Гузаштаҳои ногуфтаҳо аз озмуни “Фуруғи субҳи донои китоб аст”
15-уми ноябри соли 2023 панҷумин маротиба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид, ки он бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат роҳандозӣ шуда, барои кашфи истеъдодҳои нав мусоидат намуд.
Имсол ҳам ташкили озмун чун соли гузашта дар тамоми даврҳо дар сатҳи баланд буд. Мутасаддиён, хусусан, даври ҷамъбастии онро хеле олӣ созмон дода буданд. Моро мисли порсола дар хобгоҳи Мактаби байналмилалии прездентӣ ҷой намуданд ва дар рӯзҳои баргузории озмун бо хӯроки бепул таъмин карданд. Навгонии имсола боз дар он буд, ки барои аз хобгох то ҷойи доир шудани озмун – бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бурдану овардани иштирокчиён мусофирбари дар ду паҳлӯяш навиштаҷоти «Дуруд ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дошта хидмат менамуд. Навгонии дигар он буд, ки озмуни имсола назар ба озмуни соли 2022 на дар панҷ, балки дар шаш номинатсия доир гардид ва ҷойҳои ҳавастмандгардонӣ ҳам бештар буданд:1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм.
Ҳамчунин ба маводҳои пешкашмекардаи иштирокчиён дар номинатсияи эҷоди наср дар қатори 2 эссе, 5 ҳикоя, 1 повест ва 1 драма 5 афсона илова гардида буд. Иштирокчиён қабл аз ифтитоҳи озмун дар мавзӯи “Тоҷикон дар оинаи таърих» эссе навиштанд.
Ба банда муяссар гардид, ки ширкаткунандаи 2 соли охири ин озмун дар номинатсияи эҷоди наср бошам. Дар зер чанд нуқтаи назарро аз муқоисаи баргузории ду даври ниҳоии он ба диққататон арза медорам.
Субҳи 11-уми ноябри соли 2023 тибқи қуръапартоӣ нахуст бояд камина аз номинатсияи зикршуда вориди толор мешудам. Бо ҳидояти мутасаддие назди баландгӯяк қарор гирифтам. Дар рӯ ба рӯи ман сарвари ҳайати ҳакамон Сироҷиддин Икромӣ қарор дошт. Аз тарафи чапи он кас устод Додохони Эгамзод ва нависандаи номӣ устод Абдулҳамид Самад ҷой гирифта буданд. Дар самти дасти рости раис адибон Матлуба Ёрмирзоева ва Баҳманёр Муродов менишастанд. Онҳо барои аз назар гузаронидани маводҳои ба озмун пешниҳоднамудаи ман назар афканданд. Зеро дар муддати 30-40 дақиқа ҳар кадоме бардошташонро аз бандубаст, ҳусну қубҳ ва дигар ҷиҳатҳои маводҳои зери назарашон ба арзи муддаӣ бояд расонанд. Маводҳо мувофиқи талаботи Низомномаи озмун аз 2 эссе, 5 ҳикоя, 5 афсона, 1 повест ва 1 драма иборат буданд.
Одоби салом ба ҷо оварда, ба муаррифии худ пардохтам.
– Абулҳай Саидқосим ҳастам, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ-и №9-и деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент. Солҳост, ки ба эъҷоди ҳикоёти ҳаҷвиву мутоибот ҳавас дорам. Намунаҳои эҷодам дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Зарафшон» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфтаанд. Ду китобам бо номҳои «Ҳикояҳои латиф» ва «Оббо, мардуми кунҷкове» ба табъ расидаанд. Ҳикоётамро устод Сорбон писандиданд, устод Абдурофеъ Рабизода маъқул донистанд. Китоби дуюмам зери таҳрири Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Маъруф Бобоҷон ба нашр расид. Аз назари адибони дар боло ёдшуда гузаронидани чакидаҳои қаламам ба он хотир буд, то донам, ки навиштаҳоям дар чӣ вазъ қарор доранд. Нахостам, ки чанд навиштаи хому хаталаро манзури хонандаам гардонам. Мақсудам аз эҷод дар навиштаҳои болутфу танз бахшидани табъи хушу гуворо ба хонанда аст. Зеро «Сухан хуш гӯй, ки хушро ҳаловатест дигар» гуфтаанд. Акнун бо иҷозати шумоён яке аз ҳаҷвияҳоямро ба самъатон мерасонам.
– Майлаш, ягон кӯтоҳтарашро хонед, – гуфт Сироҷиддин Икромӣ коғазҳои дасташонро рӯйи миз гузошта истода.
Матни ҳаҷвияи «Эҳ, хориҷиҳо, хориҷиҳо…»-ро нақл менамоям ва мунтазири қазовати ҳакамон меистам.
– Устод, марҳамат! – ба Абдулҳамид Самад рӯ меорад раис.
Муроҷеъ аз қоғазҳо чашм барканда муддате таҳаммул менамояд ва ба фаҳмонидан оғоз мекунад.
– Ман «Қурбонат шавам, эй дӯст…» ном ҳикояатонро хондам. Дар ҷойе гуфтаед, ки «Вакте Ҳайдарӣ вазифаро ба ӯҳда гирифт…» вазифаро ба ӯҳда намегиранд, балки одамро ба вазифа таъин менамоянд…
Хушбахтона, устод ғайри ин камбудӣ дигар дар банду басти он эрод нагирифтанд. Чанде қоғазҳоро тагу рӯ карданд ва ниҳоят гуфтанд, ки мавзуи интихобкардаи ман такрорӣ аст.
Ба ёдам расид, ки боре бо устод Абдурофеъ Рабизода дучор омада будам. Зимни сӯҳбат ман мусаваддаи ҳикояро пешкашашон намудам, то бинанд, ки чӣ дораду чӣ надорад. Замоне пас нусхаро баргардониданд, ки дар ҳошияаш навишта шуда буд: «Мавзуъ оригинал аст, дилчасп ҳам навиштаед, ҳатман ба чоп супоред». Аз он ки филмноманависе, ки натиҷаи заҳматаш сазовори даҳҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштаасту дар эҷоди осори насрӣ ҳам муваффақ мебошад, ҳикояро “оригинал” меҳисобаду дар ин ҷо онро такрор мегӯянд, ҳайрон мондам.
Бо далолати раиси доварон адиба Матлуба Ёрмирзоева суханро ҷилавдорӣ намуданд. Он кас изҳор карданд, ки ба эъҷодиёти банда балад ҳастанд ва ҳикоёту мутоиботамро таъриф намуда, дар хусуси афсонаҳоям фикрашонро гуфтанд. Матлуба Ёрмирзоева, ки корманди маҷаллаи вилоятии «Паёми Суғд» будаанд, пас аз фарҷоми даври сеюми озмун занг зада хоҳиш намуда буданд, то чанд ҳикояро ба суроғаи нашрияи мазкур барои чоп фиристам. Навбати баёни андеша ба Баҳманёр Муродов расид. Ӯ ширкатамро дар даври ниҳоӣ хайрамақдам гуфт, бароям таманноҳои зиёде кард ва натиҷаи «таҳлил»-ашро оиди эссеҳову намоишнома кӯтоҳ баён намуд:
– Дар бораи обшуста будани мавзӯи эссеҳоятон сухан нагӯям ҳам мешавад. Намоишномаатон, ки «Ҳарина, тақсир» ном доштааст, ба воқеоти замони амирӣ бахшида шудааст…
– Бале, намоишномаи мазҳакавӣ аст, ҳаҷву танз дорад. – гуфтам ман.
– Дуруст, – тасдиқ намуд Баҳманёр, – аммо ба ҳар ҳол мавзӯи рӯзҳои мо мебуд, беҳтар буд.
Ахирон Сироҷиддин Икромӣ саволу ҷавобро гӯё ҷамъбаст намуданд:
– Шумо соли гузашта ҳам дар озмун ширкат доштед?
– Бале, – ҷавоб додам ман.
– Ҳикояи «Сӯйиқасд ба хушдоман»-атонро дидаму ба ёдам омадед. Маълум, ки аз рӯйи маслиҳатҳои онвақтаи мо аз рӯйи он дубора кор кардаед. Қисми ҷамъбастиашро хондам, ки хеле ҷолиб баромадааст. Бори дигар хуш омадед, ба шумо муваффақият мехоҳам.
Ба нишони эҳтиром ба аҳли ҳакам таъзим намуда, аз толор баромада истода андешидам: Он вақт ҳам Сироҷиддин Икромӣ баъди дида баромадани матни ҳикоя оиди ҳусну қубҳи он чанд ҷумлаи умумӣ гуфта фикри бандаро дар бораи вазъи имрӯзаи хаҷв донистан хостанд ва дигар саволу ҷавоб идома наёфта буд. “Дар умум, навиштаҳоятон назар ба дигар навиштаҳо хеле беҳтаранд.” – гуфта буданд он кас. Маълум мешавад, ки ӯ соли гузашта матни ҳикояро пурра нахонда, ба ҷумлаҳои аввали он сарсарӣ чашм давонидаву оидаш таваккалан чанд калима изҳор намуда будаанд. Агар пурра мехонданд, ин ҷойи ҳикоя шояд он вақт мақбули хотирашон мегашту ба он ҳамин баҳоро ҳамон вақт медоданд. Чунки азбаски ҳикоя комил буду ба таҳрири иловагӣ ниёз надошт, имсол ҳам бе ҳеҷ тағйирот ба озмун дар ҳамон шакл пешниҳод шуда буд.
Баҳодиҳӣ ба эҷоди иштирокчиён
Сабти видеоии даврҳои ниҳоии ду соли охирро мебинаму хулоса мекунам, ки шояд баҳогузории доварон ба эҷоди ширкатдорони озмун, мулоим карда гӯем, ношаффоф ва таваккалӣ буд.
Ношаффоф ба он хотир, ки ҳакамон натиҷаи таҳлили маводҳои пешниҳодшударо дар фароварди саволу ҷавоб ба самъи соҳибаш арз накарданд ва холҳои аз ин муҳокимаю таҳлилҳо муносибдидаашон норавшан монд. Таваккалӣ ба он маъно, ки панҷ асари пешниҳодшуда дар муддати 30-40 дақиқа, кӯчагӣ карда гӯем, ба таври “сарсарӣ” дида шуд ва бо ибрози чанд сухани умумӣ иктифо гардид. Охир магар 2 эссе, 5 ҳикоя, 5 афсона, 1 повест ва 1 намоишномаро мукаммалу мушаххасу мӯшикофона дар муддати кӯтоҳ таҳлилу хулосабарорӣ кардан мумкин аст? Албатта не.
Ба замми ин тибқи муқаррароти Низомнома дар номинатсияи эҷоди назму наср мутасаддиёни баҳогузорӣ бояд маводҳои ҳамаи ширкаткунандагони даври ниҳоиро то 1-уми октябри соли 2023 ба Иттифоқи нависандагон барои муҳокима ва таҳияи тақризҳо пешниҳод менамуданд. Аз афташ, ин тавр нашуд, ки ягон нафар аз ҳакамон аз натиҷаи ин тақризҳову муҳокимаҳо иштирокчиро ошно нанамуд ва мазмуни тақризро ба ӯ ироа накард.
Бардошт
Чи тавре ки қайд шуд, соли ҷорӣ дар даври охирини номинатсияи эҷоди наср аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҳамагӣ 25 нафар гулҳои худрӯйи боғи адабиёт ширкат доштанд. 25 гули худрӯй бо рангу бӯйи хоси осори худ дар жанру мавзуоти мухталиф ҷамъ омада буд. Мусалламан, осори ҳар яке аз дигаре аз ҷиҳати ҳалли мавзӯъ, бандубасти он, лаёқату қобилияти нигориш фарқ мекард.
Соли гузашта ман бо гирифтани 23 хол ҷойи 11-ро ишғол намуда будам. Он вақт ҳайрониам на аз ҷойи дарёфтаам буд, балки аз баҳогузории ҳакамон. Устод Абдурауф Муродӣ, ки ҳамон вақт дар ҳайати ҳакамон буданд, дар нишасте «Ман ба эҷоди муаллим (яъне банда) додани 9 холро ҷоиз донистам» гуфта будаанд. Қазоват кунед, ки агар ин адиби хушсалиқа ва рӯзноманигори тавоно Абдурауф Муродӣ ба эҷодиёти камина додани 9 холро раво дида бошанд, пас 4 нафари боқимонда ҳамагӣ 14 хол ҳиммат намудаанд.
Хулоса
Ҳамаи инро меандешам ва мебинаму панҷаи шубҳа гиребонгирам мешавад, ки шояд ҷаноби ҳакамон дар тасмимгирӣ озод набуданд? Шояд, ҳар як ҷойи ифтихорӣ пораи равғанин дошту беиштиҳо будаҳоро иштиҳоовар кард. Шояд, хоҳишу илтимосҳое ҳам пайдо мешаванд, ки баъзан аз иҷрои он «илтимос» сар тофта ҳам намешавад.
Агар ин тавр набошад, «Хеле дилчасп навиштаед» гуфтани Сироҷиддин Икромиву «Шуморо ба аъзогии ИН пешбарӣ кардан месазад» гуфта арзёбӣ кардани устод Додохони Эгамзод ва ба маҷалла барои чоп талаб карда гирифтани бархе аз ҳикояҳоям аз тарафи Матлубаи Ёрмирзо чӣ маъно дорад?
Бо ин мулоҳизаҳо мунтазири баромадани эълони натиҷаи ин даври озмун нашуда, нимаи дуюми рӯзи 11.11.2023 ба хона баргаштам.
Абулҳай САИДҚОСИМ,
узви Конфедератсияи байналмилалии
иттифоқҳои журналистӣ