Чанд сол инҷониб калимаи “динозавр”-ро нашунида будам. Шояд охирон маротиба даврони кудакӣ дар барномаҳои телевизионӣ шунида бошам.

Вале чанд рӯз пеш ба ман муяссар гардид, ки на танҳо номашу дар борааш ривоятҳо шунавам, балки муяссар гардид, ки изи пояшро ҳам бо чашмонам бубинам.

Сафари навбатии мо ҳамроҳи эко-журналистон ба боғи таърихию табии Ширкент буд. Намедонам чаро, дар аввал ягон тамошои мароқангезро интизор набудам. Бепарво ҳамроҳи дӯстон ба нақлиёт нишастаму ғарқи андешаҳои бесарунӯги хеш гардидам. Роҳ гирифтем ҷониби ноҳияи Турсунзода. Баъди тай кардани роҳи на он қадар тулонӣ мо аллакай ба “мақсад” расидем. Дар байни табиати кӯҳсор танҳо як бино, ки “Боғи таърихию табии Ширкент ” навишта шуда буд. Ҳамааш ҳамин?!

Хушбахтона, на!

Роҳбалад таклиф кард, ки агар касе қобилияти кӯҳнавардӣ дошта бошад, барои дидани изи пойи динозаврҳо меравем. Вале пиёда. Дӯстони моро, ки ташнаи саргузашт буданд, ин таклиф хуш омад.

Дасту остин барзадему ба кӯҳнавардӣ омода шудем. Саргузашти мо оғоз гардид ва моро 3 км роҳи кӯҳӣ интизор буд.

Биёед, аввал андаке ба шумо дар бораи ин мавзеъ ва таърихи он қисса кунам.

Тибқи муайян намудани олимони кишварҳои хориҷа миллионҳо сол қабл дар Тоҷикистон низ динозаврҳо зиндагӣ мекардаанд. Дар Тоҷикистон дар се мавзеъ изи пойи динозаврҳоро пайдо кардаанд, ки яке аз онҳоро аз боғи таърихӣ – табиии Ширкент, ки аз шаҳри Турсунзода дар масофаи на он қадар дур ҷойгир аст, дарёфтанд.

Боғи табиию таърихии Ширкент соли 1991 бо мақсади ҳифзи генофонди олами беназири наботот ва ҳайвонот, арзиши бебаҳои захираҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи самараноки мавҷудаи он ва омӯзиши қисмати ҷанубию ғарбии минтақаи ҷуғрофию физикии Ҳисор бунёд ёфтааст.

Боғи таърихию табии Ширкент  3000 га буда, дар водии Ҳисори Тоҷикистон ҷойгир аст ва яке аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Дар дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон беш аз 400 изи пойи динозаврҳое ёфт шудаанд, ки ҳанӯз 120-130 миллион сол қабл зиндагӣ мекарданд.

Роҳи мо идома меёбад. Ҳанӯз сеяк қисми роҳро напаймуда, сангинии роҳ эҳсос гардид ва баъзеҳо сахт хаста гардиданд. “Ба мақсад мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста”. Ин гуфтаро шиор кардему бо азми нав роҳро давом додем.

Бо вуҷуди кӯҳҳои росту хастакунанда табиат дар ҳар бори нигаристан дилро фараҳ мебахшид ва заҳматҳо фаромӯш мегардиданд.

Аз баландӣ аҷаб манзарае! Роҳбалади мо чун бузи кӯҳӣ чолокона пеш-пеш мерафт ва ба саволҳои ҳамсафарони кунҷкоб посух медод.

Баъди паймудани тақрибан нисфи роҳ захираҳои оби мо тамом шуданд ва ташнагӣ бар мо ғолиб гардид. Вале мо ёфтем! Чиро мегӯед?! Албатта чашма! То аз хумори ташнагӣ баромадан об нӯшидему зарфҳоро аз об пур карда, роҳро давом додем.

“Ана боз як баландии дигар ва мо ба мақсад мерасем” – мужда дод роҳбалад.

3000 км-ро тай кардем, инак дар қуллаи аз ҳама баландтарини ин дара қарор дорем.

Кӯҳи рост ва болои он изҳои се ва чорпанҷагии динозаврҳо буданд. Кунҷкобона аз асрори ин изҳо суол кардем. Яке аз ҳамсафаронамон нақл кард, ки якчанд миллион солҳо қабл динозаврҳо инҷо обнӯшӣ меомадаанд. Бо гузашти асрҳои тулонӣ дар натиҷаи баъзе ҳодисаҳои геологӣ он заминҳо сахт шуда, ба санг табдил ёфтаанд. Дар натиҷаи хестани кӯҳҳо, ки дар як миллион сол шояд як сантиметр ба амал ояд, ин кӯҳҳо ба чунин шакл табдил ёфтаанд.

Изи пойи динозаврҳоро хуб тамошо кардему акнун мебоист боз 3 километри дигар роҳи бозгаштро тай мекардем.

Роҳи бозгашт на он қадар вазнин буд, зеро мо на ба баландӣ, балки ба поён роҳ мепаймудем. Ва ин роҳпаймоӣ ба итмом расид. Ба гуфтан осону вале…

Гарчанде хеле хаста шудем, вале сафари хотирмон буд. Дар як саҳфаи  китоби зиндагиам чунин навиштам: “Дар ҷустуҷӯи изи пои динозаврҳо!”

Шоира Қудрат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь