Музокироти сулҳ – ин ибора имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо муноқишаи Русияву Украина алоқаманд карда мешавад, зеро маълум аст, ки танҳо ин раванд метавонад ба ин фоҷиае, ки ҳаёти миллионҳо нафар одамон ва тамоми вазъи геополитикиро тағйир додааст, хотима бахшад.

Мисоли расидан ба сулҳ

Тоҷикистон аҳамияти раванди музокирот барои барқарории сулҳро бисёр хуб (на аз рӯи шунид) медонад, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки тӯли 5 сол давом кард ва яке аз бузаргтарин ва хунинтарин ҷангҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад, танҳо ба шарофати гуфтушунидҳои муассир ва пайдо кардани роҳҳои созиш ба охир расид.

Роҳи барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон бисёр тулонӣ ва душвор буд — гуфтушуниди байни тоҷикон қариб чор сол давом кард. Ташаббускори раванди музокироти байни тоҷикон Русия буд, ки ба ҳайси ташкилотчӣ, нозир ва миёнарав баромад карда, дар таҳияи қарордодҳо ва протоколҳо иштирок дошт, илова бар ин, вазни сиёсии Русия дар муайян кардани мавқеъ барои дигар кишварҳои нозир ҳамчун роҳнамо хизмат мекард. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар замина гузошт, ба имзо расид. Ва ин раванд мисоли он аст, ки чӣ тавр бо ёрии нерӯҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи осоишта аз низои ҷангӣ баромадан мумкин аст.

Дар раванди музокироти байни тоҷикон СММ ва 8 кишвари нозир иштирок доштанд: Русия, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Афғонистон, Эрон ва Покистон

«Дар ҳамон давра дар муноқишаи байни тоҷикон Русия на танҳо ҳамчун яке аз ташкилотчиёни раванди сулҳ баромад мекард, балки фишангҳои дигарро низ истифода мебурд, яъне Русия тавонист Эронро ба мусоидаткунӣ дар барқарории сулҳ мутақоид созад, таваҷҷуҳи СММ-ро ба ин раванд ва роҳбарии он ҷалб кард, то ки ин раванд на танҳо ҳамчун низои байни нерӯҳои динӣ ва демократии Тоҷикистон, балки ҳамчун як низое, ки метавонад ба вазъи байналмилалӣ таъсир расонад, қайд карда шавад”, мегӯяд сиёсатшинос, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо», профессор Иброҳим Усмонов.

Ҷойи шубҳа нест, ки бидуни иштироки ҷониби сеюм беғаразона ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон хотима бахшидан имконнопазир буд. Оё имрӯз Русия ва Украина мустақилона ба сулҳ расида метавонанд? «Фикр мекунам, ки ду тарафи мухолиф ҳеҷ гоҳ мустақилона созиш карда наметавонанд, ҳамеша нерӯҳое лозиманд, ки манфиатҳои онҳоро ба ҳам наздик карда, чораҳои заруриро пешниҳод кунанд», – посух медиҳад профессор Иброҳим Усмонов. – Ҳоло нуқтаи бисёр муҳим муносибати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин низоъ мебошад, зеро Украина бидуни ИМА аслан ҳеҷ аст, чун маҳз Амрико Украинаро бо маблағ ва силоҳ таъмин мекунад, маҳз ба шарофати Амрико Украинаро Аврупо дастгирӣ мекунад. Албатта, як ҷузъи муҳими расидан ба музокирот муносибати ИМА ба ин рӯйдодҳост, аммо гумон аст, ки раҳбарони имрӯзаи Амрико мустақилона ба ҳалли ин масъала шуруъ кунанд, аз ин рӯ, иштироки нерӯи дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст. Дар баробари ин, тавре мебинем ҷомеаи ҷаҳонӣ вақтҳои охир алайҳи кишварҳои қудратманди Ғарб коре карда наметавонад, қарорҳои СММ ва меъёрҳои созмонҳои байналмилалӣ риоя карда намешаванд, бинобар ин зарур аст, ки ба раванди сулҳ кишварҳои дорои нуфузи муайяни иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ ҳамроҳ шаванд, яъне кишварҳое, ки ба онҳо гӯш надодан мумкин нест. Фикр мекунам, бисьёр давлатҳо ба ин нақш даъво карда метавонанд: махсусан Чин, ҳамчун яке аз нерӯҳои асосӣ  дар муносибатҳои байналхалқӣ, бояд бо ин масъала ҷиддӣ машғул шавад. Муҳим аст, ки Ҳиндустон низ, ҳамчун кишвари бузурги дорои имкониятҳо ва нуфузи ҷиддӣ, ба ин раванд ҳамроҳ шавад. Туркия ва Эрон низ кишварҳое ҳастанд, ки ба ҳамсояҳои худ таъсири муайян доранд. Ҳамчунин, кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва албатта, кишварҳои пешсафи Иттиҳоди Аврупо – Олмон, Фаронса, Маҷористон метавонанд ба ин масъала машғул шаванд”.

«Шоир ва файласуфи форс Саъдии Шерозӣ навиштааст: «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор». Яъне агар дар як гӯшаи ҷаҳон бесуботӣ бошад, пас вазъ дар тамоми ҷаҳон ноором мешавад». Профессор Иброҳим Усмонов

Ҷонибҳои сеюм

Аз оғози амалиёти махсуси Русия дар Украина ва ҳатто барои пешгирии он бисёр кӯшишҳо барои баргузории музокироти сулҳ байни ҷонибҳо анҷом дода шуданд. Ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаҳои созишнома дар бораи кафолатҳои амниятӣ ва созишнома дар бораи чораҳои таъмини амнияти Русия ва кишварҳои NATO-ро супурда буд, аммо дар посух радди қатъӣ гирифт ва баррасии ин лоиҳа ягон натиҷае надод.

Музокироти охири моҳи феврали соли 2022 дар Белорус низ натиҷае надод. Сипас, ба гуфтаи ёвари президенти Русия Владимир Мединский, ки ҳайати Русияро сарварӣ мекард, дар музокирот намояндагони ҳарду ҷониб ҳузур доштанд, ки самимона мехостанд созиш ҳосил кунанд ва ба мувофиқа расанд. Даври охирини ин гуфтушунидҳо дар охири моҳи март дар Истанбул баргузор гардид – он вақт Киев бори нахуст ба Маскав принсипҳои дар коғаз сабтшудаи созишномаи эҳтимолии ояндаро пешниҳод кард, вале раванди музокирот аз ҷониби Украина ба таври якҷониба қатъ карда шуд. Тавре узви Кумитаи амнияти миллӣ, дифоъ ва иктишофи Украина Дэвид Арахамия дар моҳи ноябри соли 2023 гуфта буд, ҷонибҳо ба созиши сулҳ наздик буданд, аммо сарвазири онвақтаи Бритониё Борис Ҷонсон ба ин раванд дахолат карда, Киевро барои бо Русия созиш накардан ва “ҷанг кардан” мутақоид сохт.

Туркия, ки ҳамчун майдон барои муайян кардани ин созишномаҳои эҳтимолӣ баромад мекард, талошҳои худро барои фароҳам овардани шароит барои ҳалли дипломатии муноқишаи Русияву Украина идома медиҳад. Дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҷонибҳои муноқиша пешниҳод кард, ки дубора дар Истанбул барои мулоқот ҷамъ оянд. Вай қайд кард, ки барои расидан ба ин мақсад бояд аз тамоми роҳҳои дипломатӣ истифода бурд.

“Ба андешаи ман, бояд ҳадди ақал корҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани нишондодҳои умумии сулҳ ба роҳ монда шаванд”, – изҳор дошт президенти Туркия Эрдуғон.

Моҳи март лоиҳаи изҳороти муштарак дар бораи ноил шудан ба суботи стратегӣ ва ҳалли низоъ дар Украина бо мусоидати Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Истамбул-2» ба таври дастрас пайдо шуд. Ин санад расман нашр нашудааст, аммо мақомоти Туркия то ҳол аслияти онро рад накардааст, ки ин имкон медиҳад онро ба таври ҷиддӣ таҳлил кунем.

Муҳимтарин нуқтаи ин лоиҳа ҷалби ИМА ба раванди музокирот мебошад, ки маълум аст, яке аз ширкатдорони муҳим ва ҳатто асосии ин низоъ мебошад. Бо пешниҳоди Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия бояд чанд машварати дуҷониба дар масъалаҳои амнияти умумиҷаҳонӣ, бахусус, назорати силоҳи ҳастаӣ, инчунин аз байн бурдани сабабҳо ва заминаҳои муқовимати байни давлатҳо гузаронанд. Тибқи лоиҳаи ин санад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия бояд амали Шартнома дар бораи  кам  ва маҳдуд  кардани аслиҳаи стратегии ҳамлаоварро пурра аз нав барқарор кунанд. Консепсияи туркӣ ҳамкории Русия ва Иёлоти Муттаҳидаро на танҳо дар масъалаҳои марбут ба муноқишаи ҳарбӣ дар Украина, балки дар дигар мушкилотҳои ҷиддие, ки метавонанд сабаби муқовимати ҷаҳонӣ гарданд, пешбинӣ мекунад: бахусус, муайян кардани масъулияти давлатҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо. Ғайр аз ин, ҷонибҳо бояд лоиҳаи коҳиши мизони фақр ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати оммавӣ, инчунин такмили фаъолияти Фонди глобалии экологиро ба мувофиқа расонанд.

Дар масъалаи Украина бошад, Туркия пешниҳод мекунад, ки Русия ва ИМА уҳдадор шаванд, ки кафолати амният ва тақсимнопазирии ҳудудии Украинаро дар ҳудуди марзҳои воқеӣ дар вақти оташбас таъмин кунанд ва мақоми Украина ҳамчун давлати бетараф, ғайриблокӣ ва демилитаризатсионӣ бояд ба таври қонунӣ нишон дода шавад. Дар баробари ин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Туркия бояд талошҳои Украинаро барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ кунанд.

Муҳимтар аз ҳама дар лоиҳаи созишномаи пешниҳодкардаи Туркия ин аст: мавқеи кунунии геополитикии Украина то соли 2040 боқӣ мемонад ва баъд аз он дар қаламравҳои таҳти назорати Русия қарордошта таҳти назорати намояндагони байналмилалӣ раъйпурсии мансубияти ҳудудии ин қаламравҳо баргузор карда мешавад. Ҳамчунин, имрӯз Русия ва Украина бояд дар бораи табодули асирон, ҷасади низомиёни кушташуда ва дигар боздоштшудагон бар асоси принсипи “ҳама ба ҳама” ба мувофиқа расанд.

То соли 2040 мавқуф гузоштани раъйпурсӣ оид ба минтақаҳои баҳсбарангез имкон медиҳад, ки амалиётҳои ҷангӣ қатъ гардида, масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, иқтисодиёт ва робитаҳои байни кишварҳо пурра ҳал карда шаванд.

Оё сулҳ мешавад?

Оё чунин лоиҳа аз тарафи ҷонибҳои ширкаткунанда баррасӣ ва қабул шуда метавонад? Дар мавриди Русия бояд гуфт, ки роҳбарияти кишвар пайваста дар бораи омода будани худ ба музокироти сулҳ, дар ҳоли ба инобат гирифтани манфиатҳои миллии Русия, таъкид мекунад, аз ин рӯ, ин намуди созишнома аз нигоҳи эътирофи ҷониби Русия хеле умедбахш ва ояндадор ба назар мерасад. Муҳим он аст, ки дар ҳуҷҷат нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин низоъ, ки дар асл на маҳаллӣ, балки ҳамчун як ҷузъи муқовимати глобалии ИМА ва Русия мебошад, ба назар гирифта мешавад ва лоиҳа аз ҷумла ба коҳиш додани дараҷаи ин муқовимат равона карда шудааст.

Аммо ҷавоб додан ба савол, ки оё Украина ба қабули ин шартҳо омода аст, мушкил аст, зеро дар охири моҳи сентябри соли 2022 Зеленский фармонеро имзо кард, ки дар он имконнопазир будани музокироти Украина бо Русия то замоне, ки Владимир Путин роҳбари ин кишвар аст, қайд шудааст. Зеленский мегӯяд, ки музокирот бо Русия ғайривоқеист ва чандин сол аст, ки диди шахсии худро дар ин масъала пешбарӣ мекунад. Он чизе, ки Зеленский пешниҳод мекунад, муносибати ҳамаҷониба барои ҳалли мушкилот бо дарназардошти масъалаҳои хотима бахшидан ба низоъ, оқибатҳои он ва пешгирии такрори он номидан мумкин нест, балки маҷмуи бандҳои барои кишварҳои дигар ҷолиб мебошад, ки ба ин хотир Украинаро дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунанд.

Ба ҳамин хотир, Украина як “мазҳакаи швейтсарӣ”-ро ташкил кардааст: вай боисрор саъй дорад роҳбарони ҳамаи кишварҳоро ба нишасти Швейтсария даъват кунад, то қонунӣ будани қудрати худро, ки муҳлаташ ба охир расидааст, исбот кунад ва шартҳои худро барои расидан ба сулҳ пеш барад. Дар ин ҳангом худи Зеленский иқрор шуд, ки ҳадафи асосии ӯ таҳияи роҳҳои ҳалли низоъ набуда, балки “таъсир ва фишор” овардан ба Русия мебошад. Дар ин чорабинӣ, ки Украина онро “ташаббуси сулҳҷӯёна” унвон мекунад, Русия – яке аз ҷонибҳои низоъ иштирок намекунад, ва, албатта, роҳбарони бисёр кишварҳои ҷаҳон беҳудагии (бемаънӣ будани) ин вазъро хуб дарк мекунанд.

Он ки яке аз ҷонибҳои низоъ манфиатҳои дигарро муҳимтар аз сулҳу субот барои мардуми худ медонад, албатта, раванди ташкили музокироти сулҳро душвор мегардонад. Аммо, хоҳ нохоҳ, хар муноқишаи ҳарбӣ дер ё зуд бо гуфтушунид ва сулҳ анҷом меёбад, танҳо ҳар қадар муноқиша кашол ёбад, ҳамон қадар талафот ва хисороти бештар дар пай дорад. Ва, азбаски хоҳ нохоҳ дар ниҳоят бояд созиш кард, пас ҳоҷати фоҷиаро ба намоиш табдил додан нест, балки бояд бо чашми ҳушёр ба вазъият нигоҳ кард ва роҳҳои воқеии расидан ба сулҳро ҷустуҷӯ кард.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь