Сафорати ИМА дар Душанбе бо ифтихор аз хатми бомуваффақияти барномаи English Access Microscholarship 2022-2024 аз ҷониби хонандагон дар шаҳрҳои Душанбе, Ғарм, Хоруғ, Панҷакент, Қубодиён ва Ваҳдат эълон мекунад.

Ин барномаи стипендияи ҷаҳонии дусола, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дастгирӣ мешавад, хонандагони боистеъдоди синни аз 14 то 17-солаи мактабҳои Тоҷикистонро бо малакаҳои забони англисӣ, малакаҳои муоширати муассир ва қобилияти тафаккури интиқодӣ муҷаҳҳаз мекунад. Ин малакаҳо ба имкониятҳои беҳтари шуғл ва иштирок дар барномаҳои мубодилаи оянда дар Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунанд. Бисёре аз хатмкунандагони барномаи Access дар барномаҳои бонуфузе, аз қабили Мубодилаи пешвоёни оянда (FLEX), Омӯзиши муассисаҳои Иёлоти Муттаҳида (SUSI) барои донишҷӯёни дорои қобилиятҳои роҳбарӣ, Барномаи стипендияи магистрии Фулбрайт ва Барномаи глобалии UGRAD иштирок намуда, муваффақияти барномаро тасдиқ мекунанд.

Дар маросими пӯшидашавӣ дар Ваҳдат сафири ИМА Мануэл Микаллер иштироккунандагонро табрик гуфта, дастовардҳои онҳо ва нақши барномаро дар пешбурди мубодилаи фарҳангӣ ва дӯстии мустаҳкам байни ҷавонони тоҷику афғон қайд намуд. Сафир Микаллер гуфт: “Сафорати ИМА аз дастовардҳои шумо ва ӯҳдадориҳои шумо барои аз худ кардани забони англисӣ бениҳоят ифтихор мекунад”. Сафир инчунин ба волидайн ва муаллимоне, ки дастгирӣ ва фидокории онҳо ба муваффақияти барнома мусоидат намуд, изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь