“Барои сархорӣ вақт надорам” гуфтанӣ гапро маҷозе медонистам ва дар ҳаёти воқеӣ рост омаданашро ҳеҷ бовар надоштам. Пас аз фосилае пай бурдам, ки “сари бузург балои бузург доштааст”.
Табиист, ки донишҷӯёни ҳозира бо вуҷуди нимкора хондан, ҳамчунин, ҳавсала доранд, ки дар амалияи ихтисосашон аз худ дарак диҳанд. О, алабатта, мо ҳам аз зумраи онҳоем ва ин мароқи бесарунӯг дар ниҳонхонаи диламон чунон ҷӯш мезанад, ки напурседу нагӯем. Ана, исботи гапамон: “Соле қабл чанд тан аз донишҷӯёни соли аввали факултети журналистикаи ДМТ ҳаваси телевизион рафтан кардему ғайричашмдошт кор ранги дигар гирифт. Ходими ТВ моро аз пеши дарвоза вохӯрд ва сабаби омаданамонро дуруст нафаҳмиду бо оҳанги ҷиддӣ “шумо ҳоло кӯдакед, равед, аввал жанрҳора омӯзед, навиштана ёд гиред. Шумо ин ҷо чӣ кор карда метавонед? Ин ҷо ҷойи шумо нест” гуфту рафт ва экскурсия дар ТВ, ки мақсади асосии мо буд, орзуи татбиқнашуда боқӣ монд”.
Оғози соли таҳсил буд. Дар лавҳи таблиғии факултети журналистика варақаи эълони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон насб шуда буд. Дар он зикр мерафт, ки тибқи шартҳои муқарраргардида, донишҷӯёнро ба кори амалии жураналистӣ ҷалб мекунанд. Аз ҳисоби ҳамсабақонам 18 нафар пешдастӣ карда, ҳуҷҷатҳои лозима ва намуна аз нигоштаҳояшонро ба дасти масъулин расониданд.
Аз охири моҳи сентябри соли 2019 сар карда, то имрӯз мо аз директори МТЖТ, журналисти саршиноси ҷумҳурӣ, устод Хуршед Атовулло сабақ мегирем. “Мӯрчаеро озор намедиҳад, аз забонаш кони шакар мерезад, дар пасманзари лабхандаш тамасхур намеистад, чашмони гӯёву хонояш шарораи меҳр дорад”. Агар ин суханҳоро дар ҳаққи устод гӯям, сад дар сад дуруст мекунам. Аслан, дар ин шароит чунин инсонҳо кам андар кам вомехӯранд.
Аввалин дидор бо устодро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Рӯзи шиносоӣ устод ҳамаро як-як ба утоқашон хонда, нигоштаҳои санҷишии донишҷӯёнро муҳокима мекарданд, чун пешакӣ бо матлаби онҳо шинос шуда буданд. “Романтикаат бисёр, фонди луғавиат кам, фикрҳоят пурра нест” аз ҷумлаи эродҳои устод буданд, ки ба ҳар нафари мо гӯшрас карданд. Дар ҳошияи иншое, ки барои озмоиш нигошта будам, бо қалами сабз навиштанд: “Калимаи русиро дар навиштаат дигар истифода набар! Дар мавриди донишҷӯе, ки сартарош (он иншо “Бурду бохти ҷавонӣ” ном дошт ва дар он қайд шуда буд, ки муаллиф дар овони мактабхонӣ сартароширо ёд гирифтааст,- Ф. О.) шудаву нонашро меёбад, маводе навис! Барор!”.
Ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе устодро мебинему аз суҳбати созандаашон нерӯ мегирем. Аҷобатро бинед, ки чунин як шахсияти саршинос бо донишҷӯ муносибати дӯстона доранд ва бо баҳонаи мартабаву мақом садду сарҳад намегузоранд. Давоми ним соате, ки пеши устод мешинем, қариб 2-3 бор занги телефон садо медиҳаду он кас бо табъи болида гӯширо мебардоранду “ало…., ҳа, ҳозир дар пешам студентҳо, намемонанд, ки равам, дастам нарасид, чунон корам зиёд, ки… хайр, парво накун, ҳал мекунем” мегӯянд ва тарафи мо нигариста, супоришҳоро мепурсанду “чӣ камбудӣ доред?” гӯён, дарди дили моро гӯш мекунанд.
Ҳар вақте ки утоқи кории устодро охӯрча карда, равуойи бисёр, зангҳои телефонӣ, навиштаҳои қаламзада ва китобҳои болои мизи корӣ хобидаро дида, ана баъд ҳаққонияти “барои сархорӣ вақт надорам” гуфтанӣ гапро фаҳмидам.
“Ҳокимияти бим бар мо қавитар аз ҳокимияти умед аст”,- гуфтааст Этенн Бонно де Кондиляк. Мункир нашавед, дӯстон, майдатарин монеа бароямон фишори равониест, ки таъсири манфӣ мегузорад ва диламон ба якборагӣ аз идомаи роҳ мемонад. Шояд ин далели он аст, ки ба имкониятҳои худ бовар надорем. Хуб ҳам гуфтаанд, ки “чӣ барои ҳама яксон аст? Умед. Зеро онҳое низ, ки чизе надоранд, онро доранд”.
Устод Хуршед Атовулло набзи ҷомеаро эҳсос карда ва баҷо гуфта, ки “ба ин мардум чӣ шуда, валлоҳ намефаҳмам. Ё калимаҳое чун “зебо”, “поку мубарро”, “виҷдону нанг” ба қатори калимаҳои куҳнашуда дохил шудаанд, ё оламро саросар абри сиёҳ гирифта, ки ҳамаро ба як ранг сиёҳ мебинад”. Аммо устод мо – аввалин хатмкунандагони мактаби рӯзноманигории назди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар соли 2019-ро бо ҳарфҳои самимӣ ва умеди калон раҳнамоӣ карданд: “Дуои роҳ: Ҳаргиз ба пас нанигаред ва фақат ба пеш! Фаромӯш накунед, ки “ба манзил мерасад ҳар раҳнавард рӯзе!”. Ба ишқу умеду қалами хеш хиёнат накунед!”.
Аз он рӯз эътиборан мо машқи хабарнависӣ дорем ва маҳсули шогридонаи мо дар сайти интернетии www.Farazh.tj корида мешавад, ки ин бароямон мактаби бузург аст ва ба ҳамин васила таҷриба андӯхта, касбияти худро ташаккул хоҳем дод.
– Салом! Аз онҳое, ки дар нишастҳо ширкат мекунед, хоҳиш: саволҳоятонро пешакӣ мувофиқа кунед, то хандахариш нашавед! Суоли вобаста ба андозро ба вазири фарҳанг надиҳед, мисли Файзуллохон,- шояд бо оҳанги шӯхӣ дар саҳифаи вайберии “Умеди парвоз” навиштанд устод, баъд аз он, ки ман ба намояндаи “Тоҷикстандарт” оид ба воридоти маҳсулоти доруворӣ савол додам. Аз пеши худ, донам-надонам кор кардам ва аз устод узр пурсидам… Барои он хушбахтам, ки аз эроди устод ҳам панд мегирему ҳам ислоҳ мешавем. “Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд” – ин мақол дигар дар ду дунё аз ёдам нахоҳад рафт…
Файзуллохон ОБИДОВ
P.S. Муҳассилини МТЖТ ба устод Хуршед Атовулло ва ба кулли қаламкашони боргоҳ тансиҳативу хурсандӣ орзу мекунанд. Доимо ҷавону зиндадил бошед! Иди касбиатон муборак!