Гаҳе ба хеш нигариста, худ ба худ савол медиҳам, саволҳои зиёд: Ман кистам? Аз куҷоям? Чӣ пешаю чӣ рӯзгоре дорам? Ба ин дунё омаданам баҳри чист? Чӣ рисолатеро бояд иҷро кунам? Ва ё чӣ мақомеро дар ин олам бояд дошта бошам? Ба хеш нигариста, худ ба худ ба баъзе саволҳоям ҷавоб медиҳам: Ман тоҷикам, тоҷикистониям, аз як кишвари озод – Тоҷикистони соҳибистиқол! Ман рӯзноманигор, ман журналистам!
Оҳҳо! Ана бо ишора ва ё таъкиди оне, ки ман кистам, дар ҳар ҷо ба ҳар ҳолат ва ба ҳар муомила дучор мешавам. Ҷавобу назарҳо дар ин гуна маврид низ гуногуну мухталиф буда, диди ҳар кас ба мо, ба ман ҳар хел аст. Наметавон он ҳама диду назар, нигоҳу андешаро якхела, пурра мусбат ва ё пурра манфӣ ҳисобид. Шояд ҳадди дуруст дар ким-куҷое, дар мобайн қарор дошта, ба мисли хат ва ё роҳе бошад, ки дар ин миёна ҷавоби ба дуруст наздик қарор дорад. Яъне наметавон посухҳоро яктарафаю яксон ҳисобид. Ҳолатҳои зиёде ҷой дорад, ки ҷавобҳо аз муносибат ва назари рӯзноманигор ба ҳаводисе, ба шахсе, ба касби дигаре, ба амалдору мансабдоре вобаста мебошад ва он ҳам боз пурихтилоф…
Ман рӯзноманигорам, ман журналист… Бале, медонам, ки агар хоса мансабдореро дар вақти сӯҳбату мулоқот ва ё ба иҷрои кори худ барзиёд таъриф кунаму барномаеро вижа ба ӯ бахшам ин амалдор хеле-хеле шоду мамнун мешаваду шояд шодон бо ман нишаста, дастархони пурнозу шоҳонае омода карда, зиёфате ташкил кунад ва худро аз фарзандони ростини Ватан, ин марзу бум ҳисобаду содиқ ба кори хеш донад! Аммо агар камбудии кори ӯ, агар беҳавсалагию бепарвоии ӯро дар кораш бинаму барҳақ бигӯям ва рисолати худро иҷро кунам пас… барояш шояд душмане, рақибе, бадбине беш набошаму чунин ашхоси бадмӯр то метавонанд аз мансабу ҷоҳу ҷалоли худ истифода карда, маро “буғӣ” менамоянд, то он мушкилоту он камбуди кори ӯ, ҷойе, хоса дар рӯзномае, дар радио ва телевизионе гуфтаю намоиш дода нашаваду рӯйи об набарояд, то он дар назар фариштасурате, вале дар амал шайтонсиратеро касе ба шакли асл набинаду нашиносад! Бояд то ҳастанд чунин ашхос аз вазифаи хеш дар ин рӯзгор баҳраи зиёде бардоранду «комашон талх нагардад»!
Ман рӯзноманигор, ман журналистам!
– Оҳҳо! Яъне хабаркашу хабарбар, тӯҳматгару тӯҳматҷӯй!
Оре, чунин гуфтаю чунин ҷавобҳоро низ мешунавам, медонам, ки ин гуфтаҳо низ рӯйи асосе, рӯйи кадом як коре пайдо шудаю вирди забонҳо гашта, ба маънои манфӣ аслан фаҳмида ва истифода мегардад: хабаркаш…
Бале, дар ин маврид, хусусан дар замони муосир, дар даврони бархӯрду муноқиша ва ҷангҳои иттиллоотӣ ҳастанд гурӯҳ ва дастаҳои зиёде, ки аз ВАО хеле-хеле моҳирона ва коршиносона истифода бурда, сафедро сиёҳу сиёҳро сафед карда, на танҳо як шахс ва ё гурӯҳеро, балки метавонанд ҳатто давлатҳоро, мардуми як минтақаро ба ҳам шӯронанд ва хати зиддиятро бештар кунанд. Инро бо даҳҳо мисолҳо овардан мумкин аст, ки аслан тавассути воситаҳои мухталифи иттилоотӣ тӯҳмату бӯҳтон афзуда, ҳатто бад кардани тарафе, ба таҳлукаю ба даҳшат овардани рақибон осон ба даст меояд. Аллакай собит шудааст, ки маҳз бо василаи ҳамин усул ва услуби корбарӣ дар давлатҳои Сурияю Ироқ давлате бо ном ДОИШ, ки аслан як гурӯҳи муташаккили байналхалқии террористӣ буд, бо паҳн кардани манзараҳои ваҳшатзои зиёд аввал тарс ба артиши ду давлат – Сурия ва Ироқ оварда, бад-ин васила соҳиби яроқу аслиҳа, сарбоз ва ҳудуди зиёд дар ин ду кишвар гаштанд. Ҳатто манотиқи паҳновареро дар ихтиёри хеш гирифта, давлати худро эълон карда, ба зудӣ тарафдоронашон аз тамоми ҷаҳон, аз пайравони тамоми дини мазҳаб ба ин сӯ ихтиёрӣ омаданд. Албатта, ҷалб кардани хусусан ҷавонони гумроҳу бесавод аз ҳар кишвар боз ҳам бо роҳи макру фиреб маҳз тавассути интернету дигар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, ваъдаҳои бебаркаш, маблағҳои зиёде ба иштироккунандагони ҷангҳои ба манфиати онҳо равоншуда дода шуд. Албатта, ба ягон касе, ба ягон шахси размандаи ҷавони гӯлу гумроҳ ягон пулу пайсае дода нашуд, вале ин фоҷеа афзуда, ҳатто давлатҳои абарқудратро дар вазъи ногувор гузошта, танҳо дар ҳолати дастаҷамъона амал кардани ташкилоту давлатҳо ба ин вабои давр зарба зада шуд. Ба ин ҷо беҳтарин артиш, навтарин технология ва аслиҳа равона гардида, вазъият ба эътидол оварда шуд, вале хатар пурра аз байн нарафтааст…
Бале, дар ин байн бе шакку шубҳа рӯзноманигороне буданду ҳастанд, ки дар сархати ахбор ва навидҳои худ, ҳатто дар маъруфтарин расонаю шабакаҳо пеш аз ҳама аз ваҳшату куштор ва ҷангу ҷидолро ҷой дода, мардумро як навъ ба таҳлука мегузоранд, ба таври психологӣ-равонӣ зарбае зада, боиси авҷи ҳар гуна бемориҳои асабу дил мегарданд, ки ин ҳам дуруст нест. Дар ин маврид оҷилиятро иддае муҳим дониста, чунин хабарҳои даҳшатафканро аз тамоми нуқоти олам пешниҳод мекунанд. Ин аст, ки бо боз кардани расонаю шабакаҳои бешумор ҳамарӯза танҳо хабарҳои шум ба мисли тӯфон, ҷангу ҷидол, ошӯбу исёнҳо, митинг, эътирозу корпартоиҳо, табадуллотҳои ҳарбию сиёсӣ, фаҳшу бераҳмиҳои зиёд пеши дидаҳо омада, ба назар чунин мерасад, ки дар ин дунё ягон амал ва кори нек дар ҳеҷ нуқтаи олам мавҷуд несту ҳеҷ гоҳ ҳам намешавад ва гӯё инсоният рӯзҳои охири умри худро дар ин олам мебинаду дунё ба ҳамон Помпейи даврони атиқа монанд шуда, лаҳзаҳои мавҷудияти мавҷудоти зинда дар дунё рӯз ба рӯз кам шуда истодааст. ҚИЁМАТ наздик менамояд…
Ва ин ҳамаро пеш аз ҳама рӯзноманигорони касбии манфиатҷӯй ва ҳоло бошад дилхоҳ шахс метавонад ба дигарон бирасонад ва аз оқибатҳои он заррае наяндешад. Наяндешад, ки як сухани бад оламеро метавонад вайрон кунаду дунёеро бисӯзонад…
Ва шояд ҳар шунавандаю бинанда бо шунидану дидани он манзараҳои даҳшатнок худ бо овози баланд бигӯяд: «Дод аз дасти ҷаҳонсӯзон, дод аз журналистони хабаркаш!»
Ман рӯзноманигорам, ман журналистам!
Оре, дар ин мавридҳо розӣ шуда метавонам, ки дар замони муосир дар нашрияю нашрҳои навбатии хабарӣ дар ҷойи аввал дар бисёр маврид, муттассифона, ахбори нохуш ҷойи асосиро гирифтааст. Ҳатто дар чанд соли охир, дар ҳамин давраи бемории ба ҳамагон аллакай бо номҳои короновирус ва ё КОВИД-19 маълум, мебинем ва худ тамошо мекунем, ки чӣ тавр хабарҳои шум пайиҳам паҳн шуданду дар олам аз нохушию марговар будани он ва сироят ёфтани садҳо ҳазор одам маълумот пешниҳод гардид. Дар ҳақиқат вазъият ҳоло низ мураккаб боқӣ монда, ҳатто кишварҳои саноатии пешрафта дар пурра бартараф кардани он дар танҳоӣ ба ягон ҷойе нарасидаю комёб нагашта, аз нав дар гаштугузор, озодона ва бе ниқоб сайру сафари мардум ва боздид аз ҷойҳои ҷамъиятию серодам маҳдудиятҳои навро роҳандозӣ карда, мутахассисон боз ҳам тавассути ВАО ба одамон аз хатарҳои нохуби он маълумот дода, маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Вале дар оғоз чӣ гуна буд?
Шояд дар ёд дорем, ки чӣ тавр сару садоҳо баланд шуда, ба зудӣ хабарҳои шум аз дилхоҳ кишвари дунё паҳн гашта, боз ҳам вазъият ногувор боқӣ мемонд. Аз тарафи дигар боз ҳам иддае барои баланд шудани мавқеи худ, рейтинги хеш ва машҳур шуданашон ба чӣ корҳое даст заданд. Яке худро дар дохили поезду автобус, дигаре дар метро ва ё дигар намуди нақлиёти серодам бардӯруғ беҳушу беёд вонамуда, мардумро ба таҳлука афканданду одамон худро аз чунин ҷойи хатарзо тарсону ларзон ба берун афканданд. Чунин ҷавонон ҳатто фикр накарданд, ки мумкин касе аз тарс саломатии хешро аз даст медиҳад, шояд дигаре ба вақти кашмакашу давутози мардум зери пойҳо афтода, маъюб мегардад ва ё ба ҳолати дигари ногуворе…
На, на ин ҳама барои онҳо ҳеҷ аҳамияте надошту надорад, асос онҳо бояд тез маъруфият пайдо кунанд, ҳатто бехабар, ки аллакай қонунҳои мавҷударо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вайрон кардаю ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ва дар чунин маврид низ иддае боз ҳам рӯзноманигоронро айбдор медонанд, ки чунин наворҳоро дар шабакае ё расонае мегузоранду аз оқибатҳои он бепарво мебошанд. Аммо намедонанд, ки имрӯзҳо бо мавҷудияту доштани ҳатто як телефони мобилӣ дилхоҳ шахс метавонад як ҳодисаеро ба навор гирифта, сабт кунад, барои худ ва ё барои ҳама ба намоиш гузорад. Лекин аз оқибатҳои он худ намеандешад. Агарчи аксарият як шӯхие, як навори ҷолиберо бештар мебинанд ва сабт мекунанд, аммо ҳастанд, мутассифона, шахсоне, ки ғаразнок ба корҳое даст мезананд, ки оромиро дар ҷомеа халалдор мекунанд ва ҳар гуна иғвою дасисакориҳоеро пешаи худ мекунанд. Мисоли равшан воқеаҳои ҳаводиси ҷамоҳири Беларус, Русия, Украина, Қирғизистон, минтақаи Ғазза ва Қаробоғи Кӯҳӣ.
То имрӯз, аниқтараш ҳамарӯза ҳатто аз телевизион ва радиоҳои машҳури ҷаҳонӣ навору хабарҳое нишон дода шудаю шунавонида мешаванд, ки бештар муғризона мебошанд. Дигар аз пайомадҳои неку ҳалли масъалаҳо ва ором шудани вазъият дар ин кишварҳо хабаре қариб нашр нашуда, ҳатто кафидани як қуттии одиеро метавонанд ба мисли таркиши бузург ва ё «Тӯфони Нӯҳ»-е нишон диҳанду боз ҳам аз пайи баланд кардани эътибор ва манзалати хеш мебошанд. Агар он масоил ҳал шаваду вазъият ором гардад, дигар хабаре паҳн нашуда, гӯё чизе барои ахбори нав вуҷуд надораду диққатҷалбкунанда нест.
Ман рӯзноманигорам, журналистам…
Бале, мо рисолати хешро дар дилхоҳ вазъияту ҳолат ва дар дилхоҳ кишвар бояд иҷро намоем. Наҳаросем, натарсем, пуштибонӣ аз ҷонибу гурӯҳе накунем ва бояд рост бубинем, рост бинависем ва рост бигӯем, дар оромию суботи ҷамъият саҳмгузор бошем ва ростқавлу росткор бимонем.
Оре, дар ҳама ҳолат мо дар иҷрои кори хеш будему ҳастем. Ҳатто дар ҳамон вазъиятҳои мураккаби ҳамон кишварҳои ҷангзадаю ба мушкилоти мухталиф дучоргашта рӯзноманигорон – ҳамкасбони мо аз давлатҳои зиёд рисолати худро сарбаландона иҷро карданд. Аз вазъияти воқеии Сурияю Ироқ, Яману Фаластин хабар додаю «ҷон ба каф гирифта», аз дохили ҳарбзору майдонҳои шадиду набард, аз биною хонаҳои харобгашта, аз талафоту пешрафти тарафе, аз вазъи душвори гурезагони зиёди ҷангу кашомакашиҳо, аз паноҳҷӯёни бешумор ва аз лагери онон, аз ҳолати онҳое, ки ҳамарӯза аз ҷойҳои ноамн ба воситаи Баҳри Миёназамин мехоҳанд ба Аврупо раванд, маҳз мо рӯзноманигорони воқеӣ хабарҳои саҳеҳ пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мекунему маҳз журналистон буданд, ки наҳаросида аз дохили беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ аз аввалинҳо шуда, аз ҳамин бемории короновирус хабар дода, ҳамчунин қаҳрамониҳои бемисли табибонро ба ҳамагон нишон додаю даме инсоният, хусусан, сиёсатмадорони оламро ҳушдор додем, ки ба ҷойи оне, ки ҳамасола миллиардҳо доллар ва сармояи ҳангуфтро ба яроқҳои наву мусаллаҳшавии беохир сарф кардан беҳтар аст, он маблағҳоро ба солимгардонии ҷомеа равона кунед! Ба ҷойи озмоиши аслиҳаҳои мухталифи даҳшатафкану одамкуш беҳтар аст ба вазъи тиб дар олам диққат бештар гардаду мардумро аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва аз ҳар гуна бемориҳо раҳо созед!
Ман рӯзноманигорам… Бале, на ҳама ба мо бо чашми нек менигаранд, на ҳар амалдоре муносибати инсониро ба рӯзноманигор раво медонад. Оре, ҳамасола чӣ қадар журналистон ҷони хешро ба вақти адои хизмат ва кори худ аз даст медиҳанд. Тибқи маълумоти Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» дар соли 2019 дар олам 49 рӯзноманигор, дар соли 2020-ум 53 журналист кушта шуд. Дар 30 соли охир бори аввал 12-уми декабри соли 2020 қатли рӯйирости рӯзноманигор Руҳулло Зами 47-сола дар сатҳи давлатӣ дар ҶИЭ барои нишон додани эътирозҳои мардумӣ дар интернет сурат гирифт ва номбурда ба дор кашида шуд.
То моҳи декабри соли 2020-ум дар тамоми олам барои фаъолияти касбӣ 387 журналист дар маҳбас, 54 нафар гаравгон буда, чор нафар бе ному нишон буданд.
Кумитаи ҳомии журналистон (CPJ) – ташкилоти ғайритиҷоратии мустақил чанд моҳ пеш маълумоте пешниҳод карда буд, ки дар соли 2023 дар тамоми ҷаҳон 99 рӯзноманигор ва кормандони ин бахш ҷони худро аз даст доданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2022 44% зиёд мебошад. CPJ ёдрас шуд, ки журналистон аслан кормандони ғайринизомию ғайриҳарбӣ буда, мақсаднок ба онҳо ҳамла кардан ин ҷинояти ҳарбӣ мебошад. Марги 72 нафар журналистон дар се моҳи ҷанг байни Исроил ва ҲАМАС дар минтақаи Ғазза ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб қисми зиёди онҳоро журналистони фаластинӣ, инчунин се тан аз рӯзноманигорони лубнонӣ ва ду нафарро исроилӣ ташкил мекунанд. Дар соли 2022 зимни баргузории амалиёти вижаи ҳарбии Русия дар Украина 13 журналист ва кормандони ВАО ҷони хешро бохтанд. Тибқи маълумотҳо аз қатли 1000 журналист дар ҷаҳон аз соли 1992 то имрӯз марги 757-тои онҳо пурра ошкор нагашта, тадқиқот ба охир расонида нашудааст. Тибқи маълумоти CPJ дар соли 2023 320 журналист паси панҷара равон шуда, дар сегонаи кишварҳое, ки рӯзноманигоронро бештар ба ҳабс гирифтаанд, Хитой (44 журналист), Мянме (43 рӯзноманиго) ва ҷумҳурии Беларус (28 рӯзноманигор) қарор дорад.
Тибқи хабари комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Турк дар соли 2023-юм 46 журналист кушта шуд. Ин хабар дар такя ба маълумоти ЮНЕСКО баён шуда буд, ки 86%-и ҷиноятҳои бар зидди рӯзноманигорон баргузоршуда беҷазо мондаанд. Тибқи маълумоти СРJ дар соли 2023 журналистон ҳангоми адои хизмати хеш дар кишварҳое ба мисли Исроил, Украина, Афғонистон, Камерун, Колумбия, ИМА, Гаити, Лесото, Филиппин, Бангладеш, Парагвай, Судон, Лубнон, Руанда, Албания, Мексика, Ҳиндустон бештар ҷон бохтаанд. Дар оғози соли 2024 дар тамоми олам 84 журналист бе ному нишон гумшуда ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло ҳам касби журналистиро коршиносон пешаи хеле хатарнок медонанд.
Оре, барои иддае гӯё маҳз журналистон зарбае мезананду хатаре доранд. Ҳатто сиёсатмадорон ва ё давлатдорони алоҳида аз пайи ҷисман нест кардани журналистоне мешаванд, ки ё амалҳои сиёҳи онҳоро фош мекунанд ва ё ба мардум чӣ гуна шахси сиёҳкору сияҳдил буданашонро ифшо мекунанд. Чунин шахсони дастдароз ба ҷойи оне, ки худ ислоҳ шаванд ва ё ҷавонмардона аз вазифа истеъфо диҳанд, ба амалҳои боз ҳам хатарнок даст мезананд. Мисоли равшан бераҳмона қатл шудани журналисти маъруфи ҳақгӯй Ҷамол Хашогӣ (Хошуқчӣ). Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ маълумот доданд, номбурда 2-юми октябри соли 2018 дар дохили Сафоратхонаи Арабистон аз тарафи кормандони амниятии Арабистон Саудӣ дар Туркия кушта шуда, зимни қатли ӯ ҷаллодон мусиқӣ гӯш карда, парвои ҷонкании ин рӯзноманигор накарданд!
Ҳолати Ҷулиан Пол Ассанҷ низ ба ҳамагон маълум. Номбурда собит кард, ки дар замони кунунӣ низ иддае аз давлатҳои абарқудрат, ки дар Ховари Миёна ва чанд кишвари шарқию осиёӣ аслан бо баҳонаи густариши демократия мақсадҳои нопоки хешро амалӣ мекунанду ҳамоно сиёсати империалистиро роҳандозӣ карда, вазъиятро боз ҳам мураккаб ва мардуми тифоқи давлатҳоро ба қавму гурӯҳ ҷудо карда, муносибаташон ҳатто ба аҳолии осоишта ғайриинсонӣ буда, метавонанд чанд афғон ва ё ироқию суриягиро бе гуноҳе равонаи зиндон кунанд ва ё аз зиндагӣ маҳрум созанд…
Ман рӯзноманигорам… Журналисти давлатиам, рӯзноманигори давлати худ ва дар кишвари озоди хеш қарор дорам. Бале, дар мо низ андешаи мардум нисбат ба рӯзноманигорони давлатӣ яксон нест. Иддае моро дуруст мефаҳманд, дуруст пайхас мекунанд, ки мо дар масири хеш равонему сиёсати ҳамин давлат, ҳамин кишварро дар тамоми ҷабҳаҳои сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ роҳандозӣ карда, аз навгонию пешрафтҳо, комёбию дастовардҳои худ, ки дар ҳақиқат ҳамарӯза меафзоянд, хабар медиҳему гузориш омода мекунем, манзараҳои корзори меҳнатиро ба навор мегирему аз ранҷи ранҷбардорон, аз меҳнати меҳнаткашон, аз табобати табибон, аз сабақи сабақомӯзон, аз ҳифзи муҳофизон, аз сохтмони сохтмончиён, аз кишту кори барзгарон, умуман аз тамоми муваффақиятҳо мегӯем, менависем, хабар медиҳем. Ин аст, ки аз сафарҳои кории роҳбарияти давлату ҳукумат, аз рафти маърака ва ҷашнвораҳои бузургамон мегӯему хабар медиҳем ва пурра гузориш мекунем.
Оре, ин кори моро низ на ҳама якхела қабул кардаю мепазиранд, агар иддае хуш қабул кунанд, пас шояд чанд касе ҳастанд, ки ин ҳамаро мадҳу ситоиш, ҳатто таърифи барзиёд мегӯянду аз он ба қавле норозӣ мешаванд, ки мо аз мушкилот, аз камбудиҳо намегӯем ва ё хеле кам мегӯем. Шояд аз он норозӣ мегарданд, ки мо баъзе хабарҳоро дертар мерасонем ва ё ҳатто пинҳон карда, ба мардум намерасонему аз дигар расонаҳо ҳатто дар кишвар дар ин маврид ақиб мемонем ва даҳҳо мисол меоранд. Аммо намедонанд, ки мо – расонаҳои давлатӣ ҳар як хабарро бояд пурра санҷем, аз коршиносон ва ё масъулини кумитае ва ё вазорате маълумоти саҳеҳ гирем ва баъдан расман изҳори андеша намоем ва изҳоротеро пахш кунем. Ин албатта вақтро мегирад, аммо муҳимаш кори дурустеро иҷро мекунем. Ба иғвогарӣ ва ё амали номатлубе роҳ надода, балки пеши роҳи онҳоро мегирем.
Бале, агар масъуле, мансабдоре дар кори хеш ҷинояте карда бошад ва ё аз мансаби ишғолкарда сӯистифода намуда бошад, пас дар ин кор на ҳукумат ва давлатро бояд гунаҳкор кард, балки танҳо ҳамон шахсро ки ба ягон аъмоли бад даст задааст. Борҳо ва борҳо чунин заҳрпечакони ҷомеаро мо танқид кардаю рафтори нохуби онҳоро дар барномаҳои махсус нишон додаем. Зеро дар замони муосир тақрибан ягон коре ё ҳаводисеро дигар ягон, ҳатто давлатҳои абарқудрат наметавонанд пинҳон кунанд, чунки он алакай оқибатҳои нохуши бештарро ба миён мегузорад. Беҳтару хубтар он аст, ки мушкилот дар асоси назари коршиносон гуфта шавад, ислоҳ гардад ва шахси бемасъул барои кори худ ҷавоб дода, каси дигари пурмасъул ифои вазифа намояд. Зеро ҳар амалдоре, ки агар ба кори хеш хиёнат кард, пас он хиёнат тадриҷан ба ҷомеа, ба давлат зарар мерасонад.
Ман рӯзноманигораму ба васфам шеъреро шоире барҳақ гуфта:
Хоби шаб дар сар надорад журналист,
Ҳайкале аз зар надорад журналист.
Хизмати халқу Ватанро мекунад,
Мақсади дигар надорад журналист.
Ман рӯзноманигорам… Бале, борҳо мешавад, ки нафаре, тамошобине ва ё шунавандае кадом як кори нохуби соҳаеро аз мо вобаста медонанд, ки саривақт аз он ҳолат роҳбариятро огоҳ накардем ва он корхона ва сохторе аз дасти касе ба ҳолати фалаҷ гирифтор шуд. Вале худ шояд медонист ва ё огоҳ буду дар он коргоҳ кор мекарду бепарво монда, ба масъуле нарасонид. Бале, агар мо дорои як ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ бошем, пас бояд ҳама саривақт баҳри рафъи мушкилот камари ҳиммат бандем.
Оре, агар рӯзноманигор хабардор шавад, бояд пайи он гардад. Ин аст, ки дар замони муосир, хусусан, жанри тадқиқоти журналистӣ афзалият дошта, ҳатто кори бади як амалдор ва ё шахсони маъруфи ҷомеа пас аз даҳсолаҳо тадқиқу баррасӣ шуда, барои ба ҳақ расидани ҳақдор талошҳо меафзояду ҷинояте пинҳон карда намешавад. Шояд ба аксарият маълум бошад, ки ҳоло ҳам масалан, аъмоли разилонаи фашистон бо гузашти 75 сол аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва тамом шудани он маҳкум шуда, то ҳол агар ҷинояткори он солҳо пайдо гардад, новобаста ба синну сол ва саломатиаш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ман рӯзноманигорам… журналистам… Ин вожа, ин касб хуш ба гӯшам мерасаду мехоҳам, ки ба дигарон чун пайкрасон хушхабаре расаду ишқро биафзояду меҳрро ғанӣ созад…
Сабзаалӣ АСОЗОДА
Сафсата