Ё лоиҳае дар 5 минтақа
Дастгирӣ ва кумакҳои молии 210 нафар занони танҳоро дар 5 минтақаи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии маркази дастгирии занони танҳо “Нури умед” ба роҳ мондааст. Сарвари созмони мазкур Саломат Аёзова мегӯяд, ки ҳадафи асосии ташкилот баланд бардоштани иқтидори иҷтимоӣ ва молии занони танҳо будааст.
– Ташкилоти мо аз рӯи лоиҳаи “Занони танҳо ва фарогирии иҷтимоии эшон дар ҷомеаи Тоҷикистон” мебошад, ки онро ассосиатсияи “Дӯстони “Нури умед”” таҳти сарварии Симон Гройтер аз Швейтсария сарпарастӣ менамояд,- мегӯяд хонум Аёзова.
Лоиҳаи мазкур моҳи дуввум аст, ки амалӣ мегардад. Айни замон ин лоиҳа дар 3 минтақаи кишвар – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияҳои Шаҳритуз ва Дӯстии вилояти Хатлон амалӣ гардида, дар шаҳри Ваҳдат амалӣ мешавад.
Дар амалӣ гардидани лоиҳа ҷамотҳои деҳот, идораҳои САҲШ, марказ ва хонаҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот, хадамоти шиносномадиҳӣ, шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории мутақобила дошта, кумакҳои амалии хешро мерасонанд. Яъне ҳамкории ТҶ “ Нури Умед” бо ниҳодҳои давлатӣ низ назаррас аст.
Барои хубу босифат амалӣ намудани лоиҳа, баҳогузорӣ ва арзёбии он аз ҷониби мутахассисони ТҶ “Нури умед” дар шаҳри Панҷакент сурат мегирад. Феълан ин лоиҳа дар деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакӣ, деҳаи Тагоби халқи ҷамоати Воруи шаҳри Панҷакент, дар деҳаи Чорсӯ 1 ва Чорсӯ 2-и ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров, дар Шаҳритуз таҳти роҳбарии ТҶ “Роҳнамо”, дар ноҳияи Дӯстӣ, деҳаи Ҷамъиятдеҳқон, Тоҷикобод, ҷамоати А. Муродов, деҳаҳои Шаҳринав 1, Шаҳринав 2 ва якчанд деҳот амалӣ шуда истодааст.
Ҳадафи дигари лоиҳа гузаронидани тадқиқот, аниқ намудани шароити зист ва мушкилоти занони танҳо, расонидани кумаки ҳуқуқӣ, гузаронидани занон аз муоинаи тиббӣ ва дастрас намудани доруворӣ, ҳангоми зарурат ҷарроҳии занони бемор, сохтани оташдонҳои каммасраф, омӯзонидани тайёр намудани усулҳои компост, гузаронидани машваратҳои равонӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи занони танҳои ҳунарманд, расонидани маводи ғизоӣ дар арафаи ҷашнҳо, тақсими маводҳои зиддимикробӣ буда, он зина ба зина амалӣ мешавад.
Баҳрабарандагони лоиҳаи мазкур 210 нафар оилаҳои занони танҳо мебошанд. Аз ин шумора 200 нафар занон ва 38 нафар кӯдакон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, бо табобати ройгон фаро гирифта шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи нишондодҳои лоиҳаи мазкур ба таври ройгон буда, ҳангоми зарурат кумакҳои молӣ низ расонида мешавад. ТҶ “Нури умед” дар баробари расонидани кумакҳои молӣ ҳамчунин барои дуруст ва дастрас кардани асноду ҳуҷҷатгузориҳои занон ва кӯдакони онҳо, аз қабили шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи миллӣ кумак мерасонад. 64 нафар занон то ба имрӯз соҳиби шиносноми миллӣ, 6 нафар кӯдакон ба таври ройгон бо кумаки кормандони ташкилоти мазкур шиносномаи таваллуд гирифтаанд.
Тибқи нишондоди лоиҳа, дар 64 оила оташдонҳои каммасраф сохта шуда, 88 нафар занон аз рӯи нишондодҳои агротехникӣ компост тайёр намудаанд, ки ин амалиёт идома дорад. Минбаъд ин занон метавонанд мустақилона дар оянда худашон компост омода ва дар хоҷагиашон истифода намоянд ва ё худ ба фурӯш бароранд.
40 нафар занони дигар баъди омӯзишҳо аз ҷониби мутахассисон бо ҳунармандӣ машғул гардида, нозукиҳои бофандагиву дӯзандагӣ омӯзонида шудаанд.
5 нафар баҳрабарандагони лоиҳа баъди ҷарроҳӣ табобати ҳамаҷониба гирифта истодаанд.
Баъди ба анҷом расидани нақшаҳои лоиҳа, дар деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакӣ аз ҷониби созмони “Нури умед” маъракаи муаррифии лоиҳа гузаронида хоҳад шуд. Дар ин маърака шарикони лоиҳа, намояндагони сохторҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва дигар ниҳодҳои марбута ширкат хоҳанд кард, ки дар ин маърака ба гуфтаи масъулони лоиҳа кормандони ТҶ “ Нури умед” ва шарикони лоиҳа дар 5 минтақаи Тоҷикистон мақсад доранд оид ба дастовардҳои хеш нисбати амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ҳисобот диҳанд.
ТҶ “ Нури умед” яке аз ташкилотҳои фаъоли ҷамъиятӣ буда, соли даҳум аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад.
Хуршед ФОЗИЛОВ