Ҳаҷви идона дар шарҳи тӯҳфаҳо

Дар ҳар ид ҷавонон ба духтарон ва духтарон ба ҷавонон туҳфаҳо тақдим мекунанд. Бахусус, дар ин шабу саҳар, ки иди бонувон дар пеш аст, интихоби туҳфаҳо аз тарафи мардон хеле бо сахтӣ идома дорад ва ҳама дар фикри онанд, ки ба дӯстдоштаҳои худ чӣ туҳфаи сазоворе интихоб кунанд. Мо кӯшиш кардем, рамзи ҳар як тӯҳфаро инҷо кушоем.

РӮЙМОЛЧА: – Агар рӯймолча тақдим кунад, ин маънои онро дорад, ки тарафи дигарро фисин гуфт.

СОБУНУ ШАМПУН: – Агар собуну шампун тақдим кунад, ин маънои онро дорад, ки шуморо чиркин гуфт.

ДАСТМОЛ (сачоқ): – Агар сачоқ тақдим кунад, ин маънои онро дорад, ки аз туҳфақабулкунанда мехоҳад, то душ гирад ва дасту рӯяшро тоза кунад. Яъне дасту рӯи ӯ ба шустан ниёз дорад.

КУРТА: – Агар курта тақдим намуд, ӯро луччак гуфт.

ПОЙАФЗОЛ: Ин маънои онро дорад, ки шуморо пойлуч гуфт.

ТОҚӢ: – Тоқӣ тӯҳфа кардан, маънои сарлуч ва бедавлат гуфтан аст.

КИТОБ: – Агар китоб тақдим кунад, ба назари ӯ туҳфақабулкунанда беақлу бесавод аст. Ӯ мехоҳад, бо хондани китоб ӯ дониш омӯзаду соҳибақл шавад.

АТРИЁТ (духи): – Агар ба шумо атриёт ё духиҳои хушбӯй тӯҳфа кунанд, ин маънои онро дорад, ки шуморо бӯйин гуфт.

ШОНА: – Агар шона тӯҳфа кунад, пас ӯ мӯйҳои шуморо бетартиб дидааст, мехоҳад мӯйҳоро ба тартиб дароред.

АНВОИ ШИРИНӢ: – Агар ба Шумо анвои шириниҳои гуногунро туҳфа кунанд, ин маънои онро дорад, ки тақдимкунанда то имрӯз аз  суҳбати хуши шумо баҳравар нашудааст, ё ҳарфҳоятон бемаззаву лаҳни гуфторатон талх аст. Бо тақдими шириниҳо ӯ мехоҳад лаҳни гуфтори шумо каме ширин шавад.

ГУЛ: – Агар ба Шумо гул туҳфа кунанд, чун гул шукуфтани шуморо мехоҳанд. Шояд то имрӯз ба назари туҳфакунанда пажмурда намудор шуда бошед.

ТЕЛЕФОН: – Агар телефон туҳфа кард, пас Шумо ба назари ӯ шахси пургӯ ҳастед. Ӯ аз ҳарфҳоятон безор шудааст, мехоҳад на аз наздик, балки фақат аз дур овозатонро шунавад.

ГӮШМОНАК (наушник): – Агар ба Шумо наушник тӯҳфа карданд, пас намехоҳанд овози шуморо фаҳманд. Тақдимкунанда мехоҳад, дар гӯш гӯшмонак монда, Шумо ба кори худ машғул шавед ва ӯро ташвиш надиҳед.

СОАТ:  Агар ба Шумо соат тӯҳфа кунанд, ин маънои онро дорад, ки шумо рӯзи худро беҳуда мегузаронед. Бо туҳфа кардани соат, тӯҳфакунанда мехоҳад, ки шумо вақт ва рӯзи худро ба танзим дароред.

ЗИЁФАТ: Агар дар рӯзи ид зиёфат орояд ва бо таомҳои гуногун шуморо сер кунад, ин маънои онро дорад, ки ӯ шуморо гурусна гуфт.

Барои ҳамин зарур аст, ки пеш аз қабули туҳфаҳо хуб андеша кунед.

 Чаро 8-ум таваллуд нашудед?

Раҳимаи Аъзам аз ман пурсид:

– Рӯзи мавлудатон кадом рӯз аст?

– 9-уми март, – гуфтам, – ман мавлуд дорам.

– Чаро як рӯз пештар таваллуд нашудед?, -гуфт бо шӯхӣ.

Гуфтам:

– Мехостам ҳам, наметавонистам.

– Чаро?, -ҳайрон шуда пурсид.

– Чунки 8-ум рӯзи истироҳати модарам буд.

 Баромаданамро 53 сол шуд

Бо Зоҳиршо хайрухуш карда, ба мағоза даромадам. Баъди чанде ӯ занг зада пурсид:

– Шумо ҳоло ҳам дар дохилед?

Хандидаму гуфтам:

– Не, баромаданамро 53 сол шуд.

 Шояд имрӯз ӯ дар ин мансаб буд, на ту

(Аз нақли як дӯсти мансабдорам)

Хеле сол шуд бозор нарафта будам. Занак маҷбур кард, рӯзи истироҳат якҷоя ба бозор равем ва барои фарзандон сару тан харидорӣ кунем. Дар бозор занак бо аробакаше гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ карда, баъди рафтани ӯ гуфт:

– Ин мард ҳамсинфи ман аст. Замоне ӯ маро хостгорӣ карда буд, аммо ман нагирифтам.

Бо киноя гуфтам:

– Занак, агар ту ӯро мегирифтӣ, имрӯз зани прокурор неву зани аробакаш будӣ а?.

– Ҳмммм, – гуфт бо дилпурӣ. – Агар ман ӯро мегирифтам, имрӯз ӯ дар ин мансаб буд, на ту.

 Ман асло ба дастам автомат намегирам

(Дарси тарбиявӣ)

Ҳамроҳи ҷиянчаам аз назди ҳайкале гузаштем, ки дар даст автомат дошт. Ҷиянам ба ҳайкал нигариста, аз ман пурсид?

– Чаро ин дар даст автомат дорад?

Гуфтам:

– Оқибати ҳама автоматбадастҳо ҳамин аст.

– Чи хел?, -ҳайрон шуда пурсид.

– Ҳар нафаре, ки дар ба даст автомат гирифта одам мекушад, оқибат бо автоматаш ё санг мегардад ва ё ҳайкал мешавад, – гуфтам дар ҷавоб.

– Ин тавр бошад, амак, – гуфт, – ман асло ба дастам автомат намегирам.

Ишқ меравад, тӯҳфаҳо мемонанд

Яке аз шогирдон, дар рӯзи 23 феврал ба ман муроҷиат карда гуфт:

– Устод, ба духтаре дар ҳама идҳо ман армуғоне медодам. Ӯ ба ман тӯҳфаи гаронбаҳое тақдим кард ва маро дар ҳолати ногувор мононд. Ин кори ӯ чӣ маъно дорад?

Гуфтам:

– Ин маънои онро дорад, ки духтар муҳаббати туро беҷавоб намонд. Ин маънои изҳори муҳаббатро дорад.

Хурсандона гуфт:

– Пас нотарсида тӯҳфаро қабул кунам а?

– Бале, бале, ҳатман қабул кун, – гуфтам хандида. – Ишқ равад ҳам, туҳфаҳо мемонанд ку.

 “Биё, ки фолат бинам”-ро ҷӯгиҳо хариданд

Ҳамроҳи гурӯҳе аз устодону дӯстон дар хонаи ман дар деҳаи Бӯстон нишаста будем. Духтури анастезиолог Одилшоҳ Давлатов (худованд раҳматашон кунад) аз ман пурсид:

– Як нафар ваъда кард, ки чанд нусха китоби “Биё, ки фолат бинам” –ро ба мо дастрас мекунад, вале наовард. Онро дар куҷо пайдо кунем?

– Китоб тамом шуд, доктор, – гуфтам, -дар фурӯш нест.

– Чӣ хел нест? Ягон нусха ба мо намонд?,- кунҷковона пурсид.

Устод Абдурауф Раззоқӣ (Гӯрков) гуфтанд: – Нест, нест. Дар ягонҷо нест. Ҳамаашро ҷӯгиҳо хариданд.

– Чаро ҷӯгиҳо?, – ҳайрорн шуда пурсидам.

– Чунки намехоҳанд, рақиб пайдо кунанд, намехоҳанд,- гуфтанд хандида.

Тӯёна не, лутфан як қум обам диҳед

Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми январ дар деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент тӯй доштам. Чанд рӯз пештар ба деҳа омадам, ки ягона манбаи оби нӯшокии мардум – канали Марғедар об надорад. Бе об гузаронидани маърака басо душвор буд. Зарур меомад, ки мо мошин ташкил карда, аз дарёи Зарафшон об биёрем. Барои он ки аз ташвиши обкашӣ халос шавам, нахуст ба роҳбари Дастгоҳи ҳукумати шаҳри Панҷакент ва баъдан ба раиси Хоҷагии оби шаҳри Панҷакент занг зада, эшонро ба тӯй хабар карда, бо шӯхӣ гуфтам:

– Ман аз Шумо тӯёна намехоҳам. Лутфан, як қум об диҳед.

– Чи хел об?, -ҳайрон шуда пурсиданд.

– Обе, ки бо канали Марғедар меояд ва лабташнагонро сер мекунад, -гуфтам дар ҷавоб.

Хандиданду гуфтанд:

-Тӯёна то саҳар омода мешавад.

Хушбахтона, 3 рӯз ба канал об сар доданд ва дар баробари мо мардум ҳам аз он баҳра бурданд. Воқеан, тӯёнаи хубе шуд.

Фарқ дар “те” ва “бигир”

Аз рафиқе пурсидам:

– Чаро ҳама фарзандонатро дар макотиби Россия хонондӣ, на дар Тоҷикистон? Фарқи донишҷӯйи Россия аз донишҷӯйи Тоҷикистон дар чист?

Гуфт:

– Фарқаш дар “те” ва “бигар” аст.

– Чӣ хел?, – ҳайрон шуда пурсидам.

Хандиду гуфт:

– Донишҷӯи Тоҷикистон: -“Дада пул те” мегӯяд, донишҷӯи Россия бошад: -“Дада, пулро бигир”.

Рӯят қурут бо ин тӯҳмат

(Аз баҳси ду ҳамсоя)

Ҳамсоя, намешавад шабҳо бачаҳота камтар ором кунӣ? Аз паридану ҷаҳидани онҳо моро хоб намебарад.

– Ҳамсоя, тую шавҳарат ҳар шаб ҷанҷол мекунед, доду воятон ба осмон мепечад, мо ба саратон нарафтем ку. Аввал Шумо зану шавҳар ором шавед, ана баъд мо бачаҳоро ором мекунем.

– Дирӯз овози шавҳари ту ҳам баланд буд,  мо хап кардем, чизе нагуфтем ку.

– Э рӯят қурут ҳамсоя, бо ин тӯҳмат.

– Чӣ хел тӯҳмат? Ман рост мегӯям.

– О чор рӯз шуд шавҳари маро ангинааш гирифтагӣ, гулӯяш маҳкам. Овозаш намебарояд, ки мо фаҳмем, ту аз куҷо фаҳмидӣ?

Илтимос, ки бихонед!

Баъди кор дар фурӯшгоҳи “Китобкада” бо устод Абдуллои Раҳнамо вохӯрдем. Баъди салому алейк тасмим гирифтам, як дона аз китоби худ “Биё, ки фолат бинам”-ро ба эшон бо соядаст тақдим кунам. Устод низ як дона китоби худ “ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР”-ро бо соядаст ба ман тақдим карда, гуфтанд:

– Илтимос, китобро ҳатман хонед.

Китобро гирифтаму гуфтам:

-Устод, аҷаб замоне шуд а?

– Чи замоне?,-ҳайрон шуда пурсиданд.

Гуфтам:

– Нависандаи бечора заҳмат кашида китоб менависад. Онро аз ҳисоби худ чоп мекунад. Ройгон медиҳад ва боз илтимос мекунад, ки бихонем.

Устод хандиданду гуфтанд:

– Охир мо аз касоне, ки китобро нахонда изҳори назар мекунанд, ба сутуҳ омадаем. Аз ин рӯ, чунин илтимос кардам.

Ӯ хӯрдагиҳои худашро ҳал карда наметавонаду….

Аз Лутфуллои Идимад пурсидам:

-Чаро то ҳанӯз зан нагирифтаӣ?

Гуфт:

-Дар хона агар роҷеъ ба зангирии ман сухан равад, падарам садои телевизионро баланд карда мегӯяд: -“Ку, боду ҳаворо гӯш кунем, мабодо пагоҳ борон набошад”.

-Хайр, роҳҳои дигари фаҳмонидан будагист?, -гуфтам.- Магар ӯ умуман нияти зандиҳӣ надорад? Вақте мавзӯи зангириро мекушоӣ, чӣ мегӯяд?

-“То танзим барои манъ кардани қалин қарор қабул накунад ва духтарҳо ба хостгории писарҳо наоянд ва маъракаи оши наҳорро бо самбӯсаи кадугӣ ва кадушӯрбо иваз накунанд, нияти зандиҳӣ надорам”, – мегӯяд падарам.

-Шартҳои вазнин мондааст, -гуфтам. – Хубтараш ту хешу таборатро дар миён кун. Шояд онҳо ба падарат фаҳмонида, масъаларо ҳал кунанд.

Гуфт:

-Аз ин якравии падарам ба тағоям шикоят кардам ва аз ӯ маслиҳат пурсидам, Тағоям гуфт, ки “Ҷиян, парво накун, ҳал мекунем”.

-Ана мешудааст ку, тағоят ҳал мекунад, -гуфтам ӯро дилпур карда.

Афсӯсхӯрон гуфт:

-Тағоям дарди меъда дорад. Ӯ хӯрдагиҳои худашро ҳал карда наметавонад, магар мушкилоти маро ҳал мекунад?

Фонди нафақаро хурсанд накун

Яке аз хешовандон, ки нав ба синни нафақа расид, гуфт:

– Мубталои коруно шудам, ба фикрам нафақаро нагирифта мемирам.

Гуфтам:

– Ҳама талошро куну зинда мон, вагарна фонди нафақаро хурсанд мекунӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь