Рӯзе аз донишгоҳ барвақттар ҷавоб шудаму хостам каме дар маркази шаҳр чарх зада, баъд ба хона равам. Қадамзанон дар бораи худ, оила, донишгоҳ, ҷойи кори оянда, орзуҳо ва ҳадафҳоям фикр мекардам.
Аз донишгоҳ то ҷойи нақлиёти шаҳрамон тақрибан 2 соат роҳ омадам. Гурусна будам. Каме аз роҳравӣ ҳам монда шудам ва хостам, ки дар хараке нишинаму баъди чанд дақиқа роҳамро идома диҳам. Дар ҷайбам 3 сомонӣ доштам. Нақша кашидам, ки аз мағозае бо як сомониаш нон харам ва бо ду сомонӣ бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба хона равам. Дар асл, роҳкирои он нақлиёт се сомонӣ буд ва шахсоне, ки ду сомонӣ медиҳанд, бояд рост истода раванд. Роҳ то хона тақрибан 30 дақиқа буд. Баъди кашидани нақшаҳо, хостам онҳоро амалӣ намоям, ки ногоҳ кӯдаке наздам омаду гуфт: “Агар Худоро дӯст бидорӣ, як сомонӣ бидеҳ”. Ман ба пулҳои дасти худ нигоҳ кардаму фикр карда, роҳамро давом додам. Агар як сомонӣ ба ин лӯлӣ-бача диҳам, худам гурусна мемонам ва шояд то хона аз ҳуш равам.
– Худо ба ту чунин телефони зебо додааст, шукр кун, ки мактаб мехонӣ,- давом дод писарак.
Ман ба қафо нигоҳ карда, наздаш омадам ва гуфтам:
– Як сомониамро гирифта, чӣ кор мекунӣ?
– Нон мехарам, гуруснаам,- ҷавоб дод вай.
– Майлаш, рафтем, ман ба ту аз мағоза нон мехарам,- гуфтам ман.
– Пулашро деҳ, ман худам харида метавонам,- бо қаҳр посух дод.
“Майлаш” гуфта, бо дили нохоҳам як сомонӣ бароварда ба писарак додам. Писарак ду кафи даст бардошту “Омин Облоҳу Акбар” гуфта, давид. Хостам донам, ки ӯ ба куҷо меравад ва аз пасаш таъқиб кардам. Лӯлӣ-бача давида даруни хонае даромад, ки тамоман ба мағоза монанд набуд. Ба дарун даромадан хостам. Аз дарун овози чанд кӯдаки дигар ҳам шунида мешуд. “Ман имрӯз 13 сомонӣ ҷамъ кардам, бояд ба ман қалами ранга харед. Очаҷон, ба ман дигархел албому ба Малика дигар хел албом харед, ки ҷанг нашавем боз. Очаҷон, ба ман як шими дигар харед, чунки шими ҳамсоядодагӣ ба ман маъқул нест, рангаш рафтааст”,- овози кӯдаконе баланд мебаромад.
Ман ҳайрон шудам ва бароям ҷолибтар шуд, ки инҷо куҷост. Шояд инҷо хонаи онҳост ва барои пули либосҳову лавозимоти мактабиашон худашон кор мекунанд. Охир, хона таъмири хуб дорад, зиндагӣ карда мешавад-ку! Чӣ хел ин хел шуд?
Ба хона кам-кам наздик шудам ва дарашро задам.
– Кист?,- овози зане баромад.
Якчанд сония хомӯш шудам ва гуфтам:
– Ман ҳамсоя, каме кор дорам, даратонро мекушоед?
– Ҳамсоя? Чӣ хел ҳамсоя? Кадом?,- гуфта, наздик шуда, дарро кушод ва маро дида ҳайрон шуд.
– Бубахшед, писараке аз ман як сомонӣ барои нон гирифту ҳамин тараф омад. Хостам ӯро таъқиб кунаму аз пасаш омадам. Аммо инҷо даромад. Инҷо хонаи онҳост?,- пурсидам ман.
– Бале, писари ман аст. Ҳоло мегӯям, як сомониатонро бармегардонад,- узр пурсида, сарашро хам кард.
– На, ман барои пул не. Ман 10 дақиқа шуд ҳаминҷо истодам. Бубахшед, ки суханҳои фарзандонатонро шунидам. Онҳо аз роҳгузарон пул мепурсанд, чанд соат дар берун мегарданд, ин барои пули либосу мактаб аст?
– Бале, падарашон маъюб аст. Нафақа мегирад, вале пули нафақа танҳо ба хӯрока мерасад, тамом. Шавҳарам маро кор карданӣ намемонанд, барои ҳамин 5 фарзандам ҳар сол барои харидани либосу дигар чизҳояшон гадоӣ карда, пул ҷамъ мекунанд,- ҷавоб дод модар бо ғамгинӣ.
– Фаҳмо, ман он қадар пулдор нестам, аммо бо дӯстонам якҷо шуда ба фарзандони шумо ҳама лавозимоти мактабиро харида меорем, вале нагузоред, ки писаронатон кор кунанд,- давом додам.
– Худо дар паноҳаш нигаҳбон бошад, додарам. Хеле миннатдор мешавам,- гуфт модар.
Аз онҷо баромадам ва дар нақлиёт нишастаму назди дӯстам, ки мағоза дошт, рафтам. Ба дӯстам вазъиятро фаҳмонидам ва боз чанд ҳамкурсамонро занг зада, ҳодисаро нақл кардем. Бояд пагоҳ ҳама бо худ пули ночизе овардаву ба хабаргирии он оила равем.
Пагоҳ саҳар ҳама дар донишгоҳ ҷамъ шудем. Бо сардории худам пулҳоро ҷамъ кардему хостем аз устод ҷавоб гирифта, хонаи кӯдакон равем. Ба устод низ вазъиятро гуфтему устод ва устодони дигар низ ба мо кумак карданд. Аллакай пуламон ба 5 кӯдак мерасид. Ман, Некрӯз, Сафо ва Ноз ба хонаи онҳо рафтем. Дигар ҳамкурсон бо мо наомаданд, гуфтанд, ки ҳамакаса рафтан хуб нест ва аз номашон салом расонем.
Мо, 4 нафар ба хонаи онҳо роҳ пеш гирифтем. Аз онҷо кӯдакон – Малика, Ҷаҳоноро, Шаҳзод, Бузургмеҳр ва Комронро бо худ гирифтем ва хостем, ки ба бозор бурда, ба онҳо лавозимоту либосҳои мактабӣ харем. Модари кӯдакон ба мо гуфт, ки ба Шаҳзод либосҳои мактабӣ ва лавозимот лозим не. Ӯ ҳоло мактаб намеравад.
– Чӣ хел ба мактаб намеравад, чанд сол дорад?,- пурсон шуд Нози ҳамкурсам.
– 7-сола аст, аммо шаҳодатномаи таваллуд надорад, барои ҳамин ба мактаб қабулаш накарданд,- бо каме ашк ҷавоб дод модари кӯдакон.
– Не, ба ман ҳам харед, ман мактаб рафтан мехоҳам,- гуфт Шаҳзод бо зорӣ.
– Ҳеҷ гап не, шаҳодатнома ҳам мегирем. Биё ҳоло рафта либосҳоятро гирем ва баъд аз паси шаҳодатнома мешавем.
– Ман кумак карда метавонам. Дар Вазорати адлия амакам кор мекунад, аз он кас пурсон мешавем, ҳал мекунанд,- илова намуд Сафо бо боварӣ.
– Ана тамом, кор ҳал шуд. Пеш дароед, меравем,- хурсандона ҷавоб додам ман.
Аз бозор барои ҳамаи кӯдакон либосу пойафзол, дафтару қалам, куртаву кофта харидем ва бо пули боқимонда шикамҳояшонро сер карда, ба тарафи хона роҳ пеш гирифтем. Кӯдакон аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Дар бораи чизҳои худ ба ҳамдигар таъриф мекарданд. “Дафтари ман мисли дафтари филми тасвирии Маша аст. Дар албоми ман сурати мошини зеботарини ҷаҳон кашида шудааст”. Ва иқрор шудани моро мехостанд. Калонии онҳо Малика буд. Ба синфи 7-ум қадам монда буд. Аз дигаронаш фарқ мекард. Баъди чанд дақиқаи хомӯшӣ бо рехтани ашки чашм, ба мо гуфт:
– Акаҷонҳо, апаҷон, мо аз шумо розием. Раҳмат, ки ин қадар чизҳои зебову гаронро барои мо харидед. Мо аз шумо хеле миннатдорем, ҳеҷ гоҳ ин некиятонро фаромӯш намекунем ва доим дӯстатон медорем.
– Бале, чизҳои харидаамон гарон буданд, вале на ба андозаи саломатӣ ва ашки чашми шумо. Шумо ҳам ҳуқуқ ба таҳсил ва истироҳат доред. Аммо маҷбур нестед, ки рафта кор кунед. Фаромӯш накунед, мо ҳар моҳ ба шумо кумак мекунем, аммо бояд қавл диҳед, ки дигар гадоӣ намекунед,- ҷавоб додам ман.
– Не, не акаҷон, ин хел намешавад. Мо дигар шуморо ғам намедиҳем. Ин қадар ёрӣ расонидед, раҳмат. Дигар ғаматон намедиҳем. Худамон кор мекунему пул меёбем,- ҷавоб гуфт Малика.
– Куҷо ғам додан, хоҳарҷон. Магар мо гуфтем, ки шумо моро ғам додед? Мо зуд-зуд хабаратон мегирем, зиқ нашавед,- хандида посух дод Некрӯз.
Онҳоро ба хонаашон бурдем ва дуои падару модарашонро гирифтем.
Аз пагоҳаш дар факултет ва гуруҳи мо фонди хайриявӣ барои кӯдакони ниёзманд ташкил шуд. Дар байни 1 солу 3 моҳ кӯдакон бо ҳамсабақони худ унс гирифтанд ва ба мактаб одат карданд. Дарсхониашон хуб шуд, китобхон шуданд. Дигар гадоӣ намекарданд ва модари кӯдакон дар мактабе, ки фарзандонаш таҳсил мекарданд, фаррош шуда кор мекунад. Имрӯз бошад, Малика синфи 9-ро хатм намуда истодааст ва бизнеси худро дорад. Соли қабл бо кумаки муаллимаи пухтупази маҳалла Маликаро ба он курс қабул карданд ва имрӯз ӯ дар хона шириниҳои бомазза мепазад ва Бузургмеҳру Ҷаҳоноро онҳоро бурда дар назди донишгоҳҳо ба фурӯш мегузоранд.
Бо нафақаи падар, музди меҳнати модар ва пули ба даст овардаи Малика метавонанд аз ин пас ҳама либосҳои дӯстдошта, қаламу дафтар ва дигар молҳои рӯзгорро харидорӣ кунанд.
Сунатулло ҲАМИДЗОД
P.S. Акс аз интернет