аз фарорасии шабот (яъне рӯзи шанбе) равшан намуда ва онро нигоҳ доред ва ба ин васила дар рӯзи шабот хӯроки гарм низ истеъмол намоед.
Пас, ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки тарзи таҳияи дангича дар миёни тоҷикон аз ҳамон замоне оғоз мегардад, ки китоби муқаддаси Таврот ба таври шифоҳӣ амал менамуд. Яъне беш аз се ҳазор соли пеш. Пас маълум мегардад, ки тоҷикон, ки бо яҳудиён, дар ҳазорсолаҳои гузашта бо доштани як фарҳанги муштарак дар Ховари Миёна дар якҷояги зиндагӣ менамуданд ва замоне, ки китоби Таврот шифоҳӣ буд, аз ҷониби аҷнабиён, дар аввал империяи ошӯриҳо ва баъдан бобилиҳо маҷбуран пароканда гардонида шуданд. Аз он замон ва баъд тоҷикон дар баробари яҳудиён дар саросари Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ паҳну парешон гардиданд. Тоҷикон ба хотири нигоҳ доштани фарҳангу анъанаҳои бобоии худ доим аз маконе ба маконе ҳиҷрат менамуданд. Ҳар куҷо, ки буданд он маконро ободу зебо менамуданд, аммо мутаассифона боз аҷнабиён буданд, ки онҳоро ором намегузоштанд ва шаҳрҳои ободнамудаи тоҷиконро аз худ менамуданд. Билохира тоҷикон чорае надоштанд ба ҷуз он ки худро дар синаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида пинҳон намоянд. Ин андешаро тадқиқоти бостоншиносон чӣ дар Ғарбу чӣ дар Шарқ тасдиқ менамояд. “Тибқи ковишҳои бостонӣ ва ривоятҳои даруни динӣ дар ду ҳазорсолаи пеш аз мелод (Месопотамия, Байнаннаҳрайн) қавми точик (тоҷик) вуҷуд дошт ва кишваре низ бо номи Точикистон (Тоҷикистон) буд, ки дар шимоли Ироқ, шарқи Сурия ва ҷанубу ғарбии Ироқи имрӯза ҷойгир гардида буд. Мавҷудияти сарзамине бо номи Точикистон дар Ховари Миёна аз ҷониби олимони чинӣ низ тасдиқи худро пайдо намудааст. Аммо мутаассифона дар бештари мавридҳо аз номи ин кишвар бо номи Точикистон ва точико ёдоварӣ карда намешавад. Дар ҳоле, ки вуҷуди ин давлат дар ҳазорсолаи пеш аз мелод хеле ҷолиб аст.” (Ислом, фирқаи яҳудӣ, масеҳӣ, Точикистон дар Ховари Миёна. Нишасти дуюм “Мади Аҳробӣ, таърихшинос, забоншинос ва диншинос”).
Гуфтаҳои таърихшинос Мадӣ Аҳробиро дар мавриди сарзамини “Точикистон” (бо ҳарфи ч) дар Ховари Миёна, ки ба эҳтимоли зиёд беш аз се ҳазор соли пеш арзи вуҷуд дошт, расму русум, анъана ва хӯрокҳои бостонии имрӯзаи тоҷикон, ки ҳамсони хӯрокҳои яҳудиёни ин минтақа мебошад, тасдиқ менамояд. Шабоҳатҳо аз он дарак медиҳад, ки халқи точик, ки таърихшиносон беш аз ду ҳазор соли пеш дар Ховари Миёна, ёдоварӣ намуданд, ҳамин тоҷикони имрӯзӣ мебошанд. Баъзе шавоҳидҳои дигар нишон медиҳанд, ки тоҷикон пеш аз империяи Ошӯриён дар қисматҳои шимоли имрӯзаи Исроил то Урдун, Ироқ ва Сурия низ зиндагонӣ менамуданд. Дар ин маврид мо нишонаҳои тасдиқкунандаи зиёде дар даст дорем, ки дар оянда пешкаши хонандагон хоҳем намуд. Аз рӯи мушоҳидаҳо муҳоҷирати иҷбории тоҷикон ба ду давра рост меояд. Давраи аввали муҳоҷирати иҷбории тоҷикон дар замони империяи Ошӯриён сурат мегирад. Бо ҳуҷум ба сарзаминҳои ғарбӣ ва шимолии Ховари Миёна аввалин муҳоҷирати тоҷикон оғоз гардида, тоҷикон дар саросари Ховари Миён ва Осиёи Марказӣ паҳн мегарданд. Қисме аз тоҷикон аз тарси аҷнабиён то ба кӯҳистонҳои Зарафшону Бадахшон ва кӯҳҳои дараи Панҷшер паноҳ мебаранд. Ин давра тақрибан ба се ҳазор соли пеш бармегардад. Давраи дуюми муҳоҷирати тоҷикон тақрибан 800 соли пеш ҳангоми ҳуҷуми муғулон ба сарзаминҳои Осиёи Миёна рост меояд. Дар даврони ҳуҷуми муғулон тоҷикон аз тарс ва ба хотири ҳифзи расму русум ва анъаноти худ шаҳрҳои бузургеро ба мисли Самарқанду Бухоро, Кобулу Ҳирот, Мазори Шариф ва ғайраҳоро тарк намуда ба кӯҳистонҳои дурдаст, ки гузаштагони онҳо алакай садсолаҳо пеш дар он маконҳо зиндагӣ менамуданд, паноҳ бурданд. Муҳоҷирати даврони муғулро то ҳанӯз мардумони куҳистони Тоҷикистон ва Панҷшери Афғонистон аз гузаштагони худ дар хотир доранд ва маконе, ки аз он ҷо гузаштагонашон ба ин кӯҳҳои сарбаланд фирор намуданд, Даҳбеди Самарқанд медонанд. Боз бармегардем дар мавриди таърихи хӯроки дангича. Дар қадим қавми бани Исроил ин хӯрокро аз маҳсулотҳои донагӣ ба мисли гандум, нахӯд ва лубиёву донагиҳои дигари мавҷуд буда бо илова намудани гӯшт, аз ҷумла калла-поча ва ишкамбаи гов ё гӯсфанд омода менамуданд. Пас аз омехта кардани маҳсулотҳои зикргардида онро дар зарфе бо даҳони баста дар оташи паст мегузоштанд ва тамоми шаб, яъне пеш аз фурӯ рафтани офтоб то субҳи рӯзи шанбе дар болои оташ қарор дошт. Рӯзи шанбе дар ҳангоми субҳ аҳли оила даври ҳам нишаста хӯроки ҳамимро истеъмол менамуданд. Мавриди зикр аст, ки тарзи таҳия ва истеъмоли дангичаи тоҷикӣ бо тарзи таҳияи дафинаи марокашӣ, пачаи яҳудиёни Ироқу Сурия ва чоленти яҳудиёни мазҳабии ҳасидиқ ҳамсон мебошад. Дар ин миён Оши савои яҳудиёни Бухоро каме мутафовит мебошад. Яҳудиёни Бухоро ин хӯрокро бо биринҷ ва тухми мурғ омода менамоянд.
Ҳамчунин ин хӯрок дар миёни яҳудиёни кӯҳистони Ҷумҳурии Озарбойҷон низ аз қадим вуҷуд дошта ва ба мисли дангичаи тоҷикӣ омода карда мешавад. Фалсафаи дигари “Ҳамин” (Дафина) дар он аст, ки Бани Исроил ин хӯрокро махсус дар рӯзи шанбе, ки рӯзи шодию хурсандӣ бо аҳли оилаашон мебошад, омода ва истеъмол менамоянд. Ҳамчунин онҳо дар ҳама ҷашнҳои хурсандиашон аз ин хӯрок истифода мебурданд. Дар байни қавми тоҷик низ Дангича бо ҳамин фалсафа (ҷашну шодӣ) омода карда мешавад. Ҳарчанд, ки қавми тоҷик моҳе як ё ду маротиба ин хӯрокро омода менамоянд, боз дар баробари ин дар фасли баҳор, ба хусус дар ҷашни Наврӯз, дар хона ва маҳалла дангича омода менамоянд. Аммо мутаассифона имрӯз мо шоҳиди он мегардем, ки таомҳои миллии тоҷикон ба хусус дангича хеле кам ва танҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон омода карда мешавад. Дар шаҳрҳо бошад мардум бештар ба таомҳои носолиму тезпухти дигар кишварҳо майлу рағбат доранд. Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳои гузашта ба хотири ҳифзи расму русум ва таомҳои миллии худ аз ҷабру зулми аҷнабиён, водиҳоро тарк намуда, дар дили кӯҳҳои сарбафалаккашида аз Зарафшону Бадахшон то дараи Панҷшер паҳн гардиданд. Дар тӯли ин қадар солҳои дароз ва азобу уқубати зиёд, тоҷикон тавонистанд, ки кутах, қутағрӯған, қурутоб, ялама, фатиру кулча ва дангичаро ҳифз ва ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳанд. Имрӯз бояд тоҷикон аз ин мероси қадимаи аҷдодони худ ифтихор намуда нагузоранд, ки ин фарҳанги бебаҳои аз ҷониби гузаштагонашон бо заҳмат ҳифз гардида, ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида шавад. Донистани таърихи таомҳои бостонии халқи тоҷик, ки ҳазорсолаҳо таърих доранд боиси ифтихор буда, истифодаи онҳо барои солимии насли
минбаъдаи башарият мусоидат хоҳанд кард.
Ҳотам ФАЙЗУЛЛОЕВ, адиб ва муҳаққиқ