Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тӯли 30 соли Истиқлолият дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиббӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гаштааст. Таърихи ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. 25-уми августи соли 1935 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Солҳои аввал омӯзишгоҳ душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Мутахассисон – омӯзгорони маҳаллӣ намерасиданд, машғулиятҳо ба забони русӣ ва ба воситаи тарҷумонҳо баргузор мегаштанд, заминаи моддию техникии таълимгоҳ дар савияи паст қарор дошт. Сарфи назар аз ин, омӯзишгоҳ беш аз пеш рушду тараққӣ меёфт.
Асосгузор ва аввалин директори омӯзишгоҳ А. В. Тиханович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузошт. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю. И. Додхоев, У. У. Умаров, Ф. А. Абдураҳмонов, М. Қ. Қаюмова, М. К. Отаева, А. Ҳ. Ҳакимҷонов, Б. Ш. Гадоев ва Ҳ. И. Ибодов роҳбарӣ намудаанд. Роҳбарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро номзади илми тиб, бонуи кордону соҳибтаҷриба Шаҳло Ашӯриён бар дӯш дорад.
Дастовардҳои даврони Истиқлолият
Давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар коллеҷ дигаргуниҳои муҳиму назаррас ба вуқуъ пайваст. Заминаи моддию техникӣ ва кадрии коллеҷ сол аз сол мукаммал гардид. Айни замон МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дорои 3 бинои таълимӣ, хобгоҳ, 2 маркази таълимӣ -истеҳсолии дорусозӣ, маркази таълимӣ – табобатии ҷарроҳия, маркази таълимӣ – табобатии стоматология, маркази таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, маркази таълимӣ – ахборотии таълими фосилавӣ оид ба мавзӯи банақшагирии оила, 4 адад ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ), зиёда аз 410 адад синфхонаҳои таълимӣ, 28 толори лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 3 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 2 толори маҷлисӣ ва 2 ошхона мебошад.
Корҳои созандагӣ бо иштироки Пешвои миллат
Санаи 1-уми сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”дар нишонии кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии ҳудуди он 13 000 метри мураббаъ (1,3 га), аз он ҷумла, масоҳати зери сохтмон – 4150,50 метри мупаббаъ, масоҳати роҳҳо ва гузаргоҳҳо – 3270,50 метри мураббаъ, масоҳати майдончаи варзишӣ – 1850,25 метри мураббаъ, масоҳати сабзазорҳо ва гулгаштҳо – 3728,75 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати таълимии бино бошад, 16 627 метри мураббаъ аст, ки барои таълиму омӯзиши 3 325 донишҷӯ дар як баст рост меояд. Сохтмони бино соли 2019 оғоз гардида, соли 2020 ба анҷом расид. Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сохта шудааст.
Ҳайати кадрии коллеҷ
Дар коллеҷ айни замон 586 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Се нафар кормандони коллеҷ бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо медали “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо медали “Хизмати Шоиста” ва як нафар бо медали “Шафқат” сарфароз гардонида шудаанд. 32 нафар кормандони коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 16 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 6 нафар бо Ифтихорномаи “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.
Ҳимояи рисолаҳои илмии омӯзгорон
Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун: тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар коллеҷ конференсияҳою ҳамоишҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ ташкилу баргузор мегарданд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар коллеҷ 3 нафар докторони илмҳои тиб, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 12 нафар номзадони илмҳои тиб ва 2 нафар номзади илмҳои филология фаъолият доранд.
Муҳассилини муассисаи таълимӣ
Шумораи донишҷӯёни коллеҷ айни замон 8 058 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1966 нафарашон писарон ва 6092 нафарашон духтарон мебошанд. Дар коллеҷ 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла: аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 10 нафар, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон -2 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон – 12 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон – 1 нафар ва аз Федератсияи Русия 2 нафар таҳсил менамоянд.
Ҳамасола коллеҷро зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони миёнаи касбӣ аз рӯи 12 ихтисос хатм менамоянд. Аз ҷумла дар соли 2021 коллеҷро 2433 нафар донишҷӯён хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардидаанд.
Ҳамасола донишҷӯёни муассисаи таълимӣ дар озмунҳо барои ноил гаштан ба унвони гирандагони стипендияҳои номӣ иштирок намуда, сазовори ин ҷоиза мегарданд. Аз ҷумла донишҷӯёни коллеҷ гирандагони Стипендияи Президентӣ, стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва Стипендияи раиси шаҳри Душанбе мебошанд.
Ҷисман обутоб ёфтани донишҷӯён яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти коллеҷ ба шумор меравад. Дар коллеҷ сексияҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ, тенниси рӯйимизӣ дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мекунанд. Дастаҳои варзишии коллеҷ пайваста дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Коллеҷ дорои хобгоҳи замонавӣ буда, он дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 28/1 ҷойгир буда, аз 4 ошёна ва 132 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ шумораи умумии истиқоматкунандагон 506 нафарро дар бар мегирад. Шумораи духтарон 311 нафар ва писарон 195 нафар мебошанд.
Таваҷҷуҳ ба сатҳи дониш
Воридсозии низоми кафедравӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва равнақ бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ имкон дод, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар коллеҷ боло бурда шавад. Аз ҷумла муқоисаи натиҷаи имтиҳоноти солҳои таҳсили 2019-2020 ва 2020-2021 нишон дод, ки дар коллеҷ сифати таҳсилот ба 8,3 дарсад, пешрафт ба 5,8 дарсад ва давомот ба 11,6 дарсад боло рафтааст.
Айни замон дар коллеҷ аз рӯи 12 ихтисоси дар зер овардашуда мутахассисон омода карда мешаванд: кори табобатӣ; кори момодоягӣ; кори ҳамширагӣ дар косметология; кори ҳамширагӣ; кори дандонсозӣ; кори табобати дандон; кори тиббӣ – офиятӣ; кори фарматсевтӣ; корҳои тиббӣ – ташхисӣ; корҳои тиббӣ – профилактикӣ; истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ; ташхис ва табобати нурӣ. Аз соли 2020 ба коллеҷ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” бо тахассуси “Коргари ҳифзи иҷтимоӣ” иҷозат дода шудааст.
Дар коллеҷ 29 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии аксарияти онҳоро мутахассисони дорои унвони илмӣ ба уҳда доранд.
Ҳамкориҳои берунии муассисаи таълимӣ
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри беҳтар намудани раванди сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажуҳишгоҳу ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажуҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кори маъюбон, Пажуҳишгоҳи акушерӣ – гинекологӣ ва перинатологӣ, коллеҷҳои тиббии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон ҳамкории босамар дорад.
Ҳамчунин коллеҷ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ), Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, UNFPA (Хазинаи нуфуси аҳолии СММ), оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) бо мақсади беҳтар намудани пояи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Фаъолияти марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ
Бо мақсади беҳтар намудани раванди машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон дар коллеҷ якчанд марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ ташкил карда шудаанд, аз ҷумла маркази таълимӣ – табобатии “Ҷарроҳия”, маркази таълимӣ – табобатии “Стоматология”, маркази таълимӣ -истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, маркази таълимӣ – истеҳсолии “Дорусозӣ”, маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ”, “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ”.
Маркази таълимӣ-табобатии “Ҷарроҳия” дорои 12 кати табобатӣ буда, дар он 8 нафар мутахассисони соҳа фаъолият менамоянд. Марказ бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он ҳамасола зиёда аз 800 ҷарроҳӣ, аз ҷумла бо истифодаи дастгоҳи эндовидео ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ” дар асоси шартномаи тарафайн бо муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ташхис ва таъмири таҷҳизоти тиббиро ба анҷом мерасонад. Ҳамчунин кормандони марказ хизматрасонии технологияи иттилоотӣ ва компютериро дар коллеҷ ба уҳда доранд.
Дар Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” зиёда аз 10 номгӯи гиёҳчой, аз ҷумла чойкаҳак, сӯзанкаҳ, субинак, пудина, гули бобуна, татум, лупанак, барги зуф, хуч ва ғайра омода карда мешавад. Ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии гиёҳҳо кормандони марказ бо ҳамроҳии омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси кори фарматсевтӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба мавзеҳои куҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла ба мавзеҳои Сари Хосор (Балҷувон), Канаск (дараи Ромит), ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ноҳияи Варзоб ва дигар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон сафар намуда, миқдори зиёди гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ менамоянд.
Ҳамчунин, аз соли 2018 дар коллеҷ маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ амал мекунад, ки дар он аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷудбуда курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир
Бо мақсади ба шароити муосири таълим мутобиқ намудани раванди таълим солҳои охир теъдоди зиёди технологияи компютерӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар коллеҷ 447, принтерҳо 208, тахтаҳои электронӣ 87, проектори мултимедӣ 85 ададро ташкил медиҳад. 97 адад компютерҳо дар китобхона, маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои мудирони кафедраҳо ва деканони факултетҳо ба хати Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода менамоянд.
Китобхонаи муассисаи таълимӣ
Айни замон хазинаи китобхонаи коллеҷ 65 178 адад адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки аз он адабиёти тахассусӣ 12 281 адад, таълимӣ – 39 460 адад, методӣ – 2080 адад, бадеӣ – 9 422 адад ва адабиёти сиёсӣ- фарҳангӣ 1935 ададро ташкил медиҳад.
Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 3 200 номгӯи адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки дар он адабиёт дар шакли маҷмӯи лексияҳо, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва филмҳои таълимӣ мавҷуданд, ки омӯзгорону донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода менамоянд.
Бунёди осоишгоҳи таълимӣ дар Варзоб
Тибқи нақша сохтмони бинои осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ воқеъ дар маҳаллаи Харангони ноҳияи Варзоб дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бинои мазкур ба иншооти ҷашнии нақшавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гашта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дарахтони боғи осоишгоҳ тоза карда шуда, дар он зиёда аз 50 ниҳолҳои нави мевадиҳанда, аз ҷумла себ, олуча, шафтолу ва ғайра шинонида шудааст. Осоишгоҳи мазкур бо мақсади истироҳати кормандон ва фарзандони онҳо мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Илова бар ин, дар осоишгоҳи мазкур Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш амал мекунад. Дар Марказ донишҷӯёни факултаи фарматсевтӣ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолиро оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш мегузаранд.
Дар заминаи осоишгоҳ сохтмони “Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ” ба нақша гирифта шудааст ва айни замон сохтмони он оғоз гардида, идома дорад.
Ба ҷои охирсухан
Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода – директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мегӯяд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор ва нақши созандаи омӯзгорро дар таълиму тарбияи шогирдон баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ баҳои арзандаву сазовор додааст: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ эҳтиром гузошта наметавонад, муваффақ шуда наметавонад”.
– Маҳз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба низоми илму тадрис ва соҳаи тандурустӣ аст, ки ҳамасола дар кишвар биноҳои зиёди таълимӣ ва муолиҷавӣ бунёд мегарданд, шароити таълиму тарбия ва муолиҷаву табобати беморон сол аз сол хубтару сифатноктар мешавад. Дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат мо – ҳайати кормандони илмию педагогӣ, устодон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”саъю кӯшиш дорем, ки корҳои таълиму тарбия, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои сазовору назаррас пешвоз бигирем,- илова намуд мавсуф.
Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ