Ормонд Меддок Далтон пеш аз он ки дар бораи Дафинаи Амударё  сухан ронад, тамоми ганҷинаҳои дар дунё мавҷудбуда, махсусан осори дар Эрон, Вароруд, Эрмитажи Ленинград, осорхонаи Метрополитени ШМА ва Музеи Британия ва дигар ҷойҳоро дида баромада, онҳоро бо Дафинаи Амударё дар муқоиса месанҷад. Масалан, вақте ки вай Дороро гардунасавор мебинад, симояшро боз аз наздик ба хонандагон нишон додан хоста, акси ҷавониашро ҳамчун марди майдон, ҷавонпаҳлавон пайдо намуда, ӯро чун шоҳи ҷаҳон дар тангаҳо низ муаррифӣ менамояд. Мо аз тасвирҳои нишондодаи ин муҳаққиқ шоҳонро ҳамчунин дар назди оташдони муқаддас, ҷанги ононро бо девон, муносибаташрнро бо марду занҳои одӣ ва шуҳратманд зиёд мебинем. Муносибати шоҳонро бо бисёр мардони дарбор, ки дар зери пояшон чархи гардон воқеъ мебошанд, сару либоси дароз, ришу мӯйлаб, тоҷ ва каллапӯшҳои гуногун (4 ва 3 нафар), бо ҳамдигар муошират доранд, ё сатрапи солхӯрдаеро мебинем, ки дар тахт нишастаю ба фикр фурӯ рафтааст. Бештаре аз мардони ҷавону пиронсол дар даст ҳалқа, теғу камон ва шамшер дошта, қариб ҳамеша мусаллаҳ нишон дода шудаанд. Маълум мешавад, ки замона пур аз ошӯб ва нотинҷӣ ҳукмфармост. Мо ҷавонмардонро гоҳ ба ҷанги зидди адӯ ва гоҳ дар шикоргоҳ мебинем, ки бо душманон ва гоҳ бо даррандагон меҷанганд. Дар як тасвир ду мард дар шикоргоҳ нишон дода шудааст, ки бо шеру паланг меҷанганд ва шер мисли одам бо ду пойи ақиб рост истода, ба савораи камонбадаст ҳамлавар шудааст. Ё бо аспу гардуна ба ҷанг рафта истодани Дороро мебинем, ки аз кадом воқеае дар таҳайюр мебошад. Баъзе мардон дар суҳбату ҳолати хуморӣ нишон дода шудаанд, занон гул ба даст бо мардон дар муносибати нағзу самимӣ тасвир шудаанд. Дар як сурат марду зан рост истода ширин суҳбат менамоянд, зан хеле зебо буда, дар даст гуле дорад, ки онро бӯ менамояд. Зиндагонӣ, воқеан, бо зан ва бо рафиқони дӯстрӯ ҳаловат доштааст.

Муаллиф намунаҳои гуногуни ҳайвонотро низ зикр менамояд. Лекин дар ин миён назари мусаввирон ба даррандагон ҳаётию заминӣ воқеъ шудааст. Даррандагон ба мисли шеру паланг, аждар ва ҳамчунин хазандагон тез-тез бо одамон дар адоват ва хатар тасвир мешаванд. Шикор боиси зинда мондан ва эҳтиёткорӣ аз даррандагон шудааст, пӯсту гӯшти ҳайвонотро ҳамчунон дар зиндагӣ истифода менамуданд. Дар як сурат мардеро мебинем, ки бо хешу таборон ҳазин дар суҳбат нишастааст: оё аз ҷанг баргаштану дидорбинӣ бо аҳли байт ба вай муяссар мешуда бошад? Чанд нафар ҳамсуҳбатон дар таассуроту андеша ғӯтавар шудаанд. Чунин манзараҳо дилкашу дилошӯб нишон дода шуда,  бинандаро зуд ба таъсири худ мекашанд. Мо чунин тасвирҳоро мисли ба миёни халқ омадани Исо дуру дароз ба андеша мегирем.

Тамошобин дар шахсияти одамон берун аз воқеият зиёдатӣ чизе намебинад, дар тасвир ҷавонмардоне зикр шудаанд, ки аслан қавипайкар буда, бо ҷаҳд бо ашёи ҷангӣ мусаллаҳ шуда, пиёда ва гоҳ бо асп ба майдони ҳарб равона мебошанд. Онҳо дар андеша ва боғайрат нишон дода шудаанд. Ҷавонону мардон қавииродаву дар дил тарс надошта, ҷанги зидди адӯро ҳам мисли ҷанг дар шикоргоҳ ба қалам медиҳанд. Мусаввирон душманонро ҳам ба мисли шеру паланг бадҳайбат ва чолок нишон додаанд.

Аз амволи чорво бузу гӯсфанд, гов, аспу ароба, паррандагоне мисли мурғу кафтар ва шаҳбоз мебинем. Моҳӣ дар болои ҷонваре мисли бол хобидааст, ки гӯё бо шаст рафтанашро инъикос менамояд. Лекин мусаввирони қадим аз воқеият боло тасвирҳое доранд, ки боиси рангинии хаёл, парвози андешаҳои зиёд гардидаанд. Масалан, шеру паланги болдор фикру андешаҳоро ба парвоз меоранд, болро дар аспҳо  часпонидан боиси босуръат чун бод ба осмон париданашонро нишон медиҳад. Лекин мусаввирон боз корҳое кардаанд, ки, масалан, пойи ақиби шерҳоро мисли пойи мурғ нишон бидиҳанд. Шояд бол пойи паррандагонро низ талаб кардааст, ки ба ин восита таносубро нигоҳ доранд. Мусаввирон, илова бар ин, дар дигар узвҳои бадани ҳайвонот ҳамчунин тағйирот даровардан хостаанд. Онҳо вақте ки ба асп бол  медиҳанд, пой бояд ба он мувофиқат кунад, аз ин рӯ, пойҳои ақиби аспонро мурғмонанд ба тасвир гирифтаанд, сару нӯлро низ ба асп мувофиқат мекунонанд. Дар тасвирҳо шери болдори сару даҳонаш мисли парранда (№ 20)-ро низ пайдо менамоем, ки хеле ҳайратовар мебошанд. Мусаввирони қадим ба ин восита дар тасвирҳояшон руҳи афсонавию асотирӣ додан мехостанд.

Онҳо боз як амали дигари ҷолибро ҳам муносиб дидаанд, ки хеле рамзӣ ва аз ҳақиқат дур мебошанд. Шеру паррандаи бузмонанд, ки шохҳои дароз доранд, шери болдор бо шохи дуқӯша ва пойи мурғмонанд, шохи ҳалқвори буз, ки то пушт мисли доира менамояд ва он хушҳол буда, мисли одам хушҳол мебошад, шери бо каллаи мисли одам хобида, ки ришу фаш дошта, бо ҳайрат ба чизе менигарад, шербузи паррон дар ҳолати дав нишон дода шуда, асбу шери болдор дар ҷойи нишаст аз чизе ғалаён дорад ва монанди инҳо, ки аз воқеият дур тасвир шуда, фантастикӣ ва хаёломез дида мешаванд.

Мо чунин тасвирҳои афсонавию асотирӣ ва фантастикиро дар замони қадим зиёд медидем, ки воқеан, дар ҳинду чин зиёд ба мушоҳида мерасанд, Баъзе чунин унсурҳо воқеан вуҷуд доштанд. Паррандаҳое буданд, ки бо иқтидори зиёд одамхӯр буданд, онҳо гоҳо одамонро дошта натавониста барзаговҳоро бардошта мебурданд. Ё аз чанд ҷинс иборат будани ҳайвоноту паррандагон воқеан дар замони қадим дида мешуданд.  Чунин воқеият шояд дар замони қадим вуҷуд доштанд, ки ҳоло дида намешаванд. Лекин чунин намунаҳоро донишмандони муосир баъзан дар лабораторияҳо эҷод менамоянд, ки мо онҳоро дар кинофилмҳо зиёд мебинем.

Дар тасвирҳои Дафинаи Амударё  ҳодисаҳои афсонавию асотирӣ камтар дида мешаванд. Мусаввирони Бохтар кӯшиш мекарданд, ки бештар маврид аз воқеият дур нараванд. Дар онҳо низ баъзе чунин тасвирҳои мисли асбу шери болдори дар ғалаён бударо ба мушоҳида мегирем.

Мо дар Дафинаи Амударё тасвири санъати зарфсозии аз тиллову нуқра сохташударо зиёд мебинем. Асбобҳои рӯзгор, ба монанди кӯзаи тиллогине, ки нӯги даста дар шакли сари шер кашида шуда, он лаби кӯзаро газида истодааст, ё дастаи нуқрагини зарфе дар шакли бузи кӯҳӣ сохта шудааст. Ҷоми сари шеру симурғ доштаеро низ мебинем. Дар муҳрангуштаринҳо шер-барзагови болдор, барзагови дусара ва дигар ҷонзотҳо кашида шудаанд, ки хеле ҳайратовар мебошанд.

Мо дар тасвирҳо одамону тарзи зиндагонии онҳо, муҳити атроф, сару либос, каллаи одамон ва дигар ҳайвонот, шаробу ҷом, муомилаашон бо пулу мол, тангаву нишон, бо ҳамдигар дар дарбору берун аз он зиндагонӣ кардан, манзараҳои ҷангу шикор, силоҳу сипар, намунаҳои гуногуни ҳайвонот ва бисёри монанди инҳоро ба мушоҳида мегирем. Тасвирҳои табиию мазҳакавӣ (дар ханда нигоҳ доштани буз), тасвирҳои аз ҳақиқат беруни афсонавию фантастикӣ хеле зиёд дида мешаванд.  Дар Дафинаи Амударё бештар олоте нигаҳдорӣ шудаанд, ки ба ҷангу ҳарб, авезаву ороишоти занона мисли гарданбанд, ангуштариву дастмонаҳои гуногун, ки сари бузу шеру паланг ва аждар доранд, гулсинаҳои ба занону духтарон мутааллиқ, муҳраҳои зиёди аз сангҳои гаронбаҳо сохташуда дида мешаванд, ки санъати қадимии ҳахоманишӣ ва умуман ороиҳоро хеле хуб нишон медиҳанд. Аз ин ваҷҳ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки Дафинаи Амударё дороиҳои ҳокимони маҳаллӣ мебошанд.

Пешвои миллат дар китоби худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” навиштаанд: “Ҳахоманишиниҳо бо истинод ба фарҳангу маданияти қадимаи ориёни худ ва истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи тамаддунҳои ҳамсоя санъату маданияти сифатан наверо ба вуҷуд оварданд, ки зиёда аз дусад сол дар қисми калони қитъаи Осиё ҳамчун дастоварди муҳим роиҷ буд ва ин тамаддуни худро ба ворисони худ ба мерос гузоштаанд” (с.156).

Шоҳзамон РАҲМОН,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь