Кароматулло Исмоилов ҷавони 24-солаест аз Леваканти вилояти Хатлон. Ӯ таълими ибитидоиро дар мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гирифтаву хатмкардаи Донишгоҳи энергетика аст.
Санаи 29-уми март Кароматулло тариқи радиои “Озодӣ” норозигии худро нисбати он баён кард, ки ба ӯ ба вохӯрии Президенти кишвар роҳ надоданд. Сабаб – “ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки ӯ ба коронавирус гирифтор аст”.
– Ман бисёр мехостам Эмомалӣ Раҳмон – нафареро, ки сарпарасти ятимону ғамхори мост, бубинам, аммо бо нишон додани ташхиси нодуруст, маро аз ин вохӯрӣ маҳрум карданд. Ман аз МИҲД-и шаҳри Левакант хоҳиш кардам, ки маро ба вохӯрӣ роҳ диҳанд ва онҳо гуфтанд, ки дар вохӯрӣ набояд ягон чиз бигӯям. Ман розӣ шудам, вале намонданд. Ман намедонам барои чӣ намонданд, акнун ҷавобашро МИҲД-и Левакант диҳад. Ман ягон арзу шикоят надоштам…,-мегӯяд Кароматулло.
Аламовар барои Кароматулло он аст, ки пас аз се рӯзи дигар, ӯ дубора дар беморхонаи вилоятӣ ташхис месупорад ва ин дафъа натиҷа манфӣ мебарояд.
Кароматулло ятими кулл аст ва танҳо як хоҳар дорад, ки айни замон хоҳараш низ дар мактаб-интернати Ҷалолиддини Балхӣ, дар синфи 11 мехонад.
– Хоҳарам синфи 11 аст. Мехоҳад муаллима шавад. Пас аз хатми мактаб интернат, мехоҳам ӯро ба донишгоҳ барои давом додани таҳсил барам, чунки барои зан-модар таҳсил кардан хеле муҳим аст,- мегӯяд Кароматулло.
Сабаби ба маткаб-интернат афтодани қаҳрамони мо аз ҳам ҷудо шудани волидонаш аст. “Соли 2007 падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд. Вазъи иқтисодии мо хуб набуд ва аз ҳамин сабаб маро модарам аз мактаби рақами 2-и шаҳри Левакант ба мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои таҳсил равон намуд”,- ғамангез ба ёд меорад санаи тағйирёбии зиндагиашро Кароматулло.
Баъди аз ҳам пош хӯрдани волидон, аввал модар, баъд падарашон низ бандагӣ мекунанд ва хоҳари Кароматулло низ ба мактаб-интернат супорида мешавад.
Овони таҳсилро дар мактаб-интернат Кароматулло бо табассум ёд мекунад. Ягона камбудӣ барояш ва дар маҷмӯъ барои ҳамаи тифлони ятим, надидану эҳсос накардани навозишу меҳри падару модар буд. “Мо дар мактаб аз ягон чиз танқисӣ надоштем. Танҳо ба дари даромад нигоҳ мекардем, ки оё касе ба хабаргирии мо меояд ё не. Давоми 9 сол ҳамин хел интизор будам. Баъд хонданро низ тамом кардаму акнун барои зиндагии мустақилона заҳмат мекашам”,- мегӯяд ӯ.
Феълан Кароматулло ҷое кор намекунад. Дар мавриди кумаки давлатӣ, ки барои ятимон пешбинӣ шудааст, мегӯяд, ки “он вақт барои ман 100 сомонӣ пешниҳод карданд, аммо онро рад кардам”.
Мехоҳад соҳибкор шавад ва дар ҳоли муваффақ шудан, аввалин нақшааш дастгирии ятимон аст. “Бисёр мехоҳам, ки дар оянда барои ятимон дар самти дарёфти ҷойи кор кумак кунам, чунки яке аз мушкилоти асосии онҳо баъди хатми мактаб-интернат – ин дарёфти ҷойи кор аст, зеро акнун онҳо бояд мустақилона зиндагиро пеш баранд”,- бо умед мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Бахтиёр КОМИЛОВ,
“Зира Медиа”