Абдувоҳид дуруд!

Абдувоҳиди азиз, табрики як нафар ҳамкасб ба муносибати зодрӯзаш маро водор ба навиштани ин мактуб кард. Мавзӯе, ки кайҳо боз мехостам нависам, аммо бо пайдо шудани ин ё он мушкил фаромӯш мекардам. Ин ҳампешаро пеш аз табрик кардан барояш иқтибоси аҷибе аз шоири шаҳир Суҳроби Сипеҳрӣ овардаанд, ки хеле ҷолиб аст:

Номбурда дар ҷашни яксолагии зодрӯзи фарзандаш навишта будааст:

“Азизам, як баҳор, як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чиз такрорист. Оре, рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо такрор мешаванд ва ин такрорҳо умри моро бо худ мебаранд. Ва ҳарчанд, ки «зиндагӣ маҳруми такрор асту бас», яке худро дар он комил месозад ва дигаре ҳам ҳаст, ки бо ғафлат худро мебозад”.

Воқеан, ҳамин гуна аст Абдувоҳид. Гоҳо ҳайрон мешудам, ки чаро мардум ба муносибати як соли дигар пир шудан, нафари дигареро табрик мегӯянд, барояш орзуҳои нек мекунанд. Баъдтар дарк кардам, ки шояд табрикунандаҳо дар ин дунёе, ки ҳар нафас дигар ғанимат шудааст, шояд тарс доштанд, ки мавсуф то ба ин лаҳза намерасад, ба ин сину сол намерасад. Шоире ҳам хеле ба маврид дар ин бобат фармудааст:

Баски бад мегузарад зиндагии аҳли ҷаҳон,

Мардум аз умр чу соле гузарад, ид кунанд.

Аз ин рӯ, табрик мегӯянду орзую таманноҳои умедбахш мекунанд. Шояд Шумо ҳис карда бошед, ки дар ҳама табрик ҳатман ибораҳои “тандурустӣ мехоҳам, саломатӣ таманно дорам” ва ба ин монанд, такрор мешавад.

Дӯсти шодравон Акбари Саттор мегуфт:

“Вақте сисола шудам, чилсолаҳо ба назарам пир метофтанд. Ҳамин, ки чилсола шудам, панҷоҳсолаҳо фарсудаю афгор менамуданд. Ҳоло ки ба панҷоҳ расидам, шасту ҳафтодсолаҳо ба назарам пир менамоянд”.

Ҳамин аст зиндагӣ. Бубинед, мо аслан даврони беғамиро бояд то ба 15-17 солагӣ ҳисобем. Дунболи он дигар давутоз барои зиндагии арзанда, барои хонадоршавӣ, барои ба пой рост кардани додару хоҳар, барои таъмини волидайни пир сарф мекунем. Ва ниҳоят ба пирӣ омода мешавем: Касе дунболи нафақаи сазовор, касе ба даст кашидан аз амалҳои бади замони ҷавонӣ (ба мисли майхорагию давидан ба дунболи ҷавондухтарон) талош мекунад. Ҳама муллою намозхону тайёрӣ барои рахти сафар бастан. Яке зиёрати ҳаҷ мекунаду пузиши гуноҳҳояшро мепурсад. Дигар ҳеч! Як навиштаи дигар ба ёдам расид: Ба қабристоне мераванд ва мебинанд, ки дар санаи таваллуду марги фавтидагон фосила ҳамагӣ се сол то ҳафт сол аст. Мегӯянд, чаро чунин аст? Посух мешунаванд, ки “Ин мардум ба мисли Инсон беғаму бедард ҳамин қадар сол зистаанд”.

Пас, аз таваллуд то марги мо чанд сол бошад Абдувоҳид?

Аз марг набояд тарсид

Саломе чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Мактубатонро гирифтам Хуршед. Инак, хондаму дар тараддуди ҷавоб навиштан ҳастам.

Ман аз хурдӣ аз марг наметарсидам ва ҳоло низ ба ин ақидаам, ки аз марг набояд тарсид. Аммо хостори марг низ нестам. Худо чӣ қадаре умр додааст, бо хушӣ мехоҳам паси сар кунам. Дар зиндагиам ба ҳар чизе, ки хушу хубу гуворо буд, даст ёфтаам, барои ҳамин ҳам ҳамеша дар ҳамин ақидаам, ки одам бояд то лаҳзаи охирини умр аз хушиҳои он лаззат барад.

Онҳое, ки дар охири умрашон дигар роҳи рафт намеёбанду ба дин рӯй меоранд, дурӯя ҳастанд. Мард бояд аз аввали худшиносияш худошинос низ бошад, вагарна ба гуфти халқ “дар пирӣ ҳар габр мусулмон мешавад”. Фидои ҷавонмардоне мешавам, ки мардию ҷавонмардиро аз аввал то охири умр шиори зиндагияшон кардаанд. Дар рӯзи таваллуд суханҳои хубу хотирмон гуфтан, дар ҳақиқат мӯд шудааст. Намедонам ин ҷашни рӯзи таваллуд аз куҷо пайдо шудаасту сарчашмааш куҷост, аммо ҳаминро медонам, ки ин чиз барои боз як соли дигар зистану барои худ ҳисобот додан чизи хуб аст. Аз оне, ки ёру рафиқон маҳз дар ҳамин рӯз, дар як сол як маротиба суханҳои хубу таърифҳои воҳимаангез, тавсифу муболиға мекунанд, ҳиҷ ҷойи соҳибҷашн кам намешавад. Баракс, баъзеҳо бовар мекунанд, ки дар ҳақиқат онҳо ба ин таърифҳо сазоворанд, ҳатто агар сазовор набошанд ҳам кӯшиш мекунанд, ки ба ин гуфтаҳо ва хостаҳо сазовор бошанд.

Ба назари ман такрор шудани рӯзҳою ҳафтаҳою моҳҳою солҳои зиндагӣ ҳам нисбист, чун ки ҳар нафар рӯзашро чӣ хеле, ки хоҳад ҳамон хел ба роҳ мемонад. Барои ман ҳар рӯз рӯзи нав аст. Бо орзӯе саҳар ба зиндагӣ қадам мемонам, ки имрӯз аз рӯзи гузашта беҳтар бошад, як кори хубе анҷом дода бошам, бо як нафари хубе ошноӣ пайдо кунам, дили як нафарро ба даст оварда бошам, сари як ятимро сила карда бошам, касеро наранҷонида бошам, як китоби хубе пайдо кунам, як мақолаи хубе хонам, як шеъри хубе гуфта бошам… Ин номгӯй бароям беохир аст.

Хуршедҷон! Дӯсти азизам, ман дар ҷавониям ҳам ба ҳамин ақидаҳоям устувор будаму ҳоло ҳам ба ҳамин ақида ҳастам. Барои ҳамин ҳам Шумои азизро низ барои дӯст доштани зиндагӣ талқин мекунам.

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь