Соли 1987 дар тайёраи Маскав-Душанбе аз як сафар бармегаштам. Дар паҳлуям як марди зиёинамои араб бо тарҷумонаш менишаст. Вақте фаҳмид, ки ихтисосам фанҳои забону адабиёт аст, пурсид, ки дар забони тоҷикӣ чанд фоиз вожаҳои арабӣ вуҷуд доранд. Агарчи медонистам, ки чунин вожаҳо хеле зиёданд, аммо гуфтам, ки тақрибан 25-30 фоиз. Он мард бо тамасхуру ҳавобаландӣ гуфт: 65-70%! Ман на аз зиёдии ин шумор малӯл шудам, балки тарзи гуфтори ӯ маро хеле озурда кард ва дар ҷавоб гуфтам: -Аксаран вожаҳое, ки дар луғатҳо арабиашон медонанд, аслан форсии тоҷикианд, ки мансубияти аслиашон аз ёдҳо рафтааст…

***

…Аксари донишмандон назар бар он доранд, ки вожаҳои тоҷикӣ-форсӣ дар забони арабӣ дар даврони ҳукмронии сосониён дар забони арабӣ нуфуз намудаанд. Албатта, ба забони арабӣ ворид гардидани як бахши муҳими чунин вожаҳо дар даврони нуфузи ойини зардуштӣ ва салтанати сосониён, дар натиҷаи муомилоти тиҷоративу иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Чунин вожаҳои ориёиро дар забони арабӣ ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Аммо дар забони арабӣ вожаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки дар натиҷаи муҳоҷиратҳои азёдрафтаи даврони хеле қадим ба ин забон ворид гардидаанд. Чунин вожаҳоро танҳо дар натиҷаи муқоиса бо забонҳои куҳани ориёӣ – санскрит, суғдӣ тахорӣ, хутаниву сакоӣ ва ғайра забонҳои, ба истилоҳ, эронишарқӣ шинохтан имкон дораду бас. Дар фарҳангҳои забони тоҷикӣ дар паҳлӯи аксари вожаҳо ишораи «а», яъне арабӣ гузошта шудааст. Аксаран мураттибони ин фарҳангҳо ҳар вожаеро, ки дар луғатҳои арабӣ вуҷуд доштааст, арабӣ қаламдод намудаанд. Аммо дар фарҳангҳои арабӣ вуҷуд доштани ин вожаҳо нишони арабӣ будани онҳо нест. Масалан, вожаҳои адаб, тарҳ, ғанӣ, тамом, ғам, сел, қаҳтӣ, аҷамӣ, нил, тор, миннат, ҳалоҳил, доб ва ғайра тақрибан ба шакли аввалияашон, ки дар забони санскрит вуҷуд доранд, дар забони арабӣ боқӣ мондаанд. Вожаҳои шамс, ватан, ҷавӣ (ҳаво) ҷараён, ғусса, ғизол, биринҷ, ҳаёт, иззат, изо ва хеле зиёд вожаҳои дигар ба табдилу тағйироти овозӣ дучор омада, шакли худро камобеш дигар кардаанд. Ва ба қавли бисёр донишмандони забони санскрит, аз ҷумла Т. Барроу, ҳар вожае, ки дар забони санскрит вуҷуд дошта бошад, он вожа моли дигар забон буда наметавонад.

Маълум аст, ки дар аксар маврид вожаҳои арабӣ ба забони адабӣ ва адабиёти хаттӣ ворид гардида, баъдан ба шеваву гӯишҳои маҳалҳо нуфуз кардаанд. Аммо баъзан дар гӯишҳо вожаҳое ба назар мерасанд, моли забони арабӣ дониста шуда, дар забони адабиамон мавриди истифода қарор надоранд. Масалан, дар забони арабӣ ҷоф ва ҷаф ба маънои хушк кардан, хушкӣ, хушк, корез вуҷуд дорад, ки, бешубҳа, бо вожаи ҷафидан (дар гӯишҳои тоҷикӣ) ба маънои фишурдан, тоб додани либоси тар ҳаммаъност. Қуртуқҷаф – маънои хафа кардани гулӯро дорад. Ҷафои арабӣ низ шояд аз ҳамин маъно – фишурдан ва фишор овардан сохтмон ёфта бошад, ки бо кӯшо, раво, гӯё, шунаво ва ғ. шаклан ҳамсохтмон мебошад. Вожаи ҷавофи арабӣ низ дар гӯишҳо ба шакли ҷағоф (сурохӣ) ва ҷағидан (тарқиш пайдо кардан) муродиф дорад. Куртаро баъзе фарҳангҳо арабӣ ва баъзе дигар тоҷикӣ гуфтаанд. Мантиқ арабӣ набудани вожаҳои хом, тан, арк, сандуқ, шамъ, бориз, арҷ ва бисёр вожаҳои дигарро тақозо менамояд. Албатта, мавзӯи мазкур як пажӯҳиши бунёдиро хостор аст ва рисолае, ки ба хонандаи нозукфаҳм пешниҳод мегардад, як чашмандози сатҳист ба мавзӯи мазкур.

Артур Ҷефри – забоншинос ва исломшиноси англис, профессори Донишгоҳи Колумбия ва дорандаи курси илоҳиёт дар донишгоҳҳои Нйю-Йорк ва Қоҳира, ки тахассуси аслияш забонҳои сомӣ аст, дар мақолааш бо номи “Вожаҳои форсӣ ба коррафта дар Қуръон” кӯшидааст, вожаҳои забонҳои дигарро, ки дар Қуръони маҷид мавриди корбурд қарор гирифтаанд, муайян намояд. Вай дар ин мавзӯъ китобе бо номи «Вожаҳои дахил дар Қуръон» таълиф кардааст, ки дар Эрон низ ба забони форсӣ ба нашр расидааст. Донишмандон дар гузашта ба мавҷудияти вожаҳои забонҳои дигар, аз ҷумла форсии тоҷикӣ ризоият надоштанд ва забони Қуръонро саросар вожаҳои арабӣ шумурдаанд. Аммо тавре маълум аст, дар дунё ҳеҷ забоне вуҷуд надорад, ки орӣ аз вожаҳои дигар забонҳо бошад. Аз ин лиҳоз дар забони арабӣ низ вожаҳои дигар забонҳо ва, фикр мекунам бештар аз ҳама тоҷикӣ-форсӣ ҳатман вуҷуд доранд.

Донишмандони гуногун дар ин бахш пажӯҳиш анҷом дода,  тақрибан 30-35 вожаи тоҷикӣ-форсиро дар Қуръон шинохтаанд, ки он вожаҳо инҳоянд: ибриқ, истабриқ, барзах, бурҳон, танур, ҷизя, ҷаноҳ (гуноҳ), дирҳам, дин, ризқ, равза, зубония, зарробӣ, занҷабил, завр, сиҷил, сироҷ, сародиқ, сарбол, сарад, сундус, ифрит, фурот, фирдавс, фил, канз, моида, марҷон, муск, нусха, Ҳорут ва Морут, варда, вазир, ёқут.

Дар забони арабӣ бисёр вожаҳое вуҷуд доранд, ки баромади забонҳои ориёӣ буданашон фаромӯш шудааст.  Инак дар бораи баъзе вожаҳои фаромӯшшудаи тоҷикӣ дар забони арабӣ сухан хоҳад рафт.

Адаб

Маълум аст, ки маънои адаб хулқу атвори нек, риояи фарҳанги суҳбат, рафтор, шину хез ва дигар муносибатҳо дар ҷомеа мебошанд. Шахсеро, ки чунин муносибатҳоро риоя мекунад, боадаб ва онеро, ки мухолифи чунин низом аст, беадаб мегӯянд. Адаб дар ҳама қомусу фарҳангҳо вожаи арабӣ дониста шуда, шакли ҷамъи он одоб гуфта шудааст. Бо решаи ин вожа дар забони мазкур як силсила вожаҳои дигар таркиб ёфтаанд. Вале пажӯҳиш ва муқоисаҳои забонӣ нишон медиҳанд, ки вожаи адаб аслан ориёӣ буда, дар забони санскрит ба шакли adabha – адабҳа вуҷуд доштааст, ки маънои он ҳалиму меҳрубон, хайрхоҳ, некукор мебошад. Мо дар баъзе аз бобҳои ин асар дар бораи мавҷудияти пешванди инкории а- дар як силсила вожаҳои тазаккур дода будем, аз ҷумла сура – асура (аҳура), сита (сафед) – асита (сиёҳ), кави (доно) – акави (нодон), данд (дандон) – адант (бедандон) наргҳа (нарх) -анаргҳа (бенарх) дар он шуморанд. Дар забонҳои ғарб вожаҳои атеист (бехудо) ва аморал (беахлоқ) бо ҳамин пешванд сохта шудаанд. Имрӯз вазифаи пешванди мазкурро ҳиссачаи инкории но (нодон, нодор, нохуб ва ғ.) иҷро менамояд. Дар вожаи адаб низ ин пасванд ба решаи dabha (дабҳа), ки маънояш зиштӣ кардан, зарар расонидан, озор додан, фиреб додан мебошад, ҳамроҳ омада, хислатҳои мазкурро инкор менамояд. Агар мо шакли нахустини вожаи адабро (назишт, ноозор ва ғ.) бо пешванди бо – боадаб ифода намоем, мантиқан нодуруст менамояд. Ва бидуни пешванди а, яъне даб – бодаб (бо хубӣ, бо хайрхоҳӣ ва ғ.) саҳеҳ меояд. Аммо дар ин маврид забон ҳукми қотеъи худро баровардааст ва адаб ҳамчун вожаи содда ва дорои маънои мушаххас мавриди истифода қарор гирифтааст.

Умр

Умр (ъумр) дар забони арабӣ аз решаи ъамара (амара) ба маънои зиндагист, ки аз ин реша як силсила вожаҳо баъдан таркиб ёфтаву маъноҳои аз маънои асл дуртареро доро шудаанд. Имрон, иморат, маъмур, таъмир, меъмор ва дигар вожаҳо дар ин шуморанд. Дар санскрит вожаи мара – марг ва гунаҳои дигари он марта, мрта, мрт ва ғайра вуҷуд доранд ва ҳангоми дар оғози вожа омадани пешванди инкории а ин вожаҳои маънои муқобил – намирандагиро ихтиёр мекунанд. Амарвати – шаҳри намирандаҳо – ҳокимияти осмонии Индра дар болои Кӯҳи Меру, нӯшобаи намирандагии адабиёти ориёиҳиндӣ амрита ном дошт. Амара, амарта маънои бемарг, намиранда, ҳамешазиндаро дошта, ҳамчун сифати эзадон низ ифода мешуд, ки ъамара – ъумри арабӣ аз ҳамин ҷост.

Тамом

Тамом низ дар фарҳангҳо вожаи арабӣ дониста шуда, ба маънои ҳама, пурра, комил, саросар, басанда, кофӣ, ба поён расидани чизе, оқибат, анҷом, интиҳо, ба охир расонидан, буд кардан ва ғайра истифода шудааст. Аз решаи тамом низ чандин вожаҳо (тамоман, итмом, том, таммат ва ғ.) таркиб ёфта, дар забони мо роиҷ гардидаанд. Аммо вожаи тамом низ ориёӣ-тоҷикист, ки дар забони санскрит ба шакли tamām ифода гардида, ба амал ё ифода маънои дараҷаи ниҳоят олӣ мебахшад. Масалан бо шиддати тамом, бо майли тамом, бо суръати тамом ба таври дуруст ифода мешаванд, аммо ифодаҳои кор тамом шуд, сухан тамом шуд, вақт тамом шуд ва ғ. ҳарчанд аслан нодуруст ифода мешаванд, аммо ба меъёри забони имрӯзаи мо ворид гардидаанд. Масалан дар ин мисоли Аттор тамом ба маънои аслаш омадааст: “Хизр бо ӯ гуфт: -Ай марди тамом”. Гумон меравад вожаи том дар забони русӣ ба маънои ҷилди асар бо том ва тамом (том I, том II) иртибот дошта бошад.

Тарҳ

Тарҳ низ дар шумори он вожаҳост, ки фарҳангҳову луғатҳо арабияш гумон кардаанд. Тарроҳ, матраҳ шаклҳои дигари ин вожаанд дар забони арабӣ. Тарҳ – tarh дар забони санскрит ба маънои зарар расонидан, шикастан, пора кардан омадааст. Шакли атарҳа (а-тарҳа) муқобили амалҳои мазкур омадааст. Аслан тарҳ имрӯз амали арифметикист, ки маънояш кам кардан аст. Тарроҳу матраҳ аз асли матлаб андаке дуртар мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ғанӣ

Ғанӣ ба маънои сарватманд, доро вожаи арабӣ гуфта шудааст. Аммо ин вожа низ вожаи ориёист. Дар санскрит ба шакли gan – ган ба маънои ҳисоб кардан, ҷамъ кардан, ҷамъбаст намудан ва gana – гана гурӯҳ, даста, иттиҳодия ва ғ. омадаст. Бо решаи гана як силсила вожаҳои дигар сохта шудааст, ки ganaka – донандаи математика, ganita – ганита ҳисобкардашуда, ҳисоб, арифметика дар он шумор аст. Дар адабиёти ориёҳиндӣ Ганиша – номи писари Шива ва Парватӣ аз ҳамин вожа гирифта шудааст. Вай дар даргоҳи Шива вазифаи сардори ҷамъи хидматгоронро бар ӯҳда дошт. Аз ҳамин ҷо номи вай Ганиша гузошта мешавад, ки ин вожа аз решаи «ган» (ғун) ва пасванди -иш таркиб ёфта, маънои сардори гурӯҳро доштааст. Аслан вожаи тоҷикӣ будани гана бо он собит мегардад, ки дар забон имрӯз ба маънои аслаш калимаи ғун ва ғунд – яъне ҷамъ намудан вуҷуд дорад. Ин вожа дар забони русӣ ба гунаи гандабит – ҷамъ кардан боқист. Ва аммо номи деҳаи Ғанишов (Тоҷикистон) бешак аз номи Ғаниша тасмия шудааст.

Қаҳтӣ

Қаҳтӣ дар луғатҳо вожаи арабӣ гуфта шуда, маънояш хушксолӣ, беҳосилӣ, камёбӣ, ноёбӣ гуфта шудааст. Дар забони санскрит ин вожа ба шакли kath (катҳ) омада, нодорӣ ва камбағалӣ маъно карда шудааст. Ин вожа дар забони арабӣ бо табдили ҷойҳои ҳ ва т, инчунин бо баргашти овозии к ба қ шакл гирифтааст. Дар забони тоҷикӣ маънои ин вожа ба шакли аввалия боқӣ мондааст. Масалан, ибораи фалон мол ё чиз қаҳт задааст, маънои камёб шудани он чизро дорад.

Миннат

Миннат дар луғатҳо ҳамчун вожаи арабӣ ба маънои некӣ, эҳсон, марҳамат, шукр, сипос омадааст. Вале дар забони санскрит вожаи minati (минатӣ) ҳамчун паст задан, зарар расондан омада, дар шева имрӯз ба маънои таъна кардан, ба касе некӣ кардаву аз ин некӣ ҳар замон ёдовар шудан боқист. Дар аксар маврид «миннат»-и забони арабӣ бо «минат»-и ориёҳиндӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд. «Минат кардан» касеро барои некие дар гуфтугӯӣ имрӯза ба маънои таъна кардан ориёҳиндӣ (тоҷикӣ) ва «миннат Худойро» – шукри Худо арабист.

Ҳорис ҳарис

Ҳарис дар забони арабӣ ба маънои чашмгурусна, озманд, пурхӯр омадааст. Ин вожа дар шакли bharisa – бҳариса маънои дарандаро дорад. Маълум аст, ки сифати даранда пурхӯрӣ, чашмгуруснагӣ ва ба ҳаминҳо монанд аст. Дар забони санскрит дар аввали як силсила вожаҳо шаклҳои дифтонгии овозҳо баъдан ихтисор шуда, яке аз овозҳо боқӣ мондааст, ки кҳилла – ҳилла, бҳага – бага, бҳуҷ – печ, бҳут – буд, Бҳарат – Ҳарат(и) ва ғайра дар ҳамин шуморанд. Бҳарис низ тибқи ҳамин қоида ба шакли ҳарис – ҳорис баргаштааст.

Кулл

Кулл дар забони арабӣ маънои ҳамагӣ, яксар, саросарӣ ва ғайра дорад. Аммо дар забони санскрит дар шакли kúla – кула ба маънои авлоди бузург, иттифоқ, хоҷагӣ, ҳавлӣ галла, села, гурӯҳ, бисёрӣ, хонавода, иттиҳод ва ғайра омадааст. Тавре дида мешавад, маъноҳои ин вожа дар забонҳои санскрит ва арабӣ чандон аз ҳам дур нарафтаанд. Дар забони тоҷикӣ гала низ аз ҳамин вожа аст.

Қорӣ

Қорӣ дар забони арабӣ ба маънои мутолиакунанда, китобхон ва оне ки Қуръонро аз ёд кардааст, меояд. Дар забони санскрит низ вожаи kāra – кара (кора) вуҷуд дорад, ки маъноҳояш таълиф, овоз, калима мебошад. Маълум аст, ки решаи қироат, қорӣ – дар арабӣ қараъа буда, бо “кара”-и санскрит аз лиҳози шаклу маънӣ хеле наздик аст. Аз ин лиҳоз шаке нест, ки қории арабӣ низ аз караи санскрит бархостааст.

Шамс

Шамс дар забони арабӣ маънои офтобро дорад. Аслан шамс вожаи санскрит буда, аз шакли Сома баргашт шудааст. Яке аз эзадони ориёҳиндӣ, эзади Моҳ Сома ном дошт. Сома муваккали самти шарқи шимолӣ дар нисбати кӯҳи Меру (Исмоили Сомонӣ) будааст. Тибқи ривояти ориёҳиндӣ эзади Сом моҳтобро аз нӯшобаи сома (дар адабиёти ориёэронӣ ҳум – ҳаума) оҳиста-оҳиста дар муддатии ду ҳафта пур карда, дигар эзадонро аз он нӯшоба зиёфат менамудааст.

Бояд гуфт, ки Сома «самас» (сом) бар асари муҳоҷирати ориёиҳо ба Осиёи Пеш муҳоҷират намуда, баъдан ба маънои офтоб баргаштааст. Ин вожа ба тариқи сомас-самас-шамас-шамс баргашт шудааст.

Омин

Омин яке нидоҳои мазҳабист, ки дар чанде аз динҳо мавриди истифода қарор дорад. Дар луғатҳои тоҷикӣ вожаи арабӣ дониста шудааст. Дар адабиёти ориёиҳиндӣ роҷеъ ба чор самт маълумот дода шуда, аз хусуси Пурва – Шарқ (Шарқи Помир – М.Х.) омадааст, ки ин самт самте будааст, ки дар он сарчашмаи комгории худоён нуҳуфтааст, дар ин ҷо бори аввал маросими нишонагузории Шакра (Индра) ҳамчун шоҳи худоён ба амал омадааст. Ба ҷиҳати он ки дар ин самт дар аҳди бостон худоён-сурҳо сокин гашта будаанд ва одам нахуст дар ин минтақа ба вуҷуд омада будааст, онро Пурва (нахустин) номгузорӣ намудаанд. Ба қавли «Сабҳапарва» аввалин бор Ведоҳо аз ҷониби Офаридгори Бузург дар ҳамин минтақа суруда шудаанд. Дар ҳамин ҷо нидои мазҳабии «ом» ба сад оҳанг бори аввал садо додааст. Дарвозаи се дунё дар ҳамин минтақа будааст. «Ом» нидои мазҳабии ориёҳиндуҳост, ки ба таври мутантан дар оғози дуоҳои мазҳабӣ талаффуз гардида, назди ориёҳиндуҳо вожаи муқаддас ба шумор мерафтааст. Гумон меравад, ки вожаи «омин» дар дигар мазҳабҳо дар охири дуо ифода мегардад, аз асари ҳамин вожа будааст.

Ғам

Ғам низ арабӣ дониста шудааст. Аммо ин вожа низ тоҷикӣ буда, дар забони санскрит вуҷуд доштааст. Шакли аслии он gam буда, гунаҳои зиёде бо маъноҳои гуногун дорад. Рафтан, омадан, паси сар кардан, ҳуҷум намудан, гирифтор шудан, дарк намудан, аз сар гузаронидан, маҳзун шудан ва ғайра аз ҷумлаи маъноҳои ин вожа мебошанд. Масалан вожаи gamagama – гамогама маънои омадану рафтанро дорад. Яъне ҳар ғаме, ки омад, меравад.

Аҷамӣ

Аҷам дар фарҳангҳо ҳамчун вожаи арабӣ ба маънои сарзамин ва касони ғайриараб дониста шудааст. Вале ин вожаи тоҷикӣ – санскритӣ ajāmi -аҷамӣ дар нахуст ба маънои пайванди бародарӣ надошта, бегона ифода мешуд. Ҳоло маънои арабии он низ ба ҳамин гуфтаҳо далолат менамояд. Маънои вожаи Ҷам (Ҷамшед) бародар аст. Пешванди инкории а ба ғҷам ҳамроҳ шуда ба он маънои инкорӣ мебахшад. А-ҷам, яъне на бародар, бегона гуфтан аст.  Дар луғатҳо маънои “аҷам”-ро мардуме, ки забонаш лакнат дорад, гуфтаанд. Аммо арабҳо мардуми минтақаро ба маънои аслии калима “бегонаҳо” ифода мекарданд.

Мариз

Мариз низ мисли дигар вожаҳои зикршуда решаи ориёӣ дорад. Дар забони санскрит вожаи mar ба маънои мурдан, ҳалок шудан омадааст. Дар забони русӣ ба гунаҳои мар, мор, маразм вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ мор дар вожаи бемор аз ҳамин ҷост. Дар забони славянии қадим моръ, русӣ мор, украинӣ мор, белорусӣ мор, булғорӣ морът, сербохорватӣ мо̑р «умирание», словенӣ mór, чехӣ mor, полякӣ mór. Бо вожаи литовӣ mãras, «вабо», ҳиндии қадим maras, māras наздикӣ дорад. Вожаи лотинии morbus «беморӣ» низ аз ҳамин реша аст.

Сел

Сел низ аслан вожаи ориёӣ буда, дар забони санскрит ба гунаи салила salila ба маънои мавҷ, ҷорӣ ва об вуҷуд дорад. Масалан, салила-дҳара, ки маънояш абр мебошад, айнан «обдор» тарҷума сешавад. Сел, ки луғатҳо арабияш номидаанд, аз ҳамин ҷост.

Ақал

Ақал(л) дар забони арабӣ бо решаи қалил ва маънои камтарин, қисми хеле хурд, камтарин миқдор ва ба ин монанд маъноҳо зикр шудааст. Дар забони санскрит вожаи kală вуҷуд дорад, ки он низ ба маъноҳои хурд, кам, назарногир, фурсати кӯтоҳ (аз 8 сония то 2,5 дақиқа) омадааст. Акала – akală дар забони санскрит, ки ақал(л)-и арабӣ аз ҳамин ҷост, ба маънои вақти номувофиқ, новақт, номаҳал, камтарин фурсат омадааст.

Сатр

Дар забони санскрит вожаи stri – стрӣ ба маънои зан, ҳамсар, занона меояд. Сатр дар забони арабӣ ба маънои чодар ва ҳиҷоб вуҷуд дорад. Гумон меравад, дар байни ин ду вожа кадом як робитае вуҷуд дошта бошад. Зеро аксаран занҳо ҳиҷобу чодар пӯшанд.

Ҳалоҳил

Дар баъзе фарҳангҳо (аз ҷумла «Фарҳанги забони тоҷикӣ»)» ҳалоҳил ҳамчун вожаи арабӣ ба маънои заҳри кушанда омадааст. Аммо дар «Луғати арабӣ-русӣ»-и Баранов Х.К. вожаи ҳалоҳил ба маънои суст, тунук, шаффоф зикр шудааст. Дар забони санскрит вожаи hālāhala ҳалоҳала – ба маънои заҳри кушанда вуҷуд дорад. Яъне ин вожа низ ориёӣ-тоҷикист.

Ҳалҳал

Дар забони арабӣ ҳалҳал ба маънои ҳаракат додан, дур кардан омадааст. Дар санскрит як ҷузъи ин вожа ба гунаи hal ба маънои рафтан зикр гардидааст. Дар гӯишҳо низ мавҷуд будани вожаи «ҳалаҳала» ба маънои шитоб ва аҷала далели он аст, ки ҳалҳали арабӣ аз ориёӣ шакл гирифтааст.

Изо

Изо додан ба маънои тамасхуру мазоҳ кардан, шарм дорондани касе меояд. Вожаи санскритии hasa ва hāsa айнан ба ҳамин маъноҳост. Дар яке будани ин вожаҳо шаке нест, зеро табдили овозии ҳаса ба изо билкул мумкин аст.

Иштиҳо

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ иштиҳо ҳамчун вожаи арабӣ маънидод гардидааст. Дар «Русско-арабский. Арабско-русский словарь» (М.: Астрель, 2005.) ин вожа ба шакли шаҳиййа омадааст. Таҳлилу муқоиса нишон медиҳад, ки ин вожа аслан ориёӣ-тоҷикист. Иштиҳо ҳоло дар таркиби ноништои тоҷикӣ боқист, ки маънояш нонхӯрист. Дар пешзабон ин вожа ба шаклҳои ичҳа, ачҳа ва ғайра вуҷуд дорад, ки маънояш хӯрдан аст. Маънои равшантари ин вожа дар гунаҳои русии еда, есть (хӯрдан) зоҳир мегардад. Ҳоло иштиҳо маънои худро андаке дигар карда, ҳамчун хоҳиш ва майлу ҳаваси хӯрдан ифода мешавад. Дар гӯишҳои тоҷикӣ модар ба шаклҳои оча ва ача ифода мешавад, ки бо иштиҳо ҳаммаъноянд. Яъне ҳар вақт кӯдак хӯрок хурдан мехост, оча (ачҳа, ичҳа) мегуфт. Ва модар – оча ба ӯ хӯрок медод. Зимнан бояд зикр кард, ки дар гӯишҳо хӯроки кӯдаконро мама мегӯянд, ки дар забони русӣ мама ба маънои модар истифода мешавад.

Иззат

Иззат дар фарҳангҳои арабӣ ба маънои шарофат, озода, боназокат омадааст. Дар забонҳои қадим вожаҳои йазата, йаҷата, азата вуҷуд дошт, ки дар нахуст ҳамчун нозода ифода шуда, ба маънои озода, минӯӣ, илоҳӣ, самовӣ, соҳибэҳтиром истифода мегардид. Йазата дар шакли ҷамъ ҳамчун Яздон маънои Худовандро гирифт. Дар замони ойинҳои ориёҳиндӣ ва зардуштӣ эзадон номҳои раббулнавъ ё худойгунаҳо буда, ҳар яке муваккали соҳае ё бахше дар зиндагии инсонҳо дар шумор буд. Вожаи йазата дар шакли озода ва озодагон афрӯзаи номи тоҷикон низ будааст. Гумон меравад ин вожа нахуст дар забони арабӣ ба шакли азат – иззат мавриди қабул қарор гирифта, баъдан аз он реша бароварда шудааст.

Ватан

Ватан низ аз вожаи ориёии метан (меҳан) шакл гирифтааст. Дар асри XVII то солшуморӣ дар Осиёи Пеш давлате бо номи Метанӣ вуҷуд дошт, ки аслан аз Осиёи Миёна муҳоҷират намуда яке аз вожаҳои мавриди корбурди ин кишвар -vartana (вартана) «фртанак» ё «фр гаштан» буда, ҷойгоҳи давр гаштани аспон будааст. Аз номи Метан баргашт шудани вожаи ватан имконпазир аст. Баргашти овози м ба в ва б тибқи қоидаи баргашти овозӣ вуҷуд дошта, ормун (форсӣ)ва урбун (арабӣ, «Бурҳон»), ватер (об, англисӣ) матар (борон, арабӣ) тибқи ҳамин қоида баргашт шудаанд. Ин вожа имрӯз дар забони тоҷикӣ ба шакли меҳан – майҳан роиҷ аст. Решаи ин вожаи мат (мод) буда, модар ва майдон низ аз ҳамин реша сабзидаанд. Дар забони шумерӣ «matt» ба маънои кишвар ва ҷойгоҳ аст, ки бо вожаи тоҷикии метан, меҳан, майдон ҳамреша аст. Дар ҳудудҳои Тоҷикистон вуҷуд доштани номҳои маҳалҳо – Метаниён (Майтаниён), Ур-Метан, Майдон, Майдон-Терак далелеанд, ки номи Митаннӣ дар Осиёи Пеш қабл аз муҳоҷират дар ин минтақаҳо вуҷуд доштааст.

Мавҷ

Мавҷ, ки вожаи арабист, гунаи он дар забонҳои ориёӣ пайдо намегардад. Вале ҳангоми таҳлили як силсила вожаҳо, ки ба баргашти овозӣ, ихтисор ё ҳашв, хусусан дар оғози вожа гирифтор гардидаанд, ошкор мегардад, ки асоси ин вожа низ ориёист. Дар забони тоҷикӣ вожаи авҷ ба маънои баланд, боло нисбати ҳар гуна ашёву мафҳум вуҷуд дорад, ки ба қавли муаллифи «Бурҳон» аслан авг буда авҷ муарраби он аст. Мавҷ низ аслан хезоби баҳру дарё буда, баъзан нисбати дигар мафҳуму ашё истифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ-форсӣ ва дигар забонҳо як силсила вожаҳо вуҷуд доранд, ки ҳарфҳои аввалашон ё ихтисор а ё изофа шудаанд. Намунаи чунин мисолҳо дар вожаҳои русии осемь – восемь, осударь – государь (Даль), осподин – господин (Даль) , обуза (русӣ) – буғуз, ҳамён-амён-амё, ҳангом-ангом , ҳеч – эч, ғижжак – ижак, вора – ора , боғил – оғил, устох – густох , зуруғ – оруғ- руғ (рыгать: русӣ), ода – хода, нисор – исор (арабӣ), зах – озах, арбуз (русӣ) – тарбуз, урчать (русӣ) – вур-вур, око(русӣ) – кӯк (кӯки чашм), узда (русӣ) – нӯхта, оранжевый (русӣ) – норинҷӣ, уголь (русӣ) – зуғол, уши (русӣ) – гӯш, ил (русӣ) – гил, урюк (русӣ) – ғурук (меваи норасидаи зардолу), ҳашт – ашт (шакли аввалияи ин вожа), урома (русӣ) – ғарам ва ғайра ифода гардидаанд. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, ки авҷ ва мавҷ асли як вожа буда, эҳтимолан дар аввали он овози м изофа шудааст.

Муҳтарам ҲОТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь