Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардид, ки он барои ҳаводорони фарҳанги халқи рус як воқеаи муҳим дониста мешавад. Бояд гуфт, Рӯзҳои синамои Русия бори аввал соли 2023 дар доираи нахустин Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор гардида буд. Дар он панҷ филм дар жанрҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд.
Рӯзҳои синамои Русия
Имсол синамоҷашнвораи байналмилалӣ бори дувум баргузор мегардад, ки дар доираи он Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардид. Ин дафъа се филми нав дар жанри мазҳака пешкаши тамошобинон гардид: “Мазҳакаи фарҳангӣ”-и коргардон Владимир Котт, драмаи мусиқавии “Ман як қадам мегузорам”-и коргардон Олга Акатиева, ки дар бораи муаллими ҷавони гирифтори дислексия филмбардорӣ шудааст ва филми “Рафта”-и коргардон Антон Маслов. Зимнан, ин филмҳо тамошобинонро дар баробари ба андеша бурдан ҳамчунин, бо шаҳрҳои Русияи бузург шинос кард. Масалан, филми “Рафта” дар 170 макони ҳашт минтақаи Русия наворбардорӣ шудааст.
Тавре сардори департаменти кинематография ва рушди рақамии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия Дмитрий Давиденко қайд намуд, филмҳои намоишдодашуда яке аз беҳтарин эҷодиёти синамои Русия буда, на танҳо дорои ғояи фароғатӣ, балки ифодакунандаи арзишҳои анъанавӣ низ мебошанд.
Рӯзҳои синамои Русия ин яке аз иқдомҳои бузурги ҳамкории “Роскино” ва “Тоҷикфилм” мебошад, ки як сол пеш ба тасвиб расида буд. Созишномаҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи синамо ва инчунин, намоиши филмҳои тоҷикиро дар фестивалҳои синамои Русия пешбинӣ мекунанд. Имрӯзҳо филмсозони Русия ва Тоҷикистон якҷо барои таҳияи драмаи «Хомӯшӣ дар кӯҳистон» кор карда, бо ҳамкасбони эронии худ лоиҳаи филми «Моҳӣ дар қалмоқ»-ро низ омода мекунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамчун яке аз маконҳо барои наворбардории нахустин филми миқёсӣ аз рӯи достони «Василий Теркин» интихоб шудааст. Тоҷикистон ва Русия тавассути муассисаҳои фарҳангӣ низ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла чорабиниҳои муштарак баргузор мекунанд ва кадрҳои баландихтисос омода карда, ба такмили ихтисоси онҳо машғул мешаванд.
Синамо яке аз самтҳои маъмултарин барои мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ мебошад. Дар доираи табодули фарҳангии кишварҳо боз кадом ташаббусҳо амалӣ карда мешаванд?
Робитаҳои фарҳангӣ
Макони ҳақиқии фарҳанг ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия театр мебошад, ки моҳиятан чанд намуди санъат, аз ҷумла адабиёт, хореография, вокал, мусиқӣ, рассомӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Тамошобинони тоҷик имконият доранд, ки бо тамошои спектаклҳои гуногуни коргардонҳои рус, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва ду театри русӣ – Театри давлатии драмавии русӣ ба номи В. Маяковский ва Театри давлатии мусиқӣ-драмавии русии ба номи А.С. Пушкин намоиш дода мешаванд, аз фарҳанги классикии халқи рус баҳраманд бошанд.
Театри ба номи Маяковский яке аз қадимтарин ва маъруфтарин театрҳои Тоҷикистон, Лауреати ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Дар як мавсими театрӣ дар он чор-панҷ спектакл намоиш дода шуда ва толор ҳамеша пур аз тамошобин аст. Дастаи ҳунарии театр на танҳо дар саросари Тоҷикистон, балки ба хориҷи кишвар низ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳад — чанде пеш театри ба номи Маяковский бо спектаклҳои «Базм дар давраи вабо» аз рӯи асари Пушкин ва «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» ба шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Русия сафар кард.
Соли гузашта ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки барои сохтмони бинои нави театри Маяковский 3,5 миллиард рубл ихтисос диҳад. Сохтмони бинои театр дар охири соли 2024 – ибтидои соли 2025 оғоз меёбад. Театр барои 500 тамошобин пешбинӣ шуда, ба мисли театри воқеъ дар Набережние Челнии Ҷумҳурии худмухтори Тотористони ки яке аз муосиртарин театрҳои Русия ба ҳисоб меравад, муҷаҳҳаз карда мешавад.
Вақте дар бораи фарҳанги халқи рус ҳарф мезанем, шояд аввалин чизе, ки ба зеҳн ояд, ин эҷодиёти Александр Сергеевич Пушкин – падари адабиёти рус аст. Асарҳои ин классики русро дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ дӯст медоранд. Дар шаҳри Душанбе кӯчаи Пушкин ҳаст, нимпайкараи ӯ дар паҳлӯи Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон – яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои кишвар гузошта шудааст ва хониши ашъори ӯ дар рӯзҳои поси хотираш ба як анъанаи дерина табдил ёфтааст. Моҳи июни соли ҷорӣ чорабиниҳо бахшида ба 225-солагии рӯзи таваллуди А. Пушкин баргузор гардиданд. Дар доираи рӯзҳои Пушкин дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон чорабиниҳо, аз қабили хониши асарҳо, озмунҳои эҷодӣ, викторинаҳои таълимӣ ва дар охир “Балли Пушкин” баргузор гардиданд.
Асоси чунин таваҷҷӯҳ ба фарҳанги халқи рус шояд шавқу ҳавас ба забони русӣ бошад, ки махсусан дар солҳои охир афзудааст. Сабаби ин комилан маълум аст: байни Тоҷикистону Русия равобити иқтисодӣ фаъолона рушд карда, ҳамкориҳои муассир дар соҳаи маориф мушоҳида карда мешавад, ки ин ба афзудани майлу хоҳиши шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайвастан ба фазои Русия мусоидат мекунад. Ва, албатта, муҳим он аст, ки забони русӣ барои ҷавонони тоҷик як раҳнамо ба сӯйи фазои бузурги иттилоотӣ, аз ҷумла ба адабиёти илмию бадеӣ, филмҳо ва муҳтавои дигар бошад.
“Аксари донишҷӯён мегӯянд, ки асосан ба филмҳо ва адабиёти илмии русӣ таваҷҷуҳ доранд, зеро донистани забони русӣ ба сӯйи арзишҳои ҷаҳонӣ роҳ мекушояд ва имкон медиҳад, ки ба манбаи васеи онҳо дастрасӣ пайдо карда, бо таҳқиқотҳо ва фарҳанги миллатҳои дигар шинос шаванд”, – мегӯяд директори Институти илмию тадқиқотии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Олга Ладигина.
Ҳатто худи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муҳим будани омӯзиши забони русиро дар ҳама сатҳҳо қайд намуда, ба фароҳам овардани шароит барои татбиқи барномаҳои таълимӣ аз фанни забон ва адабиёти рус таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ба андешаи Олга Ладигина, мақоми байналмилалиро касб кардани забони русӣ дар Конститутсияи Тоҷикистон бори дигар аз аҳамияти он дар ҷумҳурии мо гувоҳӣ медиҳад.
Мубодилаи ҳамаҷонибаи фарҳангӣ
Ҳамчунин, дар бораи Медиафоруми «Муколамаи фарҳангҳо», ки барои ҳамкории фарҳангӣ як имконият мебошад, сухан гуфтан муҳим аст. Тӯли 17 сол аст, ки намояндагони соҳаҳои эҷодии беш аз 30 кишвари ҷаҳон бо мақсади муаррифии лоиҳаҳои худ, табодули таҷриба ва анҷом додани рисолати муҳимтарин – таҳкими робитаҳои башардӯстона байни халқҳоямон дар доираи ин лоиҳа ҷамъ меоянд. Моҳи майи соли ҷорӣ сармуҳаррири радиои Садои Душанбе Ирина Умарова Тоҷикистонро дар Форуми XVIII-и байналмилалии ВАО «Муколамаи фарҳангҳо» намояндагӣ карда, барои саҳми арзандааш дар таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Русия ва Тоҷикистон бо ҷоиза мукофотонида шуд.
Табиист, ки табодули фарҳангӣ ҳамзамон равандҳои баръаксро низ пешбинӣ мекунад, яъне шиносоии русҳо бо фарҳанги тоҷиконро. Бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ҳанӯз соли 2005 баргузор гардида буд ва маросими ифтитоҳро шахсан Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин гузарониданд.
“Халқҳои мо дорои фарҳанги бой буда, намояндагони он шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Аз қаъри асрҳо онҳо чун нури ситораҳои осмон роҳи моро мунаввар сохта, моро ба идома додани корнамоиҳои Исмоили Сомонӣ ва Пётри Бузург, кашфиётҳои бузурги илмии Ибни Сино ва Михаил Ломоносов, ашъори абадзиндаи Рудакию Пушкин, мусаввараҳои Беҳзод ва Репин, эҷодиёти Айнӣ, Шолохов, Бобоҷон Ғафуров, Евгений Павловский ва бисёр дигарон, ки шаъну ифтихори халқҳои мо мебошанд, рӯҳбаланд мекунанд. Мо ворисони дӯстии бузургу вайроннашавандаи падарону бобоёнамон ҳастем ва бояд аз ин дӯстӣ на танҳо фахр кунем, балки онро ба нафъи халқҳоямон афзун намоем ва таҳким бахшем», – қайд карда буд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Русия дар баробари ин ҳарфҳо чунин таъкид кард: “Маълум аст, ки дар равобити кишварҳо ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аҳамияти назаррас доранд. Вале худи моҳияти муносибатҳо, мазмуни муассир ва тамоюли ояндадори он ҷиҳати башардӯстонаи хамкории моро муайян мекунад. Тавассути шиносоӣ бо фарҳанги кишвари шарик, мо ба ҳамдигар наздиктар мешавем ва аз ҳама муҳимаш, робитаҳои худро аз эътимод пур мекунем, ки бидуни он на дар иқтисодиёт ва на дар сиёсат пеш рафтан ғайриимкон аст”.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия пайваста баргузор гашта ва дар он таърих, таомҳо ва мусиқии мардуми тоҷик намоиш дода мешавад. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар баробари шаҳри Масква дар минтақаҳои гуногуни Русия баргузор мегарданд: масалан, моҳи сентябри соли 2024 чунин чорабинӣ дар вилояти Владимир баргузор гардида буд.
Воқеан мардумони кишварҳо ба фарҳанги ҳамдигар таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рӯ, чаро онро бояд дастгирӣ кард? Ба андешаи коршинос Олга Ладигина, кӯшиши дарк кардани вижагиҳои фарҳанги бегона ба инкишоф додани маҳорати гуфтугӯ ва қобилияти дарккунии ҷавонон мусоидат мекунад. Ҳатто фарҳангҳои комилан гуногун дорои асоси умумӣ мебошанд. Донишҷӯёни тоҷик ва рус дар чунин чорабиниҳои муштарак иштирок карда, дарк мекунанд, ки халқҳои мо хусусиятҳои умумии зиёд доранд: Ман боварӣ дорам, ки маҳз тавассути фарҳанг байни кишварҳо робитаҳои дӯстона барқарор карда мешаванд. Фарҳанг, бар хилофи сиёсат, ихтилофу зиддият надорад: тавассути фарҳанг мо арзишҳоро мубодила мекунем ва якдигарро хубтар мешиносем. Яъне фарҳанг барои бартараф кардани зиддиятҳо ва ҳалли низоҳо заминае фароҳам меорад”.
Матлубаи Қ.