Тоҷикистони моро имрӯз ҷомеаи ҷаҳон мешиносад. Аз 2-уми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ мебошад. Агар арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик Истиқлолияти давлатӣ бошаду Ваҳдати миллӣ, пас, Конститутсия бахтномаи миллати тоҷик аст. Қонун дар ҳама давру замон мақом дошта ва дорад.
Маҳз қонун аст, ки тартиботро дар ҷомеа таъмин мекунад, фаъолияти одамонро ба чаҳорчӯбаи муайян медарорад ва Конститутсия байни дигар қонунҳои амалкунанда қувваи олии юридикӣ дорад. Дар таърихи давлатдорӣ, яъне дар ҳайати давлати Шӯравӣ ва пас аз он мо 5 маротиба Конститутсия қабул кардем: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва ниҳоят 1994.
Барои ҳар фарди тоҷик 6-уми ноябри соли 1994 санаи муборак ва муқаддас аст. Зеро дар ин рӯз санади тақдирсози халқ- Конститутсия қабул гардид. Гиромидошти ин Конститутсия дар он аст, ки онро халқ бо роҳи раъйпурсӣ қабул кардааст. Маврид ба ёдоварист, ки ин Конститутсия аз конститутсияҳои пешин фарқи куллӣ дорад. Пеш аз ҳама, Коститутсия дар Боби 1 Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамчун давлати соҳибистиклол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф мекунад.
Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, арзиши олӣ будани он эътироф гардидааст. Масалан, дар қисми 2- и моддаи 5 омадааст: “Ҳаёт, кадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. Дар асоси Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Коститутсияи мо занро чун узви баробарҳуқуқи ҷомеа эътироф кардааст. Имрӯзҳо занон дар боробари мардҳо ба фаъолиятҳои гуногун машғуланд. Зан -дар низоми ҳокимият, зан сиёсатмадор, зан- узви созмонҳои бошукӯҳ, хулоса ҳама кас аст.
“Давлат сарфи назар аз мансубияти миллӣ, эътиқоди динӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоию молӣ, ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахсро кафолат медиҳад. Баробарии ҳуқуқи мардҳо ва занҳо эътироф карда мешавад. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд”-гуфта шудааст дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моро мебояд ғуломи қонун бошем, то озодиямон побарҷо бимонад ва уҳдадор ҳастем онро риоя ва баҳри устувор мондан ва ба садсолаҳо расидани он кӯшиш намоем.
Соҳибзода Баҳодур,
нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе