Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик имкони роҳ ёфтан ва мубориза дар ташкилоти варзишии UFC-ро дорад. Нурулло барои роҳ ёфтан ба ин ташкилот 20 сентябри соли ҷорӣ бо варзишгари Арманистон Наир Меликян мубориза мебарад.

Муҳорибаи Нурулло бо Наир дар варзишгоҳи “UFC Apex”-и шаҳри Лас Вегаси Амрико, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana Whits Contender Series баргузор мегардад. Ғолиби ҷуфти ин размандагон имкони бастани қарордод бо ташкилоти варзишии UFC-ро пайдо мекунад.

Нурулло бори охир моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи “AMC Fight Eagle FC” бо Кирилл Крюков мубориза бурда, бо қарори доварон пирӯз шуда буд. Ин муборизи тоҷик дар корномаи варзишии худ шаш пирӯзӣ дошта, ба бохт дучор нашуда аст. Наир Меликяни арманӣ бошад, 10 ғалабаи бидуни бохт дорад.

Нурулло Алиев соли 2000 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ миёни  ҳаводорони ин навъи варзиш бо тахалусси “уқоби тоҷик” машҳур аст. Ҳоло дар Россия машқу тамрин мекунад. Агар ин варзишгар ба ташкилоти варзишии UFC роҳ ёбад, аввалин размандаи тоҷик маҳсуб меёбад, ки имкони ҳунарнамоӣ дар ин ташкилотро пайдо мекунад.

Шаҳрдори Душанбе ба ҷудочии ҷавон хона тақдим кард

Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавони тоҷик аз риштаи ҷудо-Эмомалӣ Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ба муносибати қаҳрамонӣ дар Чемпионати ҷаҳон табрик намуд. Ҳамчун нишони қадрдонӣ ба ин варзишгари ҷавони тоҷик аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хонаи дуҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият хоста, иброз намуда, ки “ҷавонони бонангу номус муаррифгару номбардори ватан мебошанд ва ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор доранд”.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар шаҳри Гуайкили Эквадор, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар вазни -66кг мақоми аввал ва медали тилло ба даст оварда буд.

Гимнастикбозони навраси тоҷик соҳиби нишони мусобиқаи байналмилалӣ шуданд

Варзишгарони навраси тоҷик аз риштаи гимнастикаи бадеӣ соҳиби панҷ нишони биринҷӣ аз мусобиқаи байналмилалӣ шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, соҳибони нишонҳои мазкур дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд – Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода буданд.

Ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ аз риштаи гимнастика дар соли ҷорӣ буда, рӯзҳои 23-28 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон доир шуд ва варзишгарони навраси Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Россия, Исроил ва Қазоқистонро ба ҳам овард.

“Манчестер Юнайтед” эҳё мешавад?!

Дастаи “Манчестер Юнайтед” баъди он ки мавсимро нобарор оғоз кард ва дар ду рақобати нахусти худ ба шикаст дучор шуд, гӯё сабақе бардошту нерӯи тоза касб намуд. Ҳамакнун, баъд аз ду бохти пайиҳам “девҳои сурх” дар чаҳор бозии баъдӣ шикастро надидаанд. Бозингарони ин тим дар чаҳор рақобати доирнамуда, аз ду имтиҳони мушкил сарбаландона гузаштанд.

Дар Лигаи бартари Англия санҷиши сахту сангин барои дилхоҳ дастае, ки нақшаҳои бузург, аз ҷумла қаҳрамонӣ дар Англияро дорад, бархӯрд бо ТОП-6 дастаи қавии ин кишвар мебошад. МЮ аллакай бо ду тими ин гурӯҳ вохӯрд ва муваффақ ба касби пирӯзӣ шуд.

Имтиҳони нахуст бозӣ бо “Ливерпул” буд, ки шогирдони Эрик тен Ҳаг ғолибият ба даст оварданд. Дастаҳои мазкур дар даври сеюм вохӯрда, МЮ бо натиҷаи 2-1 пирӯзии худро рақам зад. Санҷиши дуюмро бозингарони МЮ бо тими дигари ТОП-6 – “Арсенал” гузарониданд, ки натиҷаи 3-1-ро ба бор овард.

То ба даври шашуми Чемпионати Англия дастаи “Арсенал” боре ҳам ба бохт дучор нашуда буд ва маҳз бозингарони МЮ тамъи талхи бохтро ба  футболбозони ин тим чашониданд. Аз миёни ТОП-5 кишвари футболии Аврупо, ки аз оғози мавсим шикаст нахӯрдааст, дастаи “шоҳона”-и “Реал Мадрид” мебошад. Ин тим дар чаҳор даври нахусти “Ла Лига”-и Испания пирӯз шудааст.

Соҳибмулкони МЮ барои қавӣ шудани ҳайати даста дар ин мавсим маблағи зиёд сарф намуд. Ба таври мисол, ин даста барои ҷалби се футболбоз аз баҳри бештар аз 200 млн евро гузашт. Аз ҷумла, барои Антони аз “Аякс” (95 млн), Каземиро аз “Реал” (70 млн) ва Лисандро Мартинез аз “Аякс” (57 млн).

Агар аз трансферҳои дастаи МЮ дар тобистони ин сол сухан  равад, гуфтан ба маврид аст, сару садои зиёде, ки атрофи номи Роналду ва ояндаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, ҳама ботил баромад ва бозингари португалӣ дар ин тим боқӣ монд. Бовар кардан мушкил аст, вале ҳаводорони Роналду бозии муҷаллои ӯро дар Лигаи Аврупо хоҳанд дид. Роналду, ки панҷ маротиба ҷоизаи “тӯби тиллоӣ” – ро соҳиб шудааст, ин мавсим ҳатто ба гурӯҳи довталабони ин инъоми варзишӣ шояд ворид нашавад. Вале чизи дигаре низ қобили таваҷҷӯҳ аст. Роналду дар дастае бозӣ мекунад, ки ӯро ба арсаи олам ҳамчун ситораи ҷавони футболи муосир муаррифӣ намуд. Агар ӯ барои бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо ба дигар даста мегузашт, пас ту хонанда фикр кун, пасояндагоне, ки ба футболу ситораҳои ин бозии оламшумул таваҷҷӯҳ доранд, ба чӣ меандешиданд?! Ба ҳар ҳол боқӣ мондани Роналду дар МЮ барои эҳтироми клуб, эътибори худи футболбоз ва ояндаи ӯ аз манфиат холӣ нест. Ҳарчанд, бозии ин фасли ӯ дар Лигаи қаҳрамонҳо ба чашм намерасад.

Аз чаҳор пирӯзии пайиҳам тахмин задан душвор аст, ки дар идомаи мавсим дастаи “Манчестер Юнайтед” бозиҳои боварибахш мегузаронад, вале рақобатҳои қобили таваҷҷӯҳи футболбозони ин тим то ҷое боварӣ медиҳад, ки ин даста ба қатори ТОП-4 тимҳои Англия ворид мешавад. Тахмин задан душвор аст, вале шояд мақоми аввал ва қаҳрамонӣ дар Лигаи бартари Англия ин дастаро дар мавсими оянда ба Лигаи қаҳрамонҳо мебарад. Ивази сармураббӣ ва сарфи маблағҳои ҳангуфт барои ҷалби футболбозон аз мақсадҳои бузург доштани ин даста дар мавсими имсола гувоҳӣ медиҳад. Мутахассиси нидерландӣ-Эрик тен Ҳаг ва бозингарони МЮ дар ин фасл чӣ қудрат нишон дода метавонанд, идомаи мавсим нишон хоҳад дод.

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо баргашт

Бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар фасли нав оғоз шуд ва дар даври нахуст чанд бозӣ сурат гирифт. Рақобатҳои ҷолиби диққат ва ё бозии марказии даври аввал вохӯрии дастаҳои ПСЖ ва “Ювентус” буд. Дар ин бозӣ ПСЖ бо ду голи Мбаппе пирӯз шуд ва бозӣ бо натиҷаи 2-1 хатм ёфт.

Соҳибмулкони дастаи ПСЖ дар мавсими имсола мақсади пирӯз шудан дар Лигаи қаҳрамонҳоро доранд. Ин тим дар таърихи худ боре ҳам ҷоми мусобиқаи мазкурро соҳиб нашуда аст. Мондани Мбаппеи ҷавон дар ин даста шояд ба қаҳрамонии ПСЖ дар ин мусобиқа кӯмак намояд.

Дар бозии дигари даври нахуст “Манчестер сити” ба дарвозаи “Севиля” чаҳор голи бе ҷавоб ворид намуд. Эрлинг Ҳолланд ба задани ду гол даст ёфт. Ин футболбози ҷавон баъди ба МС омадан ба гузоштани рекордҳо оғоз намудааст. Ӯ дар таърихи дастаи “Манчестер сити” аввалин бозингаре шуд, ки дар нахустбозии худ дар Лигаи бартари Англия ва аввалин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо ба задани гол даст ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки бозии дастаҳои МС ва “Севиля” дар майдони “Рамон Санчес”-и шаҳри Севиляи Испания баргузор шуд. Дар баробари ду голи Ҳолланд (дақиқаҳои 20, 67), Фил Фоден(дақиқаи 58) ва Р. Диаз (дақиқаи 90+2) муаллифи гол шуданд.

Бозиҳои даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар ин мавсим чанд бозии қобили таваҷҷӯҳ дорад. Аз ҷумла, Ҳолланд ва Левандовский муқобили дастаҳои собиқи худ майдондорӣ мекунанд. “Манчестер сити” якҷо бо “Боруссия Дортмунд” дар гурӯҳи “G” қарор дорад. Ва “Барселона”, ки Левандовский ҳамин тобистон ба ин даста гузашт, бо “Бавария” рақобат хоҳад кард. Ин дастаҳо дар гурӯҳи “С” ҷой гирифтаанд.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь