Давлати миллӣ ё ҳукумати миллӣ ё бо истилоҳи умумии он, “кишвар” як навъи махсуси давлат дар ҷаҳони муосир аст, ки дар он як мақоми сиёсӣ дар қаламрави муайяни ҳудудӣ ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ дошта, метавонад ин ҳуқуқро бо қувваи ҳарбӣ пуштибонӣ намояд. Дар ин навъи давлат аҳолии кишвар шаҳрванд ҳисобида мешавад.

Давлати миллӣ шакли махсуси сохти давлатист, ки аз татбиқи соҳибихтиёрӣ ба номи миллат дар воҳиди ҳудудии соҳибихтиёр қонунияти худро ба даст меорад. Cиёсатшиносон давлати муосири миллиро ҳамчун “сохтори сиёсӣ бо ҳуқуқи истисноии амалӣ намудани ҳокимияти қонунӣ дар қаламрави мушаххас” муайян кардаанд. Давлати миллӣ падидаи муосир аст, ки ратсионализатсияи сохторҳои гуногуни маъмурӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ онро аз сохторҳои сиёсии пешина, аз қабили императорҳо ва ҳукуматҳои қабилавӣ ҷудо мекунад.

Агар ба ҷанбаи таърихи ташаккули ин навъи давлатдорӣ таваҷҷуҳ намоем, ба ин натиҷа мерасем, ки бо паст шудани қудрати калисо дар Аврупои Ғарбӣ аввалин давлатҳои миллӣ ташкил ёфтанд, ки натиҷаи имзои Шартномаи Вестфалия дар соли 1648 буд. Вале авҷи фаъолият дар соли 1789 cурат гирифтааст, ки дар заминаи инқилоби мардумӣ Фаронсаи подшоҳӣ сарнагун гашта, аввалин бор давлати миллӣ ва принсипи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст.

Давлатҳои миллӣ, ки баъзан ҳукуматҳои миллӣ номида мешаванд, давлатҳое буданд, ки аз қалби миллатҳои аврупоӣ ба вуҷуд омада, ба давлатҳои пешрафта, демократӣ ва саноатӣ асос ёфтаанд. Бо пайдоиши Ренессанс дар Аврупо тамоюли ҷаҳонӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва ҷаҳон зуд ба сӯйи индустриализатсия майл кард. Ҳукумати миллӣ бо ин давра ва болоравии навсозӣ, ҳамзамон буд. Ба ақидаи сиёсатшиносон, давлати миллӣ натиҷаи модернизм ва замони нав аст. Дар ҳамин ҳол бархеҳо давлати миллӣ ва модернизмро маҳсули ҳамдигар медонанд. Ин ду падида дар якҷоягӣ ва бо мукаммал намудани ҳамдигар ба ҷомеаҳои башарӣ манфиат бахшида, ҷаҳонро ба сӯйи пешрафт ва оромии нисбӣ равона месозанд.

Пас аз пайдоиши Ренессанс ҳукуматҳои миллӣ ба зудӣ аз дохили миллат дар кишварҳое мисли Фаронса, ки як миллати ягона ва ҷудогона доштанд, ба вуҷуд омаданд. Aммо дар кишварҳое мисли Ирландия ва Маҷористон, ки дар он вақт парокандагии иҷтимоӣ ва бехабарӣ нисбат ба миллатгароӣ, фарҳанг ва забони хеш ҳукмфармо буд ва барои ташкили давлати миллии худ солҳои зиёд лозим буд. Таҷриба нишон додааст, ки давлатҳои миллӣ замина ва потенсиали беҳтаре барои эҷоди демократия доранд ва беҳтару пешрафтатарин демократияи имрӯзаро дар давлатҳои миллӣ дидан мумкин аст.  Ба далели демократияи воқеии худ, ин кишварҳо суботи сиёсӣ ва иқтисоди беҳтар доранд ва ҳамеша дар ҷанбаҳои мухталиф (сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, фарҳангӣ, низомӣ ва ғайра) кишварҳои тавоно маҳсуб мешаванд.

Ҳар як давлати миллӣ ҷиҳати устувор намудани мавқеъ ва ҳифзи арзишҳои хеш аз унсурҳои зерин ташкил шудааст:

  1. Замин ё минтақаи ҷуғрофӣ бо сарҳадҳои муайян. Дар тули таърих замин муҳимтарин унсури давлати миллӣ буд ва ҳукуматҳо мехостанд то ҳадди имкон мизони онро афзоиш диҳанд.
  2. Аҳолӣ, ки то замони нав ба сифати миллат муайян нашуда буд ва мардуми дар марзи як кишвар муқимӣ тобеи султон ҳисоб мешуданд ва ин кристаллизатсияи соҳибихтиёрӣ ва идораи давлатӣ буд.
  3. Ҳокимият мафҳуми ҳуқуқӣ буда, маънои соҳибияти давлат дар тамоми замин, қонуният ва монополияи истифодаи зӯр ва зӯроварии ҷисмонӣ барои иҷрои қонунҳоро дорад. Ҳокимият дар системаи байналхалқӣ натиҷаи Шартномаи Вестфалия дар Аврупо буд, ки баъдтар ба воситаи истеъмор ва таъсири иҷтимоӣ ва мадании Аврупо дар тамоми ҷаҳон густариш ёфт.
  4. Ҳукумати як гурӯҳи одамон, ки дар доираи бюрократизм давлатро идора мекунанд.

Гузашта аз ин, аз назари таҳаввул дар ин сохти давлатдорӣ ҳамаи ҳукуматҳои кунунӣ давлатхои миллӣ мебошанд. Ба ақидаи Гидденс, дар ҳукуматҳои суннатӣ мафҳуми ҳокимият нисбат ба давлатҳои миллӣ хеле заифтар буд. Инчунин дар ҳукуматҳои суннатӣ мафҳуми шаҳрвандӣ бо ҳуқуқу вазифаҳои умумӣ ташаккул наёфтааст. Вай ташаккули давлатҳои миллиро ба пайдоиши миллатчигӣ алоқаманд медонад.

Интегратсияи сиёсӣ, истиқлолият аз қудратҳои хориҷӣ, соҳибихтиёрии ҳудудӣ, доираи ҳудудии бюрократизм, иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат, рушди иқтисодиву маориф омилҳое мебошанд, ки барои чен кардани рушди сиёсии кишвар истифода мешаванд. Воқеан вожаи давлати миллӣ ё ҳукумати миллӣ мафҳумест, ки ҳамчун намунаи идеалӣ ба ҳалли чунин бӯҳронҳо дар раванди пайдоиши давлатдории миллӣ дахл дорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки раванди зикршуда дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон – ҳатто кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта – дар роҳи таҳаввул ва дигаргунӣ қарор гирифтааст. Давлати миллӣ шакли махсуси сохти давлатдорист, ки аз татбиқи ҳокимият ба номи як миллат ва дар як cарзамини дорои ҳокимият қонунияти худро ба даст меорад.

Ба андешаи бархе аз мухолифони давлати миллӣ ва либерализм, зуҳури ҳукумати миллӣ ва пойдории ин ҳукуматҳо бар пояи ҳувияти миллӣ дар муқобили ҷаҳонишавӣ монеаи аслӣ аст. Дар воқеъ, ин ҳукуматҳо дар инзиво ҳастанд ва аз эҷоди иқтисод ва сиёсати ҷаҳонӣ монеъ мешаванд. Албатта, либералҳо ва навлибералҳо мухолифи ин ақида ҳастанд ва масъаларо комилан муқобил медонанд. Тавре ки таҷриба нишон дод, идеологияҳои тоталитарӣ, ки даъвои ҷаҳонишавӣ ва мухолифат бо ҳукумати миллӣ доранд, дар амалияи худ ҳамеша бо ҷаҳонишавӣ мухолифат карда, ба инзивои ҷаҳон ва эҷоди хусумат миёни миллатҳои гуногун мусоидат кардаанд. Баръакс, имрӯз мо мебинем, ки ҳукуматҳои миллии аврупоӣ пас аз таъсис ва таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва ғайра Иттиҳоди Аврупоро таъсис доданд, ки қадами аввалин дар самти ҷаҳонишавӣ маҳсуб гашта, баёнгари он аст, ки пас аз хотима бахшидани марҳилаҳои миллатчигӣ ва пешрафти саноатӣ метавон дар бораи ҷаҳонишавӣ мулоҳиза намуд.

Албатта, масъалаи дигаре, ки дар ин ҷо метавон баррасӣ кард, фарқияти ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳониcозӣ аст. Ҷаҳонишавӣ равандест, ки ба таври худкор таҳаввул меёбад. Вақте давлатҳои миллӣ мисли Аврупо мушкилоти дохилии худро паси сар карда, ба баландтарин сатҳи рушди худ мерасанд, барои идомаи пешрафташон бояд бa масъалаи ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аммо масъалаи ҷаҳониcозӣ чизе монанди давом додани империализми ҷаҳонӣ ва мустамликадорӣ дар шакли нав аст. Албатта, дар ҷаҳони имрӯза, он ихтиёран ноком шуд ва тақрибан бовар кардан ғайриимкон хоҳад буд, ки як кишвар мехоҳад як кишвари дигарро ба маънои худ мустамлика гардонад. Ҷаҳониcозӣ бештар аз ҷониби идеологияҳои тоталитарӣ пешниҳод карда мешавад, ки аксаран ба диктатура овардаанд ва ҳадаф аз ҷаҳониcозӣ дар ин ҳолатҳо паҳн ва таблиғи як идеологияи мушаххас аст. Масалан, идеологияи марксизм-ленинизм бо максади дар тамоми ҷаҳон таблиғ кардани диктатураи пролетариат ва давлати коргарӣ кӯшиш мекард, ки дар тамоми ҷаҳон инқилобҳои коргарӣ ба вуҷуд оварда, дар зери сояи интернатсионализм диктатураи умумиҷаҳонии пролетариат ба вуҷуд оварад.

Пас, тибқи ин мулоҳизаҳо, озодӣ ва демократияи комил, ки метавонад тамоми ниёзҳои инсонро қонеъ гардонад ва ӯро барои зиндагии беҳтари иҷтимоӣ ва бархӯрдор шудан ба ҳуқуқҳои табии башарӣ ҳидоят кунад, дар ҳақиқат зери сояи давлати миллӣ қарор дорад, ки он аз дили миллат маншаъ гирифта, барои ифтихору пешравии миллати худ ва ҷаҳони муосир қадам мегузорад.

Давлате, ки миллат эҷод кардааст, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳад шуд, зеро детерминизми таърихӣ ва илмии муосир ба ин имкон намедиҳад. Чунон ки аз таҷриба бармеояд, ин давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳеҷ гоҳ комёб нашуда, саранҷом барои давом додани хукмронии худ маҷбур шуданд, ки ба диктатура ва дар ниҳоят ба давлати фашистӣ табдил ёфтаанд, ки боз ҳам дар охир нокомӣ насибашон гардид.

Давлати миллӣ – давлатест, ки барои миллаташ ва аз қалби миллаташ офарида шудааст, метавонад кафили сулҳу суботи ҷаҳон бошад, зеро намехоҳад идеологияи муайянеро ба ҷаҳон таҳмил кунад ва на чашм ба хоки мамлакат ё миллати дигар дорад. Вай дар баробари дигар халқҳо танҳо дар бораи пешрафти миллаташ фикр мекунад ва сарфи назар аз васеъ шудани ин давлатҳо мо ба сулҳу осоиш ва пешрафти ҳаматарафаи тамоми ҷаҳон умед баста метавонем. Давлати миллӣ душмани тоталитаризм ва империализми ҷаҳонӣ буда, ба идеологияҳое, ки бо қувваи яроқу аслиҳа ва инқилоб идеяҳои худро ташвиқ карданӣ мешаванд, муқобил мебарояд. Вай саъй мекунад, ки як ҷаҳони ягонаи аз ҷанг озод ба вучуд оварад ва ба ҷуз амалӣ гардидани ҳуқуқи миллати худ дар андешаи вайрон кардани ҳуқуқи миллатҳои дигар нест.

Наҷмиддин Солиҳов,

номзади илмҳои филологӣ, устоди ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь