(БАРОИ ТАКМИЛИ НИЗОМНОМА ВА СОХТОРИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒ”)
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли соли шашум ба анҷом расид. Натиҷаҳо гувоҳанд, ки он ҳамчун падидаи иҷтимоӣ миёни мардум шуҳрати хосса пайдо кардааст.
Ҳамасола барпо шудани ин озмун, ки моҳияташ тарғиби китоб ва тавассути каломи бадеъ тағйир додани сатҳи ҷаҳонбиниву диди зебоишиносии мардум, инчунин такмили ахлоқ ва афзун кардани фазоили маърифатии пиру барнои Тоҷикистон аст, дар умум ба рушди фарҳангу маънавияти мардум боис шудааст.
Чаро мардум бояд адабиёти бадеӣ хонанд? Посухи ин суол аҳаммияти “Фурӯғ”-ро барҷаста нишон медиҳад: ягон илм ва ягон навъи ҳунар дар сатҳ ва пояи каломи бадеъ арзиши иҷтимоӣ надорад…
Аз ҳама бештар ҳамин адабиёти бадеист, ки бо ҳаёти маънавии мардум алоқадор аст ва ягона вазифааш такмил додани хӯю хислати одамон дар накукорист. Зеро дарунмояаш муҳокот аст: инсонҳо ҳамеша ба тақлиду муҳокот ниёз доранд ва чаҳорчӯби маърифати одамӣ тавассути ҳамин муҳокоту тақлид фарохтар мешавад. Ва боз: ягон навъи ҳунар ин қадар зарфияти тарбиятӣ надорад, ки адабиёти бадеӣ дорад…
Агар озмуни “Фурӯғ”-ро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ эътироф карда бошем, пас, хосияти ҳар падида ҳамин аст, ки мунтазам рушд мекунад, аз як ҳолати сифатӣ ба сатҳи дигари сифатӣ мегузарад.
Пас, месазад, ки ҳамасола ин озмун такмил ёбад, то ки саҳву иштибоҳот ва бархе нақсу иллатҳое, ки имсол ва солҳои пеш ба мушоҳида расиданд, такрор нашаванд. Бо ин мақсад банда чанд пешниҳодро ба комисиюни ҷумҳуриявии озмун ирсол мекунам:
- Пешниҳоди якум ин аст, ки номи озмун бояд кӯтоҳ карда шавад. Гап сари ин аст, ки ҳамин як мисраъи байти Абдурраҳмони Ҷомӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” барои ифодаи мазмуну муҳтавои ин тадбири бузург ва муътабари фарҳангӣ гаронӣ мекунад. Хосияти забони мост, ки ҳамеша осонбаёниро мепазирад. Ва инчунин як қоидаи ҷаҳонии забон аст, ки ба қавли Шафеии Кадканӣ, калимаҳо рӯй ба кӯтоҳ шудан доранд. Тамоил ба ин гуна тағйиротро “language economy” ё ин ки “least effort” мегӯянд…
Вақте ки “Фурӯғи субҳи доноӣ” гуфтем, ҳатман дар зеҳн ё такшуури инсон вожаи “китоб” меояд ва шарт нест, ки дигар дар унвони озмун ин калима сабт шавад… Барои ҳамин ду гузина пешниҳод мешавад: а) Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”; б) Озмуни миллии “Фурӯғ”.
- Дар Тоҷикистон дар радифи озмуни китобхонии “Фурӯғ” даҳҳо озмунҳои дигар баргузор мешаванд, ки ба илмҳои гуногун (дақиқ, риёзӣ, ихтироъкорӣ) ва ҳунарҳои зебо (суруду мусиқа, оҳангсозӣ ва ғайра) дахл доранд. Аммо озмуни “Фурӯғ” аз ҳамаи онҳо чанд зина болотар аст, чунки бевосита хондан ва фаҳму дарки китобҳои бадеиро дар назар дорад. Барилова, номинаҳои назму наср ҳам дорад, ки ҳадафҳояшон кашф кардани эҷокорони ин соҳаҳо, яъне ҳавасмандони касби шоириву нависандагист. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки статус ё мақоми ин озмун тағйир дода шуда, он ҳамчун “Озмуни миллӣ” минбаъд эълон шавад. Бо иловаи сифати нисбии “миллӣ” дар сарҳалқаи тамоми озмунҳои Тоҷикистон қарор гирифтани ин озмун ва нуқтаи сарҳисоби тамоми озмунҳо будани озмуни “Фурӯғ” таъкид мегардад. Номи комили озмун бояд ин гуна бошад: “Озмуни миллии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ё “Озмуни миллии “Фурӯғ”.
- Дар сохтори ҳозираи озмун шаш номина вуҷуд дорад, ки ба онҳо хоҳишмандони адабиёт барои кӯдак, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, назму наср сабқат мекунанд. Пешниҳод мешавад, ки номинаи дигаре бо унвони “Драматургия” ё “Дромнависӣ” илова шавад. Зарурати ворид шудани ин номинаро вазъи кунунии ин соҳаи ниҳоят зарур барои тарбияи маънавии мардум тақозо мекунад. Маълум аст, ки соҳаи дромнависӣ дар Тоҷикистони кунунӣ хеле сусту заиф аст ва як сабаби рушд накардани соҳаи театр низ шумори беҳадд ками дромнависон мебошад. Ин навъи фаъолияти эҷодӣ бояд тараққӣ кунад, аммо роҳҳои рушд ва ҳавасманд намудани эҷодкорони ин соҳаи муҳим камтаъсиранд. Беҳтарин василаи рушди ин соҳа ҳамин озмун буда метавонад. Ҳоло навиштани як драмаро дар таркиби номинаи наср талаб мекунанд, ки аз нигоҳи вижагиҳои жанрӣ ва баъзе мухтассоти касби нависандагӣ мувофиқ ва дуруст нест: драма тӯли асрҳо навъи алоҳида ва билкулл мутафовити соҳаи эҷод аст ва бояд ба таври мустақил номинаи худро дошта бошад. Бовар дорам, ки бо ворид шудани номинаи нави “Драматургия” беҳтарин мутахассисони ҷавони ин соҳа зуҳур мекунанд ва дар умум сабаби пешрафти дромнависӣ ва рушди театрҳо дар ҷумҳурӣ мегардад.
- Пешниҳоди дигар: мо вақте савод мегӯем, сатҳи якхелаи гуфтору навиштори ин ё он касро дар назар дорем. Яъне ончунон ки кас зебову пурмаъно сухан мегӯяд, бояд дар ҳамон сатҳ навишта ҳам тавонад. Аз ин хотир, бояд ба шартҳои озмун шарти дигаре илова шавад: навиштани иншо ё эссе. Ин кор чандон мушкил надорад: қабл аз шуруъ кардани як гурӯҳи довталабон ба пурсупос онҳо тавассути қуръапартоӣ аз дохили дафтарҳои худашон (яъне ҳамон асарҳое, ки худашон хондаанд) як асари бадеиро интихоб карда, натиҷаи бардошти худро менависанд. Чӣ тавр навиштани эссе ё иншо тавассути суолномаи махсус муайян карда мешавад, масалан, мазмуни мухтасари асар, мавзуъ, идея ва ҳадафи эҷод, таҳлили як ё якчанд қаҳрамонони асар, лаҳзаҳо ё эпизодҳои хотирмон ва ғайра. Шарт нест, ки довталаб ба ҳама суолҳо посух гӯяд, муҳим аст, ки андешаи худро дуруст навишта тавонад. Суолнома ба он хотир аст, ки довталаб аз мавзуъ дур наравад ва танҳо дар атрофи ҳамон асари бадеӣ бардоштҳояшро зина ба зина дуруст баён карда тавонад. Ҳамон шакли иншо, ки солҳои пешин ҳангоми қабул ба макотиби олӣ тақозо мешуд, беҳтарин вариант аст.
- Пешниҳоди дигар: ҳамасола ҳангоми пурсупоси довталабони номинаҳо омили синну сол мушкил эҷод мекунад: дар гурӯҳи синнусолии синфҳои 1-у 4 аслан проблема нест, аммо миёни хонандагони синфҳои 5-у 11 баъзе масъалаҳо ба миён меоянд: ҳеч имкон надорад, ки хонандаи синфи 5 (бо як миқдор осори иборат аз навъҳои сабуки адабиёти бадеӣ – афсонаву ривоёт, ҳикоёту қиссаҳои барои кӯдакон эҷодшуда) бо хонандаи синфи 11, ки бештар аз навъҳои мушкилдарки каломи бадеъ (роману фоҷиаҳо, қиссаҳо ва намунаҳо аз равияҳои ҳозиразамони эҷоди бадеӣ) огоҳ шудааст, баробарӣ кунад. Дар ин ҷо масъалаи меъёри баҳо ба миён меояд: як афсона ё порча аз як достонро хонандаи синфи 5 хеле хуб баён мекунад, тарзи гуфтораш хуб аст, аммо хонандаи синфи 11 наметавонад бардошташро аз як романи калонҳаҷм ба осонӣ баён кунад: гоҳе дар баёни ин ё он лаҳзаи асар дармемонад, аммо дар маҷмуъ он романро хеле хуб дарк кардааст… Яъне ин ҷо баъзе масъалаҳои равонӣ ё психологӣ пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки ҳамин гурӯҳи синнусолӣ ба ду гурӯҳи дигар ҷудо карда шавад – хонандагони синфҳои 5-8 ва хонандагони синфҳои 9-11.
- Миёни бузургсолон низ ҳамин гуна проблема вуҷуд дорад: бознишастаҳои болотар аз синни 65-70 наметавонанд аз нигоҳи заъфи хотира бо муаллим ё муҳаққиқи ҷавони мактаби олӣ баробар бошанд, хоҳу нохоҳ омили синну сол кори худро мекунад… Аз ин рӯ, гурӯҳи бознишастаҳоро алоҳида кардан лозим аст, то ки адолат дар озмуни ин гурӯҳҳо таъмин гардад. Ин қишри синнусолиро ду гурӯҳ кардан ба мақсад мувофиқ аст: гурӯҳи калонсолони то синни 60 ва гурӯҳи аз 60 боло…
- Дар масъалаи шоҳҷоизаи ҳар номина низ имсол мушкил ба вуҷуд омад: дар ин ҷо ҳам масъалаи синну сол нақши асосӣ дорад. Мушкил танҳо дар гурӯҳи аввали синнусолӣ, яъне хонандагони синфҳои 1-у 4 аст, ки бо гурӯҳҳои дигар (синфҳои 5-у 11, донишҷӯёну ходимони фарҳанг ва гурӯҳи калонсолон) якҷо сабқат мекунанд. Пешниҳод мешавад, ки ин гурӯҳ дар шоҳҷоиза ширкат накунанд ё дар худи ҳамон гурӯҳ тадбири дигаре роҳандозӣ шавад.
- Пешниҳод мешавад, ки барои қишри донишҷӯён (барои он муаллимон ва ё сарпарастоне, ки донишҷӯёнро ба озмун омода мекунанд, дарси иловагӣ медиҳанд, бо китоб таъмин мекунанд, хулоса, роҳнамоӣ мекунанд) дар низомнома маблағи муайян ҷиҳати ҳавасмандӣ зикр шавад. Ҳамон тавре ки барои хонандагони синфҳои 1-11 ин амал ҷорист. Ин кор боиси он мешавад, ки хоҳишмандони озмун аз ин қишр бештар мешаванд. Ҳоло камшумортарин ширкаткунандагони озмун аз ҳамин қишр, яъне донишҷӯён ҳастанд. Дар донишкадаву донишгоҳҳо ба ташкили озмун дар давраҳои якуму дуюм аҳаммият намедиҳанд, муаллимон низ чандон парво намекунанд. Агар дар низомнома масъалаи ҳавасмандии устодони мактабҳои олӣ сабт шавад, таконе ба рушди озмун ва шиддат гирифтани сабқат хоҳад шуд.
- Сифати умумии озмун ва махсусан даври ниҳоии онро марҳалаҳои якум ва минтақавӣ таъмин мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин марҳалаҳо масъулини озмунҳо чандон масъулият надоранд, дар маҳалҳо тарғиби китоб ва ба китобхонӣ ҷалб намудани мардум суст аст. Аз ин рӯ, дар низомнома зикр намудан лозим аст, ки ба тартиби баргузорӣ ва натиҷаҳои озмун дар ноҳияҳо муовини идеологӣ шахсан масъул аст, дар донишкадаву донишгоҳҳо шахси аввал – ректори донишгоҳ. Мушаххасан зикр шудани ин вазифаҳо – а) масъулияти шахсии роҳбаронро таҳрик медиҳад; б) аз тарси аз даст рафтани вазифа ба тартиби баргузории озмун ва муҳайё кардани шароити дуруст барои довталабон аз ҷониби муовинони раисони ноҳияву шаҳрҳо ва ректорони донишгоҳҳо таваҷҷуҳ бештар ва ҳадафмандона мешавад.
- Вақти пурсупоси довталабонро дар низомнома тағйир додан лозим аст. Ин кор бояд аз ҷониби доварон вобаста аз миқдори асарҳои хондашуда ба таври алоҳида муайян карда шавад. Вақти умумӣ на кам аз як соат муқаррар шавад.
- Баъди пурсупос дарҳол эълон кардани натиҷаҳои пурсиш дар таблои умумӣ. Дар ҳолати якранг шудани баҳои довталабон ташкил намудани пурсиши иловагӣ бо ҷалб намудани шумораи бештари доварон.
Пешниҳодҳои дигаре, ки барои беҳ шудани вазъи омодагӣ ба озмун мусоидат мекунанд:
- Дар ҳар ноҳияву шаҳр бунёд кардани китобхонаҳои алоҳида барои ширкаткунандагони озмуни “Фурӯғ”;
- Ҷамъоварии китобҳое, ки куҳначопанд, тарҷумаҳои асарҳои бадеӣ ва бознашри онҳо ба миқдори зурурӣ;
- Таваҷҷуҳ ба интихоби доварони озмунҳо (ягона меъёр дониши доварон ва миқдори китобҳои азбаркардаашон бошад, на унвону дараҷоти илмӣ);
- Ташкили ҷамъомаду семинарҳо дар ҳар ноҳияву шаҳр дар марҳалаи аввал бо ширкати донишмандон (суҳбат бо довталабон дар марҳалаи якум бо мақсади фаҳмондани чӣ навъ интихоб ва мутолиа кардани китобҳои бадеӣ), бо ин мақсад ба сафарҳои хидматӣ фиристодани олимону донишмандон ба маҳалҳо;
- Ташкили курсҳои такмили ихтисос барои муаллимони забону адабиёти тоҷику рус ва забонҳои хориҷӣ дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон (бо мақсади ҳадафмандона омода кардани довталабон ва тарзу усули интихоби китобҳо барои мутолиа);
- Дар ҳар ноҳияву шаҳр ва маркази вилоятҳо таъсис додани Маркази тарғиби китоб ё Ҷамъияти китобдӯстон, бо бинову китобхона ва ҳуҷраҳои корӣ, маош ва нақлиёт таъмин кардани кормандони ин ниҳод;
- Соле ду маротиба ба маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардани баррасии масъалаҳои озмуни “Фурӯғ”: сатҳи омодагӣ, тарғиби китоб миёни аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ташкили озмуни “Фурӯғ”.
Ҳафиз РАҲМОН