Дарси устод Қироншоҳ Шарифзода буд. Мо – донишҷӯёни соли сеюми факултети журналистика ба саволи “Дар дунё чӣ гапи нав аст?”-и устод аз хабарҳои муҳими рӯз мисол овардем.

– Дар хатсайри 8-и пойтахт автобуси дуошёна сар доданд,- хабар дод яке аз ҳамсабақонамон.

Устод ин навгониро хеле муҳим дониста, аз мо пурсиданд, ки “кӣ рафта аз ин хатсайри автобуси дуошёна репортаж навишта меоянд?”. Ҳама хап буданд. Ба гумон, ҳамагӣ ҳарос доштанд, ё ҳаври ҳавасашон паст буд. Баъди чандин бор ҷиддӣ “кӣ меравад?” гуфтани устод, мо 4 нафар даст бардоштем. Устод нақшаи корамонро шифоҳан фаҳмониданду “барори кор” гӯён, гуселониданд.

Соат 08:38. Дар суроғи автобуси дуошёна

Мо аз истгоҳи “Кӯли ҷавонон” ба автобуси 8 савор шудем. Ронандаи навкоре, ки зикри номашро нахост, сари чанбарак нишаста буд. Ӯ гуфт, ки “автобуси дуошёна” айни ҳол дар таваққуфгоҳи “Фурудгоҳи куҳна” истодааст. Ба ин суроға равон шудем. Аз чанд тан мусофирони автобус пурсидем, ки “оё автобуси дуошёнаро диданд?”.

– Ман дирӯз ба автбуси дуқабата нишастам. Барои мо пиронсолон ошёнаи якум мувофиқтар аст. Ба ошёнаи дуюм баромадан душвортар. Ба назарам, даруни толори автобус каме торик аст. Дар гардишҳо камбудӣ нест. Агар ин хел автобусҳоро зиёд кунанд, қулай мешавад. Фоидааш дар он аст, ки ҷойи нишасти зиёд дорад ва дигар одамон рост намеистанд,- гуфт нафақагир Ҳоҷитуманшоҳ Сироҷов.

– Ман бори аввал ба автобуси навбаромад дар вақти “час пик” нишастам. Одам пур буд. Фикр мекунам, ки ба шароити Тоҷикистон ин хел автобус мувофиқ нест. Дидам, ки даробаро як каме душвор мешавад. Шаҳрвандон ҳам маданияти истифодаи ин хел авобусҳоро надоранд. Шояд тамбашавии мошинҳо ва тӯдашавии одамон аз пушти автобуси дуқабата зиёдтар шавад,- пешгӯйӣ кард Музаффар ном ҷавон.

Соат 09:19. Таваққуфгоҳи “Фурудгоҳи куҳна”

Автобуси дуошёна дар байни автобусҳои одӣ истодааст. Он дар мобайни дигар автобусҳо “бародари калонӣ”-ро мемонад. Гӯё автобуси навбаромад “ситораи саҳна” бошад, ки чандин кас бо ҳавсалаи том ҳай сурат мегирифтанд. Мо низ аз қатор намонда, ба даруни автобус даромадем. Ду волонтёр, ки намоянда аз “City саrd” буданд, мусофиронро наззора мекарданд. Ошёнаи аввали автобус: Дар шифти он дастқапаки резиниро намебинед. Дар оҳани дастқапӣ барои телефонҳо ду дастгоҳи қуввадиҳӣ насб шудааст. Дар сақфи ошёнаи якум ду камераи назоратӣ ва як телевизор ҳам гузоштаанд. Ҳар тиреза тоқча ҳам дорад. Ошёнаи дуюми автобус: 49 ҷойи нишаст дорад. Дар дастаи оҳанини зинапоя 1 дастгоҳи қуввадиҳӣ насб шудааст. Дар толори автобус як телевизорро низ гузоштаанд. Дар шифт 2 ҳавобароякро мебинед.

Мусофирон ба автобуси дуошёна чӣ хел баҳо доданд? Бо ин савол чанд тан аз онҳоро ташвиш додем.

– Аз тирезаи бинои истиқоматиам назарам ба автобус афтод. Дидан замон бо ҳавас “савор мешаваму халос” гуфтам худ ба худ. Ниятам ба тарафи чойхонаи “Роҳат” рафтан буд. Ба ошёнаи дуюми автобус баромада, баҳузур нишастам. Вақте автобус ҳаракат кард, каме тарсидам. Хаёл кардам, ки чаппа мешавад. Баъди чанде фаҳмидам, ки ҷойи тарс надоштааст. Манзараҳои шаҳрро тамошо карда истодаам,- гуфт Мунира Абдулҳақова – як тан корманди соҳаи тиб.

Гулчеҳра ном зани миёнасол гуфт, ки «барои ман хеле роҳат аст. Шаҳрро ҳам зеб додааст. Мехоҳам, ки чунин автобусҳо зиёд шаванд. Дар ҳамаи хатсайрҳо ин иқдом роҳандозӣ гардад, хуб мешавад. Ман дар хориҷи кишвар ин гуна автобусҳоро дида будам, аммо дар Тоҷикистон бори аввал мебинам. Муҳим ин аст, ки то дер хизмат кунанд».

Нилуфар Исмоилова донишҷӯ аст. Ӯ мегӯяд, ки «ин автобус барои мусофирон қулай аст. Дар давраи пандемия, ки бояд фосилаи иҷтимоӣ риоя шавад, ин иқдом хеле саривақтӣ аст. Фикр мекунам, ки агар одамони синну солашон калон дар ошёнаи якум ва ҷавонону наврасон дар ошёнаи дуюм нишинанд, хуб мешавад».

Холаи Давлатмоҳи солдида асобадаст вориди автобус мешавад. Ӯ аз он хурсанд аст, ки даромадгоҳи автобус он қадар баланд несту саворшавӣ осонтар аст. “Кошки чунин автобусҳо зиёдтар шаванд”,- мегӯяд ӯ дар курсии холӣ ҷо гирифта.

Соат 10:10. Таваққуфгоҳи “Зарафшон”

Аз гармии суҳбат нафаҳмида мондем, ки ба охири хати хатсайри 8 расидем. Дар қафои ҳуҷраи ронанда навиштаҷоти “Лутфан, дар вақти ҳаракат бо ронанда суҳбат накунед” часпонида шуда буд. Аз ҳамин сабаб, баъди исти автобус, ба суҳбати ронанда шитофтем.

Хайриддин Нарзуллоев собиқаи 34-солаи ронандагӣ доштааст. Барои ӯ рондани автобуси дуошёна мушкилӣ надорад.

– Бари автобус 2,5 метр буда, баландиаш 4 метр ва дарозиаш 11,4 метр аст. Ҳамагӣ 72 ҷойи нишаст дорад. Дар вақти серодамӣ ҳам ҷойи нишаст пур бошад, аз 10 нафар зиёд мусофири рост меистода намегирем. Дар як рӯз 4-5 маротиба дар ҳамин хатсайр рафтуомад мекунем. Суръати ҳаракатро аз 35-40 км/соат зиёд намекунем,- шарҳ дод ронанда.

Гуфта мешавад, ки автобус истеҳсоли корхонаи ватанӣ – ҶДММ “Акиа Авеста Автаматив Индастри”-и шаҳри Душанбе аст. Он ҳоло як адад ба таври озмоишӣ фаъолият дорад. Дар сурати омӯзиши ҳолати истифодабарии нақлиëти ҷамъиятӣ ва пайдо шудани талабот дар оянда шумораи он зиëд карда мешавад. Дар корхонаи болозикр ҳамзамон истеҳсоли намудҳои дигари автобусҳо оғоз шудааст. Интизорӣ меравад, ки дар оянда низ масъулини соҳаи нақлиëти шаҳр теъдоди чунин автобусҳоро зиёд мекунанд.

Вақте бо ронанда хайрухуш карда, аз автобус мефаромадем, тӯдаи ҷавонон саросемавор кортҳояшонро аз қайди “валидатор” гузаронида, ба ошёнаи дуюми автобус баромаданд. Шояд барои онҳо аз роҳат нишаста то манзил расидан, дар ошёнаи дуюми автобус сафар кардан шавқовару мароқовар буд.

Шаҳноз АЛИЗОДА,

Файзуллохон ОБИДОВ,

Таманно ОДИНАЕВА,

Меҳроб РАҲИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь