Сироҷиддин Икромӣ аз ҷумлаи адибонест, ки умури фарҳангиро бо кори нависандагӣ тавъам дониста, дар ин ду самти зиндагии маданӣ фаъол аст. То имрӯз хонандаи тоҷик бо сеҳри хомаи Сироҷиддин Икромӣ аз тариқи маҷмуаҳои “Ошёни меҳр” (-Душанбе: “Ирфон”, 2000), “Дар ҳасрати дидор” (-Душанбе: “Ирфон”, 2010), “Баъди борон” (-Душанбе: “Ирфон”, 2012), “Як қадам то варта” (-Душанбе: “Адабиёти бачагона”, 2014), “Аз зулмот ба сафо” (-Душанбе, 2014), “Вақте ки насиб накард” (-Душанбе: “Бебок”, 2015), “Боздошти муҳоҷир” (-Душанбе: “Ирфон”, 2018), “Подош” (-Душанбе: “Адиб”, 2020)) ошност. Он чӣ ба сифати намуна аз осори адабӣ-бадеии Сироҷиддин Икромӣ оварда шуд, баёнгари он аст, ки нависанда аз соли 2010 ба баъд дар фазои адабӣ хеле фаъол гардида, бардоштҳои фардӣ-ҳунариашро ҳамасола дар маҷмуаҳои ҷудогона мунсаҷим сохтаю ба табъ расонида, аз ин тариқ дар рушди адабиёти муосири миллӣ, бахусус насри бадеӣ саҳми муносиб гузошта, ташаббусоту ибтикороти ҳирфаӣ-ҳунарии хешро ҳамчунон идома медиҳад. Албатта, ҳадафи адиб тавассути корномаи бадеӣ нафаси тозаи эҷодӣ дамидан дар фазои истиқлоли ватанист ва саъю талоши фаровоне, ки дар ин замина пайгирона мекунад, қабл аз ҳама, ба хотири анҷом додани рисолати ҳирфаӣ-ҳунарӣ, боло бурдани завқи бадеӣ-эстетикӣ ва билохира бедории маънавии ҷомеа сурат мегиранд.

Ба ин тартиб, Сироҷиддин Икромӣ адиб ва фарҳангиест, ки ба мушкилоту муваффақиятҳои замону рӯзгор бетафовут нест ва ҳар мавзуеро, ки дар қолиби шеър, ҳикоя, қисса ва матолиби илмӣ-оммавӣ матраҳ мекунад, реша дар ҳаёти рӯзмарраи мо дорад. Ба сухани дигар, адиб мавзуъ ва маводи осорашро аз зиндагӣ ва ҳаводиси имрӯзӣ гулчин мекунад, дар коргоҳи эҷодӣ суфта менамояд ва пасон дар қолиби адабӣ-бадеӣ ба хонанда манзур месозад. Ин аст, ки навиштаҳои адиб ба дарди имрӯза мехуранд ва воқеиёти рӯзгори моро инъикос менамоянд. Дигар ин ки нависанда бар мабнои дидгоҳи адабӣ-бадеӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии фардӣ ба мушкилот, муаммо ва масоили рӯзгори мо таваҷҷуҳ намуда, бардошту тааммулоти шахсӣ ва инфиродиашро дар қолиби қиссаву ҳикояҳо манзур месозад. Дар ин миён, мо дар хусуси  муваффақиятҳои идорӣ ва мадании адиб чизе намегӯем ва бо ибрози назар дар ҳошияи маҷмуаи ахирии ӯ таҳти унвони “Барфи хунолуд” иктифо карда, қазоватро бар уҳдаи аҳли адабу таҳқиқ ва хонандагон вомегузорем.

Маҷмуаи “Барфи хунолуд” аз 19 ҳикоя ва 1 қисса бо шумули ҳикояҳои “Талоши зистан” (С.3-14), “Гиряи кӯдак”(С.15-26), “Хотири модар” (С.27-54), “Алами куҳна” (С.55-87), “Сӣ соли дароз” (С.88-96),  “Тардоман” (С.97-107), “Барфи хунолуд” (С.108-127), “Падарозор” (С.128-136), “Паҳлавон” (С.137-147), “Тафтишгар” (С.148-155), “Зӯр” (С.156-163), “Хаёли хом” (С.164-174), “Хостгорӣ” (С.175-179), “Хирсак” (С.180-187), “Мазори чилкаду” (С.188-192), “Юсуфбобо” (С.193-199), “Барори кор” (С.200-202), “Ангура хӯру…” (С.203-207), “Таърифак” (С.208-211) ва қиссаи “Захме, ки марҳам ёфт” (С.212-254) таркиб ёфтааст. Ҳар ҳикоя ва қисса мавзуи алоҳидаеро фаро мегирад ва нависанда бар мабнои дониши ихтисосӣ, салиқаи ҳунарӣ, завқи бадеӣ-эстетикӣ ва дидгоҳи миллӣ кӯшидааст, ки ба муаммою мушкилоти рӯзгор, ки ҳамагӣ дарду уқдаҳои ахлоқию ҳувиятӣ ва равонию иҷтимоии замони моро ташкил медиҳанд, посух гӯяд. Муҳим ин аст, ки нависанда ҳаргиз иддао намекунад, ки мавзуъ ва масъалаҳои ҳассоси рӯзгорро дурусттар аз дигарон дарк кардаву фаҳмидааст, аммо аз забони қаҳрамонону персонажҳои қиссаву  ҳикояҳои худ дидгоҳи вежаи мунҳасир ба фардро ироа дошта, дар айни замон аз пешдовариҳои қатъӣ канор гирифта, масъулияти қазовати хулосавӣ-финалиро рӯйи шонаи хонандаи соҳибзавқ ва муфаккир мегузорад. Ба ин маъно, хонандаи соҳибзавқу муфаккир маҷбур аст, ки сари муаммову мушкилоте, ки нависанда матраҳ мекунад, тамаркуз намояд ва масъулияти доварии ниҳоиро бар уҳда бигирад. Инҷост, ки ҳадафи ниҳоии фардӣ бо рисолат-миссияи нависандагии Сироҷиддин Икромӣ ҳамоҳанг шуда, як навъ тавозун-гармония ва симфонияи зиндагии иҷтимоию ҳунарии адибро ба вуҷуд меоваранд. Ба ин манзур, дар ҳошияи чанд ҳикоя ва як қиссаи маҷмуаи “Барфи хунолуд”-и Сироҷиддин Икромӣ мулоҳизоти иҷмолии хешро ироа медорем.

Якум. Маҷмуаи “Барфи хунолуд” бо ҳикояи таваҷҷуҳбарангези “Талоши зистан” оғоз меёбад. Нависанда дар тасвиргарӣ ва истеъмоли силсилавожаҳои зебои тоҷикӣ маҳорати тамом дорад ва дар ин замина таҷрибаи вожаофаринӣ, таъбирсозӣ ва ҷумлабандии нависандагони маъруфи миллӣ устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад ва дигаронро идома дода, ҳамзамон саъй намудааст, ки дар резакориҳои эҷодӣ, образофаринӣ, гиреҳкушоӣ, сужасозӣ, таркиббандӣ ва соири лавозими бадеӣ аз истиқлоли эҷодӣ кор бигирад. Ин аст, ки аз нахустин ҳикояи маҷмуа – “Талоши зистан” метавон хатти машйи нависандаро, ки бар мабнои истиқлоли эҷодӣ, таҷрибаи адабӣ ва дониши назариявии ҳирфаӣ устувор гардидааст, пай бурд.

“Талоши зистан” (С.3-14) бахше аз зиндагиномаи ҷангалбони маҳаллӣ – Сабурро, ки бар асари фишори зӯргӯёни замони ҷанги бародаркӯш мавриди озору азияти равонию ҷисмонӣ қарор гирифта, саранҷом аз дасти ваҳшиёни силоҳбадаст фирор мекунад, дар бар мегирад. Тавре ки тазаккур додем, нависанда дар ин ҳикоя барои муассир ва рангин баён ёфтани ҳадафу матлаб аз васила-приёмҳои адабӣ-бадеӣ: сохтмони сужаи дархури замонӣ; композитсия-таркиббандии ҳирфаӣ; портретсозӣ; ороишоти эҷодӣ; такаллуми зебои маҳаллӣ; муколима-диалогҳои ҳадафраси воқеӣ; сабки вежаи ҳақиқатгнигорӣ; шеваи образофаринӣ; резакориҳои ҳунарӣ; ҷумласозиҳои бамавқеъи бумӣ истифода намудааст. Махсусан, сохтусози вожагону таъбироти зебою обнахурдаи тоҷикӣ, аз қабили “қомат бишикаст”, “даҳон нимво кард” (С.3), “гург гӯшҳояшро шикасту ба сараш ҷафс намуд” (С.4), “ранги рӯз рӯшан” (С.9) ҳикояи “Талоши зистан”-ро хонданбоб ва муассир кардааст.

Нависанда, ки худ ҳам шоҳиди бевоситаи даҳшату ваҳшатҳои ҷанги ҳамватанӣ будааст, бар асоси ҷаҳоншиносии фардӣ, таҷрибиёти эҷодӣ ва андӯхтаҳои адабӣ-бадеӣ образи Сабури ҷангалбонро, ки умре дар хидмати халқ буда, касеро озор надода, иттифоқан туъмаи силоҳбадастони хуношом ва гурги гуруснаи ҷангалӣ мегардад, хеле хуб офарида, аз ин тариқ формулаи “зистан”-ро минҳайси ҳадафи шоистаю олии инсонӣ матраҳ кардааст. Муҳимтар аз ҳама, қаҳрамони нависанда Сабури ҷангалбон бар асари таҷриба, собиқа ва андӯхтаҳои фардӣ аз чанги силоҳбадастону авбошони маҳаллӣ, ки ҳадафи убури марзро тавассути Сабур аз қабл тарҳрезӣ кардаанд, раҳо меёбад ва наҷоти ӯ, пеш аз ҳама, дар талоши зистан зоҳир мегардад. Нависанда ба воситаи ба намоиш гузоштани ҷуръату ибтикороту амалиёти қаҳрамон (манзур Сабури ҷангалбон аст) барои ҳаёту зиндагӣ дар ҳар вазъияте талош карданро маҳаку меъёри зиндагӣ талаққӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки аз даст додани умед инсонро руҳан шикаста, аз масири пиёдасозии формулаи калидии  вуҷудӣ – талош дар роҳи зистан мунҳариф месозад.

Мунтаҳо, Сироҷиддин Икромӣ дар ҳикояи “Талоши зистан” саҳифаҳое аз рӯзгори Сабури ҷангалбон – сокини маҳаллаи Гулободро, ки ба замони даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта рост меоянд, ба риштаи тасвир баркашида, аз як тараф, он замони хуношомро ба ёд меоварад ва аз тарафи дигар, кайфияти талошварзиро дар қиболи зистан дар симои Сабур ба намоиш мегузорад, то ин ки афрод ва дар маҷмуъ, ҷомеа ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ, аз талоши зистан даст накашанд ва ҳамеша барои вуҷуду зист ва ҳасту буд ҷасурона муборизаву муқовимат кунанд. Маҳз талош ва кӯшиданҳои шахсии Сабури ҷангалбон ӯро аз баҳри пуртуғёни марг, ки аз тариқи ҳузури силоҳбадастон ва гурги гуруснаи биёбон талотуму мавҷафшонӣ кардааст, наҷот дода, ба соҳили мурод- зистан расонидааст. Нависанда ҳикояро бо се ҷумлаи кутоҳи риторикӣ-хулосавӣ ончунон зебо ҷамъбаст мекунад, ки хонанда аз авоқиби кор бидуни дудилагию озурдахотирӣ натиҷагирӣ намуда, ҳар чӣ бештар ба “поёни шаби сияҳ сафед аст” мутақоид мешавад:  “Таъқибгарон дасти холӣ баргаштанд… Гурги гурусна маъюс ба кӯҳу пушта рӯ овард… Сабур ҷон ба саломат бурд… Дар само чархболҳо пайдо шуданд…” (С.14).

Дувум. Ҳикояи “Гиряи кӯдак” (С.15-26) мавзуи муносиботи хонаводагӣ ва эътимоду боварии занушавҳариро фаро мегирад. Нависанда бо такя ба таҷрибаи рӯзгордорӣ ва суннати дерини хонаводагӣ ба бозгӯ ва ҳалли мушкилу муаммои боварию эътимоди тарафайни занушавҳарӣ пардохта, шебу фарози рӯзгори хонаводагии Самаду Сороро, ки даҳ сол дар ҳасрати фарзанд буда, охируламар ба мақсад мерасанд, ба риштаи тасвир мекашад. Самад дар ҷараёни ҷарроҳӣ шудани завҷааш ба пул эҳтиёҷ пайдо мекунад ва ҷиҳати бароварда сохтани ниёзи табобатӣ аз завҷааш тақозои гӯшвор ва ҷавоҳироти арӯсӣ менамояд. Аммо Соро таҳти ҳангомаю воҳимаи мурдан ҳангоми зоиш, ки зиёд иттифоқ афтодааст, аз дил мегузаронад, ки агар мурда монад, ҳалқаву гӯшвораҳои арӯсиаш насиби зани дигар мешаванд. Бар асари ин навъ суъитафоҳумот Соро ҳангоми интиқол ёфтан ба бемористон пинҳон аз шавҳар ҳалқаву гӯшвораҳои арӯсиашро ба модар месупорад. Дар айни замон, ба шавҳараш дурӯғ мегӯяд, ки ҳалқаву гӯшвораҳо дар андаруни чойники гули сурхдор гузошта шудаанд. Нуктаи калидӣ дар ин ҳикоя он аст, ки аснои баҳсу мунозироти хонаводагӣ, ки бар асари нофаҳмӣ ва бетаҷрибагии зану шавҳар иттифоқ афтодааст, тифл гиря мекунад ва ӯро касе ба ҷуз Самад сокиту хомӯш сохта наметавонад ва ҳамин тур, суъитафоҳум миёни зану шавҳар бартараф шуда, тифли навзод бо сукуту роҳатӣ эътимодро ба хонавода баргардонида, оиларо аз парешонию ҷудоӣ эмин медорад (С.26). Нависанда ҳангоми тасвири ҳаводиси ҳикоя хеле роҳат аз уҳдаи ҷобаҷогузории мушаххасоти таркиббандӣ-композитсионии сужа – оғоз, гиреҳбандӣ, конфликтсозӣ, ҳадди кулминатсионӣ ва гиреҳкушоиро хеле роҳат баромадааст. Ҳамчунин, ҳикоя аз тасвирсозӣ ва резакориҳои ҳунарии нависанда, аз ҷумла “зери бори кӯҳи ғам шона тиҳӣ мекард” (С.15), “дилашро гургон тала мекарданд” (С.18), “иродаам зери идораам қарор надошт” (С.25), “қалби Самад гӯё даруни синааш коса зад” (С.26) орӣ нест.

Севум. Яке аз ҳикояҳои ҷолиби маҷмуа ҳикояи “Барфи хунолуд” (С.108-127) аст, ки нависанда онро ба лиҳози муҳимияти мавзуӣ ва ҷаззобияти мундариҷавӣ дар мақоми унвони маҷмуа пазируфтааст. Нависанда дар он аз зиндагии боғуруру мардонаи човандози деҳотӣ Самандари писари бобои Некрой, ки аз ноҳияи Доманакӯҳи деҳаи Чашмасор будааст, қисса мекунад, ки бар асари рашку ҳасад ва кинаву адовати Муҳиб ном човандози муғризи маҳаллӣ кушта мешавад. Нависанда ҳангоми тасвири ҳаводис ва воқеиёти рӯзгори човандозони маҳаллию музофотӣ, ки ҳамеша бо таҳдиду чолишҳо ва ғаразу кинаварзиҳо тавъам будаву ҳастанд, мавзуи рашку ҳасад ва нотавонбинии афродро дар меҳвари кори ҳунарӣ қарор медиҳад.

Зимни инъикоси ҳаводис нависанда атрофи саги бовафои Самандари човандоз, ки Барф ном дошта, умре ӯро ҳамроҳӣ мекардааст, сухан дар миён меоварад. Дигар ин ки нависанда аз шуғлу касбу ҳифаҳои гуногун бо шумули асбпарварӣ, боғдорӣ, бозаргонӣ, кишоварзӣ, зироаткорӣ, домдорӣ, ҷангалбонӣ ва амсоли инҳо хуб огоҳ аст ва монанди нависандагони маъруфи миллӣ аснои тасовир ва сужасозӣ тартиб-протседураи нигоҳубини асб, таҳияи ғизову лавозимоти бузкашӣ, ойини човандозӣ, шеваи шикормадории музофотӣ, масруфияти ғизоии ҷонварону чорпоёни маҳаллӣ ва амсоли инҳоро хеле хуб ба намоиш мегузорад. Дар зимн, Сироҷиддин Икромӣ ҳамчун нависанди боистеъдод то он дараҷа аз мушаххасоту вежагиҳои касбу ҳунарҳои миллию мардумӣ огоҳ аст, ки ҳангоми тасовир ва инъикоси ҳаводис хонанда гумон мекунад, ки ҳатман дар шуғли асбпарварӣ, шикормадорӣ, маъракаоройӣ, човандозӣ, домдорӣ, барзгарӣ, зироткорӣ ва амсоли инҳо ба мартабаи устодӣ расидааст. Ба порае аз тасвироти ҳирфаии нависанда дар ҳикояи “Барфи хунолуд” таваҷҷуҳ мекунем: “Ғизои асбро аз камтарин меъёр, яъне аз як тоқӣ ҷав шурӯъ намуда, ҳар рӯз кам-кам бар он меафзуд. Дар баробари ин, аз дигар анвои хӯрок ҳам истифода мекард. Дар таги охур боқӣ мондани хӯрокро интизор мешуд. Аз хӯрдан рӯгардонии асбро далели то ҳадди ниҳоӣ сер шудани ӯ медонист. То чунин рӯз фаро мерасид, ки ду моҳ ва ё беш аз он сипарӣ мешуд. Баъдан, ҳар рӯз миқдори хӯрокро кошиҳ медод ва он рафта-рафта ба ҳадди аввал, як тоқӣ ҷав мерасид. Пасон раванди ба берун баровардани асб оғоз меёфт…” (С.112).

Ҳамин гуна тасвири ҳирфаиро дар ҳикояи “Талоши зистан” низ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Лаҳзае, ки қаҳрамони ҳикоя Сабури ҷангалбон болои дарахт пинҳон шуда, худро аз гурги гурусна дар амон медошт, нависанда аз дониш-ҳунар ва таҷрибаи шикормадории худ истифода намуда, назокати ҳирфаии сайёд-шикорчии пуртаҷрибаро дар қиболи ҳаракатҳои муҳоҷимонаи даранда ба намоиш мегузорад: “Дигар ҷойи гурез набуд. Гурехтан ҳам ба дардаш намехӯрд. Фирор гургро барои таъқиб кардани ӯ шерак месохт. Дар ҷойи худ қоим монд. Сар пойин афканд, дар ҳоле ки ба таги чашм ҳаракатҳои гургро зери назар гирифта буд. Медонист, ки рост ба чашмони гург нигаристан нашояд, зеро ин метавонад боиси боло гирифтани ғазаби ӯ гардад. Аз нигоҳаш пинҳон намонд, ки гург гӯшҳояшро шикасту онҳоро ба сараш ҷафс намуд. Ин маънои онро дошт, ки қасд дорад якбора аз ҷойи худ ҷаҳида, ба ҳуҷум гузарад…” (С.4). Чунин тасвиркориҳои вежаи шуғлӣ-ҳирфаиро мо дар осори устодони бузурги насри муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Урун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад мушоҳида мекунем ва Сироҷиддин Икромӣ ҳам ба унвони нависандаи боистеъдоди ватанӣ иқдомоти адибони муосири миллиро эҷодкорона идома бахшида, ба ин васила роҳи тасвиргаройии минбаъдаи ҳирфаиро дар адабиёти муосири миллӣ ҳамвор месозад.

Чаҳорум. Ҳамин тариқ, Икромӣ дар ҳикояҳои худ мавзуъҳои мубрами рӯзро матраҳ мекунад ва аз хорнандагон даъват ба амал меоварад, ки дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ фаъол бошанд ва аз бетарафию саҳлангорӣ, ки ба одати баду музмини иҷтимоӣ табдил ёфтааст, канор бигиранд. Ба ин мазмун, нависанда дар ҳикояи “Зӯр” (С.156-163) масъалаи бетарафӣ ва бетаваҷҷуҳии авомро ба мушкилоти рӯз – дағалгуфторию дуруштмуомилагии насли наврасу ҷавон ба миён мегузорад ва аз тариқи симои қаҳрамони ҳикоя Аҳмадамак, ки аз дағалию дуруштзабонии ба истилоҳ, пулчинакҳои нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳрӣ ба сутуҳ омада, барои ҷустани адолат дари корхонаҳои марбутаро мекӯбад, мушкилотро бозгӯ месозад. Дар зимн, Аҳмадамак дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти махсуси таълимӣ муаллим аст ва аз бадрафтории ҷавон – пулчинаки нақлиёти мусофирбарӣ ва сукуту хомӯшию бетарафии ҷамоа дар ҳайрат меафтад. Ҷамоа ба гумагӯ — баҳсу ҷадалҳои Аҳмадамак ва пулчинаки нақлиёт, аслан эътибор намедиҳад. Маҳз ҳамин навъ бетаваҷҷуҳию бетарафии аҳли ҷамоа вазъи ахлоқӣ, равонӣ, фикрӣ ва мадании моро ноҷур сохта, сабаби ҳузуру нуфузи буҳронҳои ҳувиятӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Касе ба касе кор надорад ва гӯиё ҳама “дар фикри хару бори худ аст”. Нависанда маҳз ҳамин уқдаи ахлоқиро, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардида, чун эпидемия миллатро сироят мекунад, ба унвони мавзуи меҳварӣ пазируфта, дар партави баёни воқеияти мубрами рӯз ба ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ дарёбанд, то ин ки фардо дер нашавад.

Панҷум. Адиб дар ҳикояҳои дигари маҷмуа, мисли “Хотири модар” (С.27-54), “Алами куҳна” (С.55-87), “Сӣ соли дароз” (С.88-96),  “Тардоман” (С.97-107), “Падарозор” (С.128-136), “Паҳлавон” (С.137-147), “Тафтишгар” (С.148-155), “Хаёли хом” (С.164-174), “Хостгорӣ” (С.175-179), “Хирсак” (С.180-187), “Мазори чилкаду” (С.188-192), “Юсуфбобо” (С.193-199), “Барори кор” (С.200-202), “Ангура хӯру…” (С.203-207), “Таърифак” (С.208-211) мавзуотро матраҳ, мушкилотро бозгӯ, муаммоҳоро ошкор, масъалаҳоро баррасӣ ва билохира воқеиёти дирӯзу имрӯзи моро инъикос мекунад.

Шашум. Дар охири маҷмуаи “Барфи хунолуд” қиссаи “Захме, ки марҳам ёфт” (С.212-254) ҷо дода шудааст ва ин қисса як навъ сухани хулосавӣ ва ҷамъбастии нависанда мебошад. Мавзуи меҳварии қиссаро мушкили бефарзандӣ ва фарзандхондагӣ ташкил медиҳад, ки аз мавзуоту муаммоҳои доғи рӯзи хонаводагӣ ҳам ҳаст. Дар қисса нависанда тавассути қаҳрамонони марказӣ Соҷида ва Карим, ки ҳарду бар асари бефарзандӣ аз ҳамсарони пешини хеш ҷудо шуда, бо гузашти солҳо ба ҳам мерасанд, масъала ва мушкилоти бефарзандӣ ва фарзандхониро матраҳ ва вазъу ҳоли қаҳрамононро дар таносуб бо ин мушкил тасвир мекунад. Соҷида солҳо бо шавҳари қаблиаш Мурод зиндагӣ мекунад ва ба хотири фарзанддор шудан, ки орзуву ормони доимиии аксрияти занону бонувони маҳаллию миллӣ аст, аз Мурод ҷудо мешавад. Меҳру муҳаббати самимӣ дар симои Мурод, ки муаллими деҳа аст, буруз мекунад ва он аз ҷониби нависанда чун намунаи баланди ишқу отифати махсуси мардона талаққӣ мешавад. Мурод аз Соҷида ҷудо шудан намехоҳад ва чун ҳодисаи ҷудошавӣ ба вуқуъ мепайвандад, чанд рӯз азоби равонӣ мекашад ва бар асари ғаму андуҳи гарон ва зарабони шадиди қалбӣ дар утоқ-идораи муаллимони мактаби деҳа аз дунё дармегузарад.

Ҳамин тур, нависанда зиндагии минбаъдаи Соҷидаро тасвир карда, риштаи ҳаёти қаҳрамони худро бо Карим, ки аз ҳамсари худ бар асари бефарзандӣ ҷудо шуда буд, мепайвандад. Солҳо мегузаранд, аммо зану шавҳар соҳиби фарзанд намешаванд ва бо маслиҳати тарафайн аз хонаи кӯдакон тифлеро ба фарзандӣ пазируфта, ба ӯ Ҷамшед ном ниҳода, бо ин ҳолу ҳаво хушнудона ба сар мебаранд. Бо фарзандхонии Ҷамшед пас аз чанд соле Соҷида ҳомиладор мешавад ва нависанда инҷост, ки вазъ-ҳолати конфликтӣ-низоъиро заминагузорӣ карда, сужаро бо моҷароҳои навбатӣ, ки аз маҳорати  хосси конфликтсозӣ ва гиреҳбандии адиб дарак медиҳанд, тадовум мебахшад. Ба ин тартиб, бародари модари биологии Ҷамшед – Нур барои гирифта бурдани ҷиян ба ҳавлии Соҷида меояд ва орзуву омоли хонадонро ба ҳам мезанад. Соҷида ва Карим аз ин тур ҷараён гирифтани ҳодиса ҳайратзада мешаванд ва дар ҳолати ташаннуҷи  равонӣ қарор мегиранд. Соҷида дар вазъи ноҷури равонӣ ва дуроҳаи фикрию хиёлӣ қарор мегирад: яке ин ки бояд сиҳату солим фарзанди дар батнаш бударо таваллуд кунад ва дигаре, ҳушу ёдаш ба Ҷамшед ва моҷароҳои ахири хонаводагӣ андармон аст. Соҷида роҳҳал меҷӯяд, аз ҷудошавӣ бо фарзандхондаи бо хуни дил парвардааш – Ҷамшед сахт метарсад, дигаргуниҳои ахирро, ки бар асари “ташриф”-и Нур (тағои Ҷамшед) дар хонавода рух додаанд, таҳаммул карда наметавонад, нороҳатии саросарӣ аъсоби ӯро рӯзбарӯз хурд мекунанд ва бад-ин минвол ваҳшату даҳшати ҷаҳаннамӣ ба зиндагии қаҳрамонон таҳдид мекунад. Хушбахтона, охири кор хуб анҷом меёбад ва бо он ки Нур Ҷамшед (писархонди Соҷида ва Карим)-ро ба хонаи худ мебарад ва ваъдаҳои зиёде медиҳад, охируламр ӯ ба хонавода – бармегардад ва ба ин тариқа, нависанда мақтаъ-финиши қиссаро бо ҷумлаи “Бо омадани Ҷамшед захме, ки ба тозагӣ дар қалби Каримҷон рӯ зада буд, марҳам ёфт” (С.254) фароҳам меоварад.

Ҳафтум. Нависанда чун аз миёни мардуми маҳаллӣ баромадааст, зиндагии мардумиро хуб омӯхта, шебу фарози рӯзгорро зиёд мушоҳида карда, дар муҳити музофотию шаҳрӣ обутоб ёфта, таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст. Ин аст, ки ҳангоми тасовир аз забони қаҳрамонону персонажҳо барои исботи фикру мавқеъгириҳо ҳатман ба мақолу масалҳо ва урфу ҳикматҳои мардумӣ рӯ оварда, дар қиссаи “Захме, ки марҳам ёфт”  аз онҳо бамаврид  истифода бурдааст. Масалан, мақолу ҳикматҳои мардумие мисли “сағера ба ҷое мерасад, сағерапарвар не” (С.217), “дар шир сӯхтӣ, дӯғро пуф карда мехӯрӣ” (С.228), “умри инсон ҳукми аспи дар ҳоли давро мемонад” (С.229),   “бехабарро бод аз пушт мезанад” (С.230), “пеши обро чим задан” (С.240) ва амсоли инҳо, аз як тараф,  нишонрас, ҳадафрас ва корсоз будани урфу қавлу мақолу ҳикматҳои мардумиро дар рӯгори рӯзмарраи мо собит созанд, аз тарафи дигар, ғанӣ будани лексикаи мақолӣ-ҳикматии мардумиро муаррифӣ мекунанд. Инчунин, нависанда бо мақсадҳои услубӣ дар қиссаи мазкур аз лексикаи зебои забони гуфтугӯйиву хаттӣ, минҷумла ҷуфти мутазодӣ-антонимии “рӯболо” (С.241) ва “рӯпоён” (С.227), ки дар забони муосири адабӣ серистеъмоланд, хеле хуб истифода бурдааст.

Муҳимтар аз ҳама, нависанда дар қисса аз маҷмуаи хурофоту боварҳое, ки ба сифати қолибҳои шахшудаи ақидатию иҷтимоӣ ва ба истилоҳ, стреотипҳо асрҳо зеҳниятсозӣ шуда, тафаккури авомро шакл дода, мардумро аз масири дурусту воқеии зиндагӣ канор задаанд, интиқод мекунад. Ҳамчунин, нависанда ба сифати шахсияти миллӣ-дунявӣ тавассути ба кор андохтани приёмҳои эҷодӣ бо намояндагони тоифаи авомфиребу ҳиллагар (дар мисоли соҳирону фолбинону руҳониёну муллоёни муҳофизакору мутаассибу фурсатталаб), ки солҳои дароз бо роҳи фиребу гул задани мардуми корафтода рӯзгор сомон медиҳанду сарват меандӯзанд, даргир шуда, аъмоли нописанди онҳоро аз забони қаҳрамонони қисса накуҳиш мекунад.

Ҳаштум. Албатта, мавзуоти матолибе, ки Сироҷиддин Икромӣ дар қолиби насри бадеӣ (қиссаву ҳикояҳо) мунсаҷим намуда, дар шакли маҷмуаи ҷудогонае таҳти унвони “Барфи хунолуд” манзури хонандагон кардааст, наву тоза нестанд ва дар осори дигар қаламкашону адибони муосир зиёд ба назар мерасанд. Аммо, ба назари мо, муҳим барномарезиҳои ҳунарие мисли маҳорати мавзуъинтихобкунию мушкилшиносӣ, дарки ҳассосиятҳои замонӣ, ташхиси уқдаҳои ахлоқию ҳувиятӣ, малакаи сужасозӣ, тарзи тасвири бадеӣ, салиқаи образофаринӣ, сабки ҷолиби воқеъанигорӣ, шеваи гузиниши силсилавожагони бумӣ, тариқаи баррасии мушкилоти иҷтимоӣ ва саранҷом мавқеъгирии миллӣ мебошанд, ки ҷойгоҳи нависандаро дар ҳавзаи адабии ватанӣ мушаххас мекунанд.

Сироҷиддин Икромӣ, ки бар мабнои вежагиҳои миллӣ шахсияти худро сохта ва бозофаринӣ кардааст, дар қиссаву ҳикояҳояш исму номҳои миллиро зиёд корбаст мекунад, то ин ки хонанда на танҳо масири ҳаводисро пайгирӣ кунад, бо қаҳрамонону персонажҳои ҳикоёт ҳамдарду ҳамдостон бошад, балки забон ёд бигирад, номҳои зебои маҳаллию миллиро дар хотирааш ҳифз намояд ва мунтаҳо, ба сатҳи худшиносии миллӣ бирасад. Аз ин ҷост, ки истифодаву тарғиби номҳои ҷуғрофию маҳаллие назири Аҳмаррӯду  Сабзавор ва Чашмасор (С.90, 91, 183, 193), Доманакӯҳ (С.93) ва амсоли инҳо аз мавқеъгирии росихи миллӣ доштани нависанда дарак медиҳад.  Хулоса, нависанда аҳдофи миллиро дар баробари тасвиру таъкидҳо дар авлавияти кори нависандагӣ қарор медиҳад. Ба ин маъно, Сироҷиддин Икромиро метавон дар радаи насли адибону нависандагони имрӯзи миллӣ қарор дод.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь