Тайи ду соли охир  роҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба сӯйи Британияи Кабир боз шуд.

Яъне, агар солҳои қаблӣ тоҷикон дар Англия ангуштшумор буданд, имрӯз шумораи онҳо зиёд ба назар мерасад. Ахиран Ширин Амонзода-вазири муҳоҷират, иттилоъ дод,ки то имрӯз 126 нафар муҳоҷирони кориро ба Британияи Кабир фиристодаанд. Албатта, тибқи маълумоти расмӣ, шумораи муҳоҷирони корие, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират равона гардидаанд, бениҳоят кам аст, нисбат ба онҳое , ки бо ширкатҳои гуногун ба Лондон ва ё Британия омадаанд.

99% ДАР ФИКРИ МАБЛАҒ, ВАЛЕ АЗ УҲДАИ КОР ҲАМА НАМЕБАРОЯНД

Аксарияти тоҷиконе, ки дар кишвар кору фаъолият мекунанд ва ё дар Федератсияи Русия қарор доранд, мехоҳанд муҳоҷир шуда, ба Британия оянд. Онҳое, ки ҳатто на аз уҳдаи кор мебароянду на меҳнат кардан мехоҳанд, ҳама як сухан доранд: “Дар як соат чанд сум мегирӣ, дар як моҳ маошат чӣ қадар аст?”. Албатта, дар муқоиса бо Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои пасошӯравӣ Британияи Кабир маоши хуб дорад, вале маблағи зиёдро нафаре мегирад, ки меҳнат мекунад.

КӢ ГУНАҲГОР: ХАДАМОТ, Ё МУҲОҶИРОН?

Охири моҳи июли соли равон аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, як гурӯҳ муҳоҷирони корӣ ба Британияи Кабир фиристода шуданд, ки бо аксарияти онҳо ҳамсуҳбат гардидем ва онҳо дар шаҳри Чичестер дар Groves farm ба кор шурӯъ намуданд. Онҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар равона гардида, ба фаъолияти корӣ шурӯъ намуданд, гумон карданд, ки ба осоишгоҳ омада бошанд, зеро аксарият норизоии худро нисбат ба Хадамоти муҳоҷират баён намуданд, ки гӯё хадамот ба онҳо ваъдаи маблағи калон дод, гарчанде назари ҷониби Хадамоти муҳоҷиратро нагирифта бошем ҳам, сад дар сад камбудӣ аз ҷониби худи муҳоҷирони мост. Яъне, дар ин давлат, аз рӯйи соати корӣ маблағ пардохт карда мешавад. Дар ин ҷо бояд бо суръати тез кор намуда, нормаеро, ки медиҳад, иҷро намоед. Кор ба он дараҷае нест, ки вазнин  бошад, аммо меҳнати зиёд талаб мекунад. Танҳо суръатро тез намудан асту халос. Агар нормае, ки медиҳад, иҷро накардед, ба хона равон мекунад, яъне ҳамон рӯз, ки ба пуррагӣ кор накарда, пас аз 3 соат хона, ки омадед, маблағи кам мегиред. Яъне, “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”.

ШИКОЯТКУНАНДАГОНИ МУҲОҶИРОНИ АНГЛИЯ: КИСТАНД ОНҲО?

Дар масъалаи ба хона равон намудану маблағи кам пардохт намудани корфармоён. Бояд зикр намуд корҳое, ки тоҷикон ба он машғуланд, гуногун аст ва ихтиёран ба коре мехоҳӣ намефиристанд. Аз рӯзе вориди корхонае мешавию кор ва қоидаҳои бехатариро мефаҳмонанд, ҳатто маблағи онро медиҳад, ки вақти туро гирифтанд.

Ду тоифаи одамон аз як кор ба кори дигар интиқол меёбанд. Якум, онҳое, ки аз уҳдаи кор набаромада, ҳамарӯза бо танбалӣ ба кор намераванд ва ё аз меъёр кам кор мекунанд. Ногуфта намонад агар бемор шудӣ ва ё бесабаб ба кор набаромадӣ, огоҳии хаттӣ медиҳанд, ки онро “ворнинг” гӯянд. Яъне, коргар вазифадор аст дар месенҷери корхона нома нависад, ки бемор аст ва ё рухсатии якрӯза ва ё якҳафтаинаю дуҳафтаина мегирад. Дар ҳолати риоя накардани қонуну қоидаҳои корхона ва  огоҳиҳои пайдарпайи ширкат, коргар ба дигар кор интиқол дода мешавад. Дуюм тоифа, онҳое, ки ба таври ихтиёрӣ ва бо муроҷиати пайваста аз як кор ба кори дигар интиқол дода мешаванд, ки шумораи онҳо бениҳоят кам аст.

Дар инҷо маошро ҳар ҳафта пардохт намуда, иҷорапулиро низ ҳар ҳафта медиҳед. Онҳое, ки агар давоми як ҳафта то 150 фунт кор кунанд, 60 фунти иҷорапулиашон ситонида намешавад, аз ин хотир, онҳое, ки коргурезанд, намехоҳанд иҷорапулиро пардохт намоянд. (Ин ба муҳоҷирони корие дахл дорад, ки ба корҳои деҳқонӣ машғуланд).  Эшон давоми ҳафта соати кории кам дошта, маоши ниҳоят паст мегиранд. Ҳол он, ки оилаи онҳо дар Тоҷикистон ба умеди он ҳастанд фарзанди онҳо барои пайдо намудани қути лоямут дар муҳоҷират қарор дорад. Афсӯс, ки бачаҳои коргурез ҳам кам нестанд. Маҳз ҳамон нафароне, ки кор намекунанд, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дигар муҳоҷиронро аз роҳ мегардонанд ва шикояти зиёд нисбат ба мушкилоти кору зиндагӣ мекунанд, ки дар асл чунин нест.

МАСЪАЛАИ ХАРҶИ ХӮРОК

Дар ҳақиқат, вақте дар Лондон ва ё дигар шаҳрҳои Британияи Кабир кору зиндагӣ мекунӣ, ҳеҷ вақт дар ташвиш нестӣ, ки чӣ мехӯрӣ ва бояд чанд сум харҷ кунӣ. Зеро, як рӯза коре, ки мекунӣ, давоми моҳ онро мехӯрӣ. Агар давоми як рӯз 100 фунт ( баробар ба 84 доллар)  кор кунӣ, як моҳи дигар он маблағро барои харидорӣ намудани сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия харҷ мекунӣ. Дар баробари он ки маҳсулоти хӯрокворӣ арзон аст, барои супоридани андоз ва дигар боҷи давлатӣ мардум дар такопӯянд.  Бо вуҷуди он, ки дар фурӯшгоҳҳои ин ҷо тамоми намуди сабзавоту меваҷот вуҷуд дорад, вале ягонтои он лаззати меваю сабзавоти Тоҷикистони офтобрӯйи моро надорад.

ДАР МАСЪАЛАИ ЭҲТИРОМ

Ростӣ, онҳое, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд, дар назди мардуми он ва мақомдоронаш беқадртарин инсонанд. Муҳим нест, ки ту шиносномаи Русияро дорӣ ва ё не, бо муҳоҷирони мо муносибати дағалона мекунанд. Дар Британия чӣ? Дар Британия эҳтиром дар сатҳи олӣ, қадру қимати инсон ба он дараҷае болост, ки худро инсони комил ҳис менамоӣ. Ҳама бо табассум сухан мекунад, ҳар лаҳза бубахшед, марҳамат, хуш омадед гуфта, муносибат мекунанд.

ХУЛОСА

Тавре дар боло ишора шуд, имрӯз ширкатҳои зиёде тоҷиконро барои корҳои деҳқонӣ дар Британияи Кабир ҷалб намудаанд. Онҳое бояд ба ин кишвар равон карда шаванд, ки ҷаҳонбинӣ дошта, аз уҳдаи корҳои деҳқонӣ бароянд. Заҳматкашу меҳнатқарин бошанд, аз рӯйи ҳавас наоянд. Пешакӣ фарҳангу маданияти ин ҷоро омӯзанд. Дар маҷмуъ, бо ташаббуси Ҳукумати кишвар имрӯз роҳи муҳоҷирони корӣ ба Аврупо боз шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯмак мекунад.

Як нуктаро зикр намудан бамаврид аст, ки аксарияти шаҳрвандони Ӯзбекистон бо сарф намудани маблағҳои ҳангуфт, аз 3 то 6 ҳазор доллари амрикоӣ ба Британияи Кабир омадаанд. Хушбахтона, ин ҳолат дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дида намешавад.  Ширкатҳое, ки муҳоҷирони кориро ба Британия меоранд, танҳо барои виза маблағ мегиранду халос. Консулгарии Тоҷикистон дар Британияи Кабир низ барои ҳимоя намудани ҳуқуқу манофеи муҳоҷирон камари ҳиммат бастаанд, ки шоёни таҳсин аст.

Азимҷон БАДАЛОВ,

махсус барои рӯзномаиФараж“, Лондон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь