Дар ҷамъияти мо оилае нест, ки баъд аз тавлиди кӯдак чанд рӯз дар ҷустӯи ном андармон нашуда бошад. Ин мушкилӣ дар оилаҳо баҳсу мунозираҳоро ба бор меоварад. Падар мехоҳад ба писараш номе гузорад, ки шуҷоату далериро дар худ ифода кунад. Модаркалон мехоҳад, ки номи наберааш маънии динӣ дошта бошад. Ҳамин тавр, дар бисёре аз оилаҳо номи тоҷикӣ, арабӣ ва ҳам туркиро вохӯрдан мумкин аст.
Мо ҳамчун омӯзгор имрӯзҳо ба садҳо ном шинос мешавем ва аз саҳлангории волидон ва ё кормандони САҲШ дар тааҷуб мемонем. Ҳангоми номгузорӣ шахсони масъул ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Ҳангоми пур кардани ҳуҷҷатҳо, дафтари синф ва шаҳодатномаи хатми мактаб дарк мекунед, ки онҳо дар адои вазифа саҳланкоранд. Маслан, Муҳабат (ба ҷои Муҳаббат), Хушвахт ( ба ҷои Хушбахт), Гулғумча ( ба ҷои Гулғунча) ва ғ. Барои ҳалли ин масъала пешниҳод мекунем, ки волидон қабл аз номгузорӣ, ҳадди ақал аз муаллимони забон ва адабиёти тоҷик маслиҳат пурсанд.
Дар бисёре аз маҳаллаҳо номҳоеро чун Теша, Хоркаш, Ҷоруб, Басгул, Гурез, Табар, Сафол, Намоз, Гадо, Ғулом, Пайванд, Қамчин ва Кулӯх вохӯрдан мумкин аст. Номҳои дигаре чун Ҷамшед, Хуршед, Суҳроб, Гулҷаҳон, Дилафрӯз ва Рустам дар шахсияти онҳоест, ки ба ин сазовор нестанд.
Айни замон дар кишвар метвон як шеваи тақлидкориро мушоҳида кард. Масалан дар Руссия ҷавонони тоҷик ҳангоми муошират аз номҳои русӣ истифода мекунанд. Масалан, Алик (ба ҷои Алӣ), Коля (ба ҷои Қодир), Шока (ба ҷои Шоҳин), Шурик (ба ҷои Шуҳрат), Диля (ба ҷои Дилноза), Баха (ба ҷои Бахтиёр) ва ғ.
Дар бисёр ҳолатҳо ҷавонон ҳангоми муроҷиат ба якдигар аз лақабҳои бемаънӣ истифода мебаранд. Масалан, номҳое чун Кал, Кур, Чулоқ, Шоша ва ғ.
Номҳои арабӣ низ метавонад аз мавзӯҳои нигароникунанда бошад. Масалан номҳое чун Абдураҳим, Абдусамад, Абдухолиқ ва Муҳаммад. Масалан, гоҳо дар як синф шаш нафар номи Муҳаммадро вохӯрдан мумкин. Илова бар ин, вақтҳои охир номҳои туркӣ ба фарҳанги мо кӯч бастаанд.
Бояд гуфт, ки ному насаб нишони миллат ва шиносномаи ҳар як қавм аст. Дар интихоби ном мо озодем. Ин озодиро бояд дуруст истифода барем. Ҳангоми номгузорӣ аз китобҳое чун «Гулбоғи муаттар» истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Рузимади Тоҳир
Сулаймон Дарёев