Имрӯз дар назди ҳайкали сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ истодаам. Намедонам дар сарам ҳаргуна андешаҳо бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Ба Рӯдакӣ менигарам ва ба худ мегӯям. Агар замони моро бо замонаи Рӯдакӣ муқоиса кунем, чӣ тафовутҳоро пайдо мекарда бошем?

Дар замони Рӯдакӣ хосиятҳои шоҳону ҳокимон на ҳамеша ба адолат асос ёфта буданд. Одамон бо назар ба мавқеи иҷтимоии худ зиндагӣ мекарданд ва ҳукмронӣ бисёр вақт одилона набуд. Шумо хуб медонистед ки дониш ва илм бояд пеш мерафт, вале он замон танҳо идоракунандагони сарватманд ба ин имтиёзҳо даст доштанд. Рудакиро шуҷоат ва меҳнати бесамар дар ҷустуҷӯи дониш буд. Устод дар синни 7 солаги Куръонро хатм кард ва ин нишон аз донишмандии ӯ буд.

Устод Рудакӣ оё медонӣ, ки замон ҳарчи мегузараду шароит осон мешавад, одамон ҳам заиф мешаванд. Ту дар як замоне умр ба сар бурди, ки мардумаш на ба китобхона дастраси доштанду на китобе доштанд. Аммо ба мисли ту нафарони талошманди он замон дунболаи хонишро гирифтанд. Аммо медонӣ, ки ман дар даврае зиндагӣ дорам, ки шароиташ олӣ аст ва дарҳои китобхонаҳо ба ҳама боз, аммо хонандае нест, ки барои илм қалбаш ҷӯш занад.

Эй Рӯдакии бузургвор! Дар замони ту бевафоӣ ва ишқи дурӯғ вуҷуд дошту дар замони ман низ идома дорад. Аммо ишқе ки ба Аллоҳ дар замони ту буд дар замони ман нест.

Эй пири хирад! Дар замони худ донишманди шинохта будӣ, лек бисёри вақт зери таъсири дарбориёну сиёсатмадорони замони худ мемондӣ . Барои ҳамин мегуфтаанд, ки одамони ба илму дониш бисёри вақт беқадр мешаванд. Имрӯз дар замони мо омузгорон ва олимон низ дар ҷойгоҳе қарор доранд, ки касе назарашон намекунад. Бузургон ҳамингуна хор зиндагӣ мекардаанд.

Барои ҳамин ман ба назди ҳайкали ту омадам то дарди дил кунам. Шояд рузе ин камбудиҳо бартаф шаванд. Аммо ба мисли ту дигар бузургворе пайдо нахоҳад шуд.

Шерзод САЙФУЛЛОЕВ,

Донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь