Дар моҳи январи соли 1990 вазъият дар пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ба маротиб муташанниҷ гардид. Яке аз сабабҳои вахим гардидани вазъият иртибот дошт ба низоъ дар Қаробоғи Куҳӣ, ки бештари сокинонаш арманитабор буданд.

Заминаи нооромиро дар минтақаи мазкур фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятии арманитабор гузошта буданд. Вақте ки онҳо аз Кремл талаб карданд, ки Қаробоғи Куҳиро ба ҳайати Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Арманистон шомил созад, роҳбарият ва сокинони озари ҷумҳурӣ эътироз карданд.

 

Дар натиҷа, мухолифат миёни ду ҷумҳурии ҳамсоя ба вуҷуд омад ва дар натиҷа, ин мухолифат ба низоъи байни ду миллат мубаддал гардид ва ҳамин тариқ, арманиҳо сокинони озаритабори Қаробоғи Куҳиро таъқибу фишор намуда, маҷбур сохтанд аз марзу буме, ки пушт ба пушташон онҷо зиста буданд, ба Озарбойҷон паноҳ баранд.

Пайдо шудани гурезаҳо дар ҷумҳурӣ мардумро норозӣ кард ва дар натиҷа, фишори арманиҳое, ки Озарбойҷонро ватани худ мешумориданд, шуруъ гардид.

Ҳамин тариқ, ин низоъ баъди сипарӣ шудани муддате ба бархӯрдҳои ҳарбӣ ва ахиран ба ҷанги комилан айёр мубаддал гардид.

Рӯзи 11-уми январи соли 1990 ҷиноҳи Фронти халқии Озарбойҷон як қатор биноҳои маъмуриро дар шаҳри Ленкоран таҳти тасарруфи худ дароварда, ҳукумати шӯравиро дар онҷо сарнагун кард.

Сабаби аслии оғози ин гирдиҳамоӣ бефаъолиятии мақомот дар ҳалли қазияи Қаробоғи Куҳӣ эълон шуд.   

То замони оғози ин гирдиҳамоӣ дар шаҳри Боку 1 миллиону 700 ҳазор одам зиндагӣ мекард, ки аз он 200 ҳазорашро арманиҳо ташкил мекарданд.     

Рӯзи 12-уми январи соли 1990 Неъмат Паноҳов ва Раҳим Ғозиев намояндагони ҷиноҳи ифротии Фронти халқии Озарбойҷон ба воситаи телевизион суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки шаҳри Боку аз гурезаҳои озарӣ, ки аз Қаробоғи Куҳӣ фирор кардаанд, лабрез шудааст, аммо арманиҳо дар пойтахти Озарбойҷон роҳат зиндагӣ мекунанд.

Ин изҳорот оғози таъқибу куштори арманиҳои сокини Озарбойҷон гардид.

Баъди 2 рӯзи дигар, яъне рӯзи 13-уми январи соли 1990 дар маркази ҷумҳурӣ – шаҳри Боку гирдиҳамоӣ ба хотири истеъфо рафтани Котиби якуми КМ ҲК Озарбойҷон Абдураҳмон Вазиров шуруъ гардид.

Мухолифон ба ин бовар буданд, ки маҳз А.Вазиров ба ҳайси роҳбари Озарбойҷон натавонист амнияти сокинони озаритаборро дар Қаробоғи Қуҳӣ таъмин кунад ва дар натиҷа, онҳоро аз зодгоҳашон ронданд ва хонаву дарашонро арманиҳо соҳиб шуданд.

Онҳо ҳамчунин шиори «Боку бидуни арманиҳо»-ро сар доданд.

Дар гирдиҳамоии мазкур масъулони Фронти халқӣ аз таъсиси Шӯрои дифоъи миллӣ зери роҳбарии Абулфаз Элчибей хабар доданд. 

Худи ҳамон шаб тазъиқ, фишор ва куштори арманиҳо дар шаҳри Боку шуруъ гардида, то рӯзи 15-уми январ идома ёфт ва дар натиҷа, 66 арманӣ ва 2 озарӣ кушта шуданд. Баъдан боз 20 армании дигар аз ҷароҳатҳои бардошта ҷони худро аз даст доданд. 300 арманӣ захмӣ шуданд.

Бархе муҳаққион мегӯянд, ки арманиҳоро аз ошёнаҳои баланди хонаҳои истиқоматӣ ба замин мепартофтанд. Дар маҳаллаҳое, ки арманиҳо зиндагӣ мекарданд, хонаҳоро сӯзонда сокинонашонро ба таври ваҳшиёна мекуштанд.

Дар ин мавриди куштори арманиҳо дар моҳи январи соли 1990 ду фарзия вуҷуд дорад. Фарзияи якум ин буд, ки гӯё арманиҳо як озариро, ки мехост хонаашро баргардонад, куштанд. 

Аммо тибқи фарзияи дуюм, Маскав мехост бо баҳонаи наҷот додани арманиҳо Фронти халқии Озарбойҷонро шикаст диҳад, зеро ҷонибдорони онҳо мехостанд ҳокимияти шӯравиро дар ҷумҳурӣ сарнагун кунанд.

Баъди 3 рӯз аз оғози куштору гурезогурези арманиҳо аз Боку (дар воқеъ наздики 50 оилаи арманиро аз ин шаҳр ба Душанбе оварда буданд, ки ин мавзӯи мақолаи дигар аст) дар назди бинои КМ ҲК Озарбойҷон гирдиҳамоии бемуҳлат шуруъ гардид.

Рӯзи 18-уми январ тамоми роҳҳо ба сӯи бинои КМ ҲК Озарбойҷон баста шуданд. Роҳбарияти Озарбойҷон ба тамоми расонаҳои ҷумҳурӣ супориш дод, ки аз чопи талаботи Фронти халқӣ дар бораи даъвати иҷлосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Озарбойҷон худдорӣ кунанд.

Аммо ин фармон баракс, норозигиро дар миёни кормандони чопхонаҳо ба вуҷуд овард ва ба хотири ҳамраъйӣ бо Фронти халқӣ онҳо корпартоӣ эълон карданд. Азбаски масъулони Фронти халқӣ даровардани артишро ба шаҳри Боку истисно намекарданд, казармаҳои қисмҳои ҳарбии Артиши Шӯравиро дар муҳосира қарор доданд. 

Онҳо ба ин хотир блокҳои бетонӣ ва мошинҳои калони боркашро оварда, дар назди дарвозаҳои қисмҳои ҳарбӣ гузоштанд, то ки барои ҳаракати онҳо монеа эҷод кунанд.

Рӯзи 19-уми январи соли 1990 гирдиҳамомадагон талаб карданд, ки дар бархе минтақаҳои Озарбойҷон вазъияти фавқулодда аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС эълон карда нашавад. 

Худи ҳамон шаб ҷонибдорони Фронти халқӣ баъди анҷоми ултиматум дар мавридли истеъфои роҳбарияти Озарбойҷон бинои телевизионро забт карда, пахши телевизони Маскавро дар Озарбойҷон қатъ намуданд.

Ба дунболи ин, иҷосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Нахҷувон дар бораи хориҷ шудан аз ҳайати ИҶШС қарор қабул карда, Эъломияи истиқлоли худро қабул кард.

Дар ин рӯз овоза паҳн шуд, ки ба ҷои А.Вазиров роҳбари ҷумҳурӣ раиси КБГ-и Озарбойҷон Воқиф Ҳусейнов таъин мешавад, аз ин рӯ, гирдиҳамомадагон талаб карданд, ки роҳбари нави ҷумҳурӣ котиби КМ ҲК Озарбойҷон Ҳасан Ҳасанов таъин шавад.

Барои ба эътидол овардани вазъият ба Боку Кремл намояндагони худ, котиби КМ ҲКИШ, Андрей Гиренко, аъзои Шӯрои президентӣ Евгений Примаков, вазири мудофиаи ИҶШС, маршал Дмитрий Язов, сарфармондеҳи қувваҳои хушкигард, муовини вазири мудофиа, генерали армия Валентин Варенниковро фиристод.

Аммо инҳо низ натавонистанд бо роҳбарони Фронти халқии Озарбойҷон ба мувофиқа бирасанд. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи артиш ба мадди аввал баромад. Ба ин хотир, ҳанӯз 12-уми январи соли 1990 дар атрофи Боку наздики 50 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ аз округҳои Закавказие, Москва, Ленинград ва ғ. интиқол дода шуда буданд.

Барои ширкати мустақим дар ин амалиёт, ки номи мустаори «Удар» (Зарба)-ро дошт, дивизияи 76-и ҳавоӣ-десантӣ, дивизияи 106-и ҳавоӣ-десантӣ ва бригадаи 56-и ҳавоӣ-десантӣ истифода шуданд.

Котиби якуми КМ ҲК Озарбойҷон А.Вазиров қабл аз оғози амалиёти ҳарбӣ ба Маскав бурда шуда, роҳбарияти муваққатии ҶШС Озарбойҷон ба уҳдаи Виктор Поляничко ва Аёз Муталибов вогузошта шуда буд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 15-уми январ Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС фармони М.С.Горбачёвро дар мавриди эълони вазъияти фавқулодда дар қаламрави Қаробоғи Куҳӣ ва ноҳияҳои гирду атрофии онро ба имзо расонд, аммо дар маврди Боку ягон тасмим гирифта нашуд.

Баракс, роҳбарияти ИҶШС, ки дар раъси он М.С.Горбачёв қарор дошт, мехост, ки дар ин маврид Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Озарбойҷон фармон барорад, аммо дар Маскав инро ба назар гирифтан намехостанд, ки роҳбарияти Озарбойҷон вазъиятро зери назар надоранд ва ҳеҷ коре аз дасташон намеояд.

Ахиран рӯзи 19-уми январ М.Горбачёв фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар мавриди эълони вазъияти фавқулодда дар шаҳри Бокуро имзо кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки бо сабаби муташанниҷ гаштани вазъият, кӯшишҳои гуруҳҳои ҷинояткор бо роҳи зӯрӣ, тавассути ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва барканор кардани мақомоти давлатӣ ва таъмини манфиатҳои шаҳрвандон, Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС бо дастрасӣ ба банди 14-и моддаи 119 Конститутсияи ИҶШС қарор мекунад, ки аз рӯзи 20-уми январи соли 1990 вазъияти фавқулодда дар территорияи шаҳри Боку эълон карда шавад.

Худи ҳамин шаби 19-уми январ фаъолияти Шурои миллии мудофиа, ки аз ҷониби Фронти халқии Озарбойҷон таъсис ёфта буд, мамнуъ эълон шуд. Ҳамзамон афроди номаълум энергоблоки маркази пахши телевизион ва радиои Озарбойҷонро тарконданд. Чунон ки баъдан дар рафти тафтишот маълум шуд, ин амалиёти тахрибкоронаро гуруҳи махсуси Артиши шӯравӣ ва ё КГБ ба анҷом расонда будааст.

Аммо сокинони шаҳри Боку ва умуман ҷумҳурии Озарбойҷон аз эълони вазъияти фавқулодда бехабар монданд.

Чунон ки Ҳайдар Алиев, собиқ роҳбари Озарбойҷон, ки баъди барканор шуданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Совети вазирони ИҶШС дар даврони бозсозӣ аз сиёсат канор рафта дар Маскав мезист, мегӯяд, ки ҳамон шаб ба ӯ ногаҳон М.С.Горбачёв занг задаст.

Ба қавли Ҳайдар Алиев, ин нахустин суҳбати ӯ бо Горбачёв баъди соли 1987 буд, аммо сарфи назар аз ин, роҳбари шӯравӣ изҳор медорад, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бетартибиҳо ва сарнагун кардани ҳокимияти шӯравӣ дар ҷумҳурии мазкур маҳз бо ташаббуси собиқ роҳбари ин ҷумҳурӣ сар задаст.

Дар рафти ин суҳбат М.Горбачёв талаб мекунад, ки Алиев роҳҳои ба эътидол овардани вазъиятро пайдо карда, саҳми худро гузорад, дар акси ҳол, дар фикри пайдо кардани роҳҳои ҷазо додани ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.

Тибқи изҳороти расмӣ Кремл бо эълони вазъияти фавқулодда дар пойтахти Озарбойҷон мехост сокинони арманитаборро наҷот диҳад, аммо ин танҳо баҳона буд, зеро кушторҳову фишорҳо баъди чанд рӯз тамом шуда буданд. Ҳазор хизматчиёни Қувваҳои дохилӣ, ки дар шаҳри Боку қарор доштанд, ягон коре накарданд, ки пеши роҳи ин ваҳшоният гирифта шавад, зеро чунин фармон аз Маскав ва аз роҳбарияти Ҷумҳурии Озарбойҷон нагирифта буданд.

Дар асл, мақсади Маскав ва аз ҷумла худи Горбачёв, артиш бояд ду вазифаро иҷро мекард: 

1. Фронти халқии Озарбойҷонро, ки мехост истиқлоли ҷумҳуриро эълон кунад, шикаст диҳад ва 2. Ҳокимияти шӯравиро дар тамоми қаламрави ҶШС Озарбойҷон барқарор намояд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 19-уми январи соли 1990 ба дунболи эълони вазъияти фавқулодда ба шаҳри Боку Артиши шӯравӣ ворид гардид, аммо хабари фармон тавассути телевизион, ки аллакай аз кор монда буд, пахш нагашт ва дар натиҷа, сокинон бехабар монданд.

Теъдоди камтари сокинони шаҳри Боку дар бораи режими вазъияти фавқулодда тариқи радио соати 5:30-и субҳи рӯзи 20-уми январ иттилоъ ёфтанд. Ҳамзамон бо ин, чархболҳо варақаҳои махсус ба ин хотир чоп шударо партофтанд.

Ворид кардани артиш ба шаҳри комилан ношинос дар шароити зимистон ва он ҳам шабона кори мушкиле буд. Аз ҷониби дигар, онҳо  бо вазъияти оперативӣ шинос набуданд, аз ҷониби дигар, дар бораи гуруҳҳои мусаллаҳи Фронти халқии Озарбойҷон маълумоти дақиқ надоштанд. 

Нуктае, ки бояд зикр шавад, ин аст, ки ҳарду ҷониб кӯшиш мекунанд худро сафед кунанд. Ба иборати дигар, тибқи иттилооти ҳукумати шӯравӣ ҳангоми ворид шудани артиш ба шаҳри Боку, ҳарбиён ба муқовимати мусаллаҳонаи ҷонибдорони Фронти халқии Озарбойҷон рӯ ба рӯ гашта, маҷбур шуданд аз силоҳҳои оташнишон ва мошинҳои зиреҳпӯши худ истифода кунанд.

То кадом андоза дуруст будани иддаои ҷонибдорони Фронти халқӣ дақиқ нест. Танҳо ҳамин маълум аст, ки як рӯз баъд шаҳри Боку, пойтахти ҶШС Озарбойҷон пурра зери контроли Артиши шӯравӣ даромад. 

Дар натиҷаи ин амалиёти ҳарбӣ 134 нафар сокини шаҳри Боку кушта, бештар аз 700 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, ки аксарияташон озарӣ буданд. Дар ин миён кӯдакон, пиразанон ва мӯйсафедон низ буданд. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ 20 аскари артиши шӯравӣ зимни ин амалиёт ҷони худро аз даст доданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҳарбии артиши шӯравӣ дар шаҳри Боку бештар аз 200 хона ва квартира, 80 адад мошин, аз ҷумла мошинҳои Ёрии таъҷилӣ» сӯзонда ва ё тахриб шуданд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

Акс: Гирдиҳамоии мардум дар шаҳри Боку

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь