Дар мизи мудавваре, ки чанде пеш бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” ва бо ширкати васеи ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид, шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зарурати мавҷудияти қонуни нав
Қонуни мазкур моҳи июли соли 2020 қабул шуда, мақсади он, чунон ки дар боби 1 зикр гардидааст, “фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ оид ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин таъмини дастрасии онҳо ба адолати судӣ мебошад”.
Қабл аз он ки ба инъикоси раванди мизи мудаввар бипардозем, бояд тазаккур диҳем, ки ҳанӯз соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҷумҳурии мо тасдиқ гардида, дар он принсипҳои асосии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа муайян шуданд.
Дар қонуни мазкур қайд гардидааст, ки ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасоние мебошад, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор бе пардохти маблағ амалӣ карда мешавад, аз ҷумла, ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ тартиб дода мешавад, барои ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ иттилоъ пешниҳод мегардад, муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ фиристода мешавад, маълумоти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ паҳн мегардад, ба одамон ҷиҳати дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ёрӣ расонида мешавад ва ғ.
Доир ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа гуфта мешавад, ки ин хизматрасонии ҳуқуқиест, ки давлат ба таври ройгон ба онҳое кафолат медиҳад, ки гирандаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мебошанд.
То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” дар соли 2020, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҳисоби давлат аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи моддаи 51 КМҶ ҶТ (иштироки ҳатмии ҳимоятгар) таъйин мегардид.
Гурӯҳи шахсоне, ки тибқи қонуни зикршуда, ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд, инҳоро дар бар мегирад:
– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд ва ғ…
Мизи мудавварро Лоиқ Нусратов, директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар рафти муҳокимаҳои имрӯза на танҳо таҳлили мазкур, балки ҳамчунон баъзе масъалаҳое, ки дар амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ба миён омадаанд, баррасӣ мешаванд.
Бояд зикр кард, шарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» бо дастгирии техникии БРСММ аз ҷониби коллективи коршиносон Л. Александрова, А. Ҳайдаров тибқи фармоиши ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» таълиф гардидааст.
Муаррифии Шарҳи қонун
Ин таҳлил дар асоси омӯзиши стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон оид ба дастрасӣ ба адолати судӣ, Принсипҳои роҳбарикунандаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи адлия ва инчунин таҷрибаҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони аз ҷониби давлат кафолатдодашуда таҳия шудааст.
Дар оғоз Л. Александрова, яке аз муаллифони Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” Гузориши худро ба ҳозирин пешкаш карда, як қатор камбудиҳоеро, ки зимни таҳлил ошкор шудаанд, номбар кард, ки мо бархеи онҳоро дар инҷо зикр мекунем.
-қонун равшан накардааст, ки ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа аз ҳисоби давлат расонда мешавад, алалхусус барои қишри камбизоати аҳолӣ.
-аз нуқтаи назари қонун ёрии ҳуқуқӣ хизматрасонии давлатӣ буда, бояд стандарт барои ҳамаи намудҳои он таҳия шуда бошад, аммо дар ин бора дар қонуни мазкур чизе гуфта нашудааст.
-баъзе категорияҳои қонун умуман шарҳ дода нашудаанд, аз ҷумла истилоҳоте ба монанди “ҳуқуқшиноси давлатӣ”, “ёрдамчии ҷамъиятӣ”, “стандарти расондани ёрии ҳуқуқӣ”, “шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмаки иҷтимоии унвонӣ” -ро доранд.
-мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳое, ки қонун барояшон муайян кардааст, хизмати якумдараҷа ва дуюмдараҷа мерасонанд, аммо ҷузъиёти ин ваколатҳо дар қонун зикр нагардидаанд.
-ёрии ҳуқуқӣ дар чорчӯби ду система –давлатӣ ва ғайридавлатӣ расонда мешавад, аммо азбаски ба шаҳрвандон интихоби озод дода намешавад, табиист, ки Иттифоқи адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз танзими қонуни мазкур берун монданд.
-тартиби ташкили феҳрасти адвокатҳо ва пешбурди он муфассал баён нашудааст.
-ҳуқуқшиносони давлатӣ ба феҳрасти мансабҳои давлатӣ дохил карда нашудаанд, бинобар ин, онҳо хизматчии давлатӣ шуда наметавонад.
-қонун муайян накардааст, ки ҳуқуқшиносони давлатиро кӣ ба вазифа таъин мекунад ва тибқи меъёрҳои тартиботи меҳнатӣ онҳо тобеи кӣ мебошанд, кӣ ҳуқуқи аз вазифа озод кардани онҳоро дорад ва кӣ нисбаташон ҷазои интизомиро татбиқ менамояд.
-аз худи мафҳуми “ҳуқуқшиноси давлатӣ” ва бархе ваколатҳои Маркази ёрии ҳуқуқӣ чунин хулоса ҳосил мешавад, ки ҳуқуқшиноноси давлатӣ тобеи он мебошанд.
-категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани ёрии якумдараҷаро доранд, муайян гардидааст ва зимни муроҷиат пешниҳоди шиноснома ва ё ягон намуди дигари маълумотнома низ лозим нест, аммо дар қонун муайян нашудааст, ки барои гирифтани чунин ёрӣ бояд маблағ пардохт шавад ё не, ҳарҷанд ки ягон чиз хилофи он гуфта нашудааст.
Ҳамчунин Л. Александрова таъкид кард, ки тибқи Консепсия бояд ду модели ширкати адвокатҳо дар расонидани ёрии ҳуқуқӣ вуҷуд медошт. Тибқи модели якум ниҳоди ваколатдор феҳрасти адвокатҳоро аз ҳисоби онҳое тартиб медиҳад, ки дастрасӣ ба касби худ доранд ва ин шахсон ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд.
Дуюм модел пешбинӣ мекард, ки адвокатҳое, ки ба феҳраст дохил нашудаанд, аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо пешниҳод мешаванд, аз ин рӯ Иттифоқи мазкур бояд феҳрасти худро дар асоси рӯйхати навбатдорҳо тартиб медод.
Дар гузориши дуюме, ки Ҳайдаров Алишер, раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Хатлон ва ҳаммуалифи таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” муаррифӣ кард, таваҷҷуҳи бештар ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дода шуд.
Чунонки номбурда зикр кард, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи меъёрҳои қонунгузорӣ ба се гурӯҳ тақсим мешавад – ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ.
Азбаски то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”дар моҳи июли соли 2020 тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданӣ мушаххас муайян карда нашуда буд, ин ҳолат дар таҷриба мушкилиҳои зиёдеро рӯи кор меовард.
Дар идома номбурда таъкид намуд, ки баъди қабули қонун масъалаи мазкур пурра ҳалли худро пайдо намуд ва щоло тибқи он, дар дар сурати воқеан дастгир шудани шахс, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, оғози парвандаи ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ба маркази ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати сафарбар кардани адвокат тавассути телефон бояд дархост намояд.
Дар навбати худ, Маркази ҳамоҳангсозӣ пас аз қабули дархост иттилои аввалияро ба низоми худкори иттилоотӣ фавран ворид менамояд ва бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян кардааст, дар тамос шуда, ӯро барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар менамояд ва дар сурати муайян гардидани ҳуқуқи шахс ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, адвокат ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад.
Пас аз анҷом ёфтани истеҳсолот аз рӯи парванда, адвокат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти судро дар бораи ӯро ба сифати ҳимоятгар таъин намудан ва дар бораи пардохти ҳаққи хизматаш бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ якҷоя бо ҳисобот ба маркази ёрии ҳуқуқӣ барои пардохт пешниҳод менамояд.
Аммо дар баробари ин, Ҳайдаров А. қайд кард, ки дар меъёрҳои ин қонун мӯҳлати пешниҳод кардани қарор дар бораи таъмини адвокат ва қарор дар бораи пардохт кардани ҳаққи хизмати адвокат аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва таъиноти судяҳо зикр карда нашудааст, аз ин рӯ дар таҷриба ин ҳолат ба адвокатҳо дар дастрас намудани ин санадҳо ва сари вақт пардохт шудани ҳаққи хизмати адвокатҳо мушкилиҳоро пеш меорад.
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки тибқи қонун ба адвокатҳо кафолати пардохти ҳаққи хизмат танҳо барои рӯзҳои иштирок дар ҳаракатҳои мурофиавӣ кафолат дода шудааст, вале дар таҷриба мешаванд ҳолатҳое, ки адвокат барои як ба як анҷом додани вохурӣ бо ваколатдиҳандааш ба тавқифгоҳҳои нигаҳдории муввақатӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муасиссаҳои ислоҳӣ ташриф меорад, ки он берун аз ҳаракатҳои мурофиавӣ мебошад, аммо дар ин ҳолат, тибқи қонун ба адвокатҳо кафолати пардохти ҳаққи хизмат пешбинӣ карда нашудааст.
Бо дарназардошти ин, Ҳайдаров А. гуфт, ки сифати ёрии ҳуқуқӣ беҳтар мегардид, агар дар қисми 7 моддаи 26 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” тағйирот ворид гардида, дар қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокат дар баробари дигар маълумотҳо инчунин маълумот дар бораи вақте, ки адвокат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ воқеъан сарф кардааст, зикр карда шавад.
Ҳамчунин А.Ҳайдаров ба мушкилии дигаре, ки дар ин самт вуҷуд дорад ишора карда, гуфт, ки дар қонуни қабулшуда ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ тарзи пардохти ҳаққи хизмати адвокат ва мӯҳлати пардохти он пешбини карда нашудааст, ки ин ҳолат низ метавонанд ба адвокатҳо мушкилиҳоро пеш оранд.
Бо дар назардошти ин, А.Ҳайдаров пешниҳод кард, ки хуб мешуд агар дар қонун тарз ва муҳлати пардохти ҳаққи хизмати адвокат мушаххас пешбинӣ карда шавад.
Дар мубоҳисаҳое, ки пас аз муаррифии гузоришҳо сурат гирифтанд, гуфта шуд, ки на ҳама чизҳое, ки дар Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтаанд, дар амал татбиқ мешаванд ва ин як таҷрибаи дар ҷаҳони муосир аст.
Директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ Л. Нусратов ҳам таъкид кард, ки дар воқеъ, Консепсия оид ба таҷрибакунии ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа моделҳои гуногунро пешбинӣ мекард. Дар давоми 4 соли гузашта ҳамаи моделҳо бояд санҷида мешуданд.
-Дар ибтидо як маркази ҳамоҳангсозӣ дар Вазорати адлия ва яктои дигар дар Иттифоқи адвокатҳо таъсис дода шуданд ва ин моделҳоро дар 4-тои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон таҷриба намудем. Модели дуюм аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо роҳбарӣ мешуд, аммо Иттифоқи адвокатҳо бо сабаби барояшон мушкил будан гуфтанд, ки ин барои онҳо лозим нест, изҳор дошт Л. Нусратов.
Номбурда дар идома афзуд, ки ҳоло тибқи Консепсия Комиссяи мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, ки он аз намояндагони мақомоти гуногун, вазоратҳову идораҳо ташкил шуда, вазифадор аст, ки ба кори минтақаҳои озмоишӣ ислоҳот ворид кунад.
Баҳси моделҳо, рӯйхат ва феҳрист
Ҳангоми муҳокимаи гузоришҳо як қатор проблемаҳои дигар низ мавриди мубоҳиса қарор гирифтанд, ки мо нуктаҳои муҳимтаринашро инҷо зикр мекунем.
Роҳбари ТҶ “Нота -бене” Нигина Баҳриева роҷеъ ба истилоҳҳои “адвокати давлатӣ” ва “адвокати ғайридавлатӣ”, ки Л. Александрова истифода бурд, назарашро баён карда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳамаи адвокатҳо давлатӣ ҳастанд, зеро онҳоро давлат литсензия медиҳад, аммо дар айни ҳол адвокатҳо бояд мустақил бошанд.
Бо дар назардошти ин нукта, ӯ пешниҳод кард, ки ба ҷои мафҳумҳои “адвокати давлатӣ” ва ё “адвокати ғайридавлатӣ” аз категорияҳои ба монанди адвокатҳои таҷрибадор ва бетаҷриба истифода бурда шавад.
-Мо бояд аз истифодаи мафҳумҳое, ки маъниро таҳриф мекунанд, худдорӣ кунем, зеро агар чунин иштибоҳҳо дар ҷомеа паҳн шаванд, шаҳрвандон фикр мекунанд, ки мо дар Тоҷикистон “адвокати давлатӣ” ва “адвокати ғайридавлатӣ” дорем, гуфт ӯ.
Аммо Л. Александрова дар посух ба ин эрод гуфт, ки ӯ “адвокати давлатӣ” гуфта, адвокатҳоеро дар назар дорад, ки танҳо дар системаи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон фаъолият мекунанд. Ба иборати дигар, баъзе адвокатҳо подоши калон мегиранд, бинобар ин, онҳо барои худ муштарӣ (клиент) ҷустуҷӯ намекунанд, зеро давлат ҳама вақт барои онҳо муштарӣ пайдо мекунад.
Ҳамзамон бо ин, гуфт ӯ, адвокатҳое ҳастанд, ки дар шакли омехта кор мекунанд, яъне худашон муштарӣ меёбанду дар баробари ин, давлат низ ба онҳо муштариҳоро пешниҳод мекунад ва барои хизматашон маблағ ҳам пардохт мекунад.
Ба қавли Л. Александрова, ҳоло дар ҷумҳурӣ на он система кор мекунаду на ин система, зеро ба ҷои ин феҳраст тартиб дода мешавад ва адвокатҳо барои хизматрасонӣ маблағ мегиранд.
-Вақте ки ман дар мавриди “адвокатҳои давлатӣ” ва “адвокатҳои ғайридавлатӣ” гуфтам, мақсади ман ин буд, ки раванди тартиби феҳраст ношаффоф ва нофаҳмо аст ва он бояд он такмил дода шавад, -гуфт Л. Александрова.
Аммо роҳбари Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар ин иртибот изҳор дошт, ки ҳамаи нуктаҳои Консепсияро дар қонун ҷой дода намешавад, аз ин рӯ, масъалаи феҳрасти адвокатҳоро дар санадҳои зерқонун, ки ҳоло таҳия шуда истодааст, ба назар мегиранд.
Дар ин бора Л. Нусратов муфассал сӯҳбат намуда, гуфт, ки дар айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар адвокатҳо намерасанд, аз ин рӯ, ҳамаи адвокатҳоро дар минтақаҳо ба ин рӯйхат ё феҳрист дохил мекунанд ва тамоми корҳои худро дар ин самт бо Иттифоқи адвокатҳо мувофиқа менамоянд.
Назари мавсуф дар ин бора чунин аст, ки айни замон дар таҷриба моделе, ки Вазорати адлия озмоиш карда буд, истифода мешавад.
Ҳоло мутобиқи ҚҶТ “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро Маркази ёрии ҳуқуқӣ пеш мебарад. Вазорати адлия бошад тибқи ҚҶТ “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро пеш мебарад.
Ҳамин тариқ, дар Вазорати адлия рӯйхати адвокатҳо вуҷуд дорад , аммо онҳо адвокатони давлатӣ нестанд ва Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар доираи ҳамин қонун бо адвокатҳо шартнома мебандад, рӯйхати навбатдоронро тартиб медиҳад, рӯзҳоро муайян мекунад ва адвокатҳо тибқи ҳамин рӯйхат ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд.
Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки онҳо рӯйхатро дар асоси пешниҳоди ҳамкасбони дар ҳамин толор ҳузурдошта тартиб медиҳанд, вале бо ӯ бо таассуф таъкид дошт, ки таҷриба нишон дод, ки на ҳамаи адвокатҳо ба низоми нави ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа шомил мешавад.
-Ҳоло як гурӯҳ адвокатҳо бо мо ҳамкорӣ доранд ва ба шарофати ин ҳамкорӣ онҳо ҳаққи хизматашонро мегиранд , аз ин рӯ, ман бовар дорам, ки вақте ин низом такмил ёфт, адвокатҳо худашон хоҳиш мекунанд, ки мо онҳоро ба феҳраст дохил кунем, -гуфт дар ин иртибот роҳбари Маркази ёрии ҳуқуқи Л. Нусратов.
Масъулияти адвокатҳо дар назди ҷомеа
Н. Баҳриева таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба он ҷалб кард, ки дар аксар кишварҳо сифати хизматрасонӣ вазифаи адвокат ҳисоб мешавад, аммо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” хизматрасонӣ ҳуқуқи адвокат шудааст.
Ба иборати дигар, агар адвокат хоҳад ба феҳраст дохил мешавад, агар нахоҳад не. Ҳамин тариқ, ӯ аз системаи иҷрои ёрии ҳатмии авдокатӣ тибқи таъинот хориҷ мешавад ва ин хатарро ба вуҷуд меорад.
Дар ин иртибот ӯ таъкид кард, ки агар адвокат муваффақ бошад ва пули зиёд кор кунад, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин феҳраст дохил намешавад. Далели дигари Н. Баҳриева ин буд, ки маблағе, ки барои хизматрасонӣ тибқи таъинот дода мешавад, бо маблағе, ки дар бозори хизматрасонӣ пешниҳод мешавад, муқоисанашаванда аст, бинобар ин адвокатҳои ботаҷриба аз ворид шудан ба феҳраст худдорӣ мекунанд.
Барои тақвияти андешаи худ таҷрибаи шаҳри Ню –Йоркро мисол оварда, гуфт, ки адвокатҳои ширкатҳои бузург, ки маошашон аз 500 ё 1 ҳазор доллар дар як соат зиёд аст, ба расондани ёрии ройгони ҳуқуқӣ манфиатдор нестанд, аз ин рӯ, онҳо бо ширкатҳо шартнома мебанданд, то ки ба ҷояшон намояндагони онҳо соатҳои муайян ба таври ройгон ёрии ҳуқуқӣ расонанд.
Ӯ ҳамчунон таъкид кард, ки сарфи назар аз ин, адвокатҳои муваффақ ӯҳдадоранд, ки ҳар сол соатҳои муайян худашон ба муштариён ёрии ҳуқуқии ройгон расонанд.
Ҳамин тариқ, дар фарҷоми суханронии худ Н. Баҳриева ҳушдор дод, ки вақте адвокатҳои ботаҷрибаи мо аз расондани ёрии ҳуқуқии ройгон даст мекашанд, табиист, ки қишри камбизоат ва камбағал аз ҳуқуқи гирифтани чунин ёрии босифат маҳрум мегарданд, алалхусус дар ноҳияҳо, ки адвокатҳо каманду парвандаҳо бисёр.
Аз ҷониби дигар, ӯ таъкид намуд, ки вақте ёрии ҳуқуқии ройгонро давлат кафолат медиҳад, бояд шаҳрванд ҳуқуқи интихоби адвокатро дошта бошад ва ин адвокат танҳо бояд адвокати навбатдор набошад. Ба иборати дигар, дар инҷо шаҳрванд ҳам ҳуқуқ ба ҳуқуқшинос, ҳам ба сифат ва саривақтӣ расондани ёрии ройгони ҳуқуқиро дошта бошад.
-Шумо инро ба назар гиред, ки вақте парвандаҳо дар бораи хизматрасонии бесифати ҳуқуқӣ ба Комитети ҳуқуқи инсони СММ мераванд, ҷавобгар давлат мешавад, аммо вақте ки механизмҳои возеҳи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия мешавад, ба органи назоратӣ –Вазорати адлия ягон хел даъво пеш оварда намешавад, -гуфт дар фарҷоми суханронии худ Н. Баҳриева.
Маргарита Хегай, устоди Донишгоҳи Славянии Русия –Тоҷикистон низ ба масъалаи пардохти ҳаққи адвокатҳо ва сифати хизматрасонии онҳо ишора карда, гуфт, ки вақте муштариён аз хизмати адвокат даст мекашанд, қонун маълум накардааст, ки оё рӯзҳоеро, ки онҳо кор кардаанд, пардохт мекунанд ё не.
Ҳамчунин номбурда афзуд, ки баъзан ҳолатҳое мешавад, ки адвокатҳо рӯзҳои истироҳат ва ё рӯзҳои ид ва ё шабона кор мекунанд. Дар ин ҳолат ҳам дар бораи пардохти ҳаққи онҳо дар қонун ягон ишора вуҷуд надорад, бинобар ин, ӯ пешниҳод кард, ки дар қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд ин талабот зикр карда шавад.
-Ман дар як мониторинг ширкат карда будам ва фаҳмидам, ки ба адвокатҳо рӯзҳои зиёди кориашон пардохт нашудааст, бинобар ин онҳо ҳавасманд набуданд, ки вазифаи худро анҷом диҳанд Сабаб ин буд, ки онҳо аз қабл медонистанд, ки барои ин рӯзҳои корӣ онҳо маблағ намегиранд. Табиист, ки дар чунин шароит сифати кори онҳо хеле паст буд.
Бо дарназардоши ин гуфтаҳо, ӯ пурсид, ки оё сифати ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи ройгоне, ки адвокатҳо мерасонанд, мониторинг мешавад ё не?
Дар посух ба ин эродҳо Л. Нусратов изҳор дошт, ки қисман бо Н. Баҳриева ва М. Хегай мувофиқ аст, аммо онҳо ҳам бояд воқеиятҳои ҷомеаро ба назар гиранд. Ӯ ҳам чунин дар идома гуфт, ки дар қонун зикр ёфтааст, ки дар санади зерқонун тартиби гузарондани мониторинги хизматрасонии адвокатҳо ба танзим дароварда мешавад ва ҳоло онҳо ҳамроҳи Иттифоқи адвокатҳо дар ин масъала кор карда истодаанд.
Номбурда илова кард, ки дар ин иртибот аллакай мизҳои мудаввар дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе баргузор кардаанд ва акнун ният доранд дар шаҳри Бохтар низ гузаронанд.
-Мо дар санади зерқонун зикр мекунем, ки агар адвокат рӯзҳои истироҳат ва ё ид кор кунад, маоши дукарата мегирад, аммо агар маълум шавад, ки ӯ ҳуқуқи расондани ёрии ҳуқуқии ройгонро надорад, пас 1 рӯзи кориаш пардохт мешавад, -гуфт Л.Нусратов.
Мушкилоте дар таҷриба пайдо шуданд
Масъалаи дигаре, ки боиси баҳсҳои ҷиддӣ гардид, ин буд, ки киҳо имкон доранд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ёрии ҳуқуқии ройгон бигиранд. Л. Александрова дар ин иртибот изҳор дошт, ки дар Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин категорияҳои аҳолӣ зикр ёфта буданд, аммо онҳо сарфи назар шуданд.
Гузашта аз ин, ӯ гуфт, ки хизмати ҳуқуқии ройгон ба гирандаҳои кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ расонда мешавад, аммо онҳо кистанд ва чӣ гуна муайян карда мешаванд, дар қонун чизе гуфта нашудааст.
Садриддин Саидов, раиси Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд гуфт, ки баъди қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» таъмини адвокат дар асоси қарори таҳиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи ҷудо кардани ҳимоятгар душвор гардид.
Дар талаботи моддаи 21 Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд ва моддаи 50 иловаи 1 КМҶ ҶТ пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат асосан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории ҶТ гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад, кафолат дода шудааст.
Яъне бояд ҳамчун оилаи камбизоат дар қайд бошад, ки ин бар хилофи талаботи қисми 2 ва 3 моддаи 52 КМҶ ҶТ мебошад. «Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблағ барои пардохти маблағи ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад».
Дар ин иртибот С. Саидов таъкид кард, ки ҳолатҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки воқеан шахс камбизоат аст, ӯ аммо ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта нашудааст ва дар қисми 3 моддаи 52 КМҶ ҶТ гуфта мешавад, ки “дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур ба даст кашидан аз ҳимоятгар иҷозат дода намешавад”, аз ин рӯ, мувофиқи талаботи моддаи 51 қисми 1 КМҶ ҶТ иштироки ҳимоятчӣ дар баъзе аз ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ накардааст, ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла:
– дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунад;
– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошад;
– гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонад.
Бар замми ин, тибки талаботи қисми 2 моддаи 51 КМҶ ҶТ «Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳуқуқ доранд иштироки ҳимоятгарро оид ба дигар парвандаҳо низ зарур шуморанд, ба шарте онҳо чунин шуморанд, ки мураккабии парванда ва дигар ҳолатҳо метавонанд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда амалӣ гардонидани ҳуқуқашонро барои ҳимоя мушкил намоянд».
Боз илова ба ин қисми 3 моддаи 51 КМҶ ҶТ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судяро вазифадор мекунад, ки иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. «Агар дар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда ҳимоятгар аз ҷониби худи дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват нашуда бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя вазифадоранд иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. Дар ин сурат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи таъини ҳимоятгар барои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст.
С. Саидов таъкид кард, ки ин ҳолатҳо дар талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” вобаста ба кафолати давлатӣ оиди таъмини адвокат ба назар намерасад. Дар натиҷа, ин ҳолатҳо ба он бурда расониданашон мумкин аст, ки шахс бе ёрии ҳуқуқӣ мемонад. Бар замми ин, дар чунин ҳолатҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо таъмин намудани адвокат, механизми пардохти ҳаққи хизмати адвокат муайян нест. Дар натиҷа, адвокат ҳаққи хизматашро намегирад.
Дар фарҷоми нишасти мазкур Нурмуҳаммад Халилов, роҳбари ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” изҳор дошт, ки ӯ бовар дорад пешниҳодҳо ва тавсияҳое, ки дар таҳлили мазкур аз ҷониби коршиносон Л. Александрова ва А. Ҳайдаров ва ҳамчунин намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва адвокатҳои соҳибтаҷриба дар мизи мудаввар ироа гардиданд, дар оянда дар такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” истифода шаванд.
Нуралӣ Давлат,
журналист