– Салом ҷӯраҷон, дар ин саҳарии барвақт, боз фасли зимистон, ҳезум тамом шуд- чӣ, ки дарахт мебурӣ?

-Не бародар, дарахтҳоро барои озодшавии симҳои барқ ва ҷиҳати кумак ба “Барқи тоҷик” мебурам.

-Тубеақл нестӣ? Дарахт ба барқ чӣ алоқа дорад?

-Э ҷӯраҷон, дарахту шохҳо дар Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ чунон қад мекашанду ғафс мешаванд, ки кормандони “Барқи тоҷик” барои буридани он моҳҳо заҳмат мекашанду як шохаи онро мебуранд. Як хусусияти аҷиби ин дарахтон дар он аст, ки вақте бегоҳ бурида мешавад, рӯз зуд боз ба шабеҳи қаблӣ бармегардад ва ҳатто аз рӯзи аввала бузургтар мешаванд. Дарахтон осудагии кормандони “Барқи тоҷик”-ро намехоҳанд.

– Оббо, дилам ба коргарони “Барқи тоҷик” сӯхт. Ин қадар азоб мекашидаанд!

-Дилат бояд сӯзад, боз медони чаро? Як калимаро батакрор мегӯянд, профалактика бошад, чӣ баду балое пайдо шудааст, ки чун вирус онҳоро азоб медодааст. Ҳар сол дар як вақт аз куҷое пайдо мешаваду онҳоро серкор месозад. Безебияш дар он ки танҳо дар зимистон дарахтҳо қад мекашанду симҳо куҳнаву корҳои профлактикӣ оғоз меёфтаанд. Худо медонад, ин профилактикаашон кай тамом мешавад. Аз як моҳ зиёд шуд, ки барқ нест.

-Ин корҳои профлактикӣ муди зимистона будааст -ку. Ҳар сол дар мавсим хурӯҷ мекардааст.

-Ээ, ҷӯраи содаам, о вай одам не, ин як намуд одат, ё як намуд вабо аст, ки ҳар сол ба сари мардум меояд.

-Аа, фаҳмидам, вабо . Дар ин вақт мардум чӣ кор мекунанд ?

-Ҳеҷ кор намекунанд, ҷӯра, фақат дар мағозаҳо қатор мешаванду навбат мепоянд .

-Ии, чӣ хел навбат? Барои нон?

-Э нее, барои шамъ!

-Ҳамон шамъи давраи бобогия мегӯӣ, ки аз мӯда монда буду ҷояша барқ гирифта, ҳукмрон шуданӣ буд -а?

– Ҳа дия, вай шамъ дар ҳақиқат зӯр будааст. Ҳарчанде барқ омаду ман шоҳ гуфт, лек боз шамъ бе манманӣ дар ҷояш устувор истодаасту мақомашро нигоҳ медорад

-Ҳа дӯстам, дар ёд дорам вақте барқ омад, ҳама хурсанд буданд, ки аз калимаи “Лимит” халос шуданд, аммо ин шамъ кори кардаашро кард…

-Набошад, ин зимистон ҳам бебарқ мемонем, чӣ бало?!

-Е нее, бар зидди ин вабо – профилактика антивурус тайёр карда истодаанд,ҳамонро, яъне дарахтҳоя бурида, нобуд созанд, барқ меояд.

-О кай мебуранду кай свет меояд?

-Баҳори оянда.

-Чии? Бузак-бузак, намур, баҳор меояд,- гӯй.

– Гуфтам -ку, қувваи корияшон намерасад.

Баъд ҳозир умуман барқ намеояд? Меояд, саҳар аз 6 то 8,  пасон дарахтон дароз мешаванд, то буридан соат 6 мешавад то даҳ меояд, яке боз дарахтон шоху шиппа мезананд.

-Набошад, ин дарахтҳоро пурра решакан кардан даркор. Кори нағз мекунӣ, бур, ман ҳам аз пагоҳ буридана сар мекунам.

-Хайр, ҷӯра, акнун ман ҳам равам, дар навбат истам Боз шамъ тамом нашавад.

Исто-исто, ман ҳам бо ту меравам. Ба гуфти ту, худо медонад кай барқ меояд…

Шаҳзод Зафарҷон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь