Мувофиқи омори масъулини Раёсати хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд давоми 5 моҳи соли равон 95302 нафар шаҳрвандони вилоят ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз ин шумора 64388  нафарро мард ва 30914 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипарӣ 7134 нафар кам аст, ба хусус раванди муҳоҷиршавӣ миёни занҳо 4989 нафар кам шудааст.

Азбаски рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани занон яке аз мушкилоти умда ҳисоб мешавад таваҷҷуҳ ба сафар кардани занҳо ба  хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Рассия бино ба гуфти ҷомеашиносон нигаронкунанда мебошад.

Агарчӣ дар омори 5-моҳаи имсола шумораи муҳоҷират коста аст, аммо пурсиши сар то сарӣ нисбат ба маълумоти оморӣ фарқ мекунад. Илова бар ин вазъи иқтисодии кишвар тақозо мекунад, ки раванди муҳоҷират на танҳо дар минтақаи Суғд, балки сар то сари кишвар зиёд гардад. Афзоиши бекорӣ, зиёд шудани шумори аҳолӣ, паст будани миқдори маошу нафақа ва даҳҳои дигар сабабу омил боис мешаванд, ки на танҳо мардҳо, балки шумори муҳоҷирзанон низ биафзояд.

Аммо фаъолони ҷомеа паёмади муҳоҷирати занонро хуб намедонанд. Зеро дар бештари оилаҳо бар асари рӯй ба муҳоҷират овардани занҳо фарзандони онҳо дар дасти бобо бибӣ ё дигар аҳли хонавода монда дар вазъи яъсу ноумедӣ калон шуда, ба ноустувории оилаҳо, костагии ахлоқи фарзандон, мактабгурезу кӯчагард шудани наврасон дар бештар маврид замина мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь