Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар тақрибан 150 000 нафар бо маълулӣ зиндагӣ мекунанд, ки 1,7% аз аҳолиро ташкил медиҳанд. Воридкунии функсияҳои махсус ба барномаи «Максим» таҷрибаи истифодабарандагиро барои одамон нуқси босира, шунавоӣ ва фаъолнокии ҳаракат беҳтар мекунад. Ин боз як қадами ширкат дар роҳи офаридани хизматрасонии инклюзивии ҷавобгӯ ба талаботи ҳамаи истифодабарандагон аст.

Барои одамон бо вайроншавии босира барномаи «Максим» пурра бо технологияҳои хондани овозии ба системаҳои оператсионии iOS и Android воридкардашуда мутобиқ аст. Бо фаъол кардани функсияи дастрасии универсалӣ ва фаъолкунии имконияти махсус дар танзимоти смартфон, истифодабарандагон хонда шудани ҳамаи ҷузъҳои интерфейро шунавида метавонанд. Ин ба шахсони қувваи босираашон суст барои пайгирӣ кардани сафар бо ёрии паёмҳои овозӣ, бо ҷиддан беҳтар кардани ҷараёни навигатсия ва муносибати байниҳамдигарӣ бо барнома имкон медиҳад.

Ба истифодабарандагон бо вайроншавии шунавоӣ ва нутқ барнома имконияти муоширати матнӣ тавассути чати дохиро пешниҳод мекунад. Ҳамин тариқа ба ронанда ва дастгирӣ барои саҳеҳкунии тафсилоти сафар паём фиристодан, инчунин бидуни фош кардани рақамҳои телефони худ эзоҳ гузоштан мумкин аст. Ин махфият ва ҳаловатро ҳангоми истифодабарии хадамот таъмин мекунад. Тамоми иттилоот дар бораи сафар, аз он ҷумла, тафсилот дар бораи ронанда ва автомобил дар экран инъикос мегардад, ки барои радкунии зангҳои телефонӣ имкон медиҳад.

Барои истифодабарандагон бо имконияти маҳдуд опсияҳои иловагӣ мавҷуданд. Мизоҷон барои пешниҳоди мошин ҷойи саҳеҳро нишон дода метавонанд, ки барои кӯтоҳкунии масофае, ки то мошин расидан лозим аст, имкон медиҳад. Инчунин функсияи ёрии ронанда пешбинӣ гардидааст — агар лозим бошад, ронанда барои боркунии аробачаи маъюбӣ, асоҳо ё ки таҷҳизоти махсус, инчунин ҳангоми нишастан ба автомобил ёрӣ дода метавонад.

«Максим» барои опсияҳои ба одамон бо хусусиятҳои саломатӣ зарурбуда музд намегирад. Мусофирон бо нуқси босира бо ҳамроҳии саги ҳамроҳикунанда бе иловапулӣ барои сафар бо ҳайвонот сафар карда метавонанд. Одамон бо маҳдудияти ҳаракат воситаҳо барои ҳаракатро бе пардохти иловагӣ барои бағоҷ мекашонанд.

– Ҳар рӯз одамон бо вежагиҳои саломатӣ даъватҳои ҳаётиро қабул мекунанд. Хадамоти «Максим» барои осонтар кардани вазифаҳои ҳаррӯзаи одамон бо имконияти маҳдуд кӯшиш мекунад. Ин чораҳо сафарҳоро барои ҳамаи тоифаҳои мусофирон дастрастар ва осон мекунанд, — тасдиқ мекунад роҳбари хадамоти «Максим» дар Тоҷикистон Суҳроб Ниёзов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь