Тоҷикистон ва Русия тӯли солҳои зиёд шарикони стратегӣ мебошанд, вале махсусан (ба шарофати тағйиротҳои глобалие, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба амал омаданд), соли 2022-ро  ҳамчун соли пешрафт дар равобити тиҷоративу иқтисодии кишварҳо қайд кардан мумкин аст. Ба самти Шарқ тағйир додани тамоюли иқтисодиёти Русия ҳам барои тоҷирони тоҷик ва ҳам барои тоҷирони рус имкониятҳои нав фароҳам овард.

Густариши ҳамкориҳо

Натиҷаҳои соли 2022-ро  аз лиҳози  муомилоти мол миёни Русия ва Тоҷикистон ҳамчун натиҷаҳои беҳтарин ҳисобидан мумкин аст, зеро  ҳаҷми муомилоти мол 18,3 фоиз афзоиш ёфта, 1,4 миллиард долларро ташкил дод. Интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ ин рақам аз 2 миллиард доллар баробар мешавад. Дар ин бора Тоҷикистон ба ин назар аст, ки дар солҳои наздик ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо то ба 5 миллиард доллар хоҳад расид.

Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия бо суръати баланд рушд мекунанд. Дар соли ҷорӣ аллакай чандин сафарҳои мақомдорони баландпояи Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар рафти онҳо самтҳои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда шуданд. Аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳо метавон гуфт, ки масъалаҳои зарурати эҷоди лоиҳаҳои ҳамкории (кооператсияи) саноатӣ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои баланд ва рақамӣ баррасӣ гардиданд.

Миёни Тоҷикистону Русия мунтазам робитаҳои байни ҷомеаҳои тиҷоратӣ дар шаклҳои гуногун  сурат мегиранд. Дар соли ҷорӣ ҳамчун рӯйдоди асосӣ дар равобити иқтисодии кишварҳои Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ таҳти унвони «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон», ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони беш аз 200 ширкати Русия аз 16 минтақаи ин кишвар баргузор гардид,  ном бурдан мумкин аст.  Аз рӯйи натиҷаи конфронс 43 ширкати Русия омодагии худро барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои  Тоҷикистон изҳор намуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба соҳаи IT дода шуда, лоиҳаҳое ба монанди “Шаҳри боҳуш”, ҳукумати электронӣ, ва дигар ташаббусҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ баррасӣ карда шуданд.

Даҳҳо ширкатҳои Тоҷикистон ба тоҷирони рус пешниҳоди таъсиси корхонаҳои муштаракро карданд. Дар байни онҳо заводи гидрометаллургии «Тамохуш», комбинати металлҳои нодири «Суғд», ширкати бисёрсоҳавии «Роҳи Сомон», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии «Нури Ховар», корхонаи нассоҷии «Зинат», фабрикаи пойафзолдӯзии «Пойафзоли Хуҷанд», комбинати консервбарории Хуҷанд ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст.

Робитаҳои байниминтақавӣ

Ба густариш ёфтани равобити тиҷоратии кишварҳо ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд – тақрибан 70 субъекти Федератсияи Русия бо субъектҳои Тоҷикистон робитаи мустақим доранд. Ба ҳамин тариқ, соли 2022 дар Исфара филиали фабрикаи пойафзолдӯзии Магнитогорск ба кор оғоз кард. Вилояти Пенза ният дорад, дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба коркарди меваҷот ва вилояти Свердловск тавлиди муштараки сурмаро барои истеҳсоли маснуоти нимноқил, батарея, подшипник ва ранг роҳандозӣ кунанд. Илова бар ин, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли коргоҳҳои сайёри таъмири мошинҳои тамғаи русии «Промавто» (Нижний Новгород) дар заминаи мошинҳои маъруфи русии ГАЗ, КАМАЗ ва Урал баррасӣ гардида истодааст.

Инчунин, Тоҷикистон бо вилояти Омск ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст  – дар ҷумҳурӣ кушодани филиали ширкати Омск оид ба истеҳсоли либосҳои расмӣ ба нақша гирифта шудааст. Зеро он барои азхуд кардани  технологияҳои наве, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд, имкон медиҳад. Заводи технологияҳои инноватсионии Омск таҳияи таҷҳизоти муосири дегхонаҳо барои корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, инчунин дастгоҳҳои интеллектуалии ҳисобкуниро пешниҳод мекунад. Маркази илмӣ – истеҳсолии  “Промтех” дар шаҳри Омск  лоиҳаи рақамикунонии нақлиёти роҳи оҳанро роҳандозӣ мекунад. Ба ғайр аз ин, сокинони Омск ба содироти меваю сабзавоти барвақтӣ аз Тоҷикистон манфиатдоранд, ки дар мавриди чунин ҳамкорӣ тавофуқ ба имзо расидааст.

Таҳвили меваю сабзавот ба Русия яке аз самтҳои асосӣ ва ояндадори равобити тиҷоратии кишварҳост. Дар соли 2022 беш аз 100 тонна сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба бозори Русия фиристода шуд. Маҳсулоти кишоварзӣ ҳудуди сеяки ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русияро ташкил медиҳад. Дар робита ба афзоиши талаботи Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор-Расулов  8 маркази содиротӣ таъсис ёфта, бо дастгирии Русия якчанд марказҳои логистикӣ бунёд карда мешаванд.

Ҳамгироии авруосиёӣ

Гузашта аз ин, Тоҷикистон омода аст содироти маҳсулоти кишоварзиро дар саросари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш диҳад, ки дар ин бора чанде пеш сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳори андеша намуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори ҳавасмандӣ кард. Ба гуфти ӯ, кишвари мо қариб нисфи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшударо ба мамлакатҳои Иттиҳод содир мекунад. «Мо омода ҳастем, ки содироти молҳои худро ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш диҳем, бахусус содироти металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, пахта, сабзавот ва меваҷотро боз ҳам афзун гардонем», — қайд намуд Президенти Тоҷикистон. Бояд гуфт, иштироки ҳамаҷониба дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат мекунад, зеро он барои соҳибкорони тоҷик яке аз бузургтарин бозорҳои минтақавӣ дар ҷаҳонро боз мекунад.

Нуқтаи дигари муҳим барои тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон тамоюл ба бадалшавии доллар (дедолларизатсия) – гузариш ба асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ мебошад. Ин ба омилҳои гуногун вобаста аст, вале ба ҳар ду ҷониби ҳамкорони тиҷоратӣ мусоидат менамояд. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ва Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, аллакай 50 дарсади муомилот бо асъори миллӣ сурат гирифта, беш аз 70 дарсади қарордодҳои нав миёни соҳибкорони ду кишвар баста шудаанд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» Фаридун Усмонов мегӯяд: «Барои Тоҷикистон гузаштан  ба асъори миллӣ дар тиҷорат бо Русия  хеле муҳим аст, зеро ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон аз ҳаҷми содирот зиёд мебошад. Аз ин рӯ, воридшавии доллар ё евро нисбат ба беруншавии асъор аз кишварамон хеле камтар аст.  Аз ин лиҳоз, агар як қисми муомилотро ба рубл гузаронем,  аз мушкилоти камчинии доллару евро дар бозори кишвар халос мешавем. Азбаски қисми асосии интиқоли маблағ аз хориҷа бо рубл сурат мегирад, ин ба кишвари мо имкон медиҳад, ки барои савдо захираи рублӣ дошта бошад. Илова бар ин, гузаштан ба рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ  барои таъмини мувозинат дар ҳаҷми пул мусоидат менамояд.

Гардиши мол бо Федератсияи Русия тарзе роҳандозӣ карда мешавад, ки воридоти мо назар ба содирот бештар аст. Пас ин фарқияти байни содирот ва воридотро  беҳтар аст дар воҳидҳои пулӣ  бо рубл анҷом диҳем, зеро ҳаҷми зарурии асъорро метавон тавассути интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Русия ба даст овард.

Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар самти коҳиш додани истифодаи пули нақд дар кишвар иқдомҳои бештаре пеш гирифта истодааст ва тасмими ахир дар бораи ба таври ғайринақдӣ сурат гирифтани пардохти ҳаққи хидматрасонии ташкилотҳои давлатӣ инро тасдиқ мекунад. Ин иқдом бо мақсади  бо хароҷоти кам ба амал баровардани муомилоти пулию асъорӣ  анҷом дода мешавад. Ин тамоюл дар Русия низ мушоҳида мегардад. Аз ҳисоби афзоиши амалиётҳои электронӣ метавон ба таври назаррас  хароҷотҳо ба асъорро коҳиш дод, дар баробари ин, гузариш ба савдо бо пули миллӣ сарбории бозори асъорро вобаста ба баровардани воҳидҳои нави пулӣ ба таври назаррас кам мекунад. Ҳамин тариқ,  тавре мушоҳида кардан мумкин аст,  гузариш ба асъори миллӣ барои иқтисодиёти кишварамон таъсири мусбат мерасонад».

Сатҳи тиҷорат

Дар мавриди он, ки тиҷорати Русия дар Тоҷикистон ба бозори савдо ва хидматрасонии ҷумҳурӣ чӣ гуна таъсир мерасонад, тадқиқи алоҳида намуд. Зеро ширкатҳои Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, на танҳо фоидаи хуб ба даст меоранд ва тиҷорати худро густариш медиҳанд, балки аҳолии кишварро бо ҷойи кор таъмин намуда,  аз ҳисоби он, ки бо сифати баланди хизматрасонии худ барои пешравии соҳибкорони дигар ва истеъмолкунандагон  намуна мешаванд, ҷомеаро рушд медиҳанд.

Дар бораи он, ки байни хидматрасонии ширкатҳои Русия ва хидматрасонии ширкатҳои Тоҷикистон чӣ фарқият аст, бо Гулпарӣ Давлатова – мутахассиси манобеи инсонӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар лоиҳаҳои бузурги тиҷоратии кишвар кор карда ва аз соли 2021 то инҷониб дар меҳмонхонаи «Метропол Гранд»-и шаҳри Геленджики Русия мутахассис тайёр мекунад, суҳбат кардем.

«Ба назари ман, ширкатҳои Русия аз ҷиҳати технологӣ пешрафтатаранд. Масалан, меҳмонхонаи мо дорои майдони махсуси электронии мулоҳизаҳо мебошад, ки дар он мо – ҳама фикру мулоҳизаҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва пурсишномаҳои шахсӣ ҷамъ меорем ва онҳо дар як пойгоҳи умумии додаҳо ҷамъоварӣ ва таҳлил карда шуда, дар натиҷа ҷиҳатҳои заъф ва қавии фаъолият ҳар яки мо муайян карда мешаванд. Инчунин, масалан, дар меҳмонхонаи мо, мисли дигар муассисаҳо, имконияти аз рӯйи QR-рамз зеркашӣ кардани менюи тарабхона вуҷуд дорад, ки ин низ як намуди хидматрасонии хеле қулай аст. Ҳоло дар хидматрасонӣ ва умуман барои зудтар ва беҳтар расонидани хидматҳо  истифодаи технологияҳои рақамӣ хеле муҳим мебошанд.

Инчунин, мехостам дар бораи барномаҳои «вафодорӣ» алоҳида гап занам. Дар Русия ба кадом марказе ки  наравед  олами кӯдакон (Детский мир), Магнит, Пятерочка, Перекресток ва ғайра вуҷуд дорад. Дар он ҷойҳо шуморо фавран ба барномаи “вафодорӣ” пайваст мекунанд ва ба шумо барои ҷамъ кардани бонусҳо ва иштирок дар аксияҳо корт медиҳанд. Ширкатҳои Тоҷикистон имконияти барои  муштариёни худ  ҷорӣ кардани чунин лоиҳаҳои бузургро  надоранд.

Дар баробари ин, ширкатҳои русӣ ба нигоҳ доштани обрӯ ва  эътибори худ дар фазои маҷозӣ диққати махсус  медиҳанд, зеро тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки даромади ширкат аз обрӯи он дар фазои маҷозӣ  вобастагии мустақим  дорад. Дар Русия усулҳои баррасии шикоятҳои меҳмонон барои корбарӣ бо мулоҳизаҳои манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, Иттифоқи истеъмолкунандагон низ корбарӣ мекунад. Дар ширкатҳои Тоҷикистон чунин корҳо анҷом дода намешаванд. Мушоҳида мешавад, ки бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон дар интернет нақд мешаванд, вале роҳбарони чунин ширкатҳо ҳеч гоҳ дар ин бора ошкоро вокуниш нишон намедиҳанд. Шояд ин ба рақобати паст дар соҳаҳои муайян вобаста бошад ва сарфи назар аз сифати пасти хидматрасонӣ, харидорон маҷбуранд, ки аз ин хидматрасонӣ истифода баранд.

Масалан, дар Тоҷикистон  ширкати «Додо питса»  фаъолият мекунад, ки тиҷорати худро хеле сазовор пеш мебарад. Ин ширкат ба ҳар як қуттии питса тамға-қоғази “Дар департаменти сифат санҷида шудааст”-ро мегузорад, то ки харидорон  дар мавриди  сифати ғизо ягон шубҳа надошта бошанд. Дар ҳоли тӯл кашидани вақти иҷрои фармоиш ширкат  барои ташрифи оянда  тахфиф мекунад. Дар ҳар як  муассисаи ширкат ҳуҷраи  кӯдакона вуҷуд дорад. Ширкат дар ҳақиқат муштариёни худро дӯст медорад.”

Коршинос Фаридун Усмонов низ бар ин назар аст, ки ширкатҳои русӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон муфиданд: “Бешӯбҳа, ҳузури ширкатҳои русӣ дар кишвари мо ба ташаккули равиши нав дар бахши хидматрасонӣ ва тафаккури корпоративӣ таъсири мусбат мерасонанд.  Чунин мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст. Масалан, аз рӯйи франшизаи қаҳвахонаи русии «Шоколадница» метавонем пай барем, ки сифати хизматрасонӣ, омодагии пешхизматчиён ва дигар кормандон аз он ки пештар дар ошхонаҳоипойтахт буд, ба куллӣ фарқ мекунад.

Бояд гуфт, ки пас аз дар бозори мо пайдо шудани  нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Газпром нефт»  симои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хеле тағйир ёфт, яъне дар назди онҳо мағозаҳо пайдо шуданд. Сифати хизматрасонии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ  хеле беҳтар гардид ва мардум ба ин ширкат боварӣ пайдо кард. Зеро худи ширкат, ки яке аз ширкатҳои пешрафтаи Федератсияи Русия мебошад, ҳамчун кафили сифат баромад мекунад.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон яке аз аввалин марказҳои тиҷоратии дараҷаи якум (А)  маркази тиҷоратии «Созидание» буд, ки аз ҷониби соҳибкорони рус сохта ва идора карда мешуд. Ин як формати нав дар бахши амволи ғайриманқули тиҷоратӣ гардид ва нишон дод, ки ҳоло ширкатҳои ватанӣ метавонанд дар фазоҳои бароҳат ҷойгир шаванд, ки қаблан дар кишвари мо чунин набуд.

Ба Тоҷикистон омадани ширкатҳои Русия экосистемаи тиҷоратро ба таври ҷиддӣ тағйир дода, хидматрасониро дар кишвари мо ба таври назаррас беҳтар кард. Ва он ширкатҳое, ки тайи солҳои ахир вориди бозори Тоҷикистон шуданд,  барои беҳбудии бахши хидматрасонӣ дар Тоҷикистон таконе медиҳанд”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь