Чанд сол қабл ҳангоми таътили тобистона аз Душанбе ба деҳа омадам. Дар хонаи падарӣ гирди дастурхони оростаи модарам ногаҳон чашмам ба гурбаи сиёҳе афтод, ки баҳузур рӯи кӯрпаҳо пой дароз карда мехобиду аз дидани он, кас ба воҳима меафтод. Воқеан ин гурба як ранги сиёҳи ғайримуқаррарӣ дошт. Баробари чашмам ба ин гурба афтодан ба дилам ваҳм афтоду гурбаро аз хона ба берун рондам. Модарам бо дидани ин ҳолат маро сарзаниш карду гуфт, ки ба гурба беҳтараш кор нагирам. Чун аз мушҳо ба дод омадаасту танҳо ҳамин гурба аст, ки мушкилоти ӯро ҳал намудааст.

-Хуб, бигзор бошад, аммо чаро гурбаи сиёҳ? Магар дигар гурба ёфт нашуд? Пурсидам аз модарам.

-Не, ёфт нашуд, ҳарчанд суроғ кардам дар ин гирду атроф нест. Танҳо ҳаминро аз хурдиаш ёфта калон кардам. Агар гурбаро аз хурдиаш ёфта калон накунӣ, ӯ дар хона намеистад ва аз мушҳо ба дод меоӣ, илова кард модарам.

Рӯи хотири модарам дигар ба гурба кор нагирифтам. Модарам ҳангоми хӯрокхӯрӣ нахуст ҳаққи гурбаро дар зарфи хурдакаке дар гӯшаи ҳавлӣ мегузошт ва гурба низ замоне, ки хӯрокро оварда рӯи дастурхон мегузоштанд, аз ҷояш рост мешуд ва ба макони худ мешитофт. Дигар аксар вақт ҷояш канори модарам буд.

Ман то чанд муддат дидани ин гурбаро хуш надоштам. Вақте ки модарам дар хона набошад, ҳатман гурбаро аз хона мерондам. Танҳо дидани афти сиёҳи ин гурба ба ман маъқул набуд. Гурбаи рамузфаҳм низ ин одати маро пай бурда буд. Замоне ки модарам паи коре ба саҳни ҳавлӣ барояд, гурба низ ӯро пайравӣ мекард ва то баргаштани модар ё саҳни ҳавлӣ мегашт ё ба сӯи амборхона мешитофту муш шикор мекард.

Баъдтар як одати дигари ин гурба маро ба ҳайрат гузошт. Тавре модарам нақл кард ва баъдан худам низ шоҳиди он шудам, ин гурба агар чашмаш ба муше меафтод ӯро бо як ҷаҳиш дастгир мекарду хафа карда мекушт, аммо мушро намехӯрд. Ӯ муши доштаашро ба даҳон гирифта то канори замини ҳавлӣ кашолакунон меоварду онро ба гӯшае мепартофт.

Баъдтар ҳодисаи дигаре рух доду муносибати маро бо ин гурба тамоман дигар кард ва гурбаи сиёҳ бо ман низ дӯст шуда монд.

Рӯзе пеш аз хӯроки чошт замини ҳавлиро об мемондам, ки садои пасти модарам ба гӯшам расид. Модарам оҳиста маро ба назди худаш хонд ва бо ишора фаҳмонд, ки мори калони сиёҳе даруни ҷӯякҳои картошка хазида омадаасту он ҷо қарор дорад.

-Як белро ба дастат гиру оҳиста бирав ва он морро бикуш, ки агар бачаҳову дигар аҳли хонавода бифаҳманд, ки ин ҷо мор доштааст, дигар аз тарс ба ин сӯ қадам намемонанд.

Шояд модарам намедонист, ки ман низ ранги аҷал аз мор тарс дорам, вале сирро бой надода худамро аввал ба кофтани бел андармон карда, дер боз ин сӯю он сӯ ба кофтани бел машғул шудам. Ин амали ман ба он хотир буд, ки шояд то ин замон мор аз ҳавлӣ берун шаваду ба кӯча равад, то тарси ман барои аҳли оила ошкор нашавад.

Вале модарам маро сарзаниш карда ишора кард, ки ба сӯи мор биравам ва ин корро ба анҷом расонам. Маълум шуд, ки модарам аллакай белро бурда дар он макон барои ман омода карда монда будааст.

Ноилоҷ дигар баҳонае наёфта, белро ба даст гирифта, ба сӯи мор равон шудам, вале чун чашмам ба ҷуссаи калонаш афтод, аз тарс дастонам ба ларза даромад ва ду се қадам ба қафо монда дар фикри он будам, ки чӣ кор карда худро аз ин вазъият халос кунам.

-Зуд бош, ҳамин ҳоло кӯдакон меоянду аҷаб не аз мор битарсанд. Садои модар маро ба худ оварда бошад ҳам, тарс кори худро мекард. Боз як қадами дигар ба сӯи мор гузошта бо санге ба сари мор задам. Аммо аз зарбаи санг мор он қадар ҷароҳат набардошту баръакси кор рӯй ба самти ман гардонда тақрибан як метр ба самти ман хазида омад.

“Кора бало зад” аз дил гузаронидам ман ва дар фикри он будам, ки чӣ гуна номаълум ба мор наздик шуда ба ӯ зарба занам. Аммо ба кадом самте наравам мор рӯй ба он сӯ мекард.

Ин замон гурбаи сиёҳ дар назди ман пайдо шуду “мияв” гӯён садо баровард.

-Гум шав аз ин ҷо, танҳо ту намерасидӣ! Аз дастат кӯмаке кардан наояд, номаъқул мекунӣ ин ҷо? Бе ин ҳам ҳозир ҳама дарк хоҳанд кард, ки ман аз мор метарсам.

Гурбаи сиёҳ боз “мияв” гӯён садо карду гӯё, ки сухани маро фаҳмида бошад як нигоҳе сӯи ман афканд, сипас оҳиста-оҳиста вале бовиқор роҳ сӯи мор пеш гирифт.

Ман аз дидани ин ҳол дар тааҷҷуб афтода, фикр кардам, ки ҳамин ҳоло гурбаи сиёҳ тӯъмаи мори сиёҳ хоҳад гашт.

Мор низ омодаи зарба задан шуда, сар боло кард, вале гурба бо як ҷаҳиш аз болои мор парида сӯи дигар гузашт. Ин ҳангом ҳолате рух дод, ки маро бештар ба тааҷҷуб афканд. Гурба замоне, ки аз болои мор ба сӯи дигар мепарид, бо чанголи худ дудаста ду зарба ба чашми мор зад ва замоне, ки мор низ мехост гурбаро зарба занад, гурба аллакай дар самти дигар қарор дошт. Ҳамин тавр ду маротибаи дигар гурба аз ин сӯ ба самти дигар парид ва ҳангоми ҷаҳиш ҳатман бо чанголаш ба чашми мор зарба мезад. Ба фикрам дигар чашмони мор кӯр шуда буданд, ки зарбаҳои мор ба ҳаво мерафт ва гурба дигар аз ӯ тарс надошту бо даме нафас рост кардан як-ду зарбаи иловагӣ ба рӯи мор заду сӯи ман бори дигар “мияв” гуфта, оҳиста-оҳиста  аз даруни ҷӯяҳо берун омад ва рӯи замини аз офтоб тафсида дароз кашида, чашмонашро нимроғ карда, ҳамоно ба сӯи ман нигоҳ мекард.

Мор даруни ҷӯяҳо ба худ мепечид, мепечиду меғелид ва паст-паст фашшос мезад.

Баъди он, ки боварӣ ҳосил кардам, чашмони мор дигар намебинад, ман низ баҳодурона белро сари китф гирифтам ва нотарсона даруни ҷӯяҳо рафта бо ду зарба сари морро аз танаш ҷудо карда, ҷасадашро ба кӯча бароварда, ба партовгоҳ партофтам. Ҳамсояҳо бо дидани ин мор ба “нотарс”-ии ман аҳсант мехонданд, ки чигуна ин мори бадҳайбатеро куштааст ва модарам низ аз кори ман қаноатманд буд.

Ман баробари ба хона баргаштан гӯшти калони даруни косаи шӯрборо аз чашми дигарон пинҳон ба берун бароварда, пеши гурба гузоштам ва сарашро сила намуда “бихӯр, ош шавад ҳаққи ҳалоли туст!” гӯён ба хона баргаштам.

Дигар муддати як моҳ гӯшти косаамро номаълум пеши гурбаи сиёҳ мегузоштам ва сари ӯро сила мекардам. Гурбаи сиёҳ низ бо ман дигар унс гирифта буд, вақти хӯрокхӯрӣ дигар аз ман намеҳаросид ва беибо меомаду рӯи кӯрпа канори ман дароз мекашид.

Модарам аз ин рафтори ман ҳайрон шуда монд ва билохира пурсид, ки чаро муносибати ман бо гурба дигар шудааст:

-Рузҳои аввали омаданат ӯро чашми дидан надоштӣ, аммо ҳоло нигоҳ мекунам гӯшти пешат гузоштаро бештарашро пеши гурба мегузорӣ, чаро чунин шуд?

– Модарҷон, хавотир нашавед, ман мушоҳида кардам, воқеан ин гурба гурбаи хуб будааст, ош шавад, посух додам ман.

Ҳарчанд дигарон аз асли воқеа бехабар буданд, аммо модарам аз он воқеа хабардор шуд, вале ба дигарон чизе нагуфт. Танҳо замоне, ки ман гурбаи сиёҳро навозиш мекардам модарам як табассуми маънидоре мекарду халос.

Нурмуҳаммад РАҲИМӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь