Сангин давоми шаб то дервақт фикр карду барои фардо нақша кашид. Фардо рӯзи истироҳатӣ буд ва ӯро мебоист мисли ҳарвақта то нимарӯз бихобад ва ба гуфте, “куфти якҳафтаина”-ашро барорад. Вале имшаб нақшаҳояшро каме дигар карду соаташро аз вақти муқаррарӣ каме барвақт барои занг задан гузошт.

Бо шунидани занги телефон ва ба чашмонаш расидани офтобаки баҳорӣ худро аз ҷойгаҳ берун кардан ҳамоно аз пайи амалӣ кардани нақшаи рӯзаш гардид. Аввалан хонаро ҷамъу гирд оварда, бо гулу пуфакҳо оро дод. Баъдан барои тайёр намудани субҳона шуруъ кард. Ширинии болаззати омодакардаашро ба рӯи дастархон гузошту бо ба бар кардани либоси тоза ду ҷигарбандашро низ аз хоби ноз бедор кард. Онҳоро сари дастархон шинонд.

Дилдода – ҳамсари Сангин аз кору бори давоми ҳафта хеле хаста гардида буду мехост дар рӯзи якшанбе як каме истироҳат кунад. Вале дур шудани ҷигарбандонашро аз наздаш гӯё ҳис карда бошад, ки баъди аз хона берун шудани онҳо бедор шуд. Бо чашмони нимкушо ҷониби овози сутуни хонадонаш қадам монд. Бо дидани сарҷамъии шавҳару тифлакони дӯстрӯяш шукр гуфту шод шуд. Чор девори хонаро ороёфта ва сари дастурхон ширинии иштиҳоовареро дида, дар ҳайрат афтод. Нигоҳи саволомез ба шавҳараш дӯхт. Сангин гулдастаи дар паси миз пинҳон кардаашро бароварду гуфт:

– Идат муборак, ҳамсафари зиндагиам!

Ёсамин АҲМАДОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь