(ё санге ба гӯри Лайлӣ)

Субҳ ду ҷавони асобадаст подаро ҷониби кӯҳ меронданд. Кӯдакони шӯх бузғолаҳои хурдро аз тарафи дигари деҳа ба саҳро давонда мебурданд. Сояи кӯҳи “Хоҷабарнова” аз нӯрҳои офтоб гурехта-гурехта торафт ба зери шах паноҳ мебурд. Рӯзи истироҳат буду ҷавонони деҳаи Дараи бедо ба чукричинӣ рафта истода буданд. Ману гурӯҳе аз ҳамкурсонам низ ба тамошои кӯҳи Варзоб баромада будем. Сӯҳбаткунон баъди соате ба қуллаи кӯҳ расидем, ки Душанбе дар назар намоён шуда меистод. Бо исрори ҳамкурсам  Умедҷон зуд ба чукричинӣ ба паси қулла фаромадем. Каме поёнтар аз баландӣ зери шахе санг чида шуда буду гумони ғолиб рамзеро ифода мекард. Замоне наздиктар шудем, фоҷеае ба хотирам омаду ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Бале ин ҳамон маконе буд, ки 11 сол муқаддам духтари аммаам – Орзугул Ҷурақуловаи 18-сола ба фоҷеае дучор шуда буд…

22-юми майи соли 2011, рӯзи якшанбе. Хонандагони синфҳои 11-уми мактабамон бо мақсади сайри кӯҳистон тасмим мегиранд, ки ба кӯҳ бароянд. Хуллас,  ба паси ҳамин кӯҳе, ки мо ҳоло онҷо будем, барои чукричинӣ мефароянд. Ҳангоми чукричинӣ духтарҳо ҳама бо шавқу завқ бо дастгоҳи аккосии ҳамсинфашон Ориф акс мегирифтанду аз шавқи ҷавонӣ оламу одам аз хотирашон фаромӯш шуда буд. Лаҳзае бо хоҳиши апаи Фарангис духтарон ба чукричинӣ машғул шуданд. Орзугул низ бо сари хам дар домани шах чукрӣ мечид. Баъди лаҳзае вай тамоми ғаму ғуссаи дунёро фаромӯш намуд…

Модарам баробари дар бораи ӯ суханро сар кардан, гиря гулӯгирашон мекунаду  бо таассуф мегӯянд: “Орзугул духтаре буд, ки ҳамтояшро на олам дидаву на одам. Одобу ахлоқи вай худ ҷавоби чандин духтарро медод. Ба касе кордор намешуд. Ҳамеша хурду калонро ҳурмату эҳтиром мекард…” Боз модарам сахт гиря карда мефиристанд. Баъди чанде аз нав ба сузан медарояд: “Агар мабодо медид, ки ман дар байни полиз хушова карда истодаам ё пиёзу помидор барин зироятҳо корида истодаам, ҳатман омада корро аз дастам мегирифт. Сад афсӯс, ки умр вафо накард. Аз сад гулаш ҳатто яке нашукуфта Орзугули ҳанӯз ба орзуҳо нарасида моро тарк гуфт”.

Аммамро намедонам, ки дар васфи духтараш чӣ мегӯяд, зеро асло дилёб намешавам, ки дар бораи апаи Орзугули раҳматӣ аз ӯ пурсон шавам, вале амакам Баҳодур, ки ба Орзугул тағо мешаванд, чунин мегӯянд: “Аз хурдияш ҳар кас, ки вайро бинад, қаду басти паҳлавононаашро ба модарам монанд мекард. Зебогиашро бошад, ба апаам – Меҳринисо (яъне модараш). Мо тағоҳо ӯро Гурдофарид мегуфтем, зеро бе ҳеҷ шакку шубҳа духтари паҳлавонпайкар буд. Ба ҳеҷ кас кор надошт. Ҳеҷ намедонам малак будӣ ё фарзанди инсон…” Инро мегуфту амакам низ хомӯш мешуд, зеро сухан гуфтан дар бораи ин паричеҳра воқеан ҳам дардовар асту душвор. Хотираҳо варақгардон мешаванд, захмҳои кӯҳна аз нав ба дард медароянд. Оҳ, чӣ захмҳои ноҷӯр дорад, зиндагӣ…

Он ҳодисаи мудҳиш чунин рух дода будааст: “Орзугул дар ҳамон домани кӯҳ чукрӣ чида истода буд. Ногоҳ аз фиғони апаи Меҳрангез Орзугулро ба худ омад ва ҳини сар ба боло бардоштан кӯҳпораеро дид, ки аз кӯҳ канда шудаву ҷониби поён бемайлон ҳаракат мекунад. Масофаи байни кӯҳи кандашуда ва домани шах тақрибан 30 метр буд. Оҳ аспи ноошонои аҷал! Бо амри қазо пойи Орзугули муштипар дар байни сангҳо руст карду бо  талвосаи ҷон онро раҳонида натавонист. Кӯҳи бадрафтор ҳам рост ба ҷониби Орзугул ҳаракат намуд. Ҳанӯз дар 10 метр нишеб шудан кӯҳ аллакай пора-пора шуда, сели сангро ба вуҷуд оварду… Бо ҳамин сели чақмоқсангҳо омада ба Орзугул расиданду дар як лаҳза тани чун мушку анбар муаттар ва чун барги гул нозукашро пора – пора намуда, оғуштаи хун гардониданд. Оҳ, чӣ сахт аст, тасвири он ҳолат. Дар як лаҳза чангу дуд ва садои тараққо-туруқи сангҳо ба фалак печид.

Қариб 300 метр дуртар аз онҷо Хуршед – тағо ба гӯсфандчаронӣ машғул буд. Ногоҳ садои: “Ёрӣ диҳед, ёрӣ диҳед, эй мардум, аз барои савоб ёрӣ диҳед! Ба Орзугул санг  расид…”- гуфтани яке аз духтарҳо фикри ӯро пароканда кард. Асояшро партофту ҷониби садо давид…

Ман баъди 20 соли интизории волидонам ба дунё омадаам. Як вақтҳо, ки Орзугул синфи 1 будааст, бо модарам дар хонаи мо меистодааст. Он вақтҳо Хуршед – тағо низ тез-тез омада аз аҳволи модарам бо хабар шуда меистодааст, ба ҳама корҳои хонаамон ёрӣ расонда меистодааст. Ҳамон вақтҳо байни Орзугул ва тағоям Хуршед робитаи акаву хоҳарӣ ба вуҷуд меояд. Тағоям – Хуршед ва духтари аммаам Орзугул ба ҳам сахт унс мегиранд. Одатан Орзугул чунин мегуфтааст: “Ман агар насиб бошаду рӯзе арӯс шавам, дар ҷилавонаи ман ҳатман акаам Хуршед нишинад.” Аммо …

Баъзан тағоям бо шӯхӣ ҷониби Орзугул мегуфтааст: “Ман агар мурдам, одам накобед. Хоҳарам Орзугул манаҳи маро мебандад.” Аммо бозиҳои рӯзгорро кӣ медонад, ки оқибаташонро чӣ интизор аст?! Хуршед – тағо муаллими ҷавон буду дар мактаб ба синфи Орзугул дарс мегуфт, аммо вай аз ҳодисаи  ба кӯҳ рафтани синфҳои 11-уми мактаб дарак надошт…

“Бачаҳо сангҳоро аз давру бари Орзугул дуртар партоед!” – ин суханро гирякунон вай замоне мегуфт, ки аллакай дар сари ҷасади беҷону пора – пораи Орзугул қарор дошт. Куртаи худро даронда манаҳи хоҳари ба ҷон баробараш – Орзугулро бо дасти худ мебандад. Барои эҳтиёт аз ҳашаротҳо рӯяшро бо баргҳои чукрӣ пӯшонида мемонад. “Хабари шум тез паҳн мешавад”,-мегӯянд. Ҳанӯз бадани Орзугул хунук нашуда, аллакай чандин гурӯҳ ҳамдеҳагон расида меоянд. Аз ҷумла, амакам Баҳодур ва падари Орзугул. Аввал амакам кӯшиш мекунад, ки ҷасадашро бардошта ба роҳ барорад. Аммо аз вазнинии ҷасад бо азобе онро аз ҷояш мебардорад. Ҳамин вақт ногоҳ дасти Орзугул меҷунбад. Гумон мебаранд, ки вай зинда аст, аммо ҳайҳот, дасташ шикаста будаасту аз ҳамин сабаб ҷунбиш хӯрдааст…

Ягона лаҳзае, ки аз ин фоҷиа ман бо чашми сар дидаам, нолаву фиғони одамони дар хонаи аммаам ҷамъшуда буд. Онҳо интизори Орзугул буданд, ҳамон Орзугуле, ки саҳарӣ бо табъи болида ва чеҳраи хандон бо ҳамсинфҳояш аз деҳа баромада истода буд. Ҳини гиряи занҳо модарам як лаҳзаро ёд карда зор-зор мегиристанд: “Субҳгоҳон вақте, ки онҳо ба баландӣ баромада истода буданд, ҷониби ҳавлии мо нигоҳ карда “Хайр янгаҷон, хайр, “то дидор” гуфта буд.” Модари бечораи ман аз он месӯхт, ки ин дидорбинии ваъдагӣ ба қиёмат монда.

Аз сари шахи “Хоҷабарнова” чанд нафар ба назар намоён шуданд. Бо дидани занбар (носилка) дар дасти ду нафарашон фиғони осмонкафе аз ҳавлии аммаам ба ҳаво хост. Чамангул аз гиряи зиёд дар ҳасрати апааш соате буд беҳушу ёд ба хоки зери тути ҳавлиашон, ки ягона муттакои ӯву аммаам дар он рӯз буд, ҷулида мехобид.

Бо расидани замбардорон гурӯҳи духтурон низ бо раҳнамоии бобоямон Сангинмурод Баротови раҳматӣ расида омаданд. Ҷасадро ба кафан гирифтанд. Ҷаноза баргузор шуд. Афсӯс Орзугуле, ки бояд бо мошини зебое ҷониби хонаи бахт мерафт, бо тобут аз хона бадар шуд. Хуршед – тағое, ки ҳаққи ҷилавонанишинӣ аз ӯ буд, имрӯз бо дарду алам тобути Орзугулро сари китф карда буд…

Ёдаш ба хайр бод, аз марги вай имрӯз аллакай 11 соли пурра пушти сар мешавад. Ростӣ рақами 11 дар ин фоҷеа рамзист. 11 сол муқаддам, соли 2011,  ҳангоми синфи 11-ум будан!

Ҳамасола 22-юми майро наздикону пайвандон бо азодорӣ пешвоз мегиранд, зеро ҳамин сана морову Орзугули ғурамаргро барои абад аз ҳам ҷудо сохтааст. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, вай имсол 30умин солгарди умри худро ҷашн мегирифт. Кош қазову қадар афсонае мебуду дар ин 11 соли интизорӣ апаи нозанини бахтнадидаи ман аз хок бармехост…

Қиссаи талх сайри моро ҳам талх карду бо чеҳраҳои пареш баъди сайри кӯтоҳе ба Душанбе роҳ гирифтем.

Қаландар Нориён, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь