– Оҳ, мушкилиҳоям беҳисоб-ку! Ин проблемаҳо фақат дар сари ман аст!? Ба болои ин, дастгирии дуруст нест! Дар сари ҳар кор мамониат пайдо шуда меистад. Охир, сари калобаи корамро чӣ хел ёбам? Ба ин сахтиҳо қуввати истодагарӣ дорам, ё не!? Чунин надонамкорию хаёлот ба сари ҳар ҷавоне, ки камбории таҷриба дорад, омадаасту меояд. Омори СҶТ низ нишон медиҳад, ки ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 800 ҳазор ҳолати худкушӣ рӯй медиҳад.

Таърихи 14-уми июни соли равон ба худкушӣ даст задани ҳунарманди 34-солаи Болливуд Сушант Сингҳ Раҷпут дар шабакаҳои иҷтимоӣ сели баҳсу норозигиро барангезонд. Кор ба ҷое расид, ки фаъолони ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои калони Ҳиндустон гирдиҳамоиҳо барпо карданд. Эътирозгарон қазияи худкушии ҳунармандро ба кори ноҳақонаи коргардонҳову продюссерҳои номии филмсозон рабт медоданд. Гӯё онҳо  шартномаҳои ҳамкорӣ бо актёрро лағв карда, аз нақшҳояш маҳрум кунондаанд…

Ин хел ҳодисаҳои монанд дар Тоҷикистон низ кам нестанд. Мутахассисон мегӯянд, ки худкушӣ дар байни калонсолон неву миёни ҷавонони Тоҷикистон бештар аст. Барои чӣ ин хел аст? Назари ҷавонҳоро мепурсем.

– Ҳаёт барои мо як бор дода мешавад. Дар синни наврасӣ ва айни камолот бо зиндагӣ падруд гуфтани мо хатост. Сабабҳои худкушӣ гуногунанд. Ҳолатҳое шудааст, ки ҷавони ошиқ аз дӯстдоштааш ҷавоби рад гирифтаасту худкушӣ кардааст. Ё ҷавондухтарро маҷбуран ба номзади номақбулаш доданӣ мешаванд, ки ӯ ба ин тоб наоварда, худкуширо беҳтар медонад. Пеш аз ҳама, сабаби худкуширо ман дар бемасъулиятӣ мебинам. Чаро мо чораҳои дигарро дида намебароем? Бетоқатӣ ва зудтаслимшавӣ ҷойи нозуки ҳар ҷавон аст,- мегӯяд Умедшоҳи Ҷумахон – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

– Нокофӣ будани донишҳои диниву дунявӣ низ сабаби худкушӣ шуда метавонад. Муноқишаи хонаводагӣ, тангии маишат, бекорӣ низ ҷавононро ба бероҳагӣ, дуздӣ, фоҳишагӣ, одамрабоиву худкушӣ бурда мерасонад. Сӯйистифода аз боварӣ ва шароите, ки волидайн фароҳам карда мондаанд, моро аз роҳ бероҳ мекунад. Чандин бор шоҳид шудаам, ки ҳангоми таҳсил ягон хабарро дақиқона ба волидайни худ бурда намерасонанд. Онҳо фикр мекунанд, ки дигаронро фиреб дода истодаанд, бехабар аз он ки худашонро фанд дода истодаанд. Пас, аз мо чиро метавон интизор шуд!? Ояндаи дурахшони давлату миллатро!?,- хитобан гуфт Фирдавс Умаров – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Бохтар.

Мудири кафедраи психологияи Донишоҳи миллии Тоҷикистон Нодир Амонов гуфт, ки надоштани таҷрибаи ҳаётӣ ва дониши нокифоя боиси худкушии ҷавонон мешавад. Аксари волидайну омӯзгорон, ки аз психологияи навҷавонон огоҳӣ надоранд,- шарҳ дод Нодир Амонов,- ба ҷойи ёрӣ расонидан баръакс зарбаи нави руҳӣ мезананд. Ин зарбаи руҳӣ дар онҳо майли худкуширо бедор мекунад. Барои мисол, ду навҷавон ба ҳам дил мебанданд. Агар дар мактаб муаллимон фаҳманд, ҳардуро дар байни оммаи мактаб шарманда мекунанд. Гӯё тавассути шармандагӣ масъаларо ҳал мекунанд. Онҳо ба муҳаббати навҷавонон ҳамчун ҳодисаи манфӣ баҳо медиҳанд. Ошиқ шудан ҳодисаи табиӣ аст. Дар оила низ волидайн мавқеи якравона гирифта, кӯшиш мекунанд, ки хости худашонро гузаронанд. Барои пешгирии худкушии навҷавонон ҷомеаи мо омода нест. Вақте онҳо намедонанд, ки мушкилоташонро ба кӣ гӯянд, дарди дилашонро бо кӣ ҳисса кунанд… Аз кӣ маслиҳату машварати хуби ҳаётӣ гиранд, то ки масъалаашон ҳал шавад? Ин хел муассисаҳо, ташкилотҳо, нафарони мутасаддӣ дар ҷомеа вуҷуд надоранд. Дар мамлакатҳои пешқадам ин нақшро психологҳо адо мекунанд.

Равоншиноси тоҷик Нодир Амонов нигарон аст, ки дар мактабҳои олии кишвар нақшаи қабули ихтисоси равоншинос хеле кам аст. Ӯ мегӯяд, барои Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор психолог лозим меояд, лекин қариб 400 нафар равоншиноси касбӣ ёфт намешавад.

– Ҳозир бо номи психолог кадрҳои дигар ихтисос кор карда истодаанд. Бояд психолоҳоро зиёд кунем. Дар мактабу донишгоҳ, дар марказҳои саломатӣ психологҳои касбӣ корро ҷоннок кунанд, насли наву калонсол имкони муроҷиат карданро пайдо мекунанд. Баъд аз ин натиҷаҳои мусбатро хоҳем дид,- хушбоварона афзуд Нодир Амонов.

– Ҳодисаи худкуширо пешгирӣ намудан мумкин аст,- мегӯяд мудри кафедраи сотсиологияи ДМТ Фирӯз Миров,- дар робита ба ин масъала чунин тавсияҳо ва пешниҳодҳо айни муддаост:

– Барои чораҳои муассир андешидан дар самти пешгирии худкушӣ дар Тоҷикистон нахуст бояд ба омори расмӣ ва воқеии шумораи ҳодисаи худкушӣ таваҷҷуҳ дода шавад, зеро баъзе аз ҳодисаҳои худкушӣ ба омори расмӣ роҳ намеёбанд. То омори дақиқ ва пурраи ин падидаи иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, тадбирҳои андешидашуда натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд.

– Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили маълумот дар минтақаҳое, ки алоқаҳои анъанавӣ миёни волидону фарзандон ва аъзои дигари оила мустаҳкам ҳастанд, шумораи худкушӣ камтар дида мешавад. Махсусан, наврасону ҷавонон, ки ҳоло таҷрибаи ҳалли мушкилиҳои зиндагиро надоранд ва давраи гузариши ҳаётии худро аз сар мегузаронанд, бояд зери таваҷҷуҳи волидон ва дигар аъзои оила қарор гиранд. Мо бояд наврасону ҷавононро бо олами хаёлиашон бо баҳонаи серкор будан ва вақт надоштан танҳо нагузорем. Ба онҳо имконият диҳем, ки озодона дар бораи мушкилиҳояшон бо мо суҳбат намоянд. Ҳар падару модар барои аз ҳолу аҳволи фарзандонашон доимо хабардор шудан бояд вақт ҷудо намоянд ва ба фарзандонашон арзиши ҳаёт, муваққатӣ ва гузаранда будани мушкилиҳои зиндагиро фаҳмонанд.

– Агар дар ҷавоне нишонаҳои майли худкушӣ ошкор карда шавад, бояд аз тарафи атрофиён ва махсусан аъзои оила пинҳонию ошкоро ҳар як рафтору амалаш зери назорати ҷиддӣ қарор гирад.

– Кумаки психологӣ барои пешгирии худкушии ҷавонон мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маданияти муроҷиат барои кумаки равоншинос қариб шакл нагирифтааст ва аз хизмати онҳо қариб истифода намебаранд. Рисолати психологҳоро дар Тоҷикистон ба таври ғайрипрофессионалӣ, ғайриилмӣ ва хурофотӣ ба ном муллою фолбинҳо ва дигар авомфиребону қаллобон иҷро менамоянд. Вақти он расидааст, ки тавассути ВАО манфиат ва аҳамиятнок будани ташхисҳо ва кумакҳои психологӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шавад.

– Барои пешгирии паҳншавии ҳодисаи худкушӣ бояд тавассути ВАО, руҳониён, шахсони бонуфузи ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва машваратӣ тақвият дода шаванд.

«Зиндагӣ бозиест, ки ҳаргиз инсон наметавонад аз он ғолиб барояд»,- гуфтааст нависанда Ҷек Лондон. Аз ин бармеояд, ки ҳар шикасту машаққат боиси дил кандан аз ин дунё шуда наметавонад. Нобарорӣ ва нокомиро метавон зинае номид, ки вақти умедворона қадам задан ҳар қавииродаро ба ҳаёти зебо бурда мерасонад.

Файзуллохон ОБИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь