Рӯзҳои 16-17-уми майи соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (ЦАКИК – 2023) баргузор гардид, ки коршиносон ва мутахассисони барҷастаи соҳаҳои мухталифи иқлимро аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Конфронси мазкур ба шакли виртуалӣ низ баргузор гардид, ки бисёре аз коршиносони байналмилалӣ дар он ба ин шакл ҳузур пайдо намуда ва ба баҳсҳои он ширкат варзиданд.
Конфронс ба бахшҳои мухталиф ҷудо шуда, дар онҳо аз ҷумла мавзӯҳои тағйирёбии иқлим ва рушд дар Осиёи Марказӣ, сиёсат, стратегия ва барномаҳои миллӣ оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ, амнияти об, амнияти энергетикӣ ва пайвастагии об – энергетика – ғизо дар шароити тағйирёбандагии иқлим ва иштироки ҷавонон дар ин самт, пайвастагии сиёсат, фаъолият ва илм, ҳамкории бисёрсоҳавӣ оид ба фаъолияти иқлим, шаффофияти иқлим, гузоришдиҳӣ ва санҷиш дар Осиёи Марказӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Дар рӯзи дуюми конфронс, ки дар бахшҳои муҳокимавӣ баргузор гардид, мавзӯҳои истифодаи иқтидори ҳамкориҳои минтақавӣ дар фазои тағйирёбандагии сиёсати ҷаҳонӣ, муқовимат ба саломатӣ ва иқлим барои рушди устувор, вазъи боду ҳаво, саломатӣ ва тағйирёбии иқлим, эҷоди устувории ҷомеа ба тағйирёбии иқлим, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби фаромарзӣ, маблағгузорӣ ба соҳаи иқлим: ниёзҳо ва имкониятҳо ва ғайра муҳокима гардиданд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Зафар Маҳмудов, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, доктори илмҳои фалсафа ва ноиби Президент оид ба рушди устувори Бонки ҷаҳонӣ Юрген Воегеле, муассиси Arel Dream – созмони ҷамъиятӣ дар Ӯзбекистон Никита Макаренко, коршинос ва ҳаммуассиси STENUM Asia Раджат Батра ва дигарон иштирок намуданд.
Ба назари ӯ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ намудани таҷрибаҳои самаранокии захираҳо (практик ресурсоэффективности (РЭ) ва иқтисодиёти давраӣ (циркулярной экономики (ЦЭ) мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меоваранд.
“Нахуст, бисёре аз ширкатҳо таҷрибаҳои РЭ ва ЦЭ -ро аз сабаби ҳавасмандии суст, огоҳии маҳдуд ва мушкилоти маблағгузорӣ истифода намебаранд.
Дуюм, тиҷорат бинобар набуди танзим ва сиёсати нодурусти нархгузорӣ аз сармоягузорӣ ба тадбирҳои сарфаи захираҳо худдорӣ мекунад.
Сеюм, мафҳуми самаранокии захираҳо ва иқтисодиёти даврӣ барои Осиёи Марказӣ нисбатан нав аст, ки дар натиҷа ба бетаваҷҷуҳӣ ва талаботи нокифояи истеъмолкунандагон ба нишондиҳандаҳои устувории истеъмол ва истеҳсолот оварда мерасонад.
Монеаи дигар ин набудани мушовирони тахассусии техникӣ, бахусус барои корхонаҳои хурду миёна мебошад, ки барои кам кардани сармоягузорӣ ба таҷҳизоти бесамар ва беҳтар фаҳмидани хароҷот дар тӯли тамоми фаъолияти соҳибкорӣ ба дастгирӣ ниёз доранд.
Ҳамчунин, огоҳӣ дар мавриди маблағгузорӣ дар сатҳи паст аст. Муассисаҳои молиявӣ дар бораи устойчивого потребления и производства (УПП) дониши маҳдуд дошта ва нисбат ба гарав ва фоизҳо талаботи баланд доранд. Корхонаҳои хурду миёна инчунин, бо огоҳии паст ва саводнокии молиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки минбаъд қобилияти онҳоро барои қабули технологияҳои самараноки захираҳо маҳдуд мекунад.
Аз ин рӯ, лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) барои рафъи ин мушкилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шудааст. Доираи кори лоиҳа аз инҳо иборат мебошад:
Дастгирии ҳуқуқӣ ва меъёрӣ, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ, ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷиҳати таҳияи имконоти маблағгузории инфиродӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, ҷалби мушовирони техникӣ барои кӯмак ба тиҷорат, бахусус ба корхонаҳои хурду миёна.
Дар конфронс ҳамчунин, намояндаи дигари лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) Зафар Маҳмудов андешаронӣ намуда, кишварҳои Осиёи Марказиро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия: нерӯи офтоб, шамол ва об шомил намуд: “Масалан, Қазоқистон нақша дорад, ки то соли 2050 50 дарсади нерӯи барқи худро аз манобеи барқароршаванда тавлид кунад; Ӯзбекистон то соли 2030 25 фоиз. Қирғизистон бошад ба сохтмони нахустин нерӯгоҳи офтобӣ ва парки бодӣ шурӯъ кардааст”.
Ҳамчунин, дар доираи конфронс лоиҳаҳое, ки дар соҳаҳои мухталифи иқлим фаъолият доранд, таҷрибаҳои устувори истеъмолӣ ва истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Яке аз чунин барномаҳо ин лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) буд, ки дар доираи конфронс фаъолияти густурдаи худро муаррифӣ кард.
Намоишгоҳи конфронс имкон дод, ки ҳамчунин, дастовардҳо ва таъсири лоиҳаҳо ҷиҳати самаранокии захираҳо дар бахши кишоварзӣ муаррифӣ гардад.
Лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) тавассути усулҳо ва технологияҳои инноватсионӣ барои кам кардани истеъмоли захираҳо ва партовҳо ва баланд бардоштани устуворӣ талош мекунад.
Иштирокчиёни конфронс тавассути муаррифии лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) дар бораи татбиқи принсипҳои истеъмоли устувор ва истеҳсолот маълумот гирифтанд.
Лоиҳаи мазкур дар намоишгоҳи конфронс ҳамчун як имконият барои табодули таҷриба ва пайвастани шабакаҳо, мусоидат ба ҳамкориҳо байни иштирокчиён ва нишон додани саъю кӯшиши кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба рушди устувор дониста шуд.
Ба назари коршиносон ҳузури лоиҳаи самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) дар намоишгоҳи конфронс роҳро барои ояндаи аз ҷиҳати захираҳо самараноктар ва аз ҷиҳати экологӣ тозатар дар Осиёи Марказӣ боз мекунад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи Самаранокии захираҳо дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (REAP) аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ (бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо) амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати кории он Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон (НАМСБ), Палатаи саноат ва савдои Ӯзбекистон (ТППУ), Бюрои машваратии олмонии adelphi, Ассотсиатсияи мусоидат ба коркарди такрорӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Австрия (AREC), Ҷамъияти Осиё оид ба рушди устувор (STENUM Осиё), Институти энергетика ва захираҳо (TERI) роҳбари консорсиуми Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои конфронс ҳамчунин, омӯзиши чолишҳо ва норасоиҳо дар иҷрои уҳдадориҳои иқлимии Созишномаи Париж аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар он қадамҳои минбаъдаро оид ба татбиқи Созишномаи Париж муайян ва мувофиқа намуда, чораҳои дахлдорро барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (ЦАКИК-2023) дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази Минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭССА) баргузор карда шуд.
Мазбут Қосимов