15-уми августи соли ҷорӣ ба як шакли мармуз ва машкук ҳаракати тундрави “Толибон” қудрати сиёсиро дар Кобул ба даст гирифт. Он ҳам “бе ягон муқобилияти нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангу хунрезӣ”. Ёдрас намудан айни муддаост, ки кулли нерӯҳои ҷангандаи “Толибон” 70 000 гуфта мешавад, вале Артиши ҳукумати пешин бо роҳбарии Ашраф Ғанӣ ҳудуди 300 000 нафар арзёбӣ гардида буд. Яъне, бо имконоти васеъ ва захоире, ки ҳукумати пешин дошт, мумкин буд хеле муқобилияти шадид нишон диҳад. Вале чунин нашуд, ки шубҳаҳо ва ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Яъне, раванди ба қудрат расидани “Толибон”-ро бо боварӣ метавон тарҳрезишуда унвон кард. Зеро сиёсатмадори номдор ва 32-юмин президенти Амрико – Франклин Рузвелт, ки дар шаклгирии сиёсати замони худ нақши боризе доштааст, чунин мегӯяд: ”Ҳеҷ чиз дар сиёсат тасодуфӣ рух намедиҳад. Агар ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, пас он ҳамон гуна андешида шудааст”.

Як ҷиҳати дигари мармуз будани ба қудрат расидани “Толибон” он аст, ки Амрико яку якбора баъди 20 соли мубориза ва раванди “демократикунонӣ”-и ҷомеаи афғонистонӣ кулли “дастовардҳои бист соли охир”-ро ба ҳоли худ раҳо карда, дар арафаи 20-умин солгарди “ҳамлаи террористӣ”, ки 11-уми сентябри соли 2001 дар қаламрави Амримко рух дода буд, хоки ин кишварро тарк кард. Аҷобаташ дар он аст, ки президенти ин кишвари муқтадири олам баъди хуруҷи нерӯҳояш аз қаламрави Афғонистон чунин иброз дошт: рисолати мо дар Афғонистон сохтани як давлати қавӣ ва пойдор набуд, балки ҳузури мо дар он ҷо ба хотири он буд, ки аз хоки ин кишвар ба Амрико ҳамлаи террористие сурат нагирад. Паҳлӯи дигари машкуки қазия он аст, ки аз артиши Амрико ба миқдори 85 млрд доллар силоҳу техникаи ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба “Толибон” мерос монд, дар ҳоле, ки агар генералҳои амрикоӣ мехостанд то охирин тири худро бо худ мебурданд.  “Толибон” бошад, ин миқдор силоҳу техникаро “ғанимати ҷангӣ” маънидод намуданд, дар ҳоле, ки аслан чунин нест. Бархӯрди манфиатҳои Абарқудратон ва кишварҳои минтақавӣ дар Афғонистон торафт шиддат мегирад. Ҳар кишвар аз ин таҳаввулот мехоҳад суди худро бардорад. Вобаста ба таъмин ва ҳимояи манфиатҳо кишварҳои ҷаҳон мавқеи худро дар нисбати таҳаввулоти Афғонистон мауйян кардаанд. Чин ҳамчун гегемони иқтисодӣ ба захираҳои зеризаминии дастнахӯрдаи Афғонистон чашм дӯхтааст. Барои датсрасӣ ба конҳои азими канданиҳои фоиданок барои ин кишвар фарқ надорад, ки дар сари қудрат “толиб” аст ва ё ДОИШ. Муҳим манфиатҳояш ҳимоя ва мақсадҳояш бароварда шавад. Мавқеи Покистон чун ҳомии анъанавии “Толибон” бетағйир боқӣ мемонад. Барои Эрон манфиатҳои динӣ – мазҳабӣ аз манфиатҳои нажодӣ – миллӣ бартару болотар меистад. Аз ин рӯ, ба ҳаводиси Ироқу Сурия ва Фаластин банд аст ва ба таҳаввулоти Афғонистон чандон аҳамият намедиҳад. Дигар ҳамсояҳои Осиёи Марказии Афғонистон ба муттаҳиду яктан шудани тоҷикони ду тарафи Ому манфиатдор нестанд. Бинобар ин, робитаи то андозае хубро бо “Толибон”-и зиддитоҷик ба роҳ мондаанд. Дар ин миён танҳо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасу аниқ аст, ки месазад муфассал ба шарҳи он пардозем.

Аз рӯзҳои нахустини ғасби Кобул ба дасти ҳаракати тундраву ифротии “Толибон” ҷониби Тоҷикистон бо сароҳат эълом дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳукумати “Толибон”-ро эътироф наменамояд ва ба расмият намешиносад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо вазири умури хориҷии Покистон – Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки 25-уми августи соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирифта буд, чунин таъкид карданд: “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”. Ин мавқеъгирӣ ва таъкиди Пешвои миллат бесабаб набуд. Зеро, “Толибон” дар як давраи кӯтоҳ нишон доданд, ки ҳамон “Толибон”-и қаблианд ва ҳеҷ тағйироту дигаргуние дар фикру андеша ва амали онҳо дида намешавад. Ин ҷиҳатро низ роҳбарияти олии Тоҷикистон ба хубӣ дарк намудаанд: “Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд”.

Чунин мавқеъгирии давлати Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он сабабҳои зиёди амниятӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, арзишӣ, башарӣ, тамаддунӣ – фарҳангӣ ва миллии худро дошт, ки ҳамаи он бояд дуруст дарк ва баррасӣ карда шаванд:

Вуҷуд доштани терроризм худ хатар аст. Вале ба қудрати сиёсӣ расидани он зиёд гардидани эҳтимоли хатар ба давлатҳои ҳамсояро дорад. Дар сари қудрат мондани гурӯҳи ифротии “Толибон” на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои минтақа хатарзост. Аз тарафи дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистони ҳамсоя 1400 км марз дорад ва дар раддаи аввали ҷабҳаи муқовимати минтақавӣ бо терроризм қарор дорад, аввалин шуда бонги хатарро зад;

Аз лиҳози сиёсӣ чунин мавқеъгирии Пешвои миллати тоҷик ниҳоят ҷасурона ва масъулона арзёбӣ мегардад. Зеро, аз назари сиёсӣ чунин ҷиҳатгирӣ дар баробари туғёни азими геополитикӣ бар иловаи ифтихоромезу одилона буданаш, метавонист паёмадҳои ҷиддии дигари манфиро низ ба бор оварад. Яқин аст, ки дар пушти ин таҳаввулоти Афғонистон қудратҳои бузурги сиёсию низомӣ манфиатҳои азими геосиёсӣ, ҳадафҳои бузурги ақидатӣ ва зарфиятҳои калони пулию иқтисодӣ истода буданд ва то ба ҳол тағйири мавқеъ накардаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот Тоҷикистон аз “бозиҳои духӯра” ва “стандарти дугона”-и муносибат канорагирӣ кард ва мавқеи худро ошкору возеҳ баён дошт ва садои эътирози худро дар баробари беадолатӣ, беқонунӣ, таҷовуз ва зӯригарӣ торафт баланд намуд. Чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ намунаи олии соҳибихтиёр будан дар сиёсати хориҷӣ низ метавон унвон кард.

Аз назари ахлоқӣ хомӯш нишастан дар баробари беадолатӣ, таҷовуз, қатлҳои дастаҷамъӣ, шаллоқ задани занон ва ба инобат нагирифтани ҳуқуқи дигарон зишттарин амал маҳсуб меёфт. Бо эълони мавқеъ ва ҷойгоҳи худ Тоҷикистон тавонист худро аз эҳсоси бади азоби виҷдон раҳо намояд;

Таъкид намудан бамаврид аст, ки вокуниши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тағйиротҳои моҳҳои ахири Афғонистон барои ҳифзи ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ равона гардидааст. Вақте ҳамаи давлатҳову ташкилотҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инкори хушунат, риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳ надодан ба ғасби зӯроваронаи ҳокимиятро вазифаҳои авалиндараҷаи худ қарор додаанд, дар ибтидо хомӯшию бетарафиро ихитиёр карданд. Ва Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки аз онҳо баҳри риояи ин меъёрҳои қабулнамуда даъват ба амал овард. Зеро, эътирофи амалии ҳукумати “Толибон” ва кӯшиши барқарор намудани муносибат бо онҳо як навъ помол карда гузаштани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалист.

Ба қудрат расидани “Толибон” Афғонистон ва ҷамъияти 35 миллионаи онро ба бӯҳрони азими инсонӣ рӯ ба рӯ намуд. Гурезашавии миллионҳо инсон дар дохили Афғонистон, қатлҳои дастаҷамъию гӯрҳои умумӣ, ҳамлаи бераҳмона ва хунин ба Панҷшер, бо баҳонаи қавмию мазҳабӣ кушта ва ё таҳдид шудани одамон ва манзараи ҳавлноки фурудгоҳи Кобул намунаи олии фоҷиаи инсонӣ ва ваҳшоният дар Афғонистон буданд. Аз ин рӯ, садо баланд кардани Пешвои миллати тоҷик аҳамияти инсонӣ ва башардӯстонаро низ дар худ дошт.

Вокуниши саривақтии Президенти кишвар аҳамияти тамаддунӣ – фарҳангиро низ ба худ касб намуда буд. Зеро, вақте “Толибон” бори якум (27-уми сентябри 1996- сентябри 2001) ба қудрат расида буданд, аввалин коре, ки онҳо анҷом додаанд, ин тарконидани пайкараҳои 1500-солаи Буддо дар соли 2001 буд. Силсол ва Шамома, ки арзишмандтарин осори бостонии пеш аз Ислом дар Афғонистон дониста мешуданд, “Толибон” бо фармони Мулло Умар бераҳмона ин осори ҷаҳонӣ ва фарҳанги умумибашаририро дар як мижа задан нобуд кардаанд, ки боиси барангехтани хашми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида буд. Акнун мегӯянд, барои муҳофизати осори бостонии гаронбаҳо дар шаҳри Бомиён камар бастаанд. Яъне, мондани онҳо монеаест дар баробари арзишҳои маънавии тамаддуни башарӣ, илму дониш, таҳсилу маориф, санъату ҳунар, ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, озодию ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон, озодии сухан, андеша ва виҷдон. Эътирофи онҳо баробар аст ба пойи онҳо рехтани ин ҳама дастоварду арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ, ё худ таслим шудан дар баробари торикиву ҷаҳолат. Бинобар ин, Тоҷикистон барои пурра нобуд нагардидани ин арзишҳо аввалин шуда садо баланд кард.

Изҳори назар ва эълони қатъии ҷойгоҳи Тоҷикистон дар масъалаи таҳаввулоти Афғонистон аз ҷониби Пешвои миллат аҳамияти бузурги миллии худро низ дорост. Мо тоҷикони Тоҷикистон ва тоҷикони Афғонистон ҳеҷ фарқе бо ҳам надорем. Як миллат дар ду кишварем, ки марзамон як дарёст. Аз ҳам ҷудо гаштану дур афтодани мо натиҷаи муомилаи ду Абурқудрати замон – Британияи Кабир ва Империяи Русияи Подшоҳӣ дар соли 1895 мебошад. Аз ин рӯ, хомӯш нишастан дар баробари қатли тоҷикони он тарафи Ому бузургтарин хиёнат ва тарсуӣ маҳсуб меёфт. Чунин мавқеъгирии сарвари давлати тоҷикон сабаб гардид, тамоми доираҳои таҳлилӣ, сиёсӣ ва иттилоотии дохилию хориҷӣ ба теъдоди тоҷикони Афғонистон мароқ зоҳир намоянд. Ҳимояти Тоҷикистон аз тоҷикони Афғонистон сабаб гардид, ки роҷеъ ба ин масъала Президенти Русия В.В. Путин изҳори назар кунад ва шумораи тоҷикони ин кишварро аз 40 то 47% арзёбӣ намояд.

Ин буд чанде аз сабабҳои мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи таҳаввулоти Афғонистон.

Инчунин, бо ин далелҳо набояд ҳукумати “Толибон” эътироф ва ба расмият шинохта шавад:

  1. Рӯйи кор омадани гурӯҳи ифротие, ки дар рӯйхати сиёҳи Шӯрои Амнияти СММ қарор дорад, як навъ рӯҳиябахшӣ ба дигар гуруҳҳои террористист;
  2. Ба зиёд шудани гуруҳҳои террористию экстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба онҳо сабаб мегардад;
  3. Мустаҳкам кардани пояҳои қудрат дар дохил сабаб мегардад, ки дар ояндаи наздик ин ҳаракатҳои террористӣ дар фикри “содирот”-и “аморат” ё “хилофат”-и худ ба дигар минтақаҳо шавад.

Ш.Сангов, Ф. Эшонҷонова,

коршиносони масоили сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь