Саволе, ки чанде боз дар сарам чарх мезанад: “Чаро мо – ҷавонҳои шӯху бетоқат айни ноҷурии зиндагӣ симои модарамонро тасаллобахш медонему халос, аммо ҳини хушҳолӣ ба хотири ошуфтаамон касе намеояд?”. Аз китоби “Дарёи сӯзон”–и устод Фарзона ибораеро вохӯрдам ва онро ба суоли худ посух донистам: “Меҳрубони меҳрнадида”.
Одамӣ-дия, мақоли “оби дари хона тира” беҷо нест. Мегӯянд, ки “дил мекашаду по медавад”. Чун донишҷӯ шудаму аз азизон фарсахҳо дур мондам, чеҳраи гармашон ҳамвора пеши назарам буд. Ёд дорам, замони имтиҳонсупорӣ ҳарду поямро ба як мӯза меандохтаму “таҳсиламро дар Душанбе давом медиҳам” гуфта, гапамро ба модарам гузарониданӣ мешудам. Аммо ӯ ғамгинона гуфт, ки “эҳ, писарам, ин хел нагӯ, дар ҳамин Хуҷанди худамон хонӣ ҳам мешавад, ҳозир як соат бе ту дилам зиқ шуду агар рафта монӣ, ман чӣ хел…” ва чашмонаш пури об шуд.
Баъди омадани паёмак, ки мазмуни “Шумо донишҷӯйи ДМТ шудед”-ро дошт, аз хурсандӣ ба куртаам нагунҷида, дарҳол ба модарам муждагонӣ додам. Ӯ беихтиёр “намехостам, ки аз пешам дур бошӣ, лекин дуо мекардам, ки аввалан орзуи бачам шавад” гӯён, маро гарм ба оғӯш гирифту аз пешонаам бӯсид.
Бузургтар аз ҳама дили модар будааст. Бубинед, ки хоҳишу умеди фарзанд орзуву омоли ӯ низ ҳаст. Барои модар шодиву нишоти ҷигаргӯша аз хурсандии шахсӣ ҳам муқаддамтар меистодааст.
Як рӯз аз дарс омадам, ки дар хобгоҳ ягон рафиқам нест. Дегамон холӣ буду ҳатто бурдае нони қоқ ҳам набуд. Шикам ончунон нағора менавохт, ки ногуфтанӣ. Ана, дар ҳамин хел ҳолат модарҷонам ба ёдам омаду ба монанди он, ки касе гулӯямро хафа карда бошад, нафасам ба дарун афтид. Ногаҳ садои телефонам баланд шуд. Эҳа, модарам, аз куҷо фаҳмид, ки ӯро сахт ёд кардаам? Гӯширо бардоштаму овози ширини ӯро шунидам.
– Ҳа писарам, саломатият нағз-мӣ, дилат гушна не-мӣ, дар дарсҳо азоб намекашӣ-мӣ?,- маро саволборон кард ӯ, аммо аз овозаш маълум буд, ки сахт шамол хӯрдааст. Пурсидам, ки касал шудааст магар?
– Не, мана мон, худат ягон чӣ хурдӣ? Овозат хаста ку! Боз оби хунука хӯрдӣ-мӣ ?,- гапро ба дигар тараф бурд ӯ.
Аз бемориву касалии фарзанд дида, ранҷи ҷонкоҳтаре барои модар набудааст.
Як-як ёди овони кӯдакӣ мекунам ва чанд лаҳзаи аҷиби саҳифоти рӯзгор пеши назарам меояд. Хайр, кӯдак якрав мешавад-дия, қариб ҳамаамон “хости дилам” гӯён, ба чашми хонагиҳо хок пошида, ба кӯча гурезон шудаем. Ҳамту не?
“Берун дақи офтоб, ҳозир хоб кун, сонӣ бозӣ мекунӣ”,- мегуфт модарам, ки баробари хуфтани ман корҳояшро ба сомон расониданӣ мешуд.
Бо дили нохоҳам чашмҳоямро пӯшидаму чанде пас чашм кушода дидам, ки модарам болои сарам нест ва оҳистакак ба кӯча гурехтам.
– Ошно, биё, бо дарчаи панҷараи майдони Шарифино “кататса” мекунем,- гуфт ҷӯраам, ки ҳарду дар кӯчагардӣ устухон надоштем ва як-як болои рахи поёнии як панҷара по монда, бо даст хатҳои рости даричаашро дошта, қувваи ҷисми кӯчакамонро кор мефармудему онро кушодаву мепӯшидем, гӯё бо ин роҳ “кататса” мекардем. Панҷараро охӯрча карда, якчанд бор пешу қафо гардондему якбора чизе шуду ҷонам ба лаб омад… Ангушти “ятимакам” дар часпаки даричаи панҷара мондаасту айни ғеҷиш часпаки лаънатӣ ангуштамро сахтакак газида будааст. Аз ангушти захмида чак-чак хун мешорид. Ошноям тарсида гурехт. Гирён-гирён ба ангушти хунолуд нигариста, хона рафтам. Модрам дидан замон ҳуш аз сараш парид ва ангуштамро бо порчаи дока печонид. Ҳамоно мегиристам, чунки ҷои захмида зириқ-зириқ дард мекард.
– Дидӣ, аз ман напурсидӣ, бе розигии ман кӯча баромадиву чӣ гап шуд? Дигар ин хел накун, ҷони буваш,- оғӯшкунон маро оромиш мебахшид модарам.
То ҳол пайи ин захм аз ангуштам нарафтааст ва дигар бе иҷозати ӯ ба ягон ҷо намерафтам. Калтаки гапнодароиро хӯрдаму тавба гуфтам. Гӯё ҳамон вақт пораи гӯшти ангушти ман не, порае аз қалби модарам канда шуда буд, ки баробари ман мегирист.
Аҷабо, унвони “меҳрубони меҳрнадида”-ро, ки ба модар нисбат медиҳанд, то куҷо қабул кардан мумкин аст? Чаро меҳрубони мо аз мо меҳр набинад? Аммо ҳақ ба ҷониби устод Фарзона, захираи меҳре, ки дорем, барои ҷуброни меҳри модар нокофист ва дуруст аст, ки гуфтаанд: “меҳрубони меҳрнадида”…
Файзуллохон ОБИДОВ