Имрӯз-яъне 03.04. 2025 даргузашти журналист ва нависанда Ҳасан Юсуфи Файзбахшро шунида бисёр андӯҳгин шудам. Бештар аз он ғамгин шудам, ки як қаламкаш аз олам мегузараду касе хабар намеёбад. Файзбахши рӯзноманигор ва барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳам охири моҳи март (рӯзи ҷумъа, дар даҳаи охири моҳи Рамазон) хок ба сар кашидаву касе хабар надорад.
Ба ёдам омад, ки Ҳасан Юсуфи Файзбахш пас аз мутолиаи мусоҳибаи банда бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева ба суроғам омад. Дар он мусоҳиба ҳунарпешаи маъруф аз он шиква намуда буд, ки барои таҷлили ҷашни 80-солагиаш касе дасташро нагирифтаву дар театр ҳам омодагиҳоро ба таъхир гузоштаанд. Мухлиси ин актрисаи номвар Файзбахш пас аз хондани мусоҳибаи банда як мақола ҳам навишта буд, ки дар “Тоҷикистон” чоп шуд. Ҳамин тавр, чандин мақолаҳои эшонро мо дар рӯзнома нашр кардем.
Боре ду китобашонро ба банда ҳадя карданд, ки яке “Ғозималик, қавм ва чилтанҳои ӯ” ном дошту дигаре “Ҳабибу адиб ва муҳибу мутриб” ном дошт. Китоби аввал ба таърихи Ғозималик ва ривоятҳои мардумӣ дар бораи Ғозималик ва китоби дуюм ба рӯзгору корнома ва осори ҳуқуқшинос ва нависанда Ҳабибулло Назаров бахшида шуда буд. Банда ин асарҳоро мутолиа карда, андешаҳоямро навиштам ва дар “Тоҷикистон” чоп кардам. Муаллиф баробари гирифтани газета бо арзи миннатдорӣ ба назадам омада, бо чашмони ашколуд изҳори миннатдорӣ баён кард.
Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҳамдеҳаи шоири мардумӣ Карим Девона буд. Дар бораи ин шахсияти аҷиб ва ҳам нахустмуҳаққиқу муаррифгари ӯ – Ҳабибулло Назаров китобҳои “Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон”, “Дар ин дунё Карим Девонае буд…” ва “Ҳабибу адиб ва муҳибу мутриб”-ро таълиф кард. Дар ин асарҳо ӯ рӯзгори Карим Девонаро дар асоси ривоятҳои боқимондаи мардумӣ ва шеъру байтҳои ӯро, ки дар китобҳои пешин нашр нашудааст, аз хотираи мардум сабт ва нашр намудааст. Корҳои Файзбахшро метавон идомаи корҳои Ҳабибулло Назаров арзёбӣ намуд.
Ду китоби дигари Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҳам барои муаррихони таърихи муосири Тоҷикистон шояд ҷолиб бошад. Яке аз ин китобҳо “Номуси нанги миллат” ном дошта дар бораи яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез ва таъсиргузори солҳои 90-ум Файзалӣ Саидов аст. Дигаре “Қурғонтеппа: сентябри хунин” ном дошта, дар бораи ҳаводиси моҳҳои сентябр ва октябри соли 92 аст ва ба шеваи рӯзнома таълиф гардидааст. Дар мавриди китоби аввал қазоват карда наметавонам, вале китоби дуюм ҷолиб навишта шудааст.
Ҳамчунин, Ҳасан Юсуфи Файзбахш муаллифи 20 китоби дигар аст, ки дар онҳо қиссаву ҳикоя ва мақолаҳову пажӯҳишҳояш гирдовариву нашр шудаанд. Мақолаҳои зиёди ӯ, ки дар бораи таърихи кишварамон, урфу одат ва анъанаҳои миллиамон ва маънавиёти мардум аст, дар нашрияҳо чоп шудаанд.
Албатта, ман намегӯям, ки Ҳасан Юсуфи Файзбахш як эҷодкори фавқулода ва нотакрор буд, вале ӯ бисёр заҳмат мекашид, ба кори эҷодӣ ҷиддӣ муносибат мекард, синну солаш аз 70 гузашта бошад ҳам, аз бозёфтҳояш бо чашмони дурахшон нақл мекард ва аз пайи ҳадафҳои эҷодиаш бо такопӯ медавид.
Албатта, ин ҷо наметавон аз қиссаи қасди худсӯзӣ карданаш дар Иттифоқи нависандагон ёдовар нашуд. Чун борҳо барои узви иттифоқ шудан ҳуҷҷат пешниҳод мекунад ва ваъдаи қабул шудан мегираду бори ҳаштум низ рад мешавад, ба ҳолати стресс гирифтор шуда, дар долони Иттифоқ худашро бо бензин оташ мезанад. Шукр, ки ин қазия бе фоҷеа анҷом ёфт, вале расонаӣ шуд. Одам дар ҳолати шокӣ ба чӣ корҳое қодир аст, вагарна ба одами 70-сола узви Иттифоқ шудан ё нашудан чӣ медиҳад?! Вале Ҳасан Юсуфи Файзбахш мардона рафтор кард, баъди гузаштани қазия ва беҳтар шудани вазъи саломатиаш дар ин бора муфассал навишт. Иқрор кард, ки дар ҳолати стресс худ надониставу нахоста ба ин амал даст задааст…
Ман бо Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҳамкорӣ ҳам доштам. Як рӯзи соли 2022 эшон ба идора омада як бастаро ба назди ман гузошта гуфтанд: “Ҷавон ҳам бошед, ба шумо иродат дорам. Ин меҳрномаи банда бахшида ба 80-солагии устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов аст. Мехоҳам онро қалам зада сарсухан нависед”. Ман гуфтам, ки албатта онро мехонам ва агар зарур бошад қалам ҳам мезанам, вале сарсухан навиштанро қабул накардам… Ба ҳар ҳол ба китобе, ки дар бораи шахсияти бузургу беназире чун устод Ҷӯрабек Муродов аст, сарсухан навиштан масъулият дорад…
Ин китобро давоми 3-4 рӯз хонда ба муаллиф баргардонидам ва он бо номи “Бо Худо, бо халқ, бо худ”, ки шоири устод Ҷӯрабек Муродов аст, дар ҳаҷми 80 саҳифа бо тамғаи нашриёти “Адиб” ба нашр расид.
Дар бораи устод Ҷӯрабек Муродов садҳо мақола ва 10-15 китоб таълиф шудааст. Бинобар ин, ҳарфи нав гуфтан дар бораи ин шахсият осон нест. Бархе аз бахшҳои китоби Ҳасан Юсуфи Файзбахш ҳам такрори гуфтаҳои пешин аст, вале хотироти ӯ аз дидору суҳбатҳояш бо устод ва бардоштҳояш аз рӯзгору осори эшон ҷолибу хонаданӣ мебошад. Ин китоб бори дигар шаҳодат медиҳад, ки устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов бо вуҷуди он ки бузургу нотакроранд, хоксору самимӣ ҳастанд ва далели алоқаи шадиди мардум ба шахсияти эшон аз як тараф дилбастагӣ ба ҳунари волояшон бошад, аз ҷониби дигар ба шахсияташон аст. Аҷиб он аст, ки нашри ин китоб низ бо маблағгузории мухлисони устод Ҷӯрабек Муродов сурат гирифтааст. Соли 1981 устод Ҷӯрабек Муродов бо раққосаи маъруф Малика Қаландарова тӯйи хонадоршавии сокини деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Заргари шаҳри Бохтар Иззатуллоро обод мекунанд ва бо гузашти қариб 40 сол фарзандони ин хонавода нашри китоби Ҳасан Юсуфи Файзбахш – “Бо Худо, бо халқ, бо худ”-ро маблағгузорӣ мекунанд. Ин ҳам як далели ҷолиби иродаи мардум ба ҳунари шоҳсутуни санъати тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов мебошад.
…Ҳасан Юсуфи Файзбахш солҳои охир дар гимназияи навсохти №4-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Дар ин ҷо маҳфили адабӣ ҳам дошт ва хонандагонро ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омода менамуд. Дар дидори охирамон ҳамоно боҳарорат ва бомуҳаббат дар бораи дастовардҳои шогирдонаш ҳарф мезад.
Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба ёди ман чунин боқӣ монд: ҳамеша дар такопӯ, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва ҳамеша дилгарм ба коре, ки анҷом медиҳад…
Ёдаш ба хайр!
О. Нозир