Фарорасии Рамазон агар аз як сӯ боиси шодмонии сокинони Хатлонзамин шуда бошад, болоравии қиматҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо дар ин моҳи барои мусалмонҳо муборак онҳоро озурда кардааст. Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз саршавии моҳи Рамазон афзоиши нархи маводи ғизоӣ, нӯшобаҳо ва шириниҳо ба мушоҳида расид.
Агар дар соири кишварҳои мусалмонӣ коҳиши нархи маводи озуқа дар бозорҳо дар моҳи Рамазон ба чашм расад, дар Тоҷикистон баръакс, дар ин моҳ баъзе соҳибкорон бо ҳадафи ба даст овардани даромади молии бештар қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даъватҳои батакроре барои поин бурдани қимати маводи ғизоӣ дар моҳи мубораки Рамазон кардаанд.
Инсоф куҷост, савдогар?
Нарху навои баланди бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳоло нигарониҳои аксар аз сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. Агар қабл аз Рамазон як кило гӯшт 35 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он бар ивази 40-45 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамин гуна, қимати пиёзу картошка, сабзӣ, бодирингу помидор ва дигар сабзиҷот дар бозори марказии Бохтар аз 10 то 20 дарсад боло рафта, ҳоло биринҷ 8-12, шакар 7, равған 10 ва навъҳои гуногуни меваҷот, аз қабили себу қулфинай аз 10 то 20 сомонӣ нарх дорад. Ҳатто зардолу бар ивази 5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе соҳибкорон ба хотири ба даст овардани суди молиявии бештар ба таври сунъӣ нархи маводи ғизоиро дар ин моҳ боло мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ дар пешорӯи моҳи барои мусалмонон мубораки Рамазон танзими нарх дар бозорҳо ва кам кардани қимати маводи мавриди ниёзи мардумро тақозо карда буд. Роҳбари давлат бо такя ба фармудаи шариат гуфт, ки ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, ба ивази он сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд. Маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон, гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад. «Бинобар ин, инсон бояд зимоми нафсашро дар ихтиёр гирифта, ҳирсро ба қаноат табдил диҳад»,- омадааст дар паёми шодбошии Сардори давлат.
Шикояти харидорон аз нархҳои “дандоншикан”
Зуҳро Аскарова , сокини бознишастаи вилояти Хатлонро гаронии нарху навои баланди маҳсулоти ғизоӣ дар бозор нороҳат карда, бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон тавони хонаводаи ӯ барои хариди маводи ниёзи аввалия маҳдуд шудааст. «Агар дар тамоми дунё нархи бозор ба хотири моҳи Рамазон арзон шавад, дар мо баръакс, гаронӣ мешавад. Фурӯшандаҳои бозор ҳар хел баҳона мекунанд. «Ин бор аз Америка омадааст, ё аз Хитой», «қимат омадагӣ» мегӯянд. Мехоҳем арзонӣ шавад, фурӯшандаҳо ҳам савоби мардумро бигиранд, ба одамон ҳам ин қадар зулм нашавад. Президенти мамлакатамон, кормандони ҳукумат, домуллоҳо ҳар рӯз дар телевизор гап мезананд, ки бозор арзонӣ шавад, халқ азоб накашад. Инҳо баръакс. Мегӯӣ, ҳамин моҳи Рамазонро бо беқарорӣ интизор бошанд»,- шикоят кард З. Аскарова ва афзуд, ки барои сокинони шаҳр, ки ҳама маводи ғизоиро аз бозор мехаранду худашон барои парвариши маводи кишоварзӣ имконият надоранд, нархҳо «дандоншикан» шудаанд.
Болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон натанҳо дар бозору фурӯшгоҳҳои шахри Бохтар, балки дар фурӯшгоҳҳои навоҳии дигари вилоят низ мушоҳида мешавад. Манижа Ҳасанова, сокини ноҳияи Вахш низ аз афзоиши қимати маҳсулот дар бозор нигарон аст: «Гӯшт, ки нархаш 45-50 сомонӣ баланд аст, мо мурғ мехӯрдем. Лекин ҳамон ҳам ҳоло гарон шудааст”.
Маҳмахуҷа – истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар мегӯяд: “Пеш аз Рамазон як каме арзонтар буд нархҳо. Ҳатто матоъ ва дигар маҳсулоти ғайрихӯрока ҳам акнун гаронарзиш шудааст. Аз ҳама аламовараш ин ки, баъд аз Рамазон ҳам нархҳо ҳамин хел бетағйир мемонанд. Ҳар сол ҳамин хел мешавад. Ба мардум ҷабр аст ин…».
Шариф Ҳакимов, харидори дигаре дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар низ ба гуфтаи худаш, аз болоравии қимати маводи ғизоӣ ба ваҳшат афтодааст. «Ҳоло қассобон медонанд, ки дар Рамазон ҳама кӯшиш мекунанд таоми гӯштӣ тановул кунанд, нархи онро аз пеши худ боло бурдаанд. Инсоф кардан даркор… Бо пуле, ки дар ҳамёнам дорам, бояд барои ифтор чанд намуд ғизо мегирифтам, лекин ба фикрам пулам ба ҳамааш намерасад. Муҳимтарин чизҳоро мегираму халос»,- афзуд ӯ.
Тоҷирон: «Мо ҳам зиндагӣ дорем…»
З. Шодиев, тоҷири дӯкони гӯшт дар бозори Бохтар дар шарҳи сабаби якбора боло рафтани қимати гӯшт «болоравии нархи кунҷора»-ро сабаб овард. «Як кило кунҷора ба 6 сомонӣ расидааст. Худатон фикр кунед: картошкае, ки одам мехӯрад, 4 сомонӣ, хӯроки чорво бошад, аз он ҳам гаронтар аст. Сабӯс ҳам 2 сомонӣ шудааст. Пеш аз Рамазон хӯроки чорво каме арзонтар буд. Ҳоло ҳеҷ кас молашро «бонӣ» намекунад. Барои ҳамин дар бозор чорвои фарбеҳ нест, камбудӣ ҳаст. Сабаби болоравии нархи гӯшт ҳам ҳамин. Моли фарбеҳ бошад, арзонтар мешавад. Мо ҳам мехоҳем, ки говро арзон харем ва гӯшташро арзон фурӯшем. Лекин ҳоло мо ҳам зарар мебинем…».
Тоҷирону фурӯшандаҳои бозор мегӯянд, ки имкони амалии кам кардани нархро надоранд. Соҳибкорон дар шарҳи ин ҳол мегӯянд, ки гаронии сӯзишворӣ ва қимати роҳкиро, ҳамчунин афзоиши хароҷоти парваришу истеҳсоли маводи ғизоӣ сабаби афзоиши нарху навои бозор шудааст. Вале тоҷири дигари бозори Бохтар (нахост номаш зикр шавад) иқрор кард, ки гуруҳе аз соҳибкорон ба хотири ба даст овардани даромади бештар дар моҳи Рамазон (ки одатан бозори маводи озуқа «ҷӯш мезанад») қимати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Ба иддаои ӯ, азбаски маъмулан маводи фурӯшии бозор моли дасту дуввуму саввум аст, контрол кардан ё ба таври иҷборӣ поин бурдани қимати он имконнопазир мебошад. «Ин нархҳоро мо аз пеши худ баланд накардаем. Аз боло ба чӣ қимате ба мо борро меоранд, ҳамин қадар мефурӯшем. Лекин, агар маҳсулот сифати хуб дошта бошад, қиматаш ҳам боло меравад. Албатта, фарорасии моҳи Рамазон ҳам сабаби болоравии нархҳо аст. Чунки бозор гарм мешавад, соҳибкорон аз ҳамин моҳ истифода мекунанд»,- афзуд соҳибкор.
Мафтунаи Соҳиб, соҳибкори дигар дар бозори марказии шаҳри Бохтар ҳангоми суҳбат бо мо гуфт, ки барои баланд рафтани нархи озуқа наметавон фақат тоҷирону соҳибкоронро гунаҳкор кард. “Чунки фурӯшандагон низ барои ба бозор овардани маҳсулот маблағи зиёд сарф мекунанд. Ва табиист, ин хароҷотро бояд аз ягон ҳисоб рӯйпӯш намоянд. Масалан, мо низ зиндагӣ дорем, фарзанд дорем, пули об, барқ, хадамоти коммуналӣ, андоз месупорем, роҳкиро медиҳем. Агар маҳсулотро 3 сомонӣ харем, дар болояш 1-2 сомонӣ монда, мефурӯшем. Рӯзи дароз барои ҳамин як сомонӣ мо ҳамин ҷо мешинем»,- қайд кард ӯ.
Савдогари дигаре, ки бевосита ба интиқоли маводи ниёзи аввалия машғул асту нахост номаш зикр шавад, қайд намуд, ки барои паст кардани нарху навои бозор зарур аст муносибати мақомоти давлатӣ бо сокинон ва хосатан кишоварзону соҳибкорон наздик карда шавад. «Имрӯз деҳқон молашро ба мо бо нархи гарон медиҳад, мо аз он нарх арзонтар карда намефурӯшем-ку?!»,- гуфт ин тоҷир.
«Аз оташи ҷаҳаннам бояд тарсид…»
Донандагони дини Ислом масъалаи ба таври сунъӣ баланд бурдани нарху наво дар моҳи Рамазонро аз нигоҳи ислом чунин шарҳ доданд: «Баъзе «ҷавонмардон»-е ҳастанд, ки моҳи Рамазонро бесаброна интизор мешаванд. Шумо гумон мекунед, ки барои дарёфти савоб? Не, хато кардед. Барои худсарона гарон кардани нархи маҳсулот. Агар дар тамоми дунё мардум рӯзадоронро ҳурмат намуда, молҳояшонро арзон кунанд, дар бозорҳои мо баръакс, нарху наво аз ҷониби баъзе «савобҷӯён» баланд карда мешавад. Оё ин нишонаи мусулмонист? Магар ин савдогарон аз баракати моҳи Рамазон баҳрае мебаранд? Чунин ашхос аз Рамазон танҳо савоби ташнагиву гуруснагӣ ҳосил мекунанду халос. Дар ин маврид паёмбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод»».
Аммо воқеияти феълии бозорҳои вилояти Хатлон гувоҳи он аст, ки мақомоти маҳаллӣ дар амри ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо то ҷое оҷизӣ мекашанд. Ҳоло ягон тасмими амалӣ ё алтернативае аз сӯйи мақомот ба соҳибкорон ва деҳқонони маҳаллӣ ироа нашудааст, то ба ин васила аз болоравии қимати маҳсулот ҷилавгирӣ шавад.
Коршиносон мегӯянд, дар аксар кишварҳои мусалмонии ҷаҳон ҳама фарорасии моҳи Рамазонро интизорӣ мекашанд, то ба молу колои арзон дастрасӣ пайдо кунанд, аммо дар Тоҷикистон баръакс, соҳибкорон маҳз дар моҳи Рамазон, ки мебояд бештар аз хайру саховат ба мардум кор гирифт, кӯшиш мекунанд молу колоро бо қимати гарон ба фурӯш гузоранд.
Ҳатто имрӯзҳо дар кӯчаву бозор, дохили нақлиёт ҳама дар хусуси гаронии нархи маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳо сухан меронанд. Ва аз ин гароншавии бозор дар моҳи Рамазон мардум руҳафтода шудаанд. Пас бояд масъулон назаоратро дар моҳи Рамазон пурзӯр намоянд ва соҳибкорони қиматфурӯшро ҷазо диҳанд.
Боқӣ аз имони худи фурӯшандагони бозору мағозаҳо поён бурдани нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум вобастагӣ дорад.
Худо худатонро инсоф диҳад, тоҷирони муҳтарам!
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”