Трансфер дар Аврупо метасфад: Погба ба “Юве” омад, Дибала меравад?

Сомонаи расмии дастаи “Ювентус” аз баргашти собиқ бозингари худ, Пол Погба хабар дод. Футболбози фаронсавӣ баъди анҷоми шартномаи худ бо тими “Манчестер Юнайтед” ҳамчун бозингари озод ба ҳайати дастаи шаҳри Турин гузариш намуда, то соли 2026 қарордод ба имзо расонд.

Маврид ба зикр аст, ки Погба солҳои 2012-2016 дар “Ювентус” ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан бо маблағи 105 млн евро ба ҳайати “МЮ” пайваст шуд. Дар чунин ҳолат, ки бештари дастаҳои футбол вазъи бади молиявӣ доранд Погба барин бозингарро ройгон ба даст овардан бурди дилхоҳ тим ба ҳисоб меравад. Яке аз дастаҳое, ки барои ҷалби ниммуҳофизатгари фаронсавӣ кӯшиш дошт, дастаи “шоҳона”-и “Реал Мадрид” буд. Вале Пол тими қаблии худро авлотар донист.

Дар ин тобистон, ки хавфи аз “Ювентус” рафтани ниммуҳофизатгар Пауло Дибала вуҷуд дорад, ин тим Ди Марияро ба ҳайати худ ҷалб намуд. Ӯ низ ниммуҳофизатгар аст ва имкон дорад мавқеи ҳамватани худ – Дибаларо пур намояд. Ди Мария низ пас аз он, ки шартномааш бо “ПСЖ” ба анҷом расид, ҳамчун бозингари озод ба “Ювентус” гузариш намуд.

Дар ин баробар, ки Ди Мария аз “ПСЖ” рафт, боз ҳам имкон ҳаст бозингарони дигаре ба монанди Мауро Икарди ва Неймари бразилягӣ низ ин дастаро тарк кунанд. Пас аз омадани сармураббии нав – Кристаф Галте футболбозоне ба монанди Икарди ва Неймар ба нақшаҳои ояндаи ӯ дохил нашудаанд ва шояд ин футболбозон тими фаронсавиро бо дигар даста иваз кунанд.

 “Истиқлол” ҳайати худро пурқувват мекунад

Парвизҷон Умарбоев, ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив”-и Булғория бозӣ мекард, ба ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе ҳамроҳ шудааст. Дар ин бора сомонаи “Sport.tj” хабар медиҳад. Парвизҷон аз соли 2016 инҷониб дар “Локомотив” бозӣ менамуд ва баъди анҷоми шартномааш ба дастаи “Истиқлол” пайваст шуд. Ӯ қаблан низ (2015-2016) шарафи ин тим пойтахтро ҳимоя мекард.

Дар ҳамин ҳол хабарҳое низ низ паҳн мешаванд, ки “Истиқлол” Идрис Амину, собиқ ниммуҳофизатгари КМВА-ро ба даста ҷалб кардааст. Чанд рӯз қабл сомонаи дастаи артиш расман иттилоъ дода буд, ки қарордод миёни даста ва Идрис бо хоҳиши ҳарду ҷониб қатъ карда шуд. Ва дар ин гузориш ҳайати кормандону бозингарони даста аз ҳунарнамоии бомуваффақи бозингари ганагӣ ташаккурӣ баён намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ хостааст.

Маврид ба зикр аст, ки Идрис Аминуи 23-сола яке аз бозингарони фаъол ва муҳаррики асосии дастаи артиш ба ҳисоб мерафт. Мухлисон бозии ҷолиби ӯро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар ҳайати ин даста шоҳид буда, аз он васф намуданд.

 Ҷудочиёни тоҷик аз ду сусобиқаи охир дасти холӣ баргаштанд

Ҷудоварзони тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Комроншоҳ Устопирён (-90кг) дар мусобиқаи байналмилалии “Grand Slam Hungary-2022” иштирок намуданд, вале ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст наёфтанд. Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопирён дар вазнҳои худ зинаҳои 7-умро касб намуданд, ки назар ба дигар варзишгарони тоҷик нишондоди беҳтар буд.

Мусобиқаи “Grand Slam Hungary-2022” аз 8-ум то 10-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон ҷараён гирифт ва ҳудуди 405 варзишгарро (244 мард ва 161 зан) аз 61 кишвари олам ба ҳам овард. Аз шумори бештари касби медалҳо Ҷопон  дар зинаи аввал қарор гирифт. Ҷудочиёни ин кишвар 9 медал (8 тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Италия соҳиби як медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ шуда, ҷои дуюмро гирифт. Зинаи сеюмро бо касби се мавқеи ифтихорӣ мунтахаби Бразилия ба даст овард. Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар миёни 61 кишвари иштирокчии мусобиқа бо касби ду зинаи ҳафтум дар мавқеи 34-ум ҷой гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки варзишгарони тоҷик-Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, (ҳар ду -73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) дар “UlaanBattar Grand Slam-2022”, рӯзҳои 24-26-ум моҳи июн низ натиҷаи назаррасе нишон надода буданд.

Дар ҳамин баробар, намояндагони ин навъи варзишро рӯзҳои 15, 16, 17-уми моҳи июл мусобиқаи ҷаҳонии дигар интизор аст. Ин дафъа ҷудочиён дар пойтахти Хорватия-шаҳри Загреб ба ҳам меоянд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Zagreb Grand Prix 2022” варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд. Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66), Шаҳбоз Саидаброров (-66), Наврӯзи Каримзод (-73), Шодмон Ризоев (-81), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Комроншоҳ Устопирён (-90кг). Иштирокчиёни ин мусобиқаҳо дар баробари он ки соҳиби ҷоиза ва мукофотпулӣ мешаванд, инчунин, барои  роҳхат ба бозиҳои олимпии Париж-2024 касби хол менамоянд.

Илдар, ягона намояндаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба  варзиши сабук

Илдар Аҳмадиев, давандаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук иштирок менамояд. Қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ин навъи варзиш аз 15 то 24-уми июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико доир мегардад. Дар ин бора кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Илдар, иштирокчии бозиҳои олимпии Токио-2020, дар қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар ШМА аз рӯи риштаи дав ба масофаи 100 метр Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Рақобатҳои ин навъи варзиш рӯзҳои 15-16-уми июл дар назар аст.

Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи 49 навъи варзиш ( 48 навъ миёни мардон, 48 навъ миёни бонувон ва як навъ омехта) ҳунарнамоӣ мекунанд ва ҳудуди 1900 варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ба ҳам меоянд.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон дар варзиши сабук се медал (ду тилло ва як нуқра) ба даст овардааст. Мавқеи аввал ва медалҳои тиллои варзишгарони тоҷикро Андрей Абдувалиев (гурзандоз) дар соли 1993 (Штутгарти Олмон) ва 1995 (Гётеборги Шведсия) соҳиб гаштааст. Медали нуқраро бошад, Дилшод Назаров (гурзандоз ва қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро-2016) соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин ба даст овардааст.

Футболбозони то 20 солаи тоҷику араб рақобат мекунанд

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-20) бо Арабистони Саудӣ сафар намуда, бо ҷавонони ин кишвар (U-20) ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Бозиҳои мазкур дар шаҳри Абхаи А. Саудӣ рӯзҳои 14-ум ва 16-уми июл доир мегарданд.

Тими ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон зери сарварии Аҳлиддин Турдиев ҳунарнамоӣ мекунад. Сармураббӣ 23 бозингар (3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлавар)-ро дар ҳайати тими миллӣ гирд овардааст.

Пирӯзии бузурги “МЮ” бар “Ливерпул” бидуни Роналду

Ду дастаи номвари Англия – “Манчестер Юнайтед” ва “Ливерпул” бозии дӯстона анҷом доданд. Бозии мазкур дар доираи омодагӣ ба мавсими нав дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд рӯзи 12-уми июл доир шуд. Бозигарони “МЮ” зери дастпарварии мутахассиси нави даста-Эрик тен Ҳаг бозии устувор нишон дода, бо ҳисоби 4-0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар ин бозӣ бозингари саршиноси “МЮ” Криштиану Роналду иштирок надошт. Бо оғози тобистон сару садо зиёд аст, ки ӯ дар тими англисӣ бозӣ кардан намехоҳад ва тарки ин тим карданист. Ин то куҷо ҳақиқат дорад то оғози мавсими нав маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи CAFA дар Душанбе ҷараён дорад. Бонувони тоҷик чӣ гуна ҳунарнамоӣ мекунанд?

Аз оғози ҳафтаи ҷорӣ (11-уми июл) дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувон шурӯъ шуд ва то ҳоло идома дорад. Тими милли Тоҷикистон зери роҳбарии Юсуф Рабиев ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин мусобиқа панҷ мунтахаб – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Эрон иштирок мекунанд ва ҳар даста чор бозӣ мегузаронад.

Бонувони тоҷик дар ду даври аввал натиҷаи хуб нишон дода натавонистанд. Рақобати аввал бо тими Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1-1 хатм шуд. Дар бозии дуюм бонувони ӯзбек ба дарвозаи тими мо шаш голи беҷавоб ворид намуданд. Ҳамакнун, бонувони футболбози тоҷик дар ду даври охир бо тимҳои Эрон ва Қирғизистон дидор мебинанд. Мунтахабҳои Эрон ва Ӯзбекистон муддаиёни асосии пирӯзӣ дар ин мусобиқа (CAFA) дониста мешаванд. Ва тимҳои дигар нерӯи якхела доранд ва танҳо барои мақоми сеюм мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ низ Душанбе мизбони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувон буд. Дар мусобиқаи қабл чор тим – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок намуда буданд. Мунтахаби Эрон қаҳрамонӣ ба даст оварда буд. Бонувони футзалбози тоҷик бозии заиф ва ноустувор нишон дода, танҳо ба зинаи сеюм қаноат карда буданд.

Варзишгарони тоҷик дар Баҳрайн боз мавқеи ифтихориро соҳиб шуданд

Фирӯз Мирзораҷабов, узви дастаи мунтахаби гӯштини юнонӣ-римӣ дар кишвари Баҳрайн медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, Фирӯз дар вазни -62 кг рақобатро аз чорякфинал шурӯъ намуда, бар варзишгари ӯзбек Акмал Ҳамроев ғолиб омад, вале дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Қирғизистон Оқил Сулаймонов шикаст хӯрд. Баъдан, барои касби зинаи сеюм варзишгари Тайпейи Чин Сианг Суро шикаст дод ва медали биринҷиро соҳиб шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба варзиши юнонӣ-римӣ ва гӯштини тарзи озод аз 2-юм то 10-уми моҳи июл дар шаҳри Манамаи кишвари Баҳрайн ҷараён дошт. Дар ин мусобиқаи қоравӣ Тоҷикистонро панҷ нафар миёни наврасон ва се нафар миёни ҷавонон намояндагӣ карданд. Қаблан, дар ин мусобиқа ду варзишгари тоҷик Исо Нурмаҳмадов (68кг, юнонӣ-румӣ) ва Алиризо Баҳромов (-68кг, гӯштини тарзи озод) медали нуқра ва Муҳаммад Абдуҳакимзода (-62кг, юнонӣ-римӣ) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь